
Нигина ва Мирмалик
– Барои чӣ??
– Дар урфият «аз бало-ҳазар» мегӯянду ҳусну ҷамоли зебо ҳамеша офати ҷон аст. Туро, ки ҷони манӣ, мебояд сахт эҳтиёт кард. Зеро ба ман гуфтанд, ки Аҳмадаки баззоз Нигинаро ба Чингиз бахшида, авлоди худро наҷот додан мехоҳад.
– Наход?! Чаро он аблаҳро сазовор ҷазо намедиҳед?
– Барои гуноҳи нокарда ҷазо муқаррар нашудаасту дар ҳама ҳолат аз эҳтиёт гузир нест. Яъне ту бояд ҳатман мутанаккир шавӣ. Ана акнун фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам ва итоат мекунам. Аммо чӣ гуна мутанаккир шуданро намедонам.
Нигина бо дастури Мирмалик куртаю шалвори мардона ва пойафзоли сабуки чармӣ пӯшида, ҷавшани ҳалқа-ҳалқа ба тан кашиду кӯлоҳи ҷангӣ дар сар ниҳода, сипаре бар китф андохт ва шамшере ба миён овехт. Чун ба оина нигарист, рӯёрӯи хеш навкари наврасе дид мавзунқомат ва чеҳрахандон. Завқ бурду гуфт:
– Эй Малики дилам, аз мӯйлаби зебои худ андаке ба орият намедиҳед, то маро низ савлат аз саблат124 шавад?
Мирмалик аз лутфи гарму завқнок хушҳол гашта, сартарош даъват кард. Вай аз халтачаи махсус чанд мӯйлаби сохта берун оварда, чену барчин намуд ва зебандаашро болои лаби Нигина часпонд ва қиёфаи ӯ тамоман тағйир ёфт. Суханаш ҳам дигаргуна садо дод:
– Ман дигар на кабутарам, на кабки дарӣ ва на оҳуи кӯҳӣ! Гурдофарид ман! Маро асп биёред, ба ҷанги Чингиз меравам!
– Эй гиромитар аз ҷонам, ту акнун оҳуи айёр шудӣ! Яъне, оҳуи мардафкан ту! Бикӯш, то пурамал бошӣ, на пуралам. Асло аз ёд набарор, ки ҷавонмард дарёсту бахил чун ҷӯй, моҳӣ аз дарё талаб, на аз ҷӯй!
Ҳозир ҳамроҳи чанд сарбоз ба соҳил мебароеду аспсавор аз шаҳр берун меравед. Бовар дорам, ки ҳеҷ кас туро намешиносад ва бегазанд то Маҳрам мерасед. Он ҷо ҷавонзане бо кӯдакаш дар ароба шуморо интизор. Кӯдакро гарм ба оғӯш гирифта, беозор то Исфара мерасонию ба дасти бародархондаам Сайфуддин месупорӣ. Ту он ҷо мемонию ҳар сухани шоирро хоҳарвор эҳтиром мекунӣ. Гапи вай гапи ман аст.
– Мирмӯҳсин чӣ?! Вай дар Кулангир мемонад?!!
– Ошуфта нашав! Он кӯдаке, ки дар Маҳрам интизори туст, Мирмӯҳсини мост. Аммо ҷавонзан дояи нави ӯст. Мавлудабону дар Кулангир дигар кӯдаки нимсоларо ҳамчун фарзанди мо парасторӣ мекунаду Аҳмадак ва ёронаш, ки ба қалъа омадани туро дидаанд, гумон доранд, ту фарзандро ба доя гузошта, дар қалъаи обӣ бо шавҳар айшу ишрат меронӣ…
– Аҷаб ҳилаи оқилона андешидаед! Лекин чаро барвақттар маро огоҳ накардед, то ҳамаҷиҳата омода шавам?
– Хомӯшии маро то ба акнун сабаб он аст, ки кай омадани муғулҳо барои интиқомситонӣ маълум набуд. Ҳоло ки душман дар наздикист, агар маро бишканад, лобуд рӯй ба шумо меорад. Яъне, дигар ҳоҷати кашолкорӣ нест, вақти истихора аст! Маъзурам дор, агар дар ҳолати изтирор ягон каломи носазо гуфта бошам.
Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар умр боқист, дида ба дидор мерасад.
