Пойтахти Хоразм мешав?!
Хоразмшо? ба ?авлаш истоду Самар?андро ба и?оматго?и худ табдил дод, ба сохтани мас?иди ?омеъ ва ?асри подшо?? шур?ъ намуд ва ша?рамонро ободон карду мехо?ад, ба сай?али р?йи замин табдил ди?ад…
– Кош Хоразмшо? як бор ба Ху?анд ?ам сафар мекард. Аз файзи ?адамаш Тирози ?а?он да?чанд обод мешуд…
– Чаро Исфара нею Ху?анд гуфт??
– Исфара зодго?и ман, аммо Ху?анд парвозго?ам! Ман аз ху?анди?о як умр миннатдор ва… ?арздор…
– Исто, Нигина, о?анги сухани ту бо о?анги сухани Шо?аншо?и олам якхела шуд. Шав?арам мег?яд, ки подшо?и Хоразм дар як ма?фили шод? сари маст? чунин гуфт: «Ман аз ху?андиён як умр сипосгузорам, чунки агар сипа?буди ху?анд? набуд?, шо?и Хоразм Шо?аншо?и олам нашуд?!»
– Ин ?умлаи шо?она ч? маън? дорад?
– Дар як ?анги калон ?арохитои?о ?алаба карда, Султон Хоразмшо?ро асир гирифтаанд. Лекин нашинохтаанд вайро. Чунки тиб?и одати деринаи худ либоси сарбози одиро п?шида, ба му?ориба баромада будааст.
Дар асирхона Хоразмшо?ро ?амро?и як сипа?буд ?ой додаанд. Вай сирри подшо?ро накушода, баръакс масли?ат додааст, ки шо? худро ?улом вонамуд кунад, то барои аз асорат гурезондани ? имконият бештар шавад. Хоразмшо? сари таъзим фуруд оварда, дастобрези сипа?буд шудаасту ?ар ч? фармояд, «Лаббай!» г?ён, бо камоли э?тиром и?ро мекардааст.
Ин ?олатро бор?о мушо?ида карда, со?ибхона сипа?будро ?уломдори сарватманд пиндошта, ба молу мулкаш маро? зо?ир кардааст. «Ман аспу г?сфанди бе?исоб, тиллою ?аво?ироти бисёр дорам, – гуфтааст сипа?буди айёр. – Лекин афс?с, асир афтодаму ?ама боигар? бесо?иб монд».
Сия??урдаи хомтамаъ ла?зае ба хаёл рафта, бо о?анги таассуф гуфтааст: «Аз он ки ?уломат туро ин ?адар иззату ?урмат мекунад, ту одами андак-мундак нест?. Лекин ман сода не, ба умеди тангаю тилло ?е? ва?т туро аз банд озод намекунам – меравию бозгашт намеой?!» Сипа?буди зирак аз ш?ълаи чашмони ?арахито? рамуз бардошта, аммо худро бепарво вонамуд кардааст: «Гапат дуруст. Агар ба Ху?анд равам, ?аргиз намеоям. Лекин агар наравам, хешу а?рабо маро ба ?укми мурда бароварда, ?ама боигар? ва танга?ои тиллоро та?сим карда мегиранд. На ба ман мерасаду на ба ту!» Сипо?? боз ба фикри чу?ур фур? рафта, о?иста пурсидааст: «Агар ба давлату сарватат даст ёб?, ч? ?адараш азони ман мешавад?» Сипа?буди ?у?анд? аввал савдоро пазонда, баъд пешни?од кардааст: «Масли?ат ин аст, ки ягон одами дилпури ту ?амро?и ?уломи ман ба Ху?анд равад. Хешовандонам, ки вайро мешиносанд, ?ар ч? г?яд, бовар мекунанду мактуби маро хонда, ?ар ?адре хо??, динори тилло меди?анд…»
Сарбози содалав? ?офил аз он, ки зари на?д аз даст меди?ад, ба умеди тиллои насия як чокари танумандашро ?амро?и «?улом» ба Ху?анд фиристодааст.
Хоразмшо? аз асорат халос ёфтан ?амон аввал «хо?аи ху?андияш»-ро на?от доду сипас ба тухми ?арахито? ?ирон овард…
– ?улом шудани подшо?ро бори аввал мешунавам, – гуфт Шакархонум. – Ин ба шаъни подшо?они олам, интухин, намезебад.
