Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 17 18 19 20 21 22 23 24 25 ... 141 >>
На страницу:
21 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– А?сан ба ту, дарёнавола! Лекин, ба ?ар ?ол, э?тиёт бош. Бо Сай?ун ш?х? кардан хатост!

Шогирд «хуб» гуфту либос бадар кард ва хост аз баланд? худро ба об ?аво ди?ад. Вале… дар пеши чашмаш дарё та?йир ёфту па?ну васеъ гардид, рангаш мисли осмон нилгун шуд. Яъне, Сай?ун ба Сия?к?л табдил ёфт. Азбаски Мирмаликро аз раъйи худ гаштан одат набуд, бедаранг ба об парид.

Аз оби сарду тоза танаш ро?ат карду покию бе?убор? имкон дод, ки нотарсона чашмонашро кушода, ба гирду пеш нигарад. Хуш шино мекарду ла?за ба ла?за шефта мешуд ба оби зулол, ки бо ?илою равшании худодод олами дигаре пеши назараш ба ?илва овард. Аввал гули обие дид, ки на барг дошту на реша, сипас чанд мо?ие ба назараш намуд тиллоранг. Ва боз сангпуште диду садафу гав?ару марвориди бешумору рангоранг. Баъд гули зарде пешор?яш баромад, ки дар оби каб-кабуд а?аб зебою дилписанд метофт.

Мирмалик торафт нафастанг мешуд, лек дандон ба дандон совида, обнавард? ва тамошои олами нафосат идома медод.

Баного? манзара тамоман дигар гашту як села мо?ию мо?ича?о ?аросон аз па?л?яш гузаштанд. Аз думи он?о мо?ии бузурги да?шатафкан шино мекард ва чун наздик расид, Мирмалик баръало дид, ки он на?анг нею аспи сиё?и обист!

Гапи Абдулсайид ёдаш омаду нафаскаширо фаром?ш карда, бо тамоми ?увват дасту по зада, бо азобе ба тахтапушти ла?жонаки саманди афсонав? нишаст, то шерафкан шавад.

Нишастан ?амон аспи обпар тезтар аз тири камони ?одирандоз пеш парид ва дар як мижазан? ша?савори худро ба он тарафи Сия?к?л, ба ?ал?аи париёни об? расонд, ки р?йи сабзаи ма?ини домони к?? ?амо??ш бо лолаву гули наъно нишаста, шабро бо хуш?ол? ?ониби р?з мебурданд. ?ама зулфи ка?у ?омати чун алиф рост доштанду ?усну ?амоли ?айратангез ва яке аз дигаре зеботар менамуд. Аспсавори ?авону хубче?ра ва ?авипайкар мафтуни ?амолу ?алоли хубони хубр?й гашта, муддате лабташнаю дил?астаю ?айрону ночор истод. Ва… чун нек нигарист, Нигинаро дар байни пари?ои паррон дид, ки хиромон мера?сид. ?уш аз сару ранг аз р?яш парид. Саросема аз асп фуромад ва ба со?ил баромад, то Нигинаро аз банди париён халос кунад.

?ро дидан ?амон париён нопадид гаштанду Нигина ?ам ?айб зад.

Мирмалик хост номи духтаракро ба забон оварда, баланд фарёд кунад. Вале аспи об? пештар овоз бароварду мар?уланок ши?а кашид.

Бо шунидани садои г?шнавоз Мирмалик аз хоб бедор шуд…

Аз болин сар бардошта, ?аросон ба чапу рост чашм давонд. Боз ши?аи асп баланд шуд. Ин дафъа Мирмалик садои Рахшонро дар?ол шинохт ва бесаран?ом гашта, ба мар?зор дида д?хт. Дид, ки дар па?л?и Рахшон боз як аспи сиё? истодааст. Бо пушти даст чашмонашро молида, бовар кард, ки он ч? мебинад, давоми хоб нею дар бедорист ва ?амон аспи обии навакак дидааш бо ар?умаки ху?анд? гардан ба гардан молида, хингвор гуфтуг? доранд!

?авони нимхобу нимбедор ла?зае но?унбон нишастаю зери лаб калима гардонда, на?шаи амал кашид. Ба чунин ?арор омад, ки ноаёну бесадо ба сия?саманд?о наздик омада, о?иста ба аспи об? савор мешавад. Бо ин ният аз ?ой хест. Худи ?амон ла?за аспи об? чаро?поя шуду баланд ши?а кашид ва дартоз ба Сия?к?л ?а?ид…

Орзуи ширини Мирмаликро об бурд. Пушти даст бо дандон газида, зи?уннафас ?амро?онро нигарист ва андаке осуда шуд – ?ама ?ар?и хоби ширин буданду р?йдоди афсонавиро надиданд ва ба ?оли ?авони нокомгашта нахандиданд.