Ман ҳамеша бо ёди ҳар дуи шумо зиндаам. Алмудом барои мағзи ҷигарам ва нури басарам сина сипар мекунам ва аз даргоҳи Парвардгори меҳрубон бехатарӣ мехоҳам. Алвидоъ намегӯям. Хайр, паноҳатон ба Худо…
Нигина бо изтироб аз ҷой хест, вале бо табассуми зӯракӣ хайрбод карду бо умед рафт…
* * *
Суроби Нигина аз назар пинҳон шудан ҳамон селаи лашкари муғул монанди гургони гурусна, ки рӯй ба сайди оҳу ниҳанд, чанги хок аз кӯҳ болотар бардошта, дар соҳили рости Сайҳун чун мӯру малах намудор гардид. Сипоҳиёни камондор рада ба рада дар соҳили дарё саф оростанду аз паси майсара гарди азим бархост. Чун ғубор паст нишаст, чандин ҳазор марди ҳашарӣ чӯбҳои дарозу кӯтоҳ ва ғафсу борикро кашолаю шохмола карда, лаби об оварданду чолокона ресмонбанд намуда, барои аз дарё гузаштан амуд месохтанд. Мирмалик дид, ки онҳо аз ҳарби нобарори Улоқ Нуён сабақ омӯхта, бо тайёрии ҳамаҷиҳата омадаанд ва барои ба соҳили дигар гузаштан шитоб доранд, бифармуд, то ҳашт сафинаи ҷангиро тезҳол ба шино оранд. Чобуксаворони ташнаи муҳориба ҳама баробар даст ба камон бурданд ва дар ҳуҷуми аввал дигар силоҳ кор нафармуда, ончунон бошиддат тир боронданд, ки сипоҳи муғул мисли тут ба замин рехт.
Хасми ҷаҳонсӯз бадҳол ва тирарӯз гашт. Аммо пинаки Ҷағатой хам нахӯрд. Бо амри вай садҳо сипоҳии дигар камону алам бардошта, худро ба соҳил расонданду ҳазорон ҳашарӣ амадсозиро идома бахшиданд. Мирмалик низ шиддати ҳуҷум паст нагардонда, ду киштии дигарро ба ҳаракат оварду ҷавонмардони ҳузарб ҳамлаи гарм оварда, бо манҷаниқ ба сари ҳашариён оташ андохтанд. Ғарами чӯби хушк мисли тароша аланга гирифта, дуди ғализи ресмону либосу ҷасадҳои сӯхта ба чор тараф паҳн шуду Чағатойро нафастанг гардонд. Вай, ки марди беақлу бесиёсат набуд, бо чашмони танг, аммо дурбини худ баръало медид, ки лашкари сершумораш пеши тиру камони гурдони хуҷандӣ ларзон шудаанду ҳашариёни сарсахт чун мум пеши оташи сӯзон об мешаванд. Аммо «филҳои дарёгарди тилисмшуда» безарару бехалал пасу пеш ҳаракат карда, беамон ҷонситонӣ мекунанд. Фаҳмид, ки масофи рӯзи аввалро бохтааст. Аз ҳамлаи дандоншикан вуҷудаш ларзид. Бо душворӣ дамзах зада, лашкари хеш қафо кашид. Ин кораш аз ноилоҷӣ буд, вале барояш манфиат овард – талафот камтар шуду аз таънаю маломати сахти падар худро халос кард…
Шаҳриёри Хуҷанд, ки акнун битамом сипаҳсолор буду худ сафороӣ карда, рафти муҳорибаро сарварию чун нақиб мушоҳида менамуд ва ҳам мубориз буду ҳам тирандоз ва паҳлавони шамшербадаст, пас аз ғуруби офтоб бо дусад ҷавонмарди ҳузарб муҳайёи ҷанг шуд. Чун шаб аз нисф гузашт, ду киштиро аз маъбари махсус – гузаргоҳе як фарсанг поёнтар ба соҳили муқобил наздик овард, то аз ақибгоҳ шабохун занад. Лашкариёни муғул, ки аз ҷониби кӯҳ хавфу хатареро интизор набуданд, бепарво мехуфтанд. На посбон буду на нолидани шабгард, на ранҷи талоя буду на ҳаёҳуи зилзилаи лашкаргоҳ – ин ҳама заруриёти мудофиавӣ дар пеш ва чапу рости лашкар вуҷуд дошт. Ҷавонмардони сахтбозу, ки фақат найзаву шамшери алмосгун доштанд, дар шаби бағоят тираву торик намунаи рӯзи қиёмат зоҳир карданду хуфтагонро бедареғ тӯъмаи теғ гардонданд ва дар фурсати хӯрдани як нони танӯрӣ қариб ду ҳазор муғулро ба дӯзах фиристоданд. Замин аз хуни душман нам кашиду доду фарёди захмиён ва талвосаи ҷонканӣ ба фалак печид. Хуфтагон бедор шуда, гарангогаранг худро ба ҳар тараф мезаданд. Аммо аз ҳамлавар нишоне набуд, зеро айёрони шабкор тибқи дастурамали соҳибқирони хеш «ҳазимати баҳангом – ғанимати тамом» амал карда, аз пастхамии селкофта ноаён ҷониби дарё тохтанду худро беталаф ба киштӣ расонданд, ки ба чашми душман тамоман нонамоён буд…
