Нигина ва Мирмалик - читать онлайн бесплатно, автор Додохони Эгамзод, ЛитПортал
bannerbanner
Полная версияНигина ва Мирмалик
Добавить В библиотеку
Оценить:

Рейтинг: 4

Поделиться
Купить и скачать
На страницу:
41 из 48
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Маслиҳату насиҳати Пири бузургворам, сарвари аҳли амоим ва шамъи ҷамъи анҷумани вилоятро хуш пазируфта, бо дили шод ва азми даҳчанд қавӣ ба ҳисори обӣ омадам. Зеро медонам, ки Пири соҳибқирони мо ҳар чӣ гӯянд ва ҳар коре кунанд, касе онро ботил натавонад кард…

Бо ҷанговарон машқи ҳарби танбатан мекардем, ки аз валиаҳди Шоҳаншоҳи олам Султон Ҷалолиддин қосиде номаи таъҷилӣ омад. Чор ҷумлаи онро барои ту айнан нусхабардорӣ мекунам: «Ба садри Хуҷанд вазифа мегузорем, шарри Темучинро, ки ба сарҳади Мовароуннаҳр расидааст, аз сиҳати мамлакати мо боздорад… Иншоаллоҳ, ин амри подшоҳиро, ки дар назми ҳол ва ҳифзи мулки мо ба ту тақдим шудааст, бо сарбаландӣ ба итмом мерасонӣ. Дар ҳолати зарурат ба қадри кофӣ сарбози пиёда ва савора кӯмак мефиристам. Туро бахт ёру Худо мададгор бошад!»

Эй модари меҳрубони фарзанди азизам! Дилам бисёр мехоҳад, ки бо ин дуо номаи худро ҳусни хотима бахшам. Зеро маоли ҳолро ҷуз алломулғайб касе намедонад. Ягона ёри темордор – парастор, нигаҳбон ва ғамхори фарзанди азизро ба паноҳи он Ягона месупорам. То киштии умед дар оби Сайҳун равон аст, ниёиш мекунам, ки моро давлати дидор муяссар гардад…»


* * *


Дар тақвими зиндагӣ шаби ялдо, ки ба дарозӣ маъруф аст, намоён гардиду Нигинаро боз ваҳм пахш кард. Зеро аз Мирмалик дигар паёме наомад, аммо Ворух аз воҳимаю овоза лабрез буд. Бофандаю лофандаҳо бехгӯшию пинҳонӣ мегуфтанд, ки лашкари муғул ба Хуҷанд сахт ҳуҷум кардаасту Мирмалик ҳоли табоҳ дорад. Бадгуфтаҳои бодовард мизони Нигинаро шикасту хуноби ҷигарро сиришк кард. Кӯдак дар бағал рӯзона гоҳ ба лаби ҷӯйбор мерафту гоҳ дар зери дарахти баргрехта менишаст ва ба назараш чунин менамуд, ки ҳар куҷое по ниҳад, аз байни барфи навборида хори муғелон ба кафаш мехалад. Тифли рӯхандон ягона тасаллои дилаш буд ва дар симои Мирмӯҳсин чеҳраи гарми Мирмаликро медиду бо овози ҳазин месуруд:

Дар соли Хуҷанд як шаб аст ялдо.

Дар соли Ворух ҳар маҳе як ялдо!

Шабҳангом низ дар хонаи сарду ҷойгаҳи хунук мисли ғарибон менолиду меларзид ва аз он метарсид, ки дар шаби ялдо обу адо мешавад. Хайрият ки Парвардгори меҳрубон раҳмашро хӯрду қабл аз ғуруби офтоб чанд нафар устоҳои дуредгару чӯбкори ҳашаррафта аз Хуҷанд баргаштанд, ки якеашон Абдулсайиди Гулдаст буд ва шаби дарози ялдо бо хабарҳои наву ҳикоёти падар кӯтоҳ гашт…

