Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 82 83 84 85 86 87 88 89 90 ... 141 >>
На страницу:
86 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Наъм, ё маликул муаззам![72 - – Оре, эй подшо?и муаззам! ]

Исти?боли гарми шумо як ривояти таърихиро ба ёдам овард: олиме ба ?абули Исмоили Сомон? омад. Шо? ?ини исти?бол бо нишони э?тиром ?афт ?адам пештар омад ва шаб пай?амбари гиром? салалло?и алай?и ва оли?и васалламро ба хоб дид, ки фармуд: «Эй Исмоил, бар он ?афт ?адам, ки мушояати он олим намуд?, ?афт аз насли ту подшо?? хо?анд кард»…

– ?аббазо, эй Пири деринасол! Умратон ?амчун сада сабзу дароз бодо!

Агарч? моро ?укумат ба хоразмию хидмат ба турк? асту ибодат ба араб?, лекин барои ман ?амеша лафзи то?ик? афзалият дорад, ки басо хушо?анг бошад, ?ама мардум маънои ?ар калима ба хуб? донанд ва ба дар? сабуктар аз дигар забон?о арзи дил г?янд.

Му?аббати ин забон дар ?авон?, баъди хондани китоби ?орулло? Замахшарии Хоразм? маро дар дил реша давондааст. Як пора навиштаи ин бузургворро ?атто дар лав?и хотир сабт кардаам: «Ин забонро аз он дар? меноманд, ки дар дарбори шо? ва девони ? ?ама номаву дафтар?о ва нигориши подшо?он бад-он забон навишта мешавад ва бад-он забон сухан мег?янд».

– Оре, забони мардуми А?ам калиди дари ган?инаи олам асту баъди парешон ва бесомон гаштани оли Сомон ма?з Хоразмшо?иёни кабир онро гирд карданду гиром? доштанд. Сипосгузорем ва нек? дар дил ма?фуз медорем. Мушаххасан шукри он мег?ям, ки Шо?аншо?и олам маро мамнуни миннати худ гардонда, навадаи азизам Нигинаро аз мусофират ба Ху?анд хондед. Ин кабутари би?ишт? чун кабки хиромони дарбори шумо шуд, бузургии ?унараш аён гашту дар забони хал?и олам афтод ва ангуштнамои са?иру кабир гардид. Акнун бо даъвати шумо ин ?изола шитобон меояд, то бахти хеш дарёбад. Дуо мекунем, ки хушбахт шавад ва ?аргиз ра?с бо шамшер накунад!

Хоразмшо? ?айрон аз он шуд, ки рози пин?они дилашро аллакай Пири бузурги Ху?анд медонад. Аммо таа??уби хеш ошкор насохта, дуои ?ро ба манфиати хеш пиндошта, бо умеду таманнои ширин даст ба р?й кашид ва бо шав?и дучанд с??батро идома бахшид:

– С??бати мо р? ба р? асту ду танем, солисе нест. Орзуи он дорам, ки ?а??и с??бати ма?рамона ?ар ду ба ?о орем ва бе р?ю риё ?арф занем, то эъти?оде, ки андар Шайхи кабир дорам, коста нашавад. Боз мехо?ам, ки ма?фили хосаи мо ма?лиси шайх-ул-шуюх? нашавад!

– Гуфтор ва рафтори мо чунон бошад, ки борхудои оламорой мефармоянд. Азеро агар маро динор ба вазни гов ди?анд, хушомад наг?ям ва тамаллу? накунам!

– Эдун ?амнишин маро баробар бо то?и сар бошад! Азеро мехо?ам, ки дукаса о?ани сарди зангорх?рдаро мулоим, бирин?и сахтшударо нарм кунем.