Ҷағатой, ки сарҳанги филпайкар буду Девдод лақаб дошт, дар як шабонарӯз панҷяки лашкарашро аз даст дода, бағоят девзада шуд. Насиҳати падар қабл аз сафар дигарбора дар гӯшаш садо дод: «Эй фарзанди пурҷигар! Туро бо ҳафтод ҳазор пиёдаю савораи ҷаррор ба Хуҷанд мефиристам, то шаҳри қадимаро бигирӣ, қалъаи Ирвесро бикушоӣ, қасоси Улоқ биситонӣ ва ба захми теғи оташбор аз ин диёри обод аз ободӣ осор нагузорӣ! Зинҳор, ки бедору ҳушёр бош ва бар тожикони мусулмон эътимод накунӣ. Хоса аз Мирмалик эҳтиёт шав, ки дар илми ҳарб ва далериву шабравиву кин хостан ба садо омадааст…»
Ба ҳақиқати суханҳои падар амалан бовар карда, ончунон маъюс гардид, ки базӯр нафас мекашид. Зеро ба чашми худ дида, бо ақли худ бовар кард, ки суханҳои Улоқ Нуйон дар бораи филҳои тилисмшуда сафсата нею ҳақиқат аст ва ин балоҳои сиёҳи рӯйиобӣ ба муғулҳо дарди сари бисёр меоранду дасти қудратманди ғазанфари Хуҷанд ҳақиқатан ҳам панҷаи филафкани шери жаён аст…
Номаи муфассали дардноке ба дасти худ навишту аз падар кӯмак хост ва дар рӯзи дуюми ҷанг як қисм сипоҳиёнашро аз соҳили тирраси дарё дуртар ҷойгир намуда, ҳашариёнро пеш андохту онҳоро маҷбур намуд, ки дар фосилаи як фарсанг125 аз даҳ ҷой барои убур кардани Сайҳун ҷадал намоянд. Ҳазорон ҳашарчии дигарро фармуд, ки аз кӯҳ санг кашонда, дар соҳили муқобили қалъаи обӣ ғарам намоянд. Панҷ ҳазор савораро бо сарварии Улоқ Нуйон ба тарафи офтоббаро роҳӣ кард ва фармуд, ки муқобили маҷрои дарё ҳар чӣ дуртар рафта, аз ягон ҷойи мувофиқ ба соҳили муқобил гузаранд. Ду ҳазор савораро бо сарварии Мангу Буқа тарафи офтобшинам фиристод ва амр кард, ки барои аз об гузаштан қадри имкон кӯшиш намоянд.
Мирмалик ин фармоишотро намедонист, аммо аз дидбонгоҳи баланди ҳисори обӣ, ки даҳ фарсанг бештар масоҳатро пеши назар меовард, ташвишу тараддуди муғулонро назора карда, нақшаву нияти Ҷағатойро тахмин муайян намуд ва ба навбатдор вазифаи мушаххас супорида, худ шитобон поён фуромад, то аксуламал мураттаб созад. Сафинае ба поёнобу ҳафт киштии дигар ҷониби боло роҳ гирифтанду тирандозӣ шурӯъ шуд. Ҳамзамон камонғӯлакҳо ба кор даромаданду санги бисёре бар сари ҳашарчиёни «роҳкушо» мисли жола фурӯ рехт. Дар они воҳид ранги тирафоми оби дарё арғувонӣ гашт ва мурдаю ниммурдаи зиёд чун хас дар болои об ба шино омад. Аммо ба дарё фурӯ омадани мардони қаддароз ва оббоз лаҳзае қатъ намегашт. Зеро ҳашариён басо сершумор буданду муғулон басо бераҳм ва муслиминро бедареғ ба марги яқин мефиристоданд…
Мирмалик, ки рафти муҳорибаро бо назари тадқиқ мушоҳида ва мулоҳиза мекард, дар паҳлуяш пайдо шудани Шоҳмуродро пайхас карда, бе муқаддима пурсид:
– Ёрони мо чӣ хел меҷанганд?
– Ҳар чӣ дар ҷаҳди одамист, баҷо меоранд. Вале…
– Чӣ?
– Адӯ чун мӯру малах беадад… Ҳарчанд дар набард дастбурди мо назаррас аст, мардуми шаҳр дар ҳаросанд, фарзанду молу матоъ ба рустоҳо фиристодан мехоҳанд.
– Тарси мардум асос дорад, он тарафи соҳил то кӯҳ – се фарсах бештар – пур аз сарбоз… Ман ҳам медонам, ки лашкари чун кӯҳро, бахудо, кас кам шикастааст… Лекин… то ҷон дорем, ҳарб мекунему истодагарӣ, то шаҳриён дар амон бошанд.
– Мардум ба шаҳриёри худ бовар доранд ва мегӯянд, ки садри мо ба доми ҳар хатаре андар наёяд ва дасти ҳар муштзӯре бар вай нарасад. Фақат Аҳмади баззоз ва думравонаш бадгӯӣ мекунанд…
– Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад! Чӣ гапи нав дорад Аҳмадак?