– Ду моҳ пеш ба мо гуфта буданд, ки фулон подшоҳ бо лашкари гарон аз тарафи Утрор мисли мӯру малах аз се ҷониб ба Мовароуннаҳр ҳамла овардаасту бист ҳазор марди оҳанпӯш тарафи Хуҷанд барои қатлу ғорат меоянд, – қисса оғоз намуд дуредгари адабгуфтор баъди салому таом. – Ду ҳафта пеш гап дигар шуду гуфтанд, ки панҷ ҳазор муғул Фанокат ном шаҳри ҳамсояро таки даст дароварда, молу чизи бисёр ғанимат гирифта, бо иштиҳои қозгир ба сарҳади Хуҷанд расидааст. Падари Мирмӯҳсин, ки ҳокими одил, одами доною кордон, ҳам паҳлавон ва марди сухандон будааст, сағиру кабир, ходиму маъмур, хулоса, марду занҳои бисёрро дар саҳни куҳандиз ҷамъ овард. Ба остонаи Хуҷанд расидани пойи номубораки муғулро маълум карду ниятҳои нопоки Чингизхонро шарҳ дод. Баъд ҳамаро ба мубориза даъват кард. Гуфт, ки дар вилояти мо боигарии бисёр ҳасту дар атрофи Хуҷанд якчанд кони тиллою нуқраю мис дорем. Чингизхон барои соҳиб шудан ба ин боигарӣ мурданивор талош мекунад. Мо бояд якдилу яктан ба ҷиҳод бархезем, душмани дини исломро саркӯб кунем.

– Гапҳои зӯр гуфтааст ҳокими таҳамтан, Шаҳриён ба ҳокими чолоки Хуҷанд чӣ гуфтанд?

– Гуфтанд, ки то ҷон дар хатар наниҳем, ба душман зафар намеёбем. Аз марди шамшерзане, ки рӯзи ҷанг мисли зан сар тобад, муханнас беҳтар аст… Боз гуфтанд, ки чун кӯҳ устувор, мисли санг хомӯш меистем, аммо чобукпар шуда, муғулро пачақ ва лагадмол мекунем!

– Яъне, мардум сарвари худро маъюс ва маҳрум накарданд?

– Баръакс, ҳама ба як овоз «Зиҳӣ Мирмалик!» гуфтанду «Марг ба Чингиз!».

Пирамарде аз мобайни издиҳом садо баланд бардошт: «Хуҷанд миқтониси вилоят асту хурду бузургро аз атрофу акноф ба худ мекашад. Ману фарзандонам аз Деҳмой довталаб омадем ва ҳарчанд, ки ман на марди ҷангам, ҳаргоҳ табли ҷангӣ садо диҳад, филфавр ба дифои Хуҷанд мехезам!»

Дугоникҳои ҳамдиёри мо Ҳасану Ҳусейн гуфтанд, ки «То як раг дар тани мо ҷунбад, ҳама паҳлавонҳои Канду Фалғару Истаравшан дудаста теғ занем, то даме ки бар хасм зафар ёбем!».

Сипоҳие шамшер дар даст баланд фарёд кард: «Чорсад фидоӣ аз Фарғона ба ҳаводории ту омадем, эй Шери Хуҷанд. То зиндаем, аз фармони ту сар намепечем!»

Домоди ман аз дастгирию инояти халқ болида, назар ба сахтпоёни муғул даҳчанд сахттару тезчанг шуд. Бо азми ҷазм ба қалъаи обӣ рафт, ки он ҷо расо ҳазор сарамарди яккачин фармони вайро интизор буданд, то киштиҳои беадили ҷангӣ барои муҳориба омода созанд.

– Киштиҳои беадил? Ин чӣ хел киштӣ?

– Заврақи калони болопӯшида, яъне сафинаи ҷангӣ.

– Бодбон дорад?

– Бале, дар мобайн сутуни баланду мазбут, бодбони чоркунҷа, белу занҷиру риштаканабу лангару дигар таҷҳизоти зарурӣ дорад. Онро доруға ва ёронаш идора мекунанд. Вале ин киштӣ саркушода не, балки болопӯшида асту ба лонаи парасту дар шифти хона ё ошёни сарбастаи булбул монандӣ дорад…

– Хонаи худамон барин, гӯед…

– Бале, хонаи инсон барин, лекин бомаш камоншакл ва тиреза нею дар ҳар ду тараф дарбачаи бисёр дорад…

– Дарбачаи бисёр чӣ даркор?

– Сарбозҳо дар пушти даричаҳо мавқеъ гирифта, ба душман тир мекушоянд, лекин азбаски дарбача сипаршакл аст, ба дарун тир намедарояд.

