
Нигина ва Мирмалик
* * *
Мактуби писар дар вилояти Бухоро ба дасти Чингизхон расид. Подшоҳи муғул, ки аз зимистони тӯлонӣ дилтанг гашта буд, дар марғзори доманфарохе рӯйи сабзаи навхез, лаби чашмаи обаш чу марворид ғелон хайма ниҳода, куфти роҳ мебаровард. Ин ҷойи хушу хуррам ва мақоми бонузҳат чарогоҳи меросии Пири чӯпонҳо Бобо Зангӣ буд, ки дар сафи суфиёни пандпазир мавқеъ дошт ва яке аз соликони Шайхи кабири Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Муқаррабони Чингизхон бо хунсардии ҳайратангез, аз соҳиби мол напурсида, чанд гӯсфанди фарбеҳро мувофиқи одати муғулҳо хафа карда куштанду хӯрданд. Аз ин густохӣ Пири сиёҳҷурда зиқ нашуд, балки бо лабханди пурасрор ҳама устухонҳоро ҷамъ оварда, асои даст назди ғарам гузошта, дузону нишаст ва зери лаб дуои офият хонд. Сипас бовиқор аз ҷой хесту рӯй ба қибла гардонда, бо нидои ҷарангосии «Ё ҳу!» нӯки асо ба устухонпорае расонд. Ҳамон замон гӯсфанде падид омаду калла афшондаю маҳин овоз бароварда, сӯйи рама тохт. Шайхи мӯъҷаз нӯки асо ба устухони дигар расонду манзараи аввала такрор шуд ва ҳама гӯсфандон умри дубора ёфтанд.
Қавми муғул аз каромат ва қудрати мӯйсафеди пашминапӯш даст ба гиребон бурда, мисли ҳайкали сангин ноҷунбон шуданду аз гап монда, бо чашми ҳаросон пешвои худро нигаристанд. Чингизхони соҳибхабар ва ҷодугар, ки доимо лофи каромот мезад, аз мӯъҷизаи чӯпони рама ба ҳайрат омад. Пирамардро ба сӯҳбат кашид, шогирди кӣ буданашро пурсид ва гуфт:
– Эй Пири мӯъҷаз, муроот куну моро раҳбаладӣ намо, то шаҳри Хуҷанд бару он вилоят ба мо таслим гардон.
– Мо на он қадар тавонем, – гуфт Пири мӯъҷизакор. – Касе, ки муроот карда, он вилоят гирифта тавонад дод, Пири бузургвор Шайх Маслиҳатдин аст, ки ҳамқирони Шайх Наҷмуддини Кубро бошад…
– Кайҳост, ки аз вуҷуди ҳар ду ва қудрати эшон воқифам, – мад кашид Чингизхон. – Чанде пеш ба Кубро кас фиристода, гуфтам, ки ният дорам халқи Ургенҷро қатл намоям ва он Бузург бояд аз миёни авом берун ояду ба мо пайвандад. Аммо он соддалавҳ ҷавоб гардондааст, ки ҳафтод сол бо талху ширинии рӯзгор бо ин тоифа будаасту акнун, ҳангоми нузули бало бигурезад, аз мурувват дур мешудааст. Афсӯс, ки гапро нагирифт, ба ҷонаш ҷабр кард…
– Бузургон роҳати ҷони хеш дар он ҷаҳон мебинанд…
– Шайхи Хуҷандӣ ҳам роҳати он ҷаҳонро бартар медонад?
– Вай аз замири ҳамагон огоҳ аст, на ман…
– Мехоҳӣ, ки кори ту ба осмон расонам?
– Бифармоед, агар тавонам, ба сомон расонам…
– Туро ба Хуҷанд элчӣ мефиристам. Шайхи Маслиҳатро ҳамроҳи худ назди ман биёр, то ҳар чӣ хоҳад, бар вай диҳам ва ҳар чӣ муроди ӯ бошад, ба он бирасонам.
– Шоҳи валиёни олам, ки дар лаб ҳамеша ояти Хуҷанд дораду фитрати покаш аз халал солим аст, дар ин айёми пуртаҳлука аз шаҳр қадаме берун намеояд…
Чингизхон аз хашм бар худ печид ва пурсид:
– Пас чӣ бояд кард?
– Агар нияти диду гуфтушунид бо он ягонаи даврон доред, назди фарзанди ҳамлагари хеш равед. Оби Сайҳун ду бузургвори замонро бо ҳам мепайвандад.
– Якҷоя меравем. Ту моро мепайвандӣ…
* * *
Наврӯз фаро расиду дар теппакӯҳҳои атрофи Хуҷанд лолаи хушранг шукуфту аз таровати боди Сайҳун ба ноз ҷилва мекард. Аммо аз ҷашну тантанаи ҳамасола нишоне набуд. Мирмалик ёронашро бо хитобаи маъмулии
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!