– Мегӯяд, ки имрӯз ё фардо муғул ҳисобашро ёфта, аз Сайҳун мегузараду ҳама лофи Мирмалик ба ҳаво меравад ва ҳоли шаҳр табоҳ мешавад…
– Ман чӣ лоф задаам?
– Оё гуфтаед, ки лашкари муғул ба ҳазор мард бизанам?
– Оре, гуфтаам. Ман ба размиёни сарсупурдаи худ бовар дорам!
– Мардум чун анбӯҳи лашкари муғул мушоҳида карданд, дар шубҳа монданд, ки садри Хуҷанд бо ҳазор сипоҳӣ оё тоқати муқовимат ва қуввати мусодамат дорад ё не?
– Мо аллакай дар дили душман ваҳми бисёр афкандаем… Агар лашкари рахнагарро саросар натавонем кушт, бегумон, дасташ мебуррем, то ҷангида натавонад!
– Дуруст мегӯед, эй шаҳриёр. Лекин тарсам аз он аст, ки агар гапи Аҳмади баззоз саҳеҳ бошад, бо ҳазор сипоҳӣ бар ду ҷабҳа бо душман ҳарб кардан мумкин нашавад…
– Ҷабҳаи дуюм куҷост?
– Кашшофон гапи Аҳмадро таҳқиқ намуда, фаҳмиданд, ки Улоқ Нуйон дуртар аз Хуҷанд гузаргоҳ меҷӯяд…
– Киштие фавран ба болооб равона мекунем. Тавре маслиҳат карда будем, ман қалъаи обӣ нигоҳ медораму ту шаҳристонро, лекин Сабзалиро бо ҳазор сарбоз ба Хистеварз мефиристем, то қад-қади дарё дар камин шинанду садди роҳи Улоқ шаванд.
– Фармон маликрост! Чун хасм аз ҳар канор меояд, ҳаматарафа омода бояд буд…
Пас аз нисфирӯзӣ манзараи муҳориба тағйир ёфт. Ягон ҳашарӣ барои дарёфти гузаргоҳ ба даруни дарё надаромаду ҳама ба сангкашонӣ сафарбар гардиданд. Лашкариён корфармо шуданду бо зарби тозиёна суръати ҳаракати корвони боркашҳои дупоро метезонданд. Гурӯҳе бо мадади каланду тешаю бел ва хоку лой рӯ ба рӯйи қалъа аввал сангдевори бузурге сохтанду худро аз тирборон эмин гардонда, сипас ба бунёди саркӯб – теппакӯҳи баланду паҳнбар шурӯъ намуданд, то аз боло ба ҳисори дастнорас бо манҷаниқ сангу оташ андозанд.
Мирмалик шунида буд, ки Ҷағатой сарҳанги тавоно ва доно асту бисёр ҳилаву найранги ҷангӣ медонад ва талафоту ҳамли бори гарон ӯро ранҷур намегардонад. Шояд дар шеваи ҳарб ҳиласоз буданашро ба эътибор гирифта, Чингизхон маҳз ҳамин писари худро ба шикастани қалъаи обӣ, нобуд кардани «филҳои тилисмотӣ» ва фатҳи Хуҷанд фиристодааст. Яъне, рӯ ба рӯи Мирмалик рақиби пурзӯру пуршӯр қарор дорад ва ӯро мебояд даҳчанд пурдону пурҷигар бошад, меҳтар ва беҳтар будани худро амалан исбот намояд, ба ҳар тазвири бад тадбири нек андешад, то хасми бадсигол барои интиқом маҷол наёбаду ёрони ҷонфидояш аз ҳар ҳалокатгоҳ ба саломат берун оянд.
Оре, ёрони фидокори Мирмаликро ҳар лаҳзаи гузарон хатари ҷон беш аз пеш таҳдид мекунад. Имрӯз онҳоро лозим меояд, ки аз коми дев коми дил ба даст оранд ва он девору кӯҳи сангин ба дарё чаппа гардонанд, то душман ба ҳисори олӣ газанде расонда натавонад. Яъне, бар ивази ҳар санги сиёҳ сари сабзе ба гарав ниҳанд. Аммо… магар осон аст дидаю дониста сар бар санг задан?! Баҳри иҷрои ин амали сангин чӣ қадар ҷасорат ва шуҷоат мебояд? Оё сарбозон худро ба коми аҷал меандозанд??
Сипаҳсолор ҳама андешаҳои худро ба гурӯҳи сесаднафараи сарбозон бепарда аён карду шарҳ дод, ки сафарбарӣ ба ин ҳамлаи пурхатар комилан ихтиёрӣ асту ҳар касе ба ҷонфидоӣ розӣ бошад, аз саф берун ояд. Аз нисф зиёди ҷанговарон бе ҳеҷ андеша довталаб шуданду ҷавонмарди шигарфу қавиҳайкал, ки ҷуфте кафш дар пой дошт ҳар яке нимманӣ, аз миёни таъмиргарони киштӣ чусту чобук худро ба ҳалқаи хоҳишмандон расонд ва бо овози баланд ба Мирмалик хитоб кард:
– Эй бузургвор! Аз ту мӯҳташамтар маро сарвар нест. Ту халифаи ман ҳастӣ. Илтимос, манро ҳамроҳат ба овардгоҳ126 бар!