– Барои чӣ бом камоншакл?

– Барои он сағонашакл, ки ҳар чизе болояш афтад, қарор наистода, поён меғеладу ба об меафтад.

– Бому дарбачаро гӯё ки дидем. Лекин ин киштии беадил оё девор дорад?

– Албатта! Лекин деворҳо аз хишт ё тахта не, аз намад…

– Аз гилеми пашмин?!

– Бале, аз ана ҳамин намади сиёҳе, ки бо собун сафед намешад. Ба сутунҳои гирдогирди киштӣ ҳам аз дарун ва ҳам аз берун намади тар кашида, рӯяшро бо қиру зифт татлия кардем.

– Чӣ кор кардед?

– Қир равғани нафт аст сиёҳрангу часпак, ки ба дарзи киштӣ мемоланд, то об надарояд. Агар онро бо хоки ширадор омезанд, моддаи ғафси сиёҳ ҳосил мешавад, ки зифт ном дораду дар роҳсозию бинокорӣ истифода мебаранд. Омехтаи қиру зифту сирко ва лойобаи ғализ маъҷун мешавад, ки басо тобовару чандир асту намешиканад ва намесӯзад. Ана бо ҳамин моддаи аз чанд чиз сиришта бому девори намадпӯши киштиҳоро андова кардем, ки муҳандисони сафинасоз татлия мегӯянд.

– Дар ҳақиқат ин сафинаҳои ҷангӣ беназиру бемуодил! Қалъаи обӣ ҳам бемислу беадил!!

– Мирмалик боз як аслиҳаи нави ҷангӣ сохт…

– Инаш чӣ хел силоҳ?

– Манҷаниқи ялкан. Онро фозилон камони ҳикмат гуфтанду омиён – камонғӯлак. Ба ин манҷаниқкамон аз қалъаи обӣ то он соҳили дарё санг андохтан мумкин аст!

– Вой бар ҳоли муғулҳо, ки ба сарашон аз киштӣ борони тир мерезаду аз қалъаи обӣ сангсор мешаванд!

– «Мешаванд» не, ҳамин хел шуд!! Вақти субҳ овози таблҳои ҷангӣ баланд гашту он тарафи дарё нигоҳ карда, аввал ҷангу ғубори бисёр дидему баъд аспу кӯлоҳҳои сурху сиёҳу сафед. Лашкариёни пештози Улоқ Нуйон савори самандҳои ёлу думсиёҳ ва ҷаҳандаву даванда ғуррону наъразанон ба соҳили рост расиданду муддате интизор истода, ба иморатҳои зебои шаҳр ва боғистону токзорҳои ин ҷониб бо ҳавас нигаристанд. Баъде ки дигар сипоҳиён ба фавҷи пешоҳанги лашкар расиданд, гурӯҳе болою поён ҳаракат карданд, то гузаргоҳи қулай дарёбанд. Ана дар ҳамин асно шаш сафинаи ҷангӣ аз қалъаи обӣ берун шуда, рӯ ба рӯи муғулҳо омад. Ёрони камонбазеҳи Мирмалик бо ишораи ӯ баробар сӯйи душман тир кушода, ба як ҳамла сафи душманро дариданд. Мо баръало медидем, ки тирҳои пӯлодпайкони муҳофизони Хуҷанд барқвор парида, чашму рӯй ва гардану синаи муғулҳоро оҷиз ва чок-чок мекард. Бовар кунед, дар фурсати як мижазанӣ садҳо пиёдаю савора бесар гаштанд. Калони вайҳо Улоқ Нуйон ҳам сару калобаашро тамоман гум кард. Чунки бар рӯйи об ё дар соҳили муқобил ягон камондор набуд, лекин тир жолавор меборид…

