Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 18 19 20 21 22 23 24 25 26 ... 141 >>
На страницу:
22 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Шакар ба забонат, амакдухтар! – Нигина хам шуда, аз рухсораи Назокат б?сид. – Боз ки?о довталаб бошанд?

– Довталаб?ои асос? акнун меоянд, духтар?он. Дигар мухлис?о мисли мо интизоранд. Он?о…

Гапи Абдулсайид нимгуфта монду овози мунод? баланд садо дод:

– Абдуллои Ро?? ва Амини Фал?ар? омаданд!

Мухлисони сершумор аз ?ар канор чобукрикоб?ои зарафшониро, ки зеби ?ар маърака буданду бе фиребу найранг, аммо бо к?шиши а?лона ва ?айрати мардона барои ?олибият то ла?заи охирин мек?шиданд, бо нидои шод? пешвоз гирифтанд. ?асани Ху?анд? ва За?ири Истаравшан? ?ам хуб пазируфта шуданд. Аммо ба аспрез ворид шудани Мирмалику Сабзалиро аксарият нодида гирифтанд ва ?айр аз да?-понзда? тамошобини ху?анд? аз ма?аллаи Мирзоён ва ?афт-?ашт ворух? – муридони Шайх Бур?ониддини Вал? ягон нафари дигар садо набаровард.

Табиист, ки чунин пазиро? ?аши духтаронро оварду Назокати арразабон бо исте?зо гуфт:

– Мухлис нашуда муретун! Ша?савор аз харсавор фар? карда наметунанду ?уштак кашида, бе?уда ?ав?ою ма?ал мекунанд…

Нигина бо аломати тасди? сар ?унбонда, хост ?умлаи обдоре илова кунад, вале мухлисон ба вай имкон надоданд. Баробари пайдо шудани ду ?авони якта?и сафедп?ш, ки дар сар то?ии чоргула ва пешонабанди сабз доштанд, мав?и азиме аз ?ар ?ониб ба хур?ш омаду аз нисф зиёди тамошобин?о сари по хестанд.

– ?амша?ри?ои худамон, – гуфт Абдулма?ид ва давоми ?умларо мунод? ба забон овард: – Дугоник?о ?асан ва ?усайни Исфаранг?!

?ул?ули мардум аз аввала бештар гашту дугоник?ои че?рахандони ?ам?аду баст аз саманд?ои якхелаи ?игарранг баробар ба замин ?а?ида ва даст ба санду?и сина ни?ода, баробар сари таъзим фуруд оварданд. Аз ин амали озодамард?о ?ам э?тироми муштариён ва ?ам тава????и ?амагон дучанд гашт.

Мунод? ба аспрез ворид шудани Н?ъмон ибни Амири Кандиро ботантана эълон карда, илова намуд, ки ?афт пушташ судур асту па?лавон ва Бачашер ла?аб дошта, се карат зафарманди озмуни пештоз? шудааст. Муштариён ?ро бо хуш?олии оммав? пазиро? карданд, аммо Назокат боз бо лаби ка? эрод гирифт:

– Аспаша бинед, аз хари мо хурду аз гурбаи ?амсоя ло?ар!

?а?и?атан ?ам аспи зарди хурд?уссаи чашму сараш майда ва думк?то?и Бачашер назарногир менамуд. Вале кам касон медонистанд, ки гардани тахтаю сермушак, бинии васеъ ва пой?ои чандири саманд нишонаи бе?тарини зоти аспи савор? ва шикор? аст. Абдулма?ид, ки инро медонист, ба духтарон фа?монд:

– Аспи Бачашер шербача аст! ?ар касе бо чунин чоргома ?амсафар бошад, бар сари ? бахту толеъ нуру зиё мепошад.

– Ин хелак не! – якравона хитоб кард Назокат. – Аспи Мирмалик аз ?ама бе?тар! Вай аз ?ама баландахтар!

