– Девонаи ба кори худаш ?ушёр амакдухтари ман! Ин паго?? савганд ёд кардааст, ки ба Ху?андрав? и?озат нади?анд, ?е? таом намех?рад.
– Наход?! Инаш гапи тамоман дигар! Маълум мешавад, ки азми Назокат сар-сар? нест. ?амааш айби ман… Чаро шуморо ба Исфара бурдам?! Чаро ба?си шуморо нашикастам!? Акнун акоям ч? мег?янд??
– Ба фикри шумо ч? мег?янд?
Абдулсайид аз саволи печида печ х?рда, бо за?рханд ба те?и ранда нигаристу муддате хом?ш истод. Сипас наздиктари Нигина омада, саволбозиро идома дод:
– Ба фикри ту ч? мег?янд?
– Мег?янд, ки ба?ор шавад, боз ба тамошои Навр?з меравем, – дар?ол ?авоб гардонд Нигина ва афзуд. – Акнун навбати посух аз шумо, додо?ун: амакам ч? мег?янду амакаш ч? андеша доранд?
–Амакаш ба ?ама гапу кори амакат роз?, ки инро ту хуб медон?, духтар?он! – аввал ба пурсиши дуюм посух гардонд Абдулсайид. –?авоб ба саволи асос? ин аст, ки агар Назокат пойбаста намебуд, амакат дар?ол вайро ба Ху?анд бурда, ?о ба ?о мекарданд, то дилшикаста нашавад.
– Назокат ч? хел пойбаста?!
– Амакдухтарат ба писаркалони кадхудои де?а номзад шудаг?, соли оянда т?ю тамошо мешавад. Аз ?амин сабаб Назокат сад з?р занад ?ам, ба ?ойе ?унбида наметавонад.
– Савгандаш ч? мешавад?
– Амакат барои харидани куртаю ?ома ва зару зевари ар?с? Назокатро дертар нею барва?ттар ба Ху?анд мебаранду гап тамом – ?асам шикаста мешавад!
Ба чунин осон? ?ал гардидани муаммо ва хори? шудани як мудда? дили Нигинаро ором намуд. Лекин забонаш лол гашт. Зеро медонист, ки гуфтуг?йи асос? – с??бати р?ёр? ва ?алкунанда бо падар акнун шур?ъ мешаваду барои дилрас гардидани ?усни о?оз ва сар?амъ намудани фикр?ои парешон андаке тава??уф мебояд. Аммо падар хом?широ хотимаи с??бат ?исобид ва хурсанд шуд, ки ба ?ама пурсиш?о ?авоби ?аноатбахш гардонд. Бо табассуми фароз аз ?ой хест, то Нигинаро аз дар гуселонад. Вале духтар барои гуфтани сухани хайрбод имкон надод:
– ?амин ?адар с??бат кардему ?айр аз байту ?азали Назокат дигар ягон гапе нагуфтем, додо?ун. Лоа?ал напурсидед, ки «эй духтари ?он, ч? ?ол дор??»
– ?о?ати пурсидан не, духтари ?он! Мебинам, ки си?ату саломат, мисли гул шукуфон ?аст?!
– Шумо ?ам дигар додо?о барин: фа?ат р?йи духтара мебинеду ба дилаш ниго? намекунед…
– Дили духтар назарго?и модар асту вай ?ар он ч? бинад, дар?ол ба падар хабар меди?ад. Осуда бош, эй духтар?он, вай аллакай ба ман гуфтааст, ки баъди аз Исфара омадан ту дили парешон дор?. Имр?з сабабашро фа?мидам, ки ?алби нозукатро Назокат ба изтироб андохтааст…
– Боз гапи Назокат… Дарво?еъ, шумо ишора кардед, ки агар амакдухтарат пойбанд намебуд, шояд ба Ху?анд мерафт. Поям, ки баста нест, додо?ун, оё ман ба ?ойи дилхоста сафар карда метавонам?
– Ба ку?о?
– Фарз кардем, ба Ху?анд…
– Аз к??у санги Ворух ту ?ам дилхунук шуда??