табрик гуфт, аммо дастархони идона ороста натавонист. Зеро даҳ рӯз инҷониб ҷанговарони Улоқ Нуйон шаҳрро ба муҳосира гирифта, ҳалқаи офатборро торафт танг мекашиданду кору ҳоли муҳофизон ба сахтӣ расида, роҳи таъмини озуқа ва аслиҳа баста гардид. Бо вуҷуди ин ёрони ҷоннисори амири Сайҳун ҳар рӯз ҷангро бо шиддати аввала идома дода, шабҳангом роҳи сохтаи муғулонро вайрон ва сангҳои бо азоби алим овардаи ҳашариёнро дар оби дарё паҳну парешон мекарданд. Онҳо ба нақша гирифта буданд, ки шаби ид дар бошишгоҳи муғулон гулхани бузурги наврӯзӣ афрӯзанд. Аммо дар шаби чоршанбеи сурӣ сӯхтори азимро қазо написандиду қадар раво надошт магар, ки дар лаҳзаи охирин нақша тағйир ёфт.
Қабл аз намози аср чор муғули зиреҳпӯшида бо ливои сафед ба соҳили рости дарё наздик омада, табли амон кӯфтанд ва яке ба лафзи хуҷандӣ раъдосо хитоб кард:
– Нашунидам нагӯед! Нафаҳмидам нагӯед! Ба мири Хуҷанд пайғом дорем!
Мунодии Мирмалик дарҳол ҷавоб гардонд:
– Шуморо мешунавем. Гуфтанӣ гӯед!
– Шайхе аз Бухоро ба меҳмонии шайхи Хуҷанд омадааст!
– Меҳмон чӣ ном дорад?
– Пири чӯпонҳо Занги Бобо!
– Меҳмон чӣ мехоҳад?
– Заврақ фиристед!
Мирмалик Пири чӯпонҳоро бо оғӯши гарм истиқбол гирифт ва филҳол ба нишемангоҳи Шайх Маслиҳатдин овард. Меҳмон баробари дидани чеҳраи нуронии Шайхи Бузургвор сари таъзим ба китфи муборак ниҳода, аз замир нидо баровард:
– Ассалом, эй Шоҳи дин! Ғубори остону чанги остини шумо чашми диламро тӯтиёст.
Лутфи ато бар кафи асҳоб диҳед,
Тоҷи сафо бар сари аҳбоб ниҳед.
Шайх Маслиҳатдин иззати меҳмони олиқадр сазовор баҷо оварда, ӯро ба паҳлӯи худ шинонд.
– Марҳабо, эй авлиёи марҳамнеҳи айём! Хайра мақдам! Аз Бухорои шариф чӣ хабар? Дӯстон куҷою чист паём?
– Аз Бухоро напурсед, ки дилу ҷигарам лав-лав месӯзад. Аз шаҳри бузург ғайри ном дигар нишоне боқӣ намондааст… Агар ба як ҷумла ифода кунем, муғул омаду шикасту рехту сӯхту кушту ғорат карду бурд… Ин талафот бас гарон аст, аммо дилам ба китоб- ҳои шаҳид месӯзад! Бо чашми худ дидам, ки Чингиз савори асп ба масҷиди ҷомеъ даромаду қасдан ба мақсура нишаста, ифлос кард ва «Гови Худо манам ва ин халқро барои гуноҳҳояш ҷазо медиҳам!» гӯён саворони худро фармуд, то китобҳоро бар ивази коҳу алаф пеши аспҳо рехта, китобсандуқҳоро чун охур истифода баранд. Ҳайвонҳои чорпо китобҳои пурбаҳоро мисли ҷав мехойиданду ҳайвонҳои дупо қоҳ-қоҳ механдиданд, вале ман зор-зор мегиристам…
Дар хонақоҳ лаҳзае хомӯшии азиятбахш дилҳоро ба риққат оварду Шайхи маҳзунгашта байте дарднок хонд:
Димоғи фикрро атри дигар мешояд кашид имрӯз,
Бар авроқи сухан сатре дигар бояд кашид имрӯз…
Байти дардноке бар забони Мирмалик омад, аммо аз қироат худдорӣ карду бо овози хаста пурсид:
– Сайқали рӯйи замин чӣ ҳол дорад?
– Самарқанди қандманд яксон бо хоки замин гаштааст. Лашкариёни Хоразмшоҳ, ки маъмури нигаҳдории шаҳр буданд, чун диданд, ки ёрои баробарӣ бо муғулонро надоранд, «мо ҳам аз нажоди муғул ҳастем, моро намекушанд» гӯён, амон хостанд. Чингизиён дархости туркҳоро пазируфтанду баъди боз шудани ҳама дарвозаҳо аслиҳаю чорпо ва дороии сокинонро соҳиб шуда, ба сарашон шамшер кашиданд ва ҳамаро то охирин нафар куштанд. Дӯшизаи духтаронро аз миён бурданд ва ҳар занеро, ки ба онҳо тан намедод, қатл карданд. Хонае носӯхта ва борае ношикаста намонд…
– Ду шаҳри оламафрӯзи Суғд – маркази Мовароуннаҳру пойтахти Хоразмшоҳ ба лонаи ҷуғз табдил ёфт. Худоё, шаҳри офтобии моро дар паноҳат нигаҳ дор.
