Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 57 58 59 60 61 62 63 64 65 ... 141 >>
На страницу:
61 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Дилафр?з.

– Ч? номи мувофи?! Эй шоир, хо?ишат пазируфта шуд. Аз ?амин ла?за, ин нозанин Дилафр?зи туст! Дар сояи давлати мо дилафр?зи ?амдигар бошед!

Мав?и табрик баробари ?ада? баланд хесту канизак бо таъзими фарох па?л?и хо?аи наваш гузашт ва «?ар ч? фармоед, фармонниюшам» гуфт. Сайфуддин аз т??фаи ?айриинтизор ба шигифт омаду китф дар?ам кашид ва пурсид:

– Ин л?хтакро ч? кор кунам?

Хурду бузург баробар хандиданд.

– Ба ман фур?ш! – лу?ма партофт яке.

– Моли на?зро ба ?е? кас наде?! – масли?ат дод дигаре.

– ?ар ч? мехо??, бикун! – фармуд сеюм?.

– Аввал ба а?ди худ дарор, баъд дуди димо?аш барор! – тавсия дод ча?орум?.

Масли?ати охирон ба г?ши Сайфуддин форид. Дасти Дилафр?з ба даст гирифту «Рафтем ба пеши шайхулислом» г?ён мастомаст ?адаме пеш гузошт. Вале сахт калавиду агар канизак намебуд, болои хон меафтид. Са?л ?ушёр шуда, узромез ба Хоразмшо? нигарист, ки бо дору?а саволу ?авоб мекард:

– Шайхулислом чаро наёмад?

– Гуфтанд, ки порае ран?ур аст…

– Аз ч? ран?ур аст?!

– Малик-уш-шуаро медонад.

Сафии Б?ст? башитоб пеши Хоразмшо? омаду замини хидмат б?сид ва гуфт:

– Дар китоб?о сабт шуда, ки шо? Исмоили Сомон? шоирпарвару шеърд?ст будаасту бо шуаро му?оласати зиёд доштааст. Бад ин сабаб уламо бар вай мутанаффир будаанд. Менамояд, ки му?оласати шумо бо шуаро ба шайхулислом хуш намеояд, бад ин сабаб ран?уранд.

Хоразмшо? дар хашм шуду дору?аро фармуд:

– Бирав, ?о?ибулалбобро биг?, ки асас фиристад ва шайхулисломро бо зудии тамом назди мо ?озир гардонад, то изои бале? фармоем!

Амри ол? бо зудии бар?осо и?ро шуд ва Хоразмшо? ба Ма?дуддин имкони нафас рост кардану нишастан надода, бо дурушт? ча?орч?баи одобро шикасту бо итоб пурсид:

– Эй шайх, медон? барои ч? туро ран?а кардам?

– Шо?аншо?и муаззам бартар медонанд.

– Б?ст? мег?яд, ки шайх ба ?аласаи шоирон нафрат дорад…

– Ба майгусории шоирон нафрат дорам. Май ро?ати тан, аммо офати а?л аст. Аз а?ли тира шеъри равшан берун наояд.

– Шайхи бузург худро пурхирад ме?исобад. Мо ?ам ягон зарра кам? надорем. Лекин аз р?зе, ки шеър ?асту шоир – май ?асту со??! Давоту дафтар ва паймонаю со?ар идомаи ?амдигар!

– Шароб дар зе?ну идрок иллат падид орад. Хирад ко?ад, ил?ом но?ис шаваду шеър о?из. Шоир, ки о?из шавад, аз чашми шо? биафтад…

– Баръакс, аз май чашмаи ил?оми шоир ба ??ш ояд ва шеъри хуб сарояд. Мисли Хайёму Анвар? ва дигар шуарои ?арию дар?. Ана, мисоли зинда Сайфи Исфара: ва?те май н?шид, ил?омаш ??шид, фар-фар шеър?ое хонд, ки ?атто ман ?ойил шудам!

– Сайфуддин шароб н?шид?!

– ?а. Нигин ?ам н?шид. Дигару дигар?о, ?ама н?шиданд. Ман ?ам н?шидам. Акнун навбати ту! Шайху шоиру шо? баробар ?ада? мебардоранд! Со??!!

Шайхулислом р?й дар?ам кашиду бо лафзи «Аста?фирулло?!»[42 - Худо ниго? дорад, аз Худо омурзиш металабам. ] ним ?адам пештар омад ва дасти э?тиром болои дил гузошта, гуфт:

– Эй бузургворшо?и олам, аз он р?зе, ки бар тахт нишастед, то ба имр?з мо ?амнамаку ?аммаслакем ва бар онем, ки «ад-дину ва-л-мулку тавъамони», яъне дину давлат ?амзод, дугонаанд. Аз он р?зи муборак то ба имр?з назди д?сту душман бор?о гуфтааму боз мег?ям, ки мартабаи шумо амир-ул-умаро муайяд мин-ас-само аст, яъне шо?аншо?и таъйидшуда аз осмон шумоед ва хуб медонам, ки ба Худои ме?рубон эъти?оди хос доред. Ман ?ам ба шумо эътимоди хос дорам ва ?ар ч? савоб донед, ?амон мекунам. Лекин илтимос, имр?з маро маъзур доред. Зеро агар шайхулислом май ба даст гирад, як рукни давлат аз даст меравад. Эй бузург…

– Бас! – бошиддат хитоб кард Хоразмшо?. – Амри на?й дар мас?ид хуш аст, эй шайх! Агар подшо? чунин бошад, ки фармонаш и?ро накунанд, ч? фар? байни ? ва дигарон! Со??, соткин!!!

