– Фа?мидам ва итоат мекунам, эй Пири бузургворам!
Ило?е ёфта, худи ?амин р?з масли?ати дуюми шуморо ба самъи Нигина мерасонам.
– Ран? макаш, ки зарурате надорад. Ин паго?? назди дарвозаи мас?ид ?уломаке ?андалибос ва афсурда?ол пеши ро?амро дошт: «Барои шумо чанд сухани гуфтан? дорам. Ду дир?ам ди?ед, то биг?ям». ?адяро гирифту ба шод? гуфт: «Маъсумае аз ро?и дур ба дидори шумо мешитобад. Ё имр?з ё р?зи дигар наздатон мерасад ва аз ран?и дил халос? меёбад!»
Дарёфт?, он маъсума кист?
Мирмалик бо овози нимшунаво «фа?мидам» гуфту беихтиёр ?ониби Де?мой нигарист. Шайх Бадеуддин бошад, аз ?айб дафтару ?алам бароварда, шитобон ?умлае навишт ва бо ниго?и шоирона мав?и дарёро наззора карда, гузашта ба ёд овард:
– Шаш сол му?аддам бо Нигина дар ана ?амин ?о с??бат о?оз карда будем. Он айёми навр?з? вай ба синни дувозда? расида буду гул?унчаро мемонд. Ил?оми шоир? омаду гуфта будам, ки «имр?з бо оби Сай?ун лаб аз шири модар шустаю худро ба ?адди бало?ат наздик расонд?… О?ози нашъунамо ва камолот муборак шавад!»
?олиё гул?унчаи Мастураи ман ?ажда?сола ва о?уи шергир шудааст! Хоразмшо?у Чингизхон вайро Ар?си ?а?он мег?янд ва ба висолаш талош доранд. Ту о?уи бесо?ибро ч? унвон меди???
– Ар?си Тирози ?а?он!
– Офарин бар ту, эй ша?риёри Тирози ?а?он! Донистан мехо??, ки навакак бар вара?и дафтар ч? навиштам?
–– Ягон шо?байти нав. Ин одати деринаи шумост.
– Он ч? навиштам, аз сад шо?байт авлотар аст! Мар?амат, бихон.
Мирмалик навиштаи Шайхи шоиртабиатро бо ла?ни г?шнавоз ?ироат кард: «Ла?зае ?абл он ?уломаки ?андалибос пай?ом расонд, ки Шайхи Ху?анд баъди чанд р?з хутбаи нико?и Ар?си Тирози ?а?он мехонад»…
Дафтар аз дасти Мирмалик афтиду агар Шайх Бадеуддин чолок? намекард, онро об мебурд. ?ар ду баробар хандиданд ва аз ?ой хестанд.
– Сухан?ои зарур? гуфтаю шунидаю навишта шуд, – гуфт Пири ра?намо. – Акнун ба ?ар дуямон рухсат, ки талхи?ои зиндаг? ширин гардонем. Ту шитобонтар аз боди са?арго?? ба саропардаи подшо?? рав, ки ?алолиддин интизор? мекашад. Саломи ман ба хидмати ? бирасон ва г?й, ки аз падар э?тиёт бошад, зеро ошуфтахотир асту товус дар чашми борхудои оламорой магас менамояд…
Охирин масли?ат ин аст, ки гапи дадою б?во?оямон фаром?ш накун: таваккал нар асту андеша мода! Агар ба таври китоб? г?ем, «таракат ал раъю би-р-раъйин» – ндеша андеша мезояд! Дил фори? дор ва фикри исёну фирор камтар кун, ки Худои ме?рубон ра?намои мост: «Валло?у аълам би ?а?ои?-ул-умур ва ?ува алимун би зот-ис-судур» – Худованд донотар аст бар ?а?и?ати кор?о ва ого? аст аз андеша?о…
* * *
Мирмалик шо?зодаро парешонзамир дид ва аз дер омаданаш хи?олат кашид. Хост, узри та?сир ба ?о орад, аммо ?алолиддин имкон надод:
– Медонам, дар ку?о буд?, эй бародарам! Маро маъзур дор, ки хотирам аз чизи дигар малул аст.
– Пирам ба шумо дуруду паёми фаровон фиристоданд ва масли?ат доданд, ки аз падар э?тиёт бошед…
– Чаро?!
– Гуфтанд, ки «Борхудои оламорой ошуфтахотир, товус дар чашми эшон магас менамояд»…
мОфарини Худо бод бар Пири ?амабин! – шо?зода даст ба гиребон бурда, бо нишони таа??уби зиёд ба чапу рост сар ?унбонд. -Дар ?а?и?ат Шайхи мутаба??ир ва мутабашширанд[90 - мутаба??ир – бисёр доно, аллома.Мутабашшир – оне, ки ба ? башорат аз ?айб мерасад.]! ?азрат ?ама доранд, зеро хиради модарзод ва башорати Худодод доранд!
