– Зи? нашав. Гарчанде бо хушомадг?й ?амс??бат шудан хатост, ?абл аз омадани ту бо А?мади баззоз ва ёронаш гуфтушунуфти тундутез кардем, вале бахайр ан?омид. Он?о ба номи Худо ?асам х?рданд, ки бе изни мо касеро ба Ху?анд и?озати духул нади?анд.
– Ба ?авлу ?асами А?мадак заррае бовар надорам. Зо?иран то?ир, ботинан кофир вай! Агар и?озат ди?ед, ?ро ба ?алъаи об? бурда, муддате боздорам, то дар куфрони ша?ри ободи мо ?амдостон набошад…
– Гумон аст, ки ?ро дар ша?р дарёб?. Дар ро? аст, пеши хо?ааш мешитобад.
– Ба таъзими Чингиз меравад?
– Не, ба исти?боли Уло? меравад, мехо?ад, ро?и гарон ба хо?ааш осон гардонад…
– ?ро бибояд кушт! ?айф бар хоин бод!
– ?ро ч? ?он, ки ба?ри ? ?он дар хатар гузор??!
– Эй Пири бузургворам, нияти ман дигар аст. И?озат меди?ед, ки барои ситондани хунба?ои Сабзал? те? аз ?илоф кашам ва ?амро?и ёрони сарсупурда шабохун занам? Бисёр мехо?ам, то р??и бародарам ран?ур нагардад…
– Эй фарзанди азиз! Худат хуб медон?, ки ?е? ва?т дасти ту аз шабохун к?то? накардаем ва аз дарго?и он Ягона бароят пир?з? мехо?ем. Масли?ат ин аст, ки дар як ва?т аз ду ?ониб шабохун занед – Шо?мурод ва ёронаш аз пешу ту аз ?афо. Фиреби назар мешавад, агар шумо либосу абзори му?ул? п?шида бошед…
Шабихунро раво медонам, аммо ту набояд саргарми инти?ом шав?. ?ар сарваре, ки саргирифта-даргирифта барои хунба?о итобу шитоб мекунад, тав?и мурод аз даст меди?ад. Уло? имр?з не, паго? хо?-нохо? ?он ба ?аббор месупорад, аммо ту набояд ?исори ол? ба душман супор?! Туро дар к?дакиат Шери бобо мегуфтаму чун ба воя расид?, Шери Ху?анд шуд?, ?азанфари олам ла?аб гирифт?. Имр?з туро Шерзилванд мег?ям, ки шакли ?адимаи шердил асту дар ?авон? эдун ла?аб доштам. Чил сол му?аддам мисли ту далеру суханг?й ва накур?й ?авонмарде будам. Маро дар мурувват ягонаи да?р ва дар футувват нишонаи ша?р ме?исобиданд. Хурду калон ар? мегузоштанду душманон сахт ме?аросиданд. Кунун замона дигар гашту а?ли Ху?анд аз ган? берун омадаю ба ран? пайвастаанд, ки мува??ат аст. Худои мо, ки ме?рубон ва азиз аст, ?ар дуи моро вазифадор кардааст, то дигарбора ба ху?андиён шодию нишот бахшем ва Ху?андро чун Тирози ?а?он нига? дорем. И?рои ин вазифа кори азим са?мнок асту хеле ва хайле гарон! Му?улон, ки ?олиё аз иш?оли ?алъаи об? о?из мондаанд, ?ал?аи му?осираро торафт сахт мекашанд, то дар кори ту р?з ба р?з ну?сон беш гардаду аз ?ар г?ша халале ва аз ?ар ?ониб шикофе пайдо шавад. Аммо ту набояд ла?зае аз ?азо дур шав?. Туро мебояд парчами Ху?анд баланд афрохта, дар Сай?ун ?арбро гарм ниго? дор?, то зафар наздику хатар дур шавад. Дар ла?заи зарур? ман ба мадад меоям. Хайр, Шерзилванди Ху?анд. Ва мо ан-насру илло мин инда-л-ло??…[134 - пир?з? насиб нагардад магар аз ?ониби Худованд]
Мирмалик ва Шо?мурод тиб?и масли?ати Пири амалфармои худ дар дили шаб аз ду ?ониб ба лашкари ма?рургаштаи му?ул баробар ?амла оварданду доди шу?оат дода, доди худ аз ?отилон ситонда, зангор аз оинаи дил зудуданд. Уло? Нуйон кушта нашуд, аммо сад?о ?ангиёнаш дар Хистеварз ба хоки сиё? ?елиданду дар дашти ?игарс?з аз оташ с?хтанд. Мирмалик муждаи марги душмани бадсиголаш А?мади савдогарро шунида, ?ангро хотима бахшид ва ёрони бо?имондаи Сабзалиро аз пин?онго??о ?амъ оварда, самти ?аракатро та?йир доду тавассути пойоби со?ил ба ?алъа расид. Лекин имкон наёфт, ки нафас рост кунад: ?а?атой чархи нави сангандоз? рост карда ва бист газ зиёдтар пайро?аи сангфарш созонда буд. Бо амри ша?риёр чор сафинаи ?анг? о?илан барои идомаи мубориза ба ?аракат омад…