Духтарон хандиданд ва фа?миданд, ки Назокат бо тамоми ву?уд ?аводори Мирмалик асту ё аз нодон?, ё аз доно? ?иссиёти худро пин?он дошта наметавонад. Дигарон низ тарафдор ва иштиё?манди ?алабаи ин ?авонмарди ситорагарму ме?рубон буданд, вале ?авопараст? накарда, мек?шиданд, ки пеш аз пода чанг набардоранд. Нигина, ки аз дасти кушоди ин ?авони нозанин аллакай се дастовези дилнишин гирифта буд, дар аспрези бузург фа?ат ?ро медиду ?ар ?аракаташро бо дидаи пурме?р менигарист ва дуои неки Шайх Бур?ониддини Валиро ?ангоми гусел аз Ворух зери лаб?ои хом?ш гаштаю баргашта такрор мекард: «Туро, ?иянам, дар аспрези Исфара бахти фир?з дастёр, арво?и ?удс? дасткор, ситораи само пешкор ва Худои ме?рубон мададгор бод!»

Оре, Нигина аз ма?зи дилу ?он ро?иб ва хайрхо?и Мирмалик буду ин паго? баробари ба аспрез даромадани ? ?абини мубинаш дурахшон ва гули р?яш ар?увон гашту аз шодию ?ая?он дасту по гум карда, нафас дар гул?яш печид. Вале дар?ол изтироби дилро фур? нишонда, рози хеш сарбаста дошт. Зеро хуб медонист, ки ?уз ниго?и гарму ихлоси самим? ва дастафшон? ?ро дигар дастовез нест.

Нигинаи саргарм аз андеша беихтиёр хуршедро нигарист, ки аллакай як ?ади найза баланд баромада, саховатмандона нур мепошид ва насими са?ариро ба гармбод табдил медод. Баробари боди дайду нидои мухтасари «Омад!» аз талу теппа?о гузашта, то ароба расид. Духтарон гумон карданд, ки ?окими Исфара бо а?ли рикобаш омад. Вале ба аспрез як савори бадво?има даромад, ки чакману к?ло? аз намади сиё? п?шида буду болои ?ирани гардандарозу шонапа?не бови?ор нишаста, дуздвор ба ?ар тараф менигарист ва беист го? ба чапу го? ба рост оби да?ан туф мекард. ?ро дидан ?амон аз ?ар да?он овозе шабе?и уллоси ша?ол баланд шуд, ки аз нафрату бадбинии умум дарак медод.

– Ин пашминап?ши бад?айбат к?? – пурсид Назокат, ки дар зери забон наштари бисёр дошт.

– Ра?иби асосии Мирмалик ана ?амин зоти касиф! – бо танаффур забон хойид Абдулма?ид. – Ин човандози асхикат?, номаш А?мад, асптози ?асур аст, валекин мардест худраъй ва бадхул?, да?алгуфтор ва бадрафтор. Бо андак ба?она мо?аро мебардорад. Мег?янд, ки ла?абаш Аспил аст.

– Яъне, аспаш фил барин?

– Не, Нигина. Асхикати?о дузди аспу маркабро аспил мег?янд. ?амеша дар ла?заи охирин ба майдон медарояду бо довталаби асос? а?ду паймон мебандад, то бар ивази мабла?и муайян барои ?алабаи ? хирсона хизмат кунад.

– Вай аз ку?о медонад, ки довталаб кист?

– Ман аз ку?о донам?! Шояд дафтари ?исоб дошта бошад…

А?мади Асхикат? пурсупоси духтару падарро шунид магар, ки ба нидо?ои та??иромез эътиборе надода, бепарво аз асп андаромаду онро ба ?оли худаш гузоштаву тозиёна ба паси гардан хаста, рост пеши Афзали Беварасп омад ва барои муло?от даст дароз кард. Вале он?о ба гуфтушунид фурсат наёфта, овози мар?уладори амири мусоби?а омирона садо дод:

– Ба асп?о савор шавед! Дар ду тарафи даромадго? р? ба ?амдигар саф кашед! Ме?мони олиро сазовор исти?бол гиред!

Садои карнай ва на?ора?о баланд шуд. Кулли тамошогарон н?ки по истода, тарафи дарвозаи рамз? нигаристанд ва баробари ворид шудани аробаи ?окими Исфара, ки онро уштури сафеди бо алвон ороёфта пеш мекашид, каф ба ?ам к?фта, бо ла??аю шева?ои гуногун, берабту низом, вале бо ихлосу самимият из?ори шодию хурсанд? мекарданд.