Чанд гул? ?авои тоза даркашида, андак ба худ омад ва хост пеши Рахшон раваду дарди дил ба ?онвари рамузфа?м г?яд ва бори вазнин аз д?ш поён фурорад. Аммо аспи доно ишора намуд, ки майли с??бат надорад – дасту пой?ояшро ба таги шикам кашида, чун дигар ?ам?инсонаш фук болои сабза ни?оду хобид…

Мирмалик дар замину мо?и мунир дар осмон бо шаби пурафсун тан?о ба тан?о монданд. Ахтарони сершумори осмоннишин, ки ?амроз ва нига?бони мо?и нокоста ва ?авони навхоста буданд, мисли душиза?ои париваш дар р?йи оби мусафои Сия?к?л аксандозию обсавор? карда, мек?шиданд то шаби пур?аводисро сония ба сония к?то? намуда, ба р?зи равшан расонанд. Мирмалик баръало медид, ки ситора?ои хурду калон аз дуру наздик ?ониби вай чашмак мезаданд, то сухане биг?яд ва бори дил сабук намояд. Зеро он?о медонистанд, ки санг?ои гунгу хом?ши атроф ?удрати суханфа?мию дилбардор? надоранд. ?авони яккаву тан?о миннатдор аз ахтарон буд, аммо беист афс?с мех?рд, ки он?о дастнорасанду вай дастк?то? ва ?ини шабзиндадор? наметавонад ситорае ба каф гирифта, рози дил ифшо намояд. ?арчанд дили бедораш аз хаёлу орзу ва гумону тасаввур пур аст, фа?ат бо шамъи ниго? метавонад шаби тор равшан гардонад, то тарсу ?аросу ва?мро дур афканад…

Оре, ?авони камсухан ва камта?риба, ки ?аблан ба хобу таъбири он эътиборе намедод, имшаб ?олати дигаргуна дошт. Яке сухани падари Сабзал? ёдаш омад, ки боре гуфта буд: «Касе пар? дар хоб бинад, хушбахт гардад, вале агар бо пар? гап занад, девона шавад». Гапи бобои Одинаро бо хоби дидааш ?иёс намуда, ба хулосае расид, ки хушбахт? пешор?яш ?арор дорад. Аммо зи? шуд аз он ки Нигинаро аз ?ал?аи париён озод карда натавонисту вай ?ойиб шуд.

Мирмалик медонист, ки ин хобро таъбир мухтасар ва якгуна нест. Зеро Нигина ?ан?з дар бедор? аз мадди назари ме?рполояш нопадид гашта буд. Вай бо як ?а?он умеду орзу аз Ху?анд арму?они д?ст? овард, аммо ин духтараки содаи Бимастура худро духтари хонаю ?ро ?авони нома?рам ?исобида, лоа?ал як бари р?яшро нишон надод. Ва агар бо лафзи шоир Абдулма?ид г?ем, кабутари хонаг? шо?ини паркушодаро паршикаста кард.

«?оло Нигина дар ку?о бошад?» – худ аз худ пурсид Мирмалик ва гапи падари духтарак дар буни г?шаш садо дод: «Касе аспи обиро бинад, аспафкан мешаваду агар ба он савор шавад, шерафкан хо?ад шудан». Мирмалик ба ёд овард, ки аспи обиро ?ам дар хобу ?ам дар бедор? дид. Лекин дар хоб савор шуду дар бедор? натавонист. «Оё шерафкан мешуда бошам?»

Ба ин пурсиш посух наёфта, муло?оти ду сиё?саманд пеши назараш омад, вале аз таъбири он о?из монду каломи модаркалонашро аз дури?ои дур шунид: «Хоби парешон ба чаро? гуфтан даркор, то бадияш бис?зад!»

Мирмалик дубора зи? шуд: зеро медонист, ки дар к??истон чаро? нест. Вале ба осмон нигаристу гули р?яш шукуфт: мо?и тобон – чаро?и осмон ягона м?нису ?амрозаш буду бе ?е? дудилаг? хоби парешон ба мо?и дурахшон гуфт, то сиё?ию тираги?ояш равшан шавад.