Ниёиши садри Хуҷандро пирони рӯзгор бо ҳамдардӣ шуниданду Зангӣ Бобо бо оҳанги мотам гуфт:
– Дареғо мусулмониё, ки аз палидии номусулмонҳо оғуштаи хоку хун гашт, хору зор шуд… Во ҳасрато! Во надомато!! Во мусибато!!!
– Дар дили ман ҳам оҳу дареғ бисёр аст, – гуфт бо душворӣ Шайх Маслиҳатдин. – Вале дареғ суд надорад, чун кор аз даст равад. Оре, гӯиё чархи одамхор хасми мусулмонҳост. Аммо ситам на аз табар аст, аз даст аст! Акнун оламиён аз Чингизиён меҳаросанду чуноне дар Китоби шариф мазкур ва мазтур аст «явма яфирул-л-маръу мин ахиҳи»135-рӯзе фаро расида, ки бародар аз бародар фирор мекунад. Вале ин ҳолат бардавом нест. Зеро ҳеҷ обе аз пастӣ сӯйи боло намераваду чун рӯзи ҷазо фаро мерасад, дӯзах аз муғул пур мешавад!
Акнун, эй сафири аъзам, бигӯед, ки аз Чингизхон чӣ паём овардаед? Ин ғӯли биёбонӣ ҳама дунё талаб дораду мо охират. Аз пири шикастадил чӣ мехоҳад?
– Маро маъзур доред, ки шоҳи муғул шуморо на Пири шикастадил, балки Пири мукаммал меҳисобад. Чингизхон саҳеҳ медонад, ки андар илми нақду ғайб ва бузургию сутургӣ ягонаед ва бар он ҷойгоҳ истодаед, ки ҳеҷ кас андар олам фазли шуморо мункир нахоҳад шуд!
– Яъне ки Чингизхон ҷодупешаи лояълам136 нест? Ҷоа-л-ҳаққу ва заҳақа ботилу?!137
– Агар гуфтанӣ бошед, ки шоҳи ҳақиқӣ омаду шоҳи дурӯғин гурехт, фикратонро тасдиқ мекунам, – гуфт бо заҳрханд Пири Бухоро ва рӯйдод дар марғзорро ҳарф ба ҳарф ҳикоят карду бо чеҳраи равшан гуфт:
– Ман ба Чингиз фаҳмондам, ки дар ин диёр Подшоҳмарди Валӣ шумоед ва бе иҷозати Шумо дигар подшоҳе дар шаҳри Хуҷанд натавонад бошидан. Вай ишораи маро дуруст фаҳмид, дуруст пазируфт ва ба соҳили рости Сайҳун омаду маро вазифадор кард, то ду бузургворро бо ҳам пайвандам.
Эй шоҳи дин! Вақти маслиҳати тақдирсоз фаро расид. Ҳаракат аз шумо, баракат аз Худост! Шумо, ки раҳматун-лил-оламин ҳас-тед, хезед, назди Чингиз равем, то аз фитнаи охирзамон мулкро амон диҳед. Ал-амон ё ал-Аллоҳ!
Мирмалик мабҳут ва тангдил шуду пурсид:
– Пои номубораки Чингиз ба канори Сайҳун расидааст?! Эй Пири азимулқадр, шумо ин ҳол медонистед?
– Ҳозир донистам. Вале омаданашро интизор будам. Зеро имшаб одамушшуаро Рӯдакиро хоб дидам, ки дар соҳили Зарафшон байт мехонд:
Абре падид на, кусуфу хусуф на,
Бигрифт моҳу гашт ҷаҳон тира!
Фаҳмидам, ки калиди муаммо дар «кусуфу хусуф»-гирифтани офтобу моҳтоб асту чароғе аз ғайб фурӯзон мегардад, то рози тира равшан намояд.
– Лутф фармоед, эй роздони муаззам ва бигӯед, ки рози тира чист?
– Рози тира ба сиришти шаҳри мо иртибот дорад, ки офтобаш бе кусуф хира метобаду моҳаш бе хусуф торик менамояд. Зеро душман сареҳ медонад, ки бо таъсири муҳосира чун қуту қуввати хуҷандиён рӯй ба нобудӣ ниҳад, ночор шаҳру қалъа таслим менамоянд. Яъне сухани Рӯдакӣ «бигрифт моҳу гашт ҷаҳон тира» дуруст мебарояд. Акнун сарфаҳм рафтӣ, эй фарзанд?