– Чун пой бар ?арими сарой ни?одам, маро аён гашт, ки ?алби шо?аншо?и кабирро дарди сахте азият меди?ад. Чунки р??и поки Шайх Ма?дуддин ?ар замон ?ро ноором мекунад…

Хоразмшо? гире? дар абр? кашид ва мисли мор ба худ печид:

– Худ медонам, он коре, ки ман кардам, хатое бузург буд! Валекин маро одати модарзод? чунин аст, ки бар хашми хеш барнаёям ва чун оташи хашм паст нишаст, пушаймон мешавам. Аммо ч? суд – ва?те гардан?о шикаста бошанду тир аз камон ?аста!! Тадбири ин кор чист?

– Ба зердастон ва масъулон дастур ди?ед, то ?ар ч? дар ?олати хашму ?азаб ва бехуд? фармон додаед, таи се р?з онро и?ро накунанд… ?азор афс?с, ки фармони дир?заи шумо дигар имкони тамдид надорад: аллакай дар Утрор корвони бузурге зада шуд ва кори гур??и то?ирон носара шуд… Ваъдаву ваъйид бо Чингиз гусаста гашту хуни но?а? рехта шуд!

Аз сухан?ои авлои Шайх хун аз рухи шо? гурехту андешанок шуда гуфт:

– ?ойирхон хуни но?а? нарехтааст, вай ба та??и? муайян кардааст, ки а?ли корвон ?осуси Чингизанд…

– Та??и? дигару исбот дигар аст. Алло?, алло?, эй шо?аншо?и олам, ки ба т??мати ?осус? дар Утрор хуни но?а? рехта шуд! То?ирони мусулмон ?урме надоштанду шуб?ае беасос сари сад му?ули нокарда гуно?ро х?рд! ?ам?авми ша?идон дигар хом?ш набошанд, дар??шанд ва бисёр фитна хезад…

Дар ин миён сари сафир ?ам ?абран аз тан ?удо шуд, ки мо?арои дигарест! То фо?еъаи Утрор дили Чингиз ба Хоразмшо? чун мум нарм буд, акнун аз санг сахт мешавад…

– Боке нест, эй Шайхи ?амабин! Ман аз Чингиз як сари м? ?арос надорам ва агар ?асди ?у?ум ба мулки мо кунад, ончунон кунам, ки дар хуни сарбозонаш ?ар? шавад! Валекин аз сухан?ои шумо дилам чун барги бед дар сина меларзад: гапи Утрор дина аз да?ан баромаду ?орати корвон ва куштори калонро аз ку?о медонед?

– Бо ?удрати беинти?ои Парвардгори олам ?ар он ч? бар ?амс??бати ман дахл дорад, бар ман кушода мешавад. ?озир борхудои оламорой гуфтан мехо?анд, ки «аз Дамир Малик дар бораи авлиёи ?аштсола ?иссае шунида, пурра бовар накарда будам. Маълум мешавад, ки он гуфта?о норост нестанд!»

– Оре, эй шайхулкабир, ин сухан дар н?ки забонам буд. Акнун ба я?ин бовар кардам, ки аз ?икояти Дамир Малик ?ар он ч? г?шам шунид, ?а?и?ати беба?с будааст! Бо ву?уди ин, аз ?азрати Бузургвор мададе ё к?маке тамаъ надорам! Фа?ат масли?ати муфиду муфиз[73 - муфиз – файзбахш ] ва муфи?[74 - муфи? – бедоркунанда, ?ушёркунандаи маст ё бемор ] шунидан мехо?ам.

Шайхо, оё ?аро?ати Утрор бемар?ам аст?

– Аз куштор дар Утрор ?амаг? як тан ?он ба саломат бурдааст, ки ? ?ам аз хо?а?ои ма?аллист бо номи Умар. Агар вай худро ба назди Чингиз расонда тавонад, шо?и му?ул ба ивази хунба?ои ?урбониён ?они волии Утрорро металабад. Бовар дорам, ки ?оирхон ба Чингиз ди?ед, шуморо зиёне нарасад.