– Аммо шоир Сайфуддин гуфта буд, ки ?адди аълои шо?аншо?и олам мавло буду бобояш мавлозода…
– Ишораи Нигина са?е? асту мавлозода будани Хоразмшо?ро хурду бузурги Самар?анд медонад, – якбора ба ??ш омад кадбонуи ?арам. –Аслан гирем, аксар шо?они олам аз ?уломию бардаг? рустаанд. Яъне бо амри та?дир як муддат ?улом шудани подшо? айбу гуно? ё кори хато нест! Хатои Хоразмшо? дар ?ойи дигар аст.
– Куштани Шайхулислом? – лу?ма партофт Шакархонум.
– Ин як тарафи масъала. Хатои асос? ва да?али Хоразмшо? он аст, ки чун ба хитта?ои мулки А?ам ба осон? со?иб шуд, ?уруру нахват ёфту ба мулки Араб чашм ало кард ва бо амиралм?ъминин, ки ноиби Пай?амбар аст, ошкоро душман? зо?ир сохт!
– Пунба аз до?ам гирифта, интухин, азобамро тоза кард?, хо?ар! – гуфт бо о?и дилреш Шакархонум. – Баъди ?алаба бар ?арахито р?зе чанд каруфаре карду, интухин, дар охири бадмаст? худро аз паст? ба паст? заду, интухин, ?амаро ?игархун кард…
– Ва ?игархун шуд. Агар гапи Турконхотун рост бошад, дар а?баи ?улвон азоби р?зи ма?шар ба сараш омад.
– Ин овозаи дур??ин не, Нигина. Ба ин сафари пурхатар шаст ?азор сарбози самар?анд? ?ам ?алб шуданд, ки яке аз он?о писарам буд. Вай мег?яд, ки ?ан?з ба ?улвон нарасида, дар Астаробод барфбориш сар шуду се шабу се р?з беист давом кард ва шамоли сард хунуки ?а?ратун овард. ?ама уштур ях басту мурд, ними аспу хачир талаф ёфт, ?ар чорумин сарбоз нобуд шуд, ки ба шумор аз сад ?азор зиёд аст. Дасту пои сад ?азори дигарро хунук заду лашкар корношоям шуд… Дасти рости писарам ?ан?з карахт аст, пиёларо бардошта наметавонад…
– Ин дарди бахайр аст, иншоолло?, ба зуд? шифо меёбад. Лекин, ?оли подшо? ч? тур бошад?
– Аз зин фуромадаасту аз узанг? не! Писарам мег?яд, ки шо?и бадхашм, аммо бечораву беобр?й дар сари а?ба аз шармандаг? чун мори шарза ба худ печид, дилу ?игараш исфандфор с?хту аз да?ану димо?аш дуди талху тунд баромад, зор-зор нолиду «бо балои осмон? пан?а кардан абла?ист!» г?ён, он ч? аз та?сиру хато бар ? содир шуда буд, якояк шуморид ва аз пайи озори халифаи ислом шуданро барои бандаи м?ъмину мусулмон гуно?и азим ?исобида, тавбаю узру маъзур кард. Аммо ба Нишопур расидан ?амон шо?ро барфи анд?? об гашту узру тавбааш бухор гардид ва ба хатиби ша?р фармуд, то номи халифаро дар хутба зикр накунад, чунки вай мурдааст…
– Ба лафзи исфаранги?о, чун аз бало ра?ид, зуд ба бало?ат[62 - бало?ат – абла??, нодон?, беномус?. ] печид?
– А?сант, Нигина, ки агар саволатро ба хитоб гардонем, ?авоби хуби шоирона мешавад! Бо омадани ба?ор шо?ро бозори ?унун дубора гарм гашту ??шидаю колида нангу номус ва шарм ба канор гузошта, дар Марву Балх ва Бухорою Сарахс низ номи халифаро аз хутба баровард.
– Лекин дар ??рган?, интухин, хутба бо номи Халифа мехонанд.