Шайхулислом ба ри??ат омад. Зеро дар худ дигар ?удрати му?овимат бо шо?и гаронмаст наёфт. Хост бо ?илаи шаръ? аз чанги тавоно халос шавад. ?ада? аз дасти со?? гирифтаю нохост ба замин афтонда, «Худо нахост!» гуфтан? буд, ки м?ътамади сарои хос таъ?илан номаи сарбам??ре ба дасти Хоразмшо? расонд. Вай бо як назар басо му?им будани мактубро фа?мид. ?ада? поён ни?ода, м??р барканд ва ба Сафии Б?ст? дароз кард, то бо овози баланд хонад.

Шоир ба мазмуни нома а?амият надода, г?ё ки шеър мехонда бошад, бо савти мар?уланок ба ?ироат шур?ъ кард: «Сипо?иёни халифа Носир ба ?о?иёни ??рган?? шабона ?у?ум оварда, якеро куштанду чандеро дасту гардан бишкастанд ва ?ама молу коло ба я?мо бурданд».

Дар пеши назар?о ранги ар?увонии рухсораи шо? заъфарон? шуд. Аз хашму ?азаб ?а?он ба назараш торик гашт. Модари Носирхалифаро сахт дашном доду ?ойибона бар вай хашм гирифт:

– ?асам ба Худо ин мардро а?л нест! Агар заррае а?л медошт, ба сари худ бало намехарид. На худаш тин?у баро?ат зиндаг? мекунаду на ба дигарон имкон меди?ад, ки бемалол дами бе?ам зананд. Ин но?исула?лро сазовор ?азо бояд дод!

Сафии Б?ст? ?ошокалло Хоразмшо?ро дастгир? кард:

– ?асам ба Худо, сухани шо?аншо?и олам дуруст асту дуруст асту дуруст аст! ?атто к?даки га?вора медонад, ки Носир халифаи носара асту бахти хасир дорад. Хилофат бе халифа Носир бод!! Зи?? нафози шо?аншо?и мо дар садри хилофати ислом!!!

?ама ба э?тироми ?умлаи охирон бедиранг ?ада? бардоштанду Хоразмшо? низ чун ташналабе ?оми пурмай даркашид. Аммо лаззат набардошту тира шуд, хашм гирифт ва гуфт:

– Онаи зори халифаро нишон меди?ам! Ман шераму вай ша?ол!!

– Вай р?бо?, шо?аншо?ам, – лаб лесид Сафии Б?ст?.

Аз тамаллу?и ба?ангоми маликушшуаро шаробиён зав? бурданду Хоразмшо? р??баланд шуд:

– Акнун ва?ти он омада, ки р?бо?и маккорро п?сту пора кунам! Вакилдорон истанд. Ба дигар?о ?авоб! Созандаю бозандаю магасу чагас?о, дафъ шавед!

Дар ?атори дигарон Сайфуддину Нигина ?ам хом?ш бадар рафтанду Хоразмшо? шиддати нафрин зиёда кард:

– Лаънати олам бар сари халифа резад, айши маро талх кард! Х?ш, к? ч? пешни?од дорад?

Шайхулислом, ки ягона марди ?ушёр ва бедори ма?лиси ноба?ангом буд, бо овози андаке ларзон гуфт:

– Раъйи ол? бартари раъй?ост ва шо?аншо?и оламро а?воли замон му?аррартар аст. Лекин хуб мешавад, агар ма?лис ба р?зи дигар мав?уф гузорем, то му?аддимаи суб?и козиб даргузарад ва толеаи суб?и соди? даррасад. Тарсам, ки аз саврати[43 - саврат – таъсиру шиддат ] шароб ягон…

– Хом?ш! – бонг зад Хоразмшо?. – Мо аллакай як бор бо масли?ати шайх амал карда, сабру та?аммул карда, фиреб х?рдем. Дасти шикастаю ?они мурдаю хуни рехтаи зойирони хоразм? бар гардани шайх аст!! Мо дигар интизор намешавем ва кори имр?з ба фардо намегузорем! Ин соат айни ва?т аст. Моро бояд тадбир андешид зудтар, ки му?имот таъхир напазирад ва хуни но?а? рехта нашавад!

Шайхулисломи рангпарида худро ором дошта натавонист:

– Эй бузургворшо?и олам, хабари хуни но?а? са?е? нест… ?у??ати да?и? ба ростии ин сухан чист? Гуво?и зинда бар ин ?авл кист?

– Ч??!! Мо мастем ё шайх??!
<< 1 ... 57 58 59 60 61 62 63 64 65 ... 141 >>
На страницу:
61 из 141