– Муболиға аз ҳад гузашт, усто! Шаш киштии ҷангиро ҳатто одами кӯр мебинад…

– Дуруст эрод гирифтед. Лекин муғули ҷоҳил аз он ҷиҳат саргаранг шуд, ки ин хелак киштии беадилро ҳатто дар хоби шабаш надида буд! Андактар аз як асирафтода фаҳмидем, ки дар лаҳзаҳои аввали ҳуҷуми ногаҳонӣ Улоқ Нуйон сафинаҳоро филҳои ҷангии Хоразмшоҳ гумон карда, фармудааст, то мурданивор тирборон кунанд. Сарбозҳои аз хашму ғазаб ваҳшигашта бо доду фарёди осмонхарош ба «филкушӣ» шурӯъ карданд. Лекин тирборони вайҳо кӯшиши беҳуда шуд – акнун дар дохили дарё на «филҳои обӣ», балки «хорпуштҳои шиновар» муғулкушӣ мекарданд. Алқисса, рӯзи аввал аз лашкари панҷҳазораи муғул ҳар даҳ мурданд! Боз садҳо кас захмӣ гашта, хелеҳо дар об ғарқ шуданд. Аммо аз сарбозҳои мо нафаре кушта нашуд. Ҳатто захм набардошт!

– Бо ҳамин ҷанг адо шуд?

– Не. Чун торикӣ фаро расид, киштинишинҳо ба қалъа баргаштанду ҷони муғул андак ором гирифт. Ҳама хастаю лакот буданду аз соҳили маргбор дуртар рафта, ғизое хӯрданд ё не, барои истироҳат дароз кашиданд. Мо киштиҳои ба хорпушт табдилёфтаро таъмиру ислоҳ кардему шаш сафинаи дигар ба сафар омода сохта, хотирҷамъ хоб рафтем ва… аз як рӯйдоди муҳим бехабар мондем.

Рӯзи дигар Неъмат бо чеҳраи шукуфон гуфт, ки «бо сарварии шаҳриёр ба қалби лашкари муғул шабохун задем ва қариб ҳазор харпадарро куштем! Замин аз хуни душман ончунон ғарқоб шуд, ки кафшҳои бесоҳибмонда ба моҳӣ монанд шуданд…»

– Кадом Неъмат?

– Неъмати бачаи Ҳамиди оҳангар. Ҳамоне ки дар кӯдакӣ Ҳазрати Шайх Бурҳониддин аз марг наҷот дода буданд…

– Ҳоло вай сарбози Мирмалик?

– Худаш танҳо не, чил ҷавони сарсупурдаи ворухӣ навкари вафодори Мирмаликанд! Ҳамаашон муриди Шайхи Бурҳониддини Қилич. Ба ман гуфтанд, ки боз чил нафари дигар ба дифои Хуҷанд сина сипар кардан мехоҳанд…

– Хоҳишманд бисёр, лекин Иброҳимхоҷаи кадхудо яккачин карда, беҳтаринҳоро интихобан мегирад. Агар ба майли худашон монӣ, ҳама ҷавонҳои ворухӣ барои язнаи диловари худ ҷон фидо мекунанд.

– Эҳтироми почо мерос аз пайғамбари Худост! Вале ба сафарбарии умумӣ ҳоҷат нест. Мирмалик бо ҳазор размандаи чусту чолоки худ аллакай муғулҳоро сахт тарсонд, қафо гурезонд!

– Лашкари овозадори Чингиз ҳамагӣ як шабонарӯз дошт дод?!

– Не, рӯзи дуюм ҳам муҳориба сахт шуд. Улоқ Нуйон аскарҳояшро аз соҳил дуртар нигоҳ дошта, манҷаниқ ба кор даровард. Сангҳои паррони панҷпутию даҳпутӣ то девору боми киштиҳо мерасиданд, лекин ба намадҳои қирпӯш бархӯрдаю ҳеҷ осеб нарасонда ва дар боми сағонашакл лаҳзае наистода, поён меғелиданд. Аммо тирҳои синашикофи сарбозони сафинашин бехато ба нишон расида, шумори муғулро торафт кам мекард.

– Яъне, Мирмалик ҳарифаш Улоқ Нуйонро нагузошт, то як соат хуш бошад?

– Ҳа. Падари Мирмӯҳсин бо ёронаш ҳам рӯзу ҳам шаб гирди лашкари муғул гашта, гоҳ бо шамшеру гоҳ бо тир мезаду мекушт. Ҳоли душман табоҳ гашту қафо нишаст. Он гоҳ камонғулак ба кор даромаду ба сари душман санги бешумор парид. Бовар кунед, муғулчаҳои сарсону саргардону саркафида кучуки ҷиннӣ барин дум хода карда, қафо гурехтанду дар бағали кӯҳ пинҳон шуданд, то аз шабохун эмин шаванд.