Хоразмшо? лаб ба эътироз кушодан мехост, вале Шайх Бадеуддин имкон надод:

– Эй борхудои оламорой, ч? ?авоб додани шуморо медонам. Хубаш, хиттаи тасхири Чингиз ва ?ама масоили му?ул аз с??бати имр?за берун ни?ем, ки пасфардо дар мушоварати к??андиз бо ас?оби атроф файсала мешавад.

Р?й ни?одаст кори шо? ба боло,

Дидаи мо равшан асту кор ошкоро!

– Рамзу ишора?ои шуморо шунида, маро мадори сухан гуфтан аз даст раст ва дигар ба забонам «бисмилло?» намеояд. Билмарра дуруст мег?ед, Пирам, савоб он аст, ки Чингизро ба ?оли худ гузорем, зеро му?улро ?ам риш ва ?ам хирад андак аст! Агар табъи сухантирози подшо?ро рухсати гуфтуг? ди?ед, чанд пурсише дар пеш аст…

– Мо алмудом ба хидмати ме?он ва ке?он омода ?астем.

– Он ч? моро дар замир ва хотир пин?ону п?шидаю махфист, ба Шумо бармало намоён мешавад. Эй Пири бузургвор, шуморо мудаббир кист ва мул?ам[75 - мул?ам – ил?омбахш ] чист?

– Он Ягона, расулони бар?а?и ?, ?адиси эшон ва китоб?ои му?аддаси осмон? ?идоятгар ва мул?ами ?ону тану р??и ман!

?азрати М?сои Имрон ёри р??онии ман аст, ки дар эъ?озу э?дос ва э?зору э?ком[76 - эъ?оз – кори ?айратовар, м?ъ?иза, э?дос-?озир гардондан, э?ком-устувор кардан. ] ?удрати тамом дошт…

– Р??и фидока, ё Шайхул Ху?анда!![77 - Р??ам фидои ту, эй Шайхи Ху?анд! ]

– Аммо… Имшаб, дар арафаи муло?от бо Шо?аншо?и олам, Ма?д? ба хобам даромад…

– Кист ??

– Оне ки ?ама Ма?дии охирзамон мег?янд. Расо дусад сол пеш аз мавлуди ман ошкоро даъвои пай?амбар? карда буд. Ин марди ?илагар эъ?ози бисёр дошт: кафи хол? ба ?авзи пуроб андохта, мушти пурдинор берун меовард; аз хони ? ?авми мас?иди ?омеъ нону таом мех?рданд, вале анвою х?рока кам намешуд; аз ?оми ? ?авми ма?фил сероб мешуданду вале он ?ом ти?? намегашт… Худаш, а?ли байт ва муридонаш ?ар р?зе ?амаг? як хурмо мех?рданд, аммо гуруснаг? ?ис намекарданд…

– Маро ба Ма?д? ч? нисбате ?аст?

– Подшо? тимсоли Сай?ун рудхонаи бузург асту аркони давлат монанди ??й?о аз он ба ?ар с? ?ор? мешаванд. Таъму ранги оби руд ч? хеле бошад, ??й?о ?амчунон бошанд. Яъне бар подшо? во?иб аст сирати писандида доштан, то дигарон низ сирати нек гиранд. Вале шумо аз ?урури шо?аншо?? бонги баландо?анг доред. Го?о аз осмони ?афтум баландтар мепаред, мо?у хуршеду ахтаронро сипо?иёни лашкари худ ме?исобед ва го?е худро аз ноиби Пай?амбари Худо бартар медонед…

– Ё Шайхулкабир, мо бад кардем ва андак гуна?корем. Аммо авф намехо?ем! Фа?ат донистан мехо?ем, ки моро аз киву аз ч? ?азар мебояд кард?

– Шо?онро во?иб аст, ?арифи бузурги хешро э?тиром намоянд, аз ?арифи хонаг? э?тиёткор бошанд, аммо ?арифони базму ма?филу ?ада?ро аз ?умлаи надимон шуморанд.