Шо?мурод низ фурсати дамгир? наёфт. ?а?атой бар ивази талафоти шабохун ба Уло? Нуйон ду?азор сарбоз ва се?азор ?ашар? мадад фиристоду му?ул?ои тозанафас бо сарварии Мангу Бу?а аз ?ониби Фар?она ба ша?ри Ху?анд ?у?умро о?оз карданд. Он?о гумон доштанд, ки ?увваи асосии ху?андиён дар ?алъаи об? ?амъ асту ша?ри беша?риёрро ба осон? иш?ол мекунанд. Вале боз хато карданд: ху?андиёни ме?моннавоз, ки чандин мо? омадани чингизиёнро интизор? мекашиданд, ме?мон?ои нохондаро бо тирборону шамшерзан? ва сангафшон? «пешвоз» гирифтанду ?атто аз болои девор ба сарашон оби ??ш рехтанд. Душмани тангчашм тангайш шуду ба ?ойи талаттуфи бисёр талафоти зиёд гирифта ва аз дидаву дил ашку хун рехта, шармандавор ?афо гашт. ?а?атой бовар кард, ки ху?андиён мисли фанокати?о чун бодоми ка?от? п?сттунук нестанд. Балки чорма?зи басо п?ст?афсанд ва на ?ар дасти тавоно ин гирдакони сахтро шикаста метавонад! Аз алам ва нотавон? пушти даст газиду бо килки хунолуд ба падар боз як номаи ?игарреш навишт: дар миёни сангу обу оташ мушавваш мондаам…
* * *
Мактуби писар дар вилояти Бухоро ба дасти Чингизхон расид. Подшо?и му?ул, ки аз зимистони т?лон? дилтанг гашта буд, дар мар?зори доманфарохе р?йи сабзаи навхез, лаби чашмаи обаш чу марворид ?елон хайма ни?ода, куфти ро? мебаровард. Ин ?ойи хушу хуррам ва ма?оми бонуз?ат чарого?и меросии Пири ч?пон?о Бобо Занг? буд, ки дар сафи суфиёни пандпазир мав?еъ дошт ва яке аз соликони Шайхи кабири Ху?анд ба ?исоб мерафт. Му?аррабони Чингизхон бо хунсардии ?айратангез, аз со?иби мол напурсида, чанд г?сфанди фарбе?ро мувофи?и одати му?ул?о хафа карда куштанду х?рданд. Аз ин густох? Пири сиё??урда зи? нашуд, балки бо лабханди пурасрор ?ама устухон?оро ?амъ оварда, асои даст назди ?арам гузошта, дузону нишаст ва зери лаб дуои офият хонд. Сипас бови?ор аз ?ой хесту р?й ба ?ибла гардонда, бо нидои ?арангосии «Ё ?у!» н?ки асо ба устухонпорае расонд. ?амон замон г?сфанде падид омаду калла афшондаю ма?ин овоз бароварда, с?йи рама тохт. Шайхи м?ъ?аз н?ки асо ба устухони дигар расонду манзараи аввала такрор шуд ва ?ама г?сфандон умри дубора ёфтанд.
?авми му?ул аз каромат ва ?удрати м?йсафеди пашминап?ш даст ба гиребон бурда, мисли ?айкали сангин но?унбон шуданду аз гап монда, бо чашми ?аросон пешвои худро нигаристанд. Чингизхони со?ибхабар ва ?одугар, ки доимо лофи каромот мезад, аз м?ъ?изаи ч?пони рама ба ?айрат омад. Пирамардро ба с??бат кашид, шогирди к? буданашро пурсид ва гуфт:
– Эй Пири м?ъ?аз, муроот куну моро ра?балад? намо, то ша?ри Ху?анд бару он вилоят ба мо таслим гардон.
– Мо на он ?адар тавонем, – гуфт Пири м?ъ?изакор. – Касе, ки муроот карда, он вилоят гирифта тавонад дод, Пири бузургвор Шайх Масли?атдин аст, ки ?ам?ирони Шайх На?муддини Кубро бошад…
– Кай?ост, ки аз ву?уди ?ар ду ва ?удрати эшон во?ифам, – мад кашид Чингизхон. – Чанде пеш ба Кубро кас фиристода, гуфтам, ки ният дорам хал?и Урген?ро ?атл намоям ва он Бузург бояд аз миёни авом берун ояду ба мо пайвандад. Аммо он соддалав? ?авоб гардондааст, ки ?афтод сол бо талху ширинии р?згор бо ин тоифа будаасту акнун, ?ангоми нузули бало бигурезад, аз мурувват дур мешудааст. Афс?с, ки гапро нагирифт, ба ?онаш ?абр кард…
– Бузургон ро?ати ?они хеш дар он ?а?он мебинанд…
– Шайхи Ху?анд? ?ам ро?ати он ?а?онро бартар медонад?