Гапи модаркалон дуруст баромаду рози дил ба мо? гуфтан ?амон хотири парешони Мирмалик ?амъ гардид. Зери лаб хандид. Ба ?арори ?атъ? омад, ки суб? ба чашми хобнок сурма кашад, яъне хоби парешону андеша?ои бар?ам ба дигарон равшан насозад. Сабр кунаду роз нашикофад ва таъбири хоб аз аспрези Исфара дарёбад…

Равзанаи пан?ум. Ишро?е

[6 - ишро? – дурахшидан, баромадани офтоб]

дар Мо?пар? о?озбахши достони нерубахши зиндаг?

Аспрези Исфара – майдони махсуси аспдавон?, ки тарафи рости ро?и Ш?роб, дар дили дашти Мо?пар? во?еъ буд, аз дур ба молбозор шабо?ат дошт. Як тараф тамошочиён аспу уштур ва маркаб?ои савории хешро ба дарахтони лаби ??йи беоб баста буданду тарафи дигар ?авонмардони асптозу камонвар – иштирокчиёни мусоби?аи имр?за саманд?ои хелмахели худро хорумолу пар?амел? мекарданд, яъне ?анду ?ави андак аз кафи даст медоданд. Дар мобайн бошад, да? шутури бухт? ва барраи бахта – г?сфандони се-чорсолаи фарбе? ва ахтанашуда, ки ба ?олибони саб?ат ?адя мешуд, ба назар мерасид.

Абдулсайид кафи дасташро соябон карда, ба дуртар нигарист ва дид, ки тамошобинон аллакай хеле зиёданду дар талу теппа?ои атроф ва ?ой?ои ?амвор намаду бурё ва чодару ?ома?оро бенизом густурда, гур??-гур?х давра нишаста, обу нон бо ма?зу мавиз таматт?ъ мекарданду перомуни имр?за з?розмо? фикру андешаю тахмину фарзия?ои пешакии худро иброз медоштанд ва хунгарм?о бо якдигар шарту байъ мекарданд. Ша?риён дар теппаи баланд маскан гирифта буданду сокинони де?оти атроф поёнтари он?о, аммо мухлисони аз дур омада – ху?андиён, фар?онаги?о, масчо?иён, канди?о, истравшани?о мувофи?и имкон ва муносиби ?оли худ ?ар ?о – ?ар ?о нишаста, нисбатан камгапу кам?аракат буданд.

Дар аспрези бузург ягон зан ё духтар наменамуд. Аз ин ?ол Абдулсайид, ки нозпарвараш Нигина ва ?иян?ояш Назокату Назоратро барои тамошо оварда буд, димо?с?хта шуд. Сархам назди аробаи болоп?шида рафт, то бо масли?ат тадбире ёбад. ?арчанд хуб медонист, ки димо?и с?хтаашро ягон ило? нест ва дар корзори мардони мард зани зайиф ?атто бо зор? ро? намеёбад.

Мо?иятан нозук будани масъаларо фа?мида, духтарон ла?зае хаёломез хом?ш истоданд. Аввалин шуда Назокат таркид:

– Илло-билло, ки то пойгаи аспдавония набинам, ?е? ку?о намеравам! Агар додои худам мебуданд, албатта ягон ило? меёфтанд.

Гапи сахттаъсирро Абдулсайид бе ран?иш шуниду бо табассум Нигинаро нигарист. Вай пардаи шаффофи ?афои аробаро са?л боло бардошта, теппаи мобайниро хол? диду бо хушнуд? нидо кард:

– Ана он теппа бе?тарин ?ойи тамошо! Ба ?е? кас халал намерасонему ?е? кас ба мо халал намерасонад.

– Рост мег?й?, духтар?он, ?ойи хуб аст, вале барои мо дастнорас аст! ?окимону бузургон он ?о мешинанд. Намебин?, ки айвони зебое сохта, бо фаршу ?олин?о оростаанд.

– Барои ?амин хоб-хол? асту ?е? кас ба ин баланд? наздик намешавад, – худро доно тарошид Назорат. – Ниго? кунед, одам?о м?ру малах барин меоянд, лекин ?е? кас ба он теппа майл намекунад.

– Агар ин теппа нашавад, дигараш ?аст-ку! Рафтем ба пеши ворухи?о! ?ойи нишасти он?о боби тамошо!