?окими болобаланд ва кушодче?ра ?амоати мушто?онро маътал накарда, пас аз му?аддимаи мухтасари табрикот? зуд ба сари ма?сад омад ва таъкид намуд, ки дар саб?ати имр?за бе?тарин ва чобуктарин асптозон ?а??у ?алол ?а?ду талош карда, бо ?унарманд? ва нер?и ?авонмард? вориси арзандаи Рустами Достон будани худро нишон меди?анд.

– Саб?ати имр?за озмуни му?аррарии урф? не, балки имти?они махсуси ?авонмард? асту ма?з бо масли?ати Пири равшанзамир ва борикназари тари?ати мо ?азрати Шайх Масли?атдини Ху?анд? баргузор мешавад. Бо таъбири эшон д?стон го?и зарурат озмун мекунанд ва з?ри худро дар айёми саломат бо мусоби?аи бародарона месан?анд, то дар р?зи сахтию мусибат фарёдрас ва мададгори ?амдигар бошанд.

Ишораи Пирам ба «р?зи сахтию мусибат» беасос нест. ?амаамон хуб медонем, ки замона нотин? асту аз ?ониби Хоразм ба диёри мо боди мухолиф мевазад ва ба т?фон табдил ёфтани он аз э?тимол дур нест. Агар сухан бепарда г?ем, подшо?и Хоразм Султон Му?аммади сон? баъди дувозда? соли ?укмрон? даъвои ?а?онситон? дорад. Вай ?уриёнро шикаст дода, Хуросонро пурра ба даст оварда, атобакони форсу диловарони Иро?ро мутеъ гардонда, ?ироту ?азнинро ба худ тобеъ намуда, Самар?анду Бухорою ?андро ба коми оташ кашида, акнун ба диёри азизи мо чашми тамаъ д?хтаасту Ху?анду Фар?онаю Исфараю Истаравшану дигар ма?ал?ои Су?дзаминро зери тасарруфи худ даровардан мехо?ад.

Аз ?ониби шимол низ боди сард хабар?ои хунук меорад. Барои ташкил кардани давлати бузург ва ягонаи му?ул камар бастани Темучин ном пача?бин? бо ла?аби Чингизхон хеле ташвишангез аст. Ин марди абедониш ва кофири мутла? лашкаркаши маккору золиму бера?м асту мег?янд, ки бар ра?ми хоразмшо?иён дандон тез кардааст. Агар ин ду подшо? ба ?ам ситезанд, дунё ба харобазор табдил меёбад.

Пири равшанзамири мо, ки о?ибати ин фо?иаро медонанд, таъмини бехатарии марзу бумро му?имтарин масъалаи до?и р?з ме?исобанд. Эшон масли?ат доданд, ки дар саб?ати имр?за ?ар саворе агар хо?ад ва тавонад, беистихора асп тозонад, бехато тир андохтану чустию чолок? ва родмард? ом?зад, то ба дифои зодбум хештанро омода созад.

Бо ?идояти Пири Бузургвор мо барои ?олибон илова бар шутуру г?сфанд?ои парвор? боз ду т??фаи олишон овардаем. Ша?савори чобуктарин ва камонвари бе?тарин – ?олиби мутла?и саб?ати имр?за, ки бо ?уввату муборизаи шерона ?амаро тасхир мекунад, ду анори мумтоз мукофот мегирад. Яке анори Зумуррад, ки аз лаълу фур?заю ло?уварди Лаккони Исфара сохта шуда, ба ?адри хиро?и яксолаи ша?ри мо арзиш дорад. Нори дуюм анори Ёсин аст аз бо?и Ун??, ки ?азрати Бадеуддини Нур? дар давоми чил р?з ба ?ар донаи он ?удрати чил сураи Ёсин аз дили ?уръони шариф ?ойгузин кардаанд ва ?ар касе онро х?рад, умрбод бемор нашавад, захми тиру шамшер бар баданаш таъсир накунад.

?оким ду анори мунаввар болои ду каф ни?ода, барои тамошои мардум баланд бардошт: яке чун хуршеди навтул?ъ дурахшон буду дигаре ба сони офтоби ?урубанда сурхи ар?увон?.

Духтарони аробанишин монанди тамошогарони са?ронишин моту маб?ут гашта, аз ?оиза?ои се?рнок чашм канда наметавонистанд, ки ?окими баруманд дар ?ойи исташ беист давр гашта, ба ?амагон манзури назар мекард.