– Эй озодмард, номи ту чист?
– Мардуми Румон маро Мирзои дароз мегӯянд.
– Аз мардони ҷангӣ туро ёр кист?
– Ҳама гарданкашҳои Румон шогирди мананд.
– Ба корзор рафтани туро ҳадаф чист?
– Ҳамаи шумо бо муғул ҷанг мекунеду ман яккаву танҳо девор чаппа мекунам. Шумо зиреҳу ҷавшан мепӯшеду ман бо ана ҳамин либоси танам меравам. Муғул манро ҳашарӣ гумон мекунаду кордор намешавад…
Пешниҳоди Мирзои Рӯмонӣ ба Мирмалик писанд афтоду қарор кард, ки чанд тануманди дигар либоси низомиро ба кафшу куртаю шалвор иваз карда, шабеҳи ҳашарӣ шаванд. Боқимонда хоҳишгарони размҷӯйро ба ду гурӯҳи шастнафарӣ тақсим карду шеваи амалиёти ҳарбиро муфассал фаҳмонд ва ҳамаро фармуд, ки то лаҳзаи зарурӣ бафурҷа истироҳат намоянд.
Ҳанӯз вақти субҳдам набуду шаб аз ҳар ду соҳил чодари сиёҳи худро нағундошта, аммо довталабони шикамсеру ҷангташна бедор буданду болидарӯҳ ва ба ду киштӣ нишаста, бо сарварии садри дарёнаволи худ Сайҳунро убур карданд. Посбонҳои муғул, ки аз тарси шабохун тамоми шаб мижа назада, ҳушёру бедор меистоданд, баробари сафедтоб шудани чеҳраи уфуқ хотирҷамъ гардида, чун диданд, ки гурӯҳи ҳашариён назди девор ба ҷунбуҷӯл даромаданд, фориғболона ҳамёза кашида, лаҳзае ғунуданро безиён ҳисобиданд. Аз байни ҳамлаварон, ки дар ду ҷониби саркӯб мавқеъ гирифта, омодаи ҳарб буданд, чанд тан бесадо гавак кашида, дар як мижазанӣ посбонҳои ғафлатзадаро ба хоби абадӣ гуселонданд. Деворшиканӣ оғоз ёфту муддате бехалал давом кард. Вале фарёди ҷонкоҳи яке аз посбонҳои нимзинда муғулҳои атрофашро ба по хезонду бонги дору гир баромад ва сипоҳиёни ҳар ду ҷониб ба ҷанг шитобон шуданд. Ҳарби тан ба тан оғоз ёфт.
– Акнун талаб он аст, ки мардона бикӯшем, то зинда монем! – гуфт Мирмалик ва чун пили маст ба ҷанги муғул андаромад бо салобате, ки агар адӯ харсанги азим будӣ, аз ҷой барканда, ба дарё ҳаво додӣ. Муғулеро, ки гурбавор ба гарданаш часпида буд, бо ду даст болои сар бардошта, ончунон ба замин кӯфт, ки дасту пояш аз ҳам ҷудо гардид ва ғирев аз пайкараш бархост. Сипаҳсолор дигар муғулҳои аз пешу пас омадаро дудаста мекӯфту бо шаттапоя ҷони чанде ба ҳалқум овард. Размандаи қоматбаланд чобук аз ҷой парида, муғули ханҷарбадастро аз зини асп ба замин афтонду болояш ба ду пой баромад ва шикамашро кафонда, рӯдаҳояшро берун баровард. Аз чап тире омаду ба рони пояш нишаст. Мисли шери захмӣ наъра зада, бо дасти рост пайконро берун кашиду ба чашми танги дигар муғул хаст…
Бо амри Ҷағатой муғулҳои зиёде ба набардгоҳ тохтанду Мирмалик бо ишора камонварони чор сафинаи ҷангиро иҷозати ҳуҷум дод. Худаш низ зеҳтир ба ангушт ниҳоду тирандозӣ оғоз кард. Азбаски маҳораташ дар ин амал беқиёс буд, ҳар пайконе мепарронд, бехато бар сару гардани муғул мезад. Яке ба чашмаш намуд, ки муғуле ғӯладинг шамшер аз ғилоф кашида, ба Мирзои Рӯмонӣ ҳамла карданист. Ӯро бо тири алмоспайкон чунон бизад, ки бар даҳони муғулбача даромада, аз пушти сараш берун омад. Филмарди рӯмонӣ бо чолокии ҳайратангез шамшер аз қабзаи вай кашида гирифта, ба шиками муғули дигар халонду хунсардона охирин санги таҳкурсии деворро ба дарё ғелонд ва худро ба об афканд. Дигар фидоиён низ аз тақозои озодмардӣ он чӣ лозим буд, ба ҷо оварданду худро аз соҳили хатар ба киштии зафар расонданд ва то фурӯғи хуршед ҳамагон сиҳату саломат ба қалъаи умед ворид шуданд. Девори бузурги сангӣ ва саркӯби азим, ки бегоҳирӯзӣ дар соҳили рост ба чашми шаҳриён намоён буд, пагоҳирӯзӣ аллакай вуҷуд надошт. Гӯиё онро шабона мавҷи Сайҳун шусту рафт. Яъне, оби муқаддас ба далерони Хуҷанд боз зӯрию зафар овард.