– Модарам ?ам мег?яд, ки д?ст? бо ёрони мувофи? кун, зеро д?ст? бо ёрони навола ва пиёла ба?о надорад.

– Бори охирин ин сухан дар Нишопур ба забон оварда буд?

Аз ин пурсиш шо? сахт ба ?айрат омад: к?ло? аз сар гирифту он ла?заи ногуворро дар?ол пеши назар овард. Пас аз пахш кардани исёни ?ироти?о дар мистабаи Нишопур базми нишот ороста, ?афтае дилхуш? карданд. Ра?су суруд ва лутфу дуруди зебосанам?ои ?ирот?, му?оласат бо канизакони мо?р? ва молиши дастони нозуки гулрухони сабуксар шо?ро ба?оят писанд омаду базмро се ?афтаи дигар идома бахшид. Дар домане, ки ?аблан намоз? буд, санги фис?у фу?ур беадад ни?оду аз нашъаи шароби ?амил масти мудом шуд. Азбаски модар бадсулукии фарзандро бор?о муоина карда буд, норо?ат ва бе?арор гашта, чобуксавор ба Нишопур омад, то шо?и бадманишгаштаро ба ро?и ?а? ва дуруст гардонад. Шароб?о ба замин рехту ма?лисиёни бадмарому бадмаз?абу бадравишро бадар?а кард ва шо?и масти аластро бо ило?е ?ушёр гардонду лаб ба наси?ат кушод:

– Эй фарзанди азиз, аз ро?и хато баргард! Айшу тараб бигзору а?лу адаб пеш гир! Шароб шо?и тавоноро зайиф гардонаду бешароб? хасми зайифро тавоно кунад. Агар бо бадма?зарон бисёр шин?, шук??у ?удрати подшо?? бо дасти худ шикан?! Охири корро андеша намо ва хо??, ки пушаймон нашав?, даст аз шароби шайтон дур каш!

Шо?и бадмастро итоби модар ?ушёр накард. Баръакс, ?а?раш хесту модарро хафа?он ва табъи латифашро пурхалал намуд:

– Эй момаки бахтбаргашта ва аз ?ами бе?уда дилхаста! Аз бими душману р?зи сахт ба сахт? умр бурдан хатост! Факайфа маро, ки дар тахти салтанат ба?узур нишаста, а?ди футувват ма?кам бастаам!! Дар мастию ?ушёр? бо як зарбаи даст ?ама хасми хурду бузургро зеру забар мекунам!

Эй модар, ?ами бе?уда мах?р ва дигарбора асабамро пала?да накун! Орому осуда ба ??рган? баргард ва дар сояи давлати ман то метавон?, умр ба нишоту шодмон? гузарон!

Турконхотун дид, ки ?игарбандаш лаззати ною н?ш аз сухани модар бе?тар медонад ва наси?ат ба г?ш намегирад, сахт ошуфта шуд:

– Ба ?уш о, эй фарзанд! ?ушёр бош, ки маст? туро ба паст? мебарад ва аз бода сарат бар бод меравад. Имр?з ними р?ятро сия? дидам. Агар сухани маро ба замин гузор? ва бадмаст? давом ди??, аз майи сурх р?ят сип-сиё? мешавад, бахту и?болат, р?згорат, дилат ва ?ам номат сиё? мешавад! ?ароботур[78 - ?ароботур – сиё?па?лавон ] мешавию ?адру ?иматат ба фулуси сиё? баробар мешавад!! О?ибат ба р?зи сиё? гирифтор мешавию дар с?гат модарат сиё?п?ш мешавад!!!

…Хоразмшо?ро, ки об дар ?игараш намонда буд, овози нарми Шайх Бадеуддин аз Нишопур ба Ху?анд овард.
<< 1 ... 82 83 84 85 86 87 88 89 90 ... 141 >>
На страницу:
86 из 141