Мирмалик ?арфе нагуфта, интизор истод, то шо?зода э?соси дил фур? нишонид ва сабаби ба ва?д омаданашро шар? дод:
– Посе аз шаб гузашта буд, ки падар бо овози баланд «?ап!!» гуфтанду ?ад парида, аз хоб хестанд. Маълум шуд, ки кабутари ?арам дар хоб дидаанд: Нигина бо на?шу нигору зевару зиннату либоси рангоранг ба товус монанд шуда, дар ?авои ла?ни «Товуси А?ам» хиромон ?илва мекардааст. Дар ав?и ар?ушт болу пар афшонда, ончунон чархидаасту чархидааст, ки дар пеши чашми падарам печида-печида хурд шудаю хурд шуда, аз печопечи бисёр ба магас табдил ёфта, берун паридааст. Шо?аншо?и олам «?ап!» гуфта, аз ?афояш давидаанд…
Падар аз хоб бедор шуданд, аммо ?ушёр нашуданд. ?аросон ба атроф нигариста, беист «Ковед! Ёвед!!» мегуфтанд…
Дар?ол мудаббир ?е? задему табиб дартоз омад. Падарам бо таъсири дору андаке ором ёфтанд, вале бо чашми парешон товусу пашша ме?устанд. Хобгузори со?ибта?риба кафи дасти подшо? ба н?ки ангушт?о палмосида, аз сири ?айб ого?? ёфт ва гуфт:
– Одатан оши?оне, ки аз зулфи парешон дили бе?арор доранд, дар шаби ?и?рон хоби парешон мебинанд. Товус дар хоб подшо?и А?ам асту боз ?ам баландмартаба шуданро башорат меди?ад. Агар мард товуси мода дар хоб бинад, зан мегирад… ва аз ? фарзанди зебо ба дунё меояд.
Пашша дар хоб марде заъйиф, залил ва фурумоя аст, ки кори ночиз ва ?а?ир ан?ом меди?ад. Аз пеши подшо? берун паридани пашша далолат бар он аст, ки с?йи ?ар касе парида бошад, ? заъйи- фу нотавон мегардад.
– Фа?мидам, ки товус моли ман мешаваду пашша ба Чингиз мечаспад! – бо ??шу хур?ши к?дакона шав?ун бардоштанд падарам. -Нокому нотавон мешавад му?ули бадбахт! Лекин… пашша шудани товус ч? таъбир дорад?
– Ба пашша табдил ёфтани товусро таъбир чунин аст, ки он ра??оса дигар мисли товус нахиромад, зеро даврони ра?су самоъ инти?о ёфта, замони васлу ?имоъ фаро расидааст.
Сухан?ои хобгузорро шунида, падарам ?а?ида аз ?ойхоб хестанд, маро б?сиданд ва ?о?-?о? хандида, шеър бофтанд:
Парешондимо?ем, со?? ку?ост?
Шароби зи шаб монда бо?? ку?ост?!
Хурсандии шо?аншо?и оламро дида, табиби шоиртабъ Сайиди Ашраф ?ам табъи дили эшон сухан гуфт:
– Аз хобу хаёли парешон асаби инсон хастаю хароб мешаваду аз таъбири хуш изтироби дил мефизояд. Барои эътидол шароб бе?тарин давост:
Бода дар хум к??на чун гардад, даво? мешавад,
Духтари раз пир чун шуд, мумиё? мешавад!
Байти шароболуда падарамро маст карду бода хостанд. Илтимосу зораю илти?оям асар накард. Такаббуру якравию саркаш? боло гирифту ?атто бо о?анги масхара шеър бофтанд:
?ар к? г?яд, ки май зиён дорад,
Суханаш об дар миён дорад!
– Кор бо шодию шеърбоф? ан?ом ёфт?
– ?азор афс?с, ки не… ?оло падарам масти аласт хоб… Р?з аз шаб фар? карда наметавонанд…
То дир?з мо шоду масрур будему душманон о?изу ма?сур[91 - ма?сур – нотавон, зайиф ]. Зеро падарам масли?ату наси?ате, ки аз Пири бузургвори замон шуниданд, дар ма?зи ?ушу г?ш ?ой дода, рострав? шиори худ гардонда, тарки молояън?[92 - молояън? – кор?ои ношоиста ва бемаън? ] карда, аз шаробхор? тамоман дасту дил шуста буданд, ?иддан ба р??оният пайвастан мехостанд. ?оло бошад…
Эдун фур? каш? ба хуш? он майи ?аром,
Г?ё ки шири мом зи пистон ?амемак?…
Намедонам, о?ибати кор ч? мешуда бошад?!
Мирмалик шунида буд, ки таъбири нопадид шудани товус аз даст рафтани мол аст. Инро нею аз ба?ри тасаллои дили солори хеш сухани д?шиза гуфтан мехост, вале марди ношустар?, чиркинлибос, ришу м?яш расидаю натарошида ва хаста?оле саросемавор ба саропарда даромаду назди Султон ?алолиддин зону зада, замини хидмат биб?сид ва бо овози хиррос? гуфт:
– Ба шо?аншо?и олам маълум бод, ки фиристода ба дашти му?ул ни?он – омад!
Аз ин муомила Мирмалик чизе нафа?мид. Вале Султон ?алолиддин марди ?а?ирро бо ме?рубон? ба по рост карду ба мулозим фармуд, то ?ро хуш пазируфтаю хуб ме?мондор? карда, пас аз гармоба либоси тоза п?шонда, чоштго? рост ба хаймаи подшо?? биёрад. Ба Мирмалик дастур дод, ки барои сарони сипо? ва амирон пан?о? хилъату ?афт ?ома?ои фохира омода намуда, боз фармоиш ди?ад, ки кошонаи Ма?аст? барои ташрифи ме?мон?ои олима?ом бо асбобу ан?оми шо?она фавран ?и?озонида шавад.
Фармони нога?он? ва гуфтори пурмуаммои валиа?д ша?риёри Ху?андро ба шигифт овард ва тахмин зад, ки мобайни падару писар дар паси парда гуфтуг?е шудааст. Вале та?пурс? накарду одоби хидмати расм? дар сат?и зарур? ба?о оварда, аз пайи и?рои супориш ба дорул?укумат равон шуд.