Ба киштинишастаҳо низ. Онҳо беист тири марговар афшонда, душманро имкон надоданд, ки ба соҳил наздик ояд. Аз талафоти зиёд ва нопадид шудани девору саркӯб Ҷағатой санг ба лаб молид, яъне беҳад зиқ гашту аз ғалабаи барқосо умедашро канд ва унвони падар боз як номаи таъҷилӣ навишт. Ба тобеъон фармуд, ки рӯ ба рӯи қалъаи обӣ дар масофаи тирнорас нарга127 зананду гирумони сартаулҳоро пурра таҳти назорат гиранд ва сангкашониро беист идома дода, аз соҳил то қалъа пайроҳаи сангфарш созанд…
Ду рӯзи минбаъда нисбатан ором гузашт. Ҳарифон мисли мушу гурба ҳамдигарро пойида ва ба қавли муғулҳо гоҳ-гоҳ «калта-палта»128 намуда, тори асабҳоро таранг нигоҳ доштанд. Дили Мирмалик гувоҳӣ медод, ки сукути Ҷағатой хомӯшии пеш аз тӯфон асту ягон найранги нави ҳарбӣ мебофад. Тахминаш дуруст баромаду субҳи дигар ҳашариён бо ғиреву ниҳев аслиҳаи наверо рӯ-рӯи хоки нам кашола карда, тахмин даҳ-дувоздаҳ газ129 дуртар аз соҳил устувор намуданд. Он шаклан ба чархи ресмонресӣ монанд буду лекин сад карат бузургтар ва дар нӯки парраҳояш зарфе шабеҳи сатл дошт, ки хуҷандиён сатил мегуфтанд. Андактар маълум шуд, ки он асбоби қалъшикан будаасту муғулҳо чун дастаки дарози чархро бо суръати тез давр занонданд, сангҳои тарбузмонанд аз даруни сатл ба ҳаво баланд парида, то девору саҳни қалъаи обӣ расиданд!
Аз байн бардоштани чархи сангафкан кори осон набуд ва Мирмалик барои ҳалли ин масъалаи сарбаста хеле майна об кард. Зеро сатлу муҳаррику парраҳои аслиҳаи такимилёфтаи ҷангӣ аз филиз буду онро шикастан ё сӯзондан имконнопазир. Тирборони мусалсал ҳам манфиати беш надошт, чунки чархгардонҳоро садҳо сарбоз аз ҳама ҷониб бо сипарҳои нимдавра муҳофизат мекарданд. Ногаҳонӣ ҳуҷум оварда, чархро мисли сангдевор ба дарё чаппа гардондан ҳам амри муҳол буд – ҳазорон сипоҳи нарганишаста аслиҳаи фатҳоварро шабу рӯз бо дидаи ҳамешабедор посбонӣ менамуданд.
Мирмалик бечора монда, саргарми хаёлот ба арк баромад ва аз боло ба поён нигариста, роҳи ҳалли масъаларо ёфт! Фармуд, ки ба бурҷи баланд камонғӯлак бароранд. Чор ҷавони ҳузарб ним соат бештар азият кашида, асбоби дағалсохти вазнинро аз зинаҳои танги морпеч боло оварданд. Шаҳриёр бо салоҳдиди худ се санги баробарҳаҷмро ба бордон ниҳода, камонғӯлакро саҳле росту чап ҷунбонда, бодиққат нишон гирифту меҳварро пахш кард. Сангҳои якпудӣ мисли тири хаданг башаст аз боло ба поён парида, бехато ба нишон расиданду муҳаррик пачақ гашт ва дастаи чарх шикаст. Аслиҳаи қалъашикан аз кор монду санге, ки аз сатли боло бояд ҷониби ҳисори обӣ мепарид, ба поён сарозер афтид ва рост ба фарқи сари яке аз чархгардонҳо зада, вайро ба замин парчин намуд.