– Оре, Пирам. Ҳамин қадар фаҳмидам, ки агар таслим шавем, Хуҷанд мисли Бухорою Самарқанд ба хок яксон мешаваду хуҷандӣ хокбарсар…
– Ло! Изо тамма амрун дано нақсуҳу. Фаҳимта, ё бунийа?
Вуҷуди шаҳриёр ларзид. Зеро муқаррабон медонистанд, ки яку якбора бо лафзи арабӣ итобу хитоб кардани Шайх Маслиҳатдин нишонаи сахт асабонӣ шудани ӯст. Саросема лаб ба ҷавоб кушод:
– Фаҳимту, ё Шайх-ул-кабир. Гуфтед, ки коре чун тамом шавад, он гоҳ нуқсаш ошкор гардад…
– Нуқси сарварону муҳофизони Бухорою Самарқанду дигар шаҳрҳои табоҳгашта он аст, ки бо душман ҷангу моҷаро тавонистанд кардан, вале муросою мадоро карда натавонистанд! Мо ин хаторо қисман ислоҳ кардем – шаҳриёри Хуҷанд ҳарбу зарбу моҷаро бар дараҷаи аъло расонд. Акнун муваккали Хуҷандро мебояд, ки мурооту мурозо138 дар сатҳи олӣ ташкил кунад, то зулми муғул аз ҳад нагузарад ва дар осмони Хуҷанд «бигрифт моҳу гашт ҷаҳон тира» нашавад. Оини хирад он аст, ки агар душман ба мудоро ва нармӣ кӯшад, оқилон дар ҷанг пешдастӣ накунанд… Асло фаромӯш макун, ки ҳолиё ту нафақат бори вилоят, балки бори мамлакат бар дӯш дорӣ…
– Раъйи фасеҳи шумо паргори қудрат бар фалак бенуқс мекашад, эй Пири Бузургворам. Бародарам Саъдӣ ҳини хайрбод дар ин боб ишорати возеҳ карда буд:
Агар сулҳ хоҳад адӯ, сар мапеч
Ва гар ҷанг ҷӯяд, инон бармапеч!
Гуфтори хирадмандон накӯ медорам. Фақат… донистан мехоҳам, ки пас аз муросою мадоро шаҳриёри Хуҷанд мустақимаҳвол мешавад ё саргардон?
– Аз сарсонию парешонӣ Худо нигаҳ дорад, эй фарзанди азиз! Ҳар кӣ сари таслим фуруд орад, фармонбардору забонбаста мешавад, лекин тадбири мо тасҳил139 аст, на таслим! Борҳо ба ту гуфтаам: хуррам касест, ки аз вай номи нек ҷовидон монад. Ин гуфтор мағзи ҳаёти ман асту баҳри он мекӯшам, ки баъд аз сари мо қиссаи ману ту мӯниси дили ҷаҳониён шавад!
Бингар, чӣ борони латиф меборад… Оби раҳмат аст борони наврӯзӣ, ки бар рухи ҳар касе расад, ҳарфи сабзе бар гӯшаш расонад. Ин обест, ки оташи дилу сӯзи синаи мо паст гардонад, то пеши маҳраму бегона насӯзем…
Эй фарзанди азиз, гар намедонӣ, бидон, ки маҳз аз қатраи борони найсон ба даруни садаф марворид пайдо мешавад. Марвориди ману ту Мирмӯҳсини дилбанди мост, ки бино ба қавли худат ҳолиё ҳамроҳи модар ва амактағояш Сайфуддини шоир дар Исфара асту зиёрати Маккаи мукаррама хоҳанд рафт. Агар онҳоро дарёфтан хоҳӣ, дуо мекунам, ки сафарат бегазанд ва камхатар шавад.
– Хуҷандро тарк гӯям, қалъаи обию сафинаҳои ҷангӣ, тиру аслиҳа, боқимонда захираи ғизо чӣ мешавад? Зимоми ёрони вафодори хеш ба кӣ месупорам? Ҳамшаҳриён чӣ мегӯянд? Маро нанг меояд аз он, ки имрӯзиёну пасовандон шаҳриёри шерлақабро шағоли буздил хонанд, сусткамару носипосу бетавфиқу ноӯҳдабаро ҳисобанд ва бо писханду нафрат ёд оранд! Оё танҳоиву ломаконӣ низору нажанд нест?! Муқовиматро то нафаси охирин давом дода, ба мардӣ кушта шудан аз шармандаю лаънатзада гаштан оё беҳтар нест?!