– Не, додо?ун, к??и Ворух боиси сарбаландии ман, санги Ворух бе?тарин нозболини ман асту чангу хокаша ба чашмам т?тиё мекунам! Лекин… баъзан ба назарам чунин менамояд, ки дар Ворух наме?ун?ам…
– Исто, духтар?он, гапатро гум накарда, маро г?ш дор. Ту к?даки ширхора будию ба?рамони гулд?з? дар бар дошт?, ш?ху бе?арор будию ла?зае дар ба?ал ором намеистод? ва боре аз бето?ат? баланд гирист?. Саросема ба лаганди мис ангушт задам, то аз садояш ором гир?. Вале баръакс, беист дасту по ?унбонда, мисли одами калонсол ба ра?с даромад?. Ар?ушти тифлонаи туро дида, беихтиёр ба модарат гуфтам, ки «бо ин дасти чусту пойи чолок духтарамон калон шавад, дар Ворух наме?ун?ад».Маълум мешавад, ки он ла?за фаришта?ои даргузар омин кардаанду он суханро имр?з ту гуфт?!
Аз ёддошти бамаврид Нигина ба ва?д омада, худро беибо ба о??ши падар андохт:
– Мана бисёри бисёр хурсанд кардед, додо?ун! Бори дигар бовар кардам, ки му?аббати падар а?аб ?аловате дораду с??баташ а?аб таровате!
Ман ?амеша мефахраму меболам, ки аз чиллаи чормо?аг? то имр?з чаро?и ме?ру му?аббати шумо дар тори сарам офтоби тобон аст. Бароям дафча сохтану чангу рубоб овардан ?ояти д?сткорию д?стдори?ои шумост, эй падари ме?рубон! То ?а?он бошад, офтоби болои сарам бошед, додо?ун!
– Саломат бош, духтар?он! Акнун равшантар биг?, чаро дар Ворух наме?ун???
– ?ама саба??ои мактабхоная пурраю барзиёд азхуд кардам. ?ама дониши Очанур? дар ма?зи сарам ?о гирифтаг?. Акнун барои давом додани та?сил ба Ху?анд рафтан?. Дар ин ша?ри бузург бар ?ар ?адаме як бибиотун саба? меом?заду китобхонаи калон ?аст…
– Дуруст мег??, духтари ?он, Ху?анд макони илму маърифат аст. Лекин дилам гуво?? меди?ад, ки сабаби аслии ба Ху?анд рафтани ту дигар аст…
– ?азор сухан дар та?и дилам пин?он аст, додо?ун. Бовар кунед, баъди ёддошти шумо дигар м??р бар лаб нишаста наметавонам. Лекин… намедонам, гапа аз ч? сар кунам?
– Аввал ба ман фа?мон, ки чаро дар Ворух наме?ун???
– Аз бозе, ки ба лав?у хат пардохта, сиё? аз сафед фар? кардиям, худама тани тан?о ?ис мекунам, додо?ун. ?амсаба??о, ?амсоядухтар?о ?астанд, лекин дилхо?у дил?арин нестанд. ?атто амакдухтар?оям дар кошонаи ?албам маъво надоранд. Яъне, дугона надорам, додо?ун, яккаву тан?оям… Лекин ду ?афта дар Ху?анд будам ё не, ду хо?архонди ме?рубон ёфтам.
– Ту ч? гуфтан?? Наход духтар?ои Ворух ?ама бад бошанд?!
Дар ?авоби саволи соядори падар Нигина як ла?за сукут лозим шумурду бо овози ?азин гуфт:
– Не, додо?ун, ман ?аргиз чунин нагуфтаам ва намег?ям. ?ама духтар?ои хубанд, айб дар ман аст. Шаб то р?з пар? дар хоб мебинаму фа?ат бо мо?у ситора сухан мег?ям. Агар ин ?ол бардавом мунад, бовар кунед, додо?ун, аз зи?? дилкаф мешавам.
– Худо нига? дорад, духтар?он! Чаро ин гап?оятро барва?ттар ба модар нагуфт??
– Гуфтам, додо! Вале дуруст эътибор надод. «Зи? нашав, – гуфт. –Ту, ки духтари яккаву ягона ?аст?, ба тан?о? одат карда?, бо дигарон унс гирифтанат душвор. Лекин ин ?олат дер давом намекунад, калонтар шав?, ?амааш на?з мешавад».
– Гапи ман мегуфтагиро пештар гуфтааст модарат. Дил фарох дору бо ?амсолонат бо хубию хуш? бештар нишин, духтар?он! Панди Шайхурраис Б?алиро ?е? фаром?ш накун, ки муоширати бадро тангтарин зиндон барои инсон ме?исобад.