Ҳисориҳо оҳи сабук кашиданд. Вале Мирмалик аз шаҳди шодӣ табъи дил ком ширин накард. Зеро чопари рангпарида ба вай хабари мудҳиш расонд, ки хайли панҷҳазораи Улоқ Нуйон андаке дуртар аз Хистеварз, дар қарибии Маҳрам дарёро убур карда, ҳазор ҷанговари каминнишастаи Сабзалиро торумор намуда, ҷониби Хуҷанд мешитобанд.
Рӯзи равшан дар чашми шаҳриёр ба шаби тор табдил ёфт. Ба сарҳангҳо дастури амал доду тавассути роҳи пинҳонӣ савори заврақ оҷилан сӯйи шаҳристон равона шуд, то бо Пири раҳнамои хеш Шайх Маслиҳатдин, ки лаҳзае бе ёди Худо ором наменишаст, рӯйдодҳои охиринро таҳлил намуда, тадбири солеҳ андешад.
Бенаво афтодаам дар кӯят, эй Султони дин,
Бо нигоҳи марҳамат аҳволи зори ман бубин…
Раҳ ба раҳ аз дили абгор ва пуршӯри шаҳриёр ҳарфу каломи оташбор чун сиришк мешорид:
Баски ҷаҳон шуд зи муғул пурхилоф,
Рӯйи замин гашт хира аз ихтилоф.
Бахш кушо роҳи мани хастаро,
Боз намо ин дами сарбастаро…
Аз нахустнидои воқифи афкори ниҳонӣ ва кошифи асрори маонӣ маълум буд, ки омадани садри Хуҷандро интизор аст:
– Кабутар мехостам фиристодан ба ҳисори обӣ, то аз пайи он маро дарёбӣ. Хуш омадӣ! Мебинам, сахт маҳҷур астӣ аз он, ки муғул бармаҳал Сайҳунро убур карду Сабзалӣ нобуд гашт?
– Бале, Пирам. Аз ғаму андешаи ояндаи шаҳри азиз сахт ошуфтаҳолу аз талафоти гарон беҳад синафигорам ва ҷуз Шумо чорагаре надорам.
– Алҳақ, марги фаҷои130 мардони мард боиси таассуфи бузург аст. Алайҳим-ур-ризвон мин-ал-малики-л-ҷалил!131
Аммо аз тақдири шаҳри азиз сахт ошуфтаҳол нашав. То як хишти мазори саҳобаи Ҳарамайн (алайҳис-с-салоту-л-малик-ил-маннон)132 боқист, Хуҷандро ҳеҷ офат нарасад. То зиндаем, ҳафт дарвозаи шаҳр маҳкам медорем. Азеро Парвардигори олам моро муваккал133 бар Хуҷанд сохтааст.
– Эй Пири бузургворам, партави идроки Шумо мисли шамъи Худо роҳнамои мост. Вале аз фитнаи охирзамон, гапу кори каҷи аҳли хато андешамандам…
– Зиқ нашав. Гарчанде бо хушомадгӯй ҳамсӯҳбат шудан хатост, қабл аз омадани ту бо Аҳмади баззоз ва ёронаш гуфтушунуфти тундутез кардем, вале бахайр анҷомид. Онҳо ба номи Худо қасам хӯрданд, ки бе изни мо касеро ба Хуҷанд иҷозати духул надиҳанд.
– Ба қавлу қасами Аҳмадак заррае бовар надорам. Зоҳиран тоҷир, ботинан кофир вай! Агар иҷозат диҳед, ӯро ба қалъаи обӣ бурда, муддате боздорам, то дар куфрони шаҳри ободи мо ҳамдостон набошад…
– Гумон аст, ки ӯро дар шаҳр дарёбӣ. Дар роҳ аст, пеши хоҷааш мешитобад.
– Ба таъзими Чингиз меравад?
– Не, ба истиқболи Улоқ меравад, мехоҳад, роҳи гарон ба хоҷааш осон гардонад…
– Ӯро бибояд кушт! Ҳайф бар хоин бод!
– Ӯро чӣ ҷон, ки баҳри ӯ ҷон дар хатар гузорӣ?!