М?йсафеди нуроние, ки дар сар дастори м??ташам ва дар бар ?абои сабзранг дошт, аз айвони садрнишин ба па?л?и ?оким фуромад ва даст ба дуо бардошт:

– Эй халои?! Ба номи Парвардигори бахшояндаи ме?рубон дуо мекунем, ки ?ар довталаби асилро нусрат надиму бахт рафи?, дил бе?аму раъият ?амдам, фир?з? ёру Худо мададгор бошад.

Омин ё Раббулъоламин!

?ама баробар даст ба р?й кашиданд ва саб?ат расман о?оз ёфт.

Духтарон низ баробари дигарон омин карданду бо як овоз «Ило?о, Мирмалик ?олиб барояд!» гуфтанд. Назорат иловатан пурсид:

– Ин м?йсафеди хушлибос к? бошад?

– ?озикалони Тамохуш Шайх Му?аммад, бародари бародархонди мо Усто Мулло ?амин шахси м?ътабаранд, – бо о?анги тафохур посух гардонд Абдулсайид.

– ?ар ду писари эшон – Ша?обиддину А?мад шоири баркамоланд ва ??ра?ои ?онии мананд! – Абдулма?ид даст ба санду?и сина зада, о?анги гуфтори аввалиро идома бахшид. Вале дар?ол тарзи гуфтор дигар кард: – Гап тамом! Ба майдон нигаред, мусоби?а сар шуд!

Бо нишондоди мири мусоби?а надимон ба ?ой?ои зарур? нишона гузоштанд ва доварон иштирокчиёни даври аввали мусоби?аи аспдавониро ба дувозда? гур??и ?афтнафара та?сим карданд. Чун гур??и нахустин болои ишорахат саф кашид, сардовар бори дигар ?ойида?ои саб?атро хотиррасон кард. Ду?улзан зарба ба на?ора задан ?амон ?афт савора ба аспи худ баробар ма?мез заданд ва саб?ат о?оз карданд.

Баъди соате аз ?ар гур??е якнафар? – ?амъ дувозда? ?олиби дави аввал муайян гардиду ?ар кадоме як г?сфанди бахта мукофот гирифта, барои ширкат дар дави дуюм ?у?у? пайдо намуд. Дигарон тамошобини мува??ат? шуданд. Сабзал? яке аз он?о буд…

Сардовар ?олибонро гирди худ ?амъ овард барои ?уръакаш? ва ташкили шаш гур??и дунафар?. Ба ин ма?сад номи шаш касро ало?ида-ало?ида дар ко?азпорае навишту ?ар кадомеро л?лапеч намуда, ба халтаи ?озиркардаи надим андохт ва ?ро фармуд чун элак битакад. Сипас ба шаш ?олиби дигар гуфт, ки аз халта якто? л?лако?аз гиранд ва ?арифи худро худашон муайян кунанд.

Аввалин шуда, А?мади Аспил ?уръа кашиду Афзали Бевараспро ?ариф интихоб кард. ?асани Исфаранг? бо ?асани Ху?анд? ?уфт афтоданду бояд аз ду яке мемонд. ?усейн бошад, ?арифи За?ири Истаравшан? шуд. Яъне хавфи аз боз? баромадани дугоник?о ба амал омад. Ра?ими Купол ?арифи Мирмалик гардиду Рустами Ашт? бо Амини Фал?ар? ва Абдуллои Ро?? бо Н?ъмони Канд? ?уфти сазовор шуданд.

Мирмалик ?арифашро мешинохт. Чандин бор дар к?чаву бозор вох?рда, ?амс??бат ?ам шуда буданд. Вай марде буд филпайкару ?авитан ва гурзи гароне дошту барои ?амин Купол ла?аб гирифта буд ва дар ма?аллаи Арабон зиндаг? мекард. Яъне ба тоифаи аъробиёни ху?андишуда тааллу? дошт. Аспаш низ мисли со?ибаш зоти араб? буду гардандароз ва монанди Рахшон чобукпо.

Абдулсайид саманд?ои ?ам?аворро му?оиса карда, лутфомез гуфт:

– Дар урфият «?ар касу дави аспаш» мег?янд. Вале ин ду саманди бодпоро ?иёс карда, «?ар касу бахташ» мег?ям.
<< 1 ... 18 19 20 21 22 23 24 25 26 ... 141 >>
На страницу:
22 из 141