– Дар Самар?анд ?ам. Хатибони ша?ри мо ба ?ойи «Хок бар да?анат!» бо ришханд «Барф бар сарат!» гуфтанду номи халифаи исломро гиром? медоранд.
Сухан?ои пасту баландро шунида, Нигинаро дуди ?айрат аз м?рии димо? баромад:
– Маълум мешавад, ки «Султони сарпастро а?л ма?лубу ?унун ?олиб» гуфтани Турконхотун беасос набудаасту дуои Шайхулислом дар дохили ?увол муста?об гаштааст…
– Оре, ?олиё шо?аншо?и пастфитрат дар олами ишрат, яъне беномунанг? умр мегузаронад. Мег?янд, ки алмудом «р?згори барфу сард? аз ёд фаром?ш бод!» гуфта, пайваста нишот мекунад. Ту ?ам омода бош, Нигина, бихрому ?илва де? сарви нозро!
– Маро ра?сидан айни муддао бошад. Лекин… он р?зи фир?з кай бошад?
Кадбонуи ?арам зуд ?офия баст:
– Он р?зи фир?з ан?ариб бошад. Шо?аншо?и олам моро башорат додааст, ки дар охири ?афта ба Самар?анд мерасад!
Хушхабар Нигинаро ба по хезонд ва «?у?аста бод ра?с!» г?ён бе чангу тарона ба ?илва омад. ?ама кафзанон аз ?ой хестанду Шакархонум ва Саодатбегим низ дар канор наистода, ба кабки хушхиром пайвастанд. Марди нобино ?ам баръало медид, ки ?ама ташнаи шодиву нишотанд…
* * *
Нигинаи шодондил р?зи дигар андаке мушаввашхотир шуд. Зеро Шакархонум ва?ти чойн?ш? о?иста пурсид:
– Агар Хоразмшо? аз ?иссаи Узло?шо? ога?? ёбад, интухин, ч? мегуфта бошад?
Нигина, ки ин тарафи масъаларо то ?ол андеша накарда буд, бепарвоёна гуфт:
– Маро «Зе?!» мег?яд, Узло?ро танбе? меди?ад.
– Лоубол? накун, духтар, Узло? ?ар к? набошад, интухин, писари шо?аншо? аст. Ме?ри падарфарзанд? ?озибаи бисёр дорад…
– Диламро зи? накарда, п?сткандаи гапро г?ед, ойти?он! Наход подшо? ба ман мукофот нею ?азо ди?ад?
– Рости гап, худам ?ам намедонам, ки ч? г?ям? Гаштаю баргашта ин р?йдодро та?лил карда, интухин, фа?ат ба як хулоса омадам, ки ?а? ба ?ониби ту. Лекин феълу атвори подшо?и моро, интухин, чену баркаш карда намешавад: ними нафасаш об, ними дигараш алов! Хусусан дар ин шабу р?з, ки дарду аламаш з?ру, интухин, вайро андарун зиндони бод шудааст, агар «Нигина Узло?ро ?инн? кард» г?янд, аз вай, интухин, ?ар номаъ?улиро метавон интизор шуд…
– Ин хел ки бошад, мани мискинтани тан?о?ариб ч? кор кунам? Аз Самар?анд гурехта, ба Ху?анд равам?
– Намешавад, духтар! Интухин, Ху?анду Ворух ?ам мулки Хоразмшо?. Мардуми Бухоро мег?янд, ки як бор ?аст? – бехатар, ду бор ?аст? – бехатар, охир ба даст?, малахак!
– Яъне ки аз та?дир ?ойи гурез нест:
Та?дир чу тир дар камон кард,
Афс?с, дили маро нишон кард!
– Гапат дуруст, Нигина, бандаи хок? наметавонад, сарнавишти эзад? та?йир ди?ад. Лекин барои бе?буд тадбир ?уста метавонад!
– Шумо ки аз ?арази э?тимол? маро ого? кардед, тадбир дар ч? мебинед?
– Масли?ати аввал ин аст, ки «тири та?дир маро нишон гирифт» г?ён, интухин, дилшикаста нашав. Зеро аз дили шикаста тадбири дуруст набарояд. Мардуми Бухоро мег?янд, ки «чун сабза латиф?, дурушт? макун ва чун гул нозук?, хорпушт? макун!»