Аз таъкиди падар Нигинаи дилозурдаро гули р?яш пажмурда гашту ларзон аз ?ой хест:
– Дар орзуи он ки бо ман дугонаи ?арин шаванд, ?атто бо духтарак?ои да?сола омехтам, додо?ун! Дар ?ар ма?филу маърака фа?ат барои хуш?олию хурсанд? ?он меко?онам. Табъи дили духтар?о суруд мехунаму мера?сам ва ?ама бо шодмон? каф мек?банд. Вале ва?ти зиёфат манзара тамоман дигар мешаваду хурду калон бо ман намешинанду намегуянду намеханданд… Дар Ху?анд бошад, ?ини зиёфат болонишин будаму барои ра?су боз? мукофот ?ам гирифтам.
Дар Ху?анд амакдухтарам Назокат аз барам ?удо намешуд. Лекин дар Ворух мисли бегона?о худаша аз ман дур мекашад. Дина сабаб пурсам, гуфт, ки «?ама дар ?айбат туя бо каро?ат «Парихон» меноманду «паридор аст аз сиришт» мег?янду як?оя таом х?рдана ор медонанд». Оё ин гап рост аст, додо?ун? Ман кистам?! Наход ман Парихони дуюм шавам?!
–Аз он ка?назар хафа нашав, ки ка?ба?су ка?андеш аст! Умуман, аксар духтар?о бахилу нотавонбин мешаванд – аз худашон хушр?ю парир?ю нозанинро чашми дидан надоранд. Аз дунболаи гап нарав ва шишадил нашав, духтар?он, боз андак та?аммул намо…
– Не, додо, дигар та?аммул карда наметунам! Дар чаманистони Ворух бо хору хас дигар як?о буда наметунам. Ва намехо?ам!
– Духтар?он…
– Маро сарзаниш накунед, додо?ун! Азобу кулфати кашидаам бас… Дар ?ар ма?филе хоре ба дили ман мехалад… Ран?у азоб то кай? Дигар то?ат надорам, додо?ун! – Нигина худро дошта натавониста, аз ма?зи ?игар нав?а кашид. Абдулсайид сар?исоби гапу корро гум карда, бо дасти навозиш сари духтарро беист сила менамуд ва барои тасалл? калимаю ибораи таъсирбахш ме?уст.
– Гиря накун, духтар?он. Бас! Худатро ба даст гир. Ило?и корро меёбем… Андаруни дилат ин ?адар дарду до? будаасту ман бехабар…
– Аз ин зиёдтар то?ати дарду до? надорам, додо?ун! Ягона пушту пано?у чорасозам шумо… С?зи дил дигар ба к? мег?ям? Дар авлодамон ?айри шумо дигар табибе нест, ки дили ниммурдаи мана зинда гардунад. Ба додам расед, додо?ун!
– Гуфтам-ку, гиря накун, ило?ашро меёбем.
– Ман ба шумо бовар дорам, додо?ун! – Нигина бо остин ашки чашмонашро пок карду якбора ме?раш ба падари ме?р?? ??шид магар, ки сар ба китфаш гузошта, бо о?анги савганд гуфт: – Шумо ?ам ба ман бовар кунед – ваъда меди?ам, ки ?е? ва?т аз гилеми худ дуртар по дароз намекунам! Фа?ат илти?о дорам, додо, коре кунед, ки аз ин пас дигар ?аргиз р?йи худро бо оби дида наш?ям…
– Дилпур бош, духтар?он! Дилатро обу адо накун ва бархезу ба бе?р?з? умеди дил ?ав? дор! Худо туро аз захми чашм ва бухлу ?асад дар пано?аш нига? дорад, духтар?он! ?ар ?ое, ки бош?, умрат бекарону судат безиён бод! – чаро?и ме?рубониро баландтар фур?зон кард Абдулсайид. – Ба устои гулдаст фурсат де?, то тадбири савоб бо дили хуш андешад. ?асам ба Худо, тадбири корат ончунон созам, ки ба ма?саду таманнои дилат бегазанд рас? ва ?ар ку?ое ?адам ни??, гул шукуфад…
Нигина бар ?авлу ?асами падар мутмайин гардиду бо хотири ?амъ хуррамдил аз устохона берун омад ва ба пеши Очанур? баргашт. Вай акнун аз шод? дар Ворух наме?ун?ид…