– Эй Пири бузургворам, нияти ман дигар аст. Иҷозат медиҳед, ки барои ситондани хунбаҳои Сабзалӣ теғ аз ғилоф кашам ва ҳамроҳи ёрони сарсупурда шабохун занам? Бисёр мехоҳам, то рӯҳи бародарам ранҷур нагардад…
– Эй фарзанди азиз! Худат хуб медонӣ, ки ҳеҷ вақт дасти ту аз шабохун кӯтоҳ накардаем ва аз даргоҳи он Ягона бароят пирӯзӣ мехоҳем. Маслиҳат ин аст, ки дар як вақт аз ду ҷониб шабохун занед – Шоҳмурод ва ёронаш аз пешу ту аз қафо. Фиреби назар мешавад, агар шумо либосу абзори муғулӣ пӯшида бошед…
Шабихунро раво медонам, аммо ту набояд саргарми интиқом шавӣ. Ҳар сарваре, ки саргирифта-даргирифта барои хунбаҳо итобу шитоб мекунад, тавқи мурод аз даст медиҳад. Улоқ имрӯз не, пагоҳ хоҳ-нохоҳ ҷон ба Ҷаббор месупорад, аммо ту набояд ҳисори олӣ ба душман супорӣ! Туро дар кӯдакиат Шери бобо мегуфтаму чун ба воя расидӣ, Шери Хуҷанд шудӣ, Ғазанфари олам лақаб гирифтӣ. Имрӯз туро Шерзилванд мегӯям, ки шакли қадимаи шердил асту дар ҷавонӣ эдун лақаб доштам. Чил сол муқаддам мисли ту далеру сухангӯй ва накурӯй ҷавонмарде будам. Маро дар мурувват ягонаи даҳр ва дар футувват нишонаи шаҳр меҳисобиданд. Хурду калон арҷ мегузоштанду душманон сахт меҳаросиданд. Кунун замона дигар гашту аҳли Хуҷанд аз ганҷ берун омадаю ба ранҷ пайвастаанд, ки муваққат аст. Худои мо, ки меҳрубон ва азиз аст, ҳар дуи моро вазифадор кардааст, то дигарбора ба хуҷандиён шодию нишот бахшем ва Хуҷандро чун Тирози ҷаҳон нигаҳ дорем. Иҷрои ин вазифа кори азим саҳмнок асту хеле ва хайле гарон! Муғулон, ки ҳолиё аз ишғоли қалъаи обӣ оҷиз мондаанд, ҳалқаи муҳосираро торафт сахт мекашанд, то дар кори ту рӯз ба рӯз нуқсон беш гардаду аз ҳар гӯша халале ва аз ҳар ҷониб шикофе пайдо шавад. Аммо ту набояд лаҳзае аз ғазо дур шавӣ. Туро мебояд парчами Хуҷанд баланд афрохта, дар Сайҳун ҳарбро гарм нигоҳ дорӣ, то зафар наздику хатар дур шавад. Дар лаҳзаи зарурӣ ман ба мадад меоям. Хайр, Шерзилванди Хуҷанд. Ва мо ан-насру илло мин инда-л-лоҳӣ…134
Мирмалик ва Шоҳмурод тибқи маслиҳати Пири амалфармои худ дар дили шаб аз ду ҷониб ба лашкари мағрургаштаи муғул баробар ҳамла оварданду доди шуҷоат дода, доди худ аз қотилон ситонда, зангор аз оинаи дил зудуданд. Улоқ Нуйон кушта нашуд, аммо садҳо ҷангиёнаш дар Хистеварз ба хоки сиёҳ ғелиданду дар дашти ҷигарсӯз аз оташ сӯхтанд. Мирмалик муждаи марги душмани бадсиголаш Аҳмади савдогарро шунида, ҷангро хотима бахшид ва ёрони боқимондаи Сабзалиро аз пинҳонгоҳҳо ҷамъ оварда, самти ҳаракатро тағйир доду тавассути пойоби соҳил ба қалъа расид. Лекин имкон наёфт, ки нафас рост кунад: Ҷағатой чархи нави сангандозӣ рост карда ва бист газ зиёдтар пайроҳаи сангфарш созонда буд. Бо амри шаҳриёр чор сафинаи ҷангӣ оҷилан барои идомаи мубориза ба ҳаракат омад…
Шоҳмурод низ фурсати дамгирӣ наёфт. Ҷағатой бар ивази талафоти шабохун ба Улоқ Нуйон дуҳазор сарбоз ва сеҳазор ҳашарӣ мадад фиристоду муғулҳои тозанафас бо сарварии Мангу Буқа аз ҷониби Фарғона ба шаҳри Хуҷанд ҳуҷумро оғоз карданд. Онҳо гумон доштанд, ки қувваи асосии хуҷандиён дар қалъаи обӣ ҷамъ асту шаҳри бешаҳриёрро ба осонӣ ишғол мекунанд. Вале боз хато карданд: хуҷандиёни меҳмоннавоз, ки чандин моҳ омадани чингизиёнро интизорӣ мекашиданд, меҳмонҳои нохондаро бо тирборону шамшерзанӣ ва сангафшонӣ «пешвоз» гирифтанду ҳатто аз болои девор ба сарашон оби ҷӯш рехтанд. Душмани тангчашм тангайш шуду ба ҷойи талаттуфи бисёр талафоти зиёд гирифта ва аз дидаву дил ашку хун рехта, шармандавор қафо гашт. Ҷағатой бовар кард, ки хуҷандиён мисли фанокатиҳо чун бодоми кағотӣ пӯсттунук нестанд. Балки чормағзи басо пӯстғафсанд ва на ҳар дасти тавоно ин гирдакони сахтро шикаста метавонад! Аз алам ва нотавонӣ пушти даст газиду бо килки хунолуд ба падар боз як номаи ҷигарреш навишт: дар миёни сангу обу оташ мушавваш мондаам…