– Кӣ гуфт, ки тани танҳо меравӣ? Ҳама сафинаю ганҷина, лавозимоти ҷангию захираи хӯрокворӣ бо худ гирифта, хасе ба муғул намонда, пешопеши ҳазораи ҷонфидои худ арсаи ҷанг иваз мекунед! Ин аст маънии тасҳил, ки ҳарбиёни хирадпеша мусолиҳа мегӯянду тадбирест барои сабук гардондани душворӣ. Яъне дар Хуҷанд давом додани моҷаро бо муғул дигар манфиате надорад. Ту вазифаи худ бо сарбаландӣ иҷро кардӣ. Баҳри озодию ободии Хуҷанду хуҷандиён ҷон бар каф гирифта, мисли Сайҳун хурӯшон шудӣ, ки роздони тавонбахши туст ва аз ин баъд дарёи Сир мешавад, то асрори ҷавонмардию қаҳрамонии туро дар қаъри худ ниҳон дорад ва ба ворисонат расонад…
Минбаъд ин ҷо истодани шумоёнро маслиҳат намедиҳам. Зеро агар якравию гарданшахӣ кунед, Чингиз бо лашкари бешумори худ фишору тазйиқ аз ин батар кунад ва ҳар гоҳе бесилоҳу бенавою бечора монед, шуморо сахт бисоваду бикушаду шаҳрро бисӯзаду мардумро ғорат кунаду қатли ом ва манзараи Хуҷанд аз Бухорою Самарқанд бадтар садчанд шавад. Ва тавре ки худат гуфтӣ, ба лонаи чуғз табдил ёбад. Ту ҳаминро мехоҳӣ?
Мирмалик ба нишони инкор сар ҷунбонд, аммо ҳарфе ба забон наовард. Ҳазрати Бузургвор дасти видоъ ба китфи шаҳриёр ниҳод ва каломи хайрбод гуфт:
– Эй фарзанди азиз, ки бо ибораи «лонаи ҷуғз» қуфли муамморо кушодӣ, худ хуб медонӣ, ки дар олам аз об покизатар чизе набошад, вале агар муддати мадид ба як ҷой қарор гирад, гандида шавад. Мисли Сайҳун пок бошу хурӯшон, то шукӯҳу шавкату ҳашамат ва бузургии шерзилванди Хуҷанд ба умқи дилҳо ҷорӣ шавад ва дар чашми оламиён ҷовидона лангар андозад.
Хайр, фарзанди азизам. Худо медонад, ки мо бори дигар ҳамдигарро мебинем ё не?! Охирин панди маро, охирин насиҳат ва маслиҳати маро бо гӯши дил шунав: умр сармояест гузарон ва номаълум, эй фарзанди гиромӣ. Ҳар ҷо, ки бошӣ, сарсабзу сарбаланд бош ва ҳар лаҳза ба мардум роҳат расон. Ту ҳаргиз танҳою ломакон нестӣ! Хуҷанд маъвои дили ту ва хуҷандӣ номбардори асили туст, эй фарзанди дилбанд.
Хайр, ман ба мулоқоти Чингизхон меравам. Ҳозо явмун ъасибун!140 Ин рӯзи душвор асту хоҳ бинавозад, хоҳ бикушонад, барои ҳифзи Хуҷандам сеҳри сухан сипар мекунам, то балою мусибат ба роҳат мубаддал гардад ва ҳеҷ вақт Хуҷанд лонаи чуғз нашавад. Валлоҳу аълам бис-с-савоб ва илоҳи-л-марҷаъ ва-л-маъоб. Ва ҳува асдоҳу-л-қоиман ва ҳува аълам. Ал боқӣ ва-д-доим ҳува Аллоҳу азза ва ҷалла141. Омин.
* * *
Шайх Маслиҳатдин вурроаи сафеди оҳарӣ – ҷомаи хосаи сӯфиёна бар дӯш андохту ба заврақ нишаст ва ҷон дар хатар ниҳода, ҳамроҳи Шайхи бухороӣ ба соҳили рости Сайҳун гузашт. Ончунон боэҳтиёт ба замин фуромад, ки кафши пояш заррае лойолуд нашуд.
– Подшоҳони мо чун кӯдакони хурдсоланд, – лаб ба сухан кушод Зангӣ Бобо, ки мехост, ҳамсафарашро аз хулқу атвори Чингизхон пешакӣ огоҳонад. – Агар ба онҳо ҳарфи муболиғат ба оҳанги хушомад гӯед, аз эшон табъи дил бахраманд мешавед. Аммо шоҳи муғул одами дигар ва аз олами дигар аст… Фаровонсуханӣ ва тамаллуқро намепарастад…
Бузургвори Хуҷанд лаҳзае аз роҳгардӣ истода, ба рӯйи Пири чӯпонҳо бо назари илтифот нигарист ва байте аз Фирдавсӣ хонд:
Ба ҳар ҳафт кишвар зи ман огаҳист,
Ситора рухи равшанамро раҳист!
Шайхи Бухоро муҷримона сар ҷунбонд ва бо шоҳбайти Муизӣ ҷавоб гардонд:
Узр дорам, гар ҳунарҳои туро натвон шумурд,
Қатраи борони наврӯзӣ шумурдан кай тавон?