– Намешавад! – ?атъ? нидо кард Абдулсайид. – Агар он ?о равем, ?ам?ишло?и?о ба ?ойи аспи тоз? шуморо тамошо мекунанд. Хубаш, ?ар сеятонро ?авлии Усто Мулло бараму бехалал дам гиред…

– Мо барои дамгир? ба Исфара наомадаем, амак?ун. Илло-билло, ки…

– Дамата гир, Назок! – андаке барошуфт хо?ари калон?. – Ба умеди тамошо, ки омадаем, ноумед намеравем. Оё намешавад, ки дар ?амин ?о истода, аз ароба нафуромада, мусоби?аро бинем…

– Фикри маъ?ул, – пушти гардан хорид Абдулсайид. – Лекин… оё нафастанг намешавед?

– То?ат мекунем, додо. Дидем, ки нашуд – бе малоли хотир ба ?авлии бобои Усто Мулло меравем.

Дигарон низ ба ин фикр роз? шуданду Абдулсайид аробаро каме болотар ронда, пасу пеши чодири болоп?шро ?авогузар намуд. Аз ку?ое Абдулма?ид пайдо шуду Назокат аз шод? ?анотак зад:

– Хайрият ки омадед, акои Абдума?ид. Се р?з боз калаам гаранг, ки Мо?пар? худаш к??

– Мо?пар? духтари подшо?и Чин. Як доя дорад, а?аб буду бало, ?одугари з?р! Номаш Шарвона. Вай падари Мо?пар?, яъне фахфури Чинро д?ст медораду мехо?ад, ки аз хати кашидааш берун наравад. Агар подшо? хашм гирад, духтар аз пеши чашми ? бубарад ва ба ин дашт биёрад. агар подшо? ме?рубонию музоот кунад, Мо?париро дар як зум бозгашт ба Чин мерасонад.

– Вой падарлаънате! ?озир ин Мо?и паридор ку?о бошад?

– Инашро ?е? кас намедонад. Ба саволат, ки ?авоб гирифт?, нафас ях! Боди??ат ба дашт нигар, шояд Мо?пар? ба назарат намояд! – шоир бо че?раи хандон па?луи Абдулсайид болои шолчаи нимдошт баро?ат нишаста, ба ?ойи ?амъшавии довталабон нигарист, то муайян кунад, ки Мирмалику Сабзал? омадаанд ё не?

Дар лангарго? аллакай да??о ?авонони бахтозмой ?амъ шуда буданд ва, албатта, ба з?ри бозуи хеш ва чусту чолокии оташнаъл?ояшон бовар доштанд. Вале азбаски маъруфу маш?ур набуданд, тамошогарон ба он?о он ?адар ра?бат зо?ир намекарданд ва г?шба?имору чашминтизор меистоданд, ки аз човандоз?ои ном? к? меомада бошад…

Интизор? т?л накашид ва савори аспи сафедмушкин ?авонмарди ?ави?айкале дар и?отаи пан? гурди му?офиз намудор шуд. «Афзали Беварасп омад!» – ин ?умла бар?вор дар а?сои аспрез па?н гардида, то г?ши духтарон расид ва ?ар се аз ?ой нимхез шуда, кун?ковона ?ониби чобуксавор нигаристанд. Човандози ном?, ки чунин исти?болро интизор буд, дастонашро боло бардоштаю дар ?аво алвон? дода ва пан?а?ои ба?одуронаро бо ?ам зан?ир андохта, г?ё бо кулли ?аводоронаш дастфишор? намуд.

– Ин бодичаи беваасп к?? – лабу да?онашро бо аломати та??ир ?унча карда, саволомез ба амакаш чашм д?хт Назокат.

– Беваасп не, Беварасп! – ?ро исло? намуд Абдулсайид. – Номаш Афзал, зодго?аш Хистеварз. Беварасп ла?аби падараш, ки мисли додою бобояш асппарварию хар?аллоб? мекард. ?олдон?о мег?янд, ки да? ?азор зиёдтар асп дошту аз ин боис Беварасп ла?аб гирифт.

– Бевааспи ту солдармиён ?олиби мусоби?аи навр?з? мешавад, – илова намуд Абдулма?ид. – Имсол яке аз довталаб?ои асос? ба ?исоб меравад.

– Минбаъд ин нинакало мукофота дар хоби шабаш мебинад. ?ое, ки Мирмалик ?аст, дигар ?олиб нест!
<< 1 ... 17 18 19 20 21 22 23 24 25 ... 141 >>
На страницу:
21 из 141