– Вай аз замири ?амагон ого? аст, на ман…
– Мехо??, ки кори ту ба осмон расонам?
– Бифармоед, агар тавонам, ба сомон расонам…
– Туро ба Ху?анд элч? мефиристам. Шайхи Масли?атро ?амро?и худ назди ман биёр, то ?ар ч? хо?ад, бар вай ди?ам ва ?ар ч? муроди ? бошад, ба он бирасонам.
– Шо?и валиёни олам, ки дар лаб ?амеша ояти Ху?анд дораду фитрати покаш аз халал солим аст, дар ин айёми пурта?лука аз ша?р ?адаме берун намеояд…
Чингизхон аз хашм бар худ печид ва пурсид:
– Пас ч? бояд кард?
– Агар нияти диду гуфтушунид бо он ягонаи даврон доред, назди фарзанди ?амлагари хеш равед. Оби Сай?ун ду бузургвори замонро бо ?ам мепайвандад.
– Як?оя меравем. Ту моро мепайванд?…
* * *
Навр?з фаро расиду дар теппак???ои атрофи Ху?анд лолаи хушранг шукуфту аз таровати боди Сай?ун ба ноз ?илва мекард. Аммо аз ?ашну тантанаи ?амасола нишоне набуд. Мирмалик ёронашро бо хитобаи маъмулии
?ар р?затон Навр?з бод!
Навр?затон фир?з бод!
табрик гуфт, аммо дастархони идона ороста натавонист. Зеро да? р?з ин?ониб ?анговарони Уло? Нуйон ша?рро ба му?осира гирифта, ?ал?аи офатборро торафт танг мекашиданду кору ?оли му?офизон ба сахт? расида, ро?и таъмини озу?а ва асли?а баста гардид. Бо ву?уди ин ёрони ?оннисори амири Сай?ун ?ар р?з ?ангро бо шиддати аввала идома дода, шаб?ангом ро?и сохтаи му?улонро вайрон ва санг?ои бо азоби алим овардаи ?ашариёнро дар оби дарё па?ну парешон мекарданд. Он?о ба на?ша гирифта буданд, ки шаби ид дар бошишго?и му?улон гулхани бузурги навр?з? афр?занд. Аммо дар шаби чоршанбеи сур? с?хтори азимро ?азо написандиду ?адар раво надошт магар, ки дар ла?заи охирин на?ша та?йир ёфт.
?абл аз намози аср чор му?ули зире?п?шида бо ливои сафед ба со?или рости дарё наздик омада, табли амон к?фтанд ва яке ба лафзи ху?анд? раъдосо хитоб кард:
– Нашунидам наг?ед! Нафа?мидам наг?ед! Ба мири Ху?анд пай?ом дорем!
Мунодии Мирмалик дар?ол ?авоб гардонд:
– Шуморо мешунавем. Гуфтан? г?ед!
– Шайхе аз Бухоро ба ме?монии шайхи Ху?анд омадааст!
– Ме?мон ч? ном дорад?
– Пири ч?пон?о Занги Бобо!
– Ме?мон ч? мехо?ад?
– Завра? фиристед!
Мирмалик Пири ч?пон?оро бо о??ши гарм исти?бол гирифт ва фил?ол ба нишеманго?и Шайх Масли?атдин овард. Ме?мон баробари дидани че?раи нуронии Шайхи Бузургвор сари таъзим ба китфи муборак ни?ода, аз замир нидо баровард:
– Ассалом, эй Шо?и дин! ?убори остону чанги остини шумо чашми диламро т?тиёст.
Лутфи ато бар кафи ас?об ди?ед,
То?и сафо бар сари а?боб ни?ед.
Шайх Масли?атдин иззати ме?мони оли?адр сазовор ба?о оварда, ?ро ба па?л?и худ шинонд.
– Мар?або, эй авлиёи мар?амне?и айём! Хайра ма?дам! Аз Бухорои шариф ч? хабар? Д?стон ку?ою чист паём?
– Аз Бухоро напурсед, ки дилу ?игарам лав-лав мес?зад. Аз ша?ри бузург ?айри ном дигар нишоне бо?? намондааст… Агар ба як ?умла ифода кунем, му?ул омаду шикасту рехту с?хту кушту ?орат карду бурд… Ин талафот бас гарон аст, аммо дилам ба китоб- ?ои ша?ид мес?зад! Бо чашми худ дидам, ки Чингиз савори асп ба мас?иди ?омеъ даромаду ?асдан ба ма?сура нишаста, ифлос кард ва «Гови Худо манам ва ин хал?ро барои гуно??ояш ?азо меди?ам!» г?ён саворони худро фармуд, то китоб?оро бар ивази ко?у алаф пеши асп?о рехта, китобсанду??оро чун охур истифода баранд. ?айвон?ои чорпо китоб?ои пурба?оро мисли ?ав мехойиданду ?айвон?ои дупо ?о?-?о? механдиданд, вале ман зор-зор мегиристам…