Шайх Маслиҳатдин базавқ хандид ва пурсид:
– Магар шоҳи оламхоҳи муғулро хаймаву хиргоҳ нест? Чаро саропарда намезанад ва лашкариёнаш ба лаби об чун лулиён фуруд омадаанд?
– Чингизхон аз ширинию лаззати подшоҳӣ ҳанӯз воқиф несту муғул ба ғалабаи осон ва фатҳу нусрати ройгон одат кардааст. Вале Мирмалики шумо шасти шоҳи азхудрафтаро гардонд…
– Дар васфи Ғазанфари Хуҷанд фақат як ҷумлаи кӯтоҳи таърифӣ кам аст! Мирмалику ёронаш афсонаи шикастнопазир будани Чингизхон ва далерию паҳлавонию буқа будани муғулҳоро дарҳам-барҳам шикаста, ба оби дарё афканданд! Коре, ки ҳокимони дигар шаҳру вилоёт ба чилу панҷоҳу сад ҳазор сипоҳӣ карда натавонистанд, садри Хуҷанд бо ҳазор шермард ба сомон расонд!!
– Аз Чингизхон зиёдтар ман дар шигифтам, ки чаро чунин шуд?
– Чингизи иргиз, ки бо зӯри ҷоду ва харгӯши тилисмбастааш Хоразмшоҳи Кабирро ҳаросон ва гурезон кард, бо қудрати сеҳру афсунаш натавонист моро мисли дигарон дижам кардан…
– Дижам калимаи лаҳҷавист?
– Не. Ин вожаи ориёист!
Бикардем ҳар ду пархош ба ҳам,
Дили Темучин гашт аз ғам дижам.
Яъне, ҳосили калом ин аст, ки Темучини сеҳргар бо ҷодую афсун чашму дили равшани моро тираю хира карда натавонисту ба шикастани эътиқод ва диёнати мо зӯраш нарасид! Дар натиҷа ваҳдат ва сафи ҷамъи мо парешон нашуд. Яъне Чингизи ҷодупарвар худ побанди дижам гардид ва ба муросо гаравид…
Пас аз истиқболи гарм ва изҳори адаби тарафайн Шайх Маслиҳатдин болои намадзине, ки ба рӯи санги аз кӯҳ оварда, устувор карда буданд, оҳиста биншасту дуои ҷулус хонд ва Чингизхон низ беихтиёр баробари ӯ даст ба рӯй кашид. Ходимон болои санги чаҳоркунҷа матоъ густурда, дар явлоғӣ-косаи мисини дастадор барои ғизохӯрии сарбозон чанд пора гӯшти дампухт ва се пиёла об оварданд. Шоҳи муғул бо лафзи шикастаи хуҷандӣ «Канӣ, марамат кунанд!» гуфту то Шайхи Бузург ба хӯрдан ибтидо накард, ором нишаст. Бо ишораи вай тарҷумон ба меҳмонон фаҳмонд, ки гӯсфандро қассоби самарқандӣ забҳ кардааст, яъне хафакушти муғул нест ва ҳалол аст. Он гоҳ Пири мӯътабар порае насиба гирифта, зери чашм Чингизро нигарист. Вай марди баландболои китфпаҳн ва шигарфҷуссае буд тахмин шасту панҷсолаи борикмӯйлаб, аммо як қабза риш ва мӯю рӯйи кашидаи сапед дошт, гурбачашме дар ғояти бардамӣ ва зиракӣ менамуд. Ҳайбати нигоҳаш далолат бар он медод, ки доно асту қаттол, маъмур асту хасмшикан, одил асту хунхор, далер асту хунрез… Дар чароғаки чашмаш чанд шайтони хурду бузург ҷастухез карда, вайро ба макру фиреб ва ҷангу ниҳеб даъват мекарданд. Вале Шайхи Кабир ҳарчанд зеҳн монд, дар чеҳраи пажмурдаи шоҳи пурсалобат ғурур ва шамотат надид ва донист, ки вай аз ғаму ранҷи дигарон беҳад шоду хурсанд нест. Кашфи ин нишонаи неки одамиятро фоли хуб ҳисобид ва азбаски об наметавонист хӯрд, шир хост. Ходимон ба ҷустуҷӯ рафтанду Чингизхон гуфтушунид оғоз кард:
– Мехостам, бо Шайхи уммати ислом имрӯз самимона сӯҳбате кардан, ба шарте Ирвес халал нарасонад…
Тарҷумон шарҳ дод, ки шоҳи муғул Мирмаликро «Ирвес» лақаб додаасту маънояш Паланги обист.
– Вақти шикори шерон ҳама гургу палангҳо сокит мешаванд! Имрӯз Ирвес мӯяшро намеҷунбонад…
– Вай то ин дараҷа фармонбардори Шайх аст?
– Вай покгавҳар аст ва ҳамеша эҳтироми пирону бузургонро нигоҳ медорад.
– Афсӯс, вайро надидаам ва намешиносам. Аммо хеле донистан мехоҳам, ки ӯ кист?
– Паҳлавон асту хирадманд. Ҳоким асту хоксор. Ба ҳарб чолок даромада, бебок берун меояд. Он қадар чобук аст, ки бо нӯки пайкон хол аз рӯйи ҳариф мерабояд. Аз ягон амал дастхолӣ барнагаштааст. Пирӯзҷанг аст, ҳеҷ шикасте надидааст. Теғаш мӯъҷизанок асту аз зарбаи ҷонкоҳаш кӯҳ об шавад. То ӯ сипаҳсолор аст ва камони пайғамбарӣ бо ӯст, лашкари Хуҷанд таровате қавӣ дорад.
– Аҳмади колофурӯш сухан ба мазмуни дигар гуфта, вайро ҳокими мағрур, ишратпараст, зудранҷ ва золим хонда, бо танз «шогирди Хоразмшоҳ» гуфта буд…
– Худо гуноҳашро бахшад, ки баззози ба кори худ доно буд…
– Ман ба вай гуфта будам, ки агар ҳокими Хуҷанд ба хубию хушӣ дасти таслим бардорад, ӯро вилоят бозпас диҳам. Ҳозир иловатан мегӯям, ки агар Ирвес ба тарафи ман гузарад, пас аз Ҷӯҷӣ ва Ҷағатой дар қатори фарзандонам ҷой мегирад. Писарашро набера мехонам…
– Наҳанги Сайҳун соҳибихтиёр аст. Ин пешниҳодро барқвор ба самъаш мерасонам.
– Агар ҳақиқатан хирадманд бошад, бахти сабзро пажмурда намекунад. Зеро ҳар кас аз итоати мо сар печад, бо зану фарзанд, хешу пайванд ва билоду ибод несту нобуд мешавад!
– Инро ҳама медонанд. Лашкари замину замон аз лашкари Чингизхон метарсад!
– Дар ҳақиқат Шайхи Хуҷанд Пири давлат будааст! Бовар кардам, ки кам мегӯяд, лекин дуруст мегӯяд. Аммо Ино қоон гуфта буд, ки тожик мардум аҷаб халқи ғалатӣ – ҳам пуртоқат асту ҳам пурсухан. Худро масхара карда, «гапи бисёр – ба хар бор» мегӯянд.
– Оне, ки беш медонад, кам мегӯяд…
– Ман ба Шайхи гӯсфандпарвар ҳамфикр. Ба вай гуфта будам, ки дар олам ду бузургворро эътироф мекунам – яке Кубро, дуюмӣ – Нурӣ. Қутбиддин шоҳи дупула аст, шоҳи дину давлати Хоразм ин ду бузургворанд!
– Таъриф басанда. Сипос дорам.
– Ман ҳам даъвои бузургӣ надорам, аммо ба қавлу лафзи худ устуворам. Чун назди шоҳи муғул омадаӣ, ҳар чӣ хоҳӣ – бар ту диҳам ва ҳар чӣ муроди дилат бошад, бар он бирасонам! Бигӯ, чӣ мехоҳӣ?
– Муташаккир ва сипосгузорам. Вале аз подшоҳи меҳрубон ва содиқулқавл ҳеҷ чиз нахоҳам.
– Чаро?!
– Пиёлае шир хостам, наоварданд…
Чеҳраи Чингизхон ранги шири турш кабудфом гашт ва бо теғи нигоҳ ходимонро ларзонд. Онҳо даст пеши бар ниҳода, бо овози гиряолуд гуфтанд, ки ҳарчанд кофтанд, қатрае шир наёфтанд.
Чингизхон тез-тез мижа зада, вуҷуди сарходимро бо теғи нигоҳ шудгор карду башаст аз гиребонаш гирифт ва бо шиддати том гуфт:
– Аз таги замин бошад ҳам, дарёбед! Ин ҷо набошад, ба Фанокат асп тозонед!!
– Дигар ҳоҷати ҷустуҷӯ нест, эй шоҳи бузург! – Чингизхонро аз ваҳшат нигоҳ дошт Шайхи Бухоро, ки рамзи дини ислом будани шир ва мақсади таҳтонии Пири Хуҷандро хуб медонист. – Ин камбудиро ман ислоҳ мекунам.
Зангӣ Бобо пиёлаи обро ба кафи даст ниҳоду дуое хонда, се маротиба куфу суф кард. Дар пеши чашми ҳамагон об ба шир табдил ёфт!
Мӯйлаб ва рухсораи чапи Чингизхон худ аз худ беист ба ҷунбиш даромаду аз кашиши тори асаб дарак дод. Вай, ки то чилсолагӣ Темучини ҷодугар буду аз сеҳри ҳунари устодони машҳури муғул огаҳӣ дошт, чунин мӯъҷизаро бори аввал медид. Ба чашмони худ бовар накарда, ҷуръае аз обшир нӯшид ва… бе ягон дудилагӣ ба Пири тавонои Хуҷанд, ки шогирдаш чунин қудрат дорад, қоили сидқ шуд.
– Лутфан бигӯед, ки дар дил чӣ мурод доред, эй Шайхи Кабир?
– Муроди аслии ман обод будани мулки шоҳи ҷаҳоношӯб Чингизхон ва дилшод зистани табааи ӯст.
– Ба кадом маъно?
– Аз Утрор то Самарқанд даҳҳо шаҳри хурду калон ва ободон валангор гашту агар забткорӣ ба ин сурат идома ёбад, Чингизхон шоҳи мулки вайрон мешавад…
Мо, «сартаулҳо» шоҳи мулки вайронро бум мегӯему намедонам, ки қавми муғул аз ин паррандаи шум дарак дорад ё не?
– Ин паррандаи наҳс ва бехосиятро муғулҳо чуғд мегӯянд, – шарҳ дод тарҷумон.
– Яъне ки буму ҷуғзи моро муғул чуғд мегӯяду мо намехоҳем, ки номи ин паррандаи харобадӯст лақаби шоҳи ҷаҳонгир шавад…
– Ман ҳаргиз лақаби бад нахоҳам! Ҳамқавмон маро Ёғу142 унвон кардаанд, ҳамин кофист!
– Ман ҳам аз ин лаҳза эътиборан Шуморо Чингизхони Бузург мехонам ва дуо мекунам, ки Шоҳи Бузурги мулки обод бошед!
– Ташаккур, эй Шайхи Ёғу! Гап тамом: муроди дили муваккали Хуҷанд бар ман аён гашт. Қавл медиҳам, ки аз хонаю девори шаҳри шумо хиште беҷо намешавад, хасе ба яғмо намеравад ва шахсе озор намебинад! Изҳори фараҳ ва шодӣ намоед, ки Тирози ҷаҳон давлатсарои хеш кунам ва азбаски Самарқанду Бухоро ба таъбири шумо «Хонаи ҷуғз» шудааст, Хуҷандро маркази Мовароуннаҳр гардонам, то абадан хонаи хуршед бошад!
– Саломат бошед, эй шоҳмарди соҳиби инсоф ва қавлу ҳиммати баланд!
Дар кӯйи вафои Шоҳи инсоф
Як дил ба ҳазор ҷон дареғ аст!
– Офарин, эй Шайхшоир! Акнун вақти он расид, ки ба Ирвес бо хати худ чизе нависед. Хитоби шайхӣ ва итоби муваккалие, ки доред, ёд кунед ва ин якравро ба салоҳ хонед. Агар мисли Хоразмшоҳи мағрур амал карда, фарзандӣ напазирад ва маро нури чашм шудан нахоҳад, ҳар чӣ тезтар аз пеши назарам дафъ шавад! Баъде, ки қалъаи наҳси ӯ тиккаю пора ва ғарқоби дарё кунам, дигар ҳама ваъдаю қавли хеш мӯ ба мӯ иҷро намоям…
Ходимон дарҳол коғазу қалам ҳозир гардонданд ва Шайхи мулоҳизакор бешитоб номаи мухтасар навишт: «Ассалому алайка, ё азиз-ул-буния! Туро махфӣ ва пинҳон намонад, ки муколамаи мо ба некӣ анҷомид. Хуҷанд наҷот ёфту хуҷандӣ беосеб монд. Фақат қисмати тую ҳазораи ту норавшан аст. Подшоҳи бузурги замон Чингиз Ёғу, ки ӯро Худованди инсоф ва қавлу амал дарёфтам, Мирмӯҳсинро набера ва туро дар қатори Ҷӯҷӣ ва Ҷағатой фарзанд хонданист, то бо лақаби Ирвес – паланг арҷманд гардонад ва амалҳои гаронманд фармояд. Агар мункир шавию гарданкашӣ идома додан хоҳӣ, боиси мазаммати Шоҳи булкарам хоҳӣ шуд ва ин қудратманд бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, туро бо Хоразмшоҳ ҳамтақдир гардонад. Агар ба ҷафои хештан розӣ бошӣ, охирин маслиҳати мо ин аст, ки ҳар чӣ тезтар ва зудтар аз мадди назари Шоҳи бузург ғайб занӣ ва шаҳри Хуҷанд ба дасти мо супорӣ. То даме, ки дар ҳудуди вилоят ҳастӣ, касе ба ту ҳуҷум намекунад. Чун ба занҷири ҳаёту мамот расидию ба шаҳр бозпас нагашта, аз ҳад гузаштӣ, туро ба Худо ҳавола карда, ҳамон соат Хуҷанд ба Чингиз Ёғу тақдим мекунам. Ал-боқӣ ва-д-доим ҳува ҷалла ҷалолуҳу. Алфироқ, ё азиз-ул-буния143»