– Яъне… пойи муғул ба хоки Хуҷанд нарасид?

– Пои номубораки чилу чанд асир ба ин соҳил расиду халос. Аксарияти муғул орзуи муҳол ба хок бурд…

– Шумо дар ҷанг иштирок накардед?

– Не. Чунки Мирмалик ғайр аз ҳазор сарбози яккачин дигар ҳеҷ касро барои ҷангидан иҷозат намедиҳад. Мо дар соҳили чапи дарё истода, бар ғазанфарҳои Хуҷанд офарин хондему маросими таҳсин ба ҷой овардем. Чунки даҳрӯза майдондории сарбозҳои сипаҳсолори маҳбуб ҳамагонро аҷаб дилписанд омад. «Ҳазор шукр, ки ёрони ҳарб муттафиқанд!» гӯён Мирмалик таъзими ом баҷо оварду маро ба хилват талабид ва миёни мо чунин гуфтугӯй шуд:

– Эй падари меҳрубон!

– Лаббай.

– Тандуруст ҳастед?

– Шукри Худо, сиҳату саломатам.

– Ҳеҷ ҷароҳат доред?

– Не, асп барин бардаму бақувват. Хайр аст?

– Замони ба Ворух баргаштани шумо расид. Раведу аҳволи мо гӯед. Фаҳмонед, ки агар ҷону дил бо зану фарзанд пайванд набошад, дарду ранҷ тоқатфарсо мешудааст…

– Ишорати падари дилнигаронро фаҳмидам ва мефаҳмонам. Лекин… душман дар таги манаҳ… Оё онҳоро аз ҷойи тинҷ кӯчондан бехатар аст?

– Дил фарох доред, падар. Ҷосус хабар овард, ки дар ҷанги шабона Улоқ Нуйон ҷароҳати ҳавлнок бардошта, хеле ваҳшатзада шудааст. Муғулҳо сафинаҳои ҷангиро тилисми Пири Хуҷанд пиндошта, ба тилисмшикани калони худ шикоят бурдаанд. Вале Чингизхони танфигор ба кушодани банди Бухоро банд асту барои сархорӣ имкон надорад… Ғайр аз ин, фасли зимистон омада, барфу сардӣ паёпай ҳукмфармо мешавад. Чингизиён аз нотавонӣ нафаси сарди зимистонӣ мекашанд. Яъне, то омадани табар кунда меосояд…

Ман сипоҳро ба соҳил ором медиҳаму шумо ба Ворух меравед, ба хешу табор дуруди маро мерасонеду ҳамроҳи тағоям маро бо дуои хайр сарфароз мегардонед ва ин навиштаро ба Нигина мерасонед…

Номаи Мирмалик бағоят мухтасар буд: «Ҳаҷри азизони дил лангари сабрамро гусаст. Шуморо дар Ворух дигар ҳоҷати истодан нест. Ҳарчӣ зудтар ҳамакаса ба Хуҷанд биёед!»

Дар поварақ байте буд нимхом:

Хандаи фарзанд гардонад балоро аз замон,

Биё эй ҷон, биёр он ҷон, падарро шод гардон!

Барои модару фарзанд шаби ялдо адо шуд…

Равзанаи ҳаштум. Назари эҷоб ба анҷоми ғазои ғазанфари ҷангӣ ва оғози ҷиҳоди паланги обӣ

Зимистон гузашту навбаҳор наздик омад, вале боғу роғ ҳамоно бараҳнадӯш ва беравнақ буд. азбаски офтоб ҳарорати андак мебахшид, гуле ё сабзае ҳаракати нашъунамо надошту насими форами Сайҳун чун вазиши тири камон ба гӯшу гардан таъсири сӯзнок мерасонд. охирин нафасҳои сармои дай ба рагу пай карахтӣ оварда, ба боди найсон имкони вазидан намедод.

Рӯзе осмонро абри сиёҳ пахш карду як соат зиёдтар яхча борид. Нигина, ки бо исрори Мирмалик ба қалъаи обӣ омада буд, болои бораи ғафсу баланд истода, оби яхолудро тамошо мекард. Ҳарчанд Мирмӯҳсин ҳамроҳаш набуд, осуда ба атроф менигарист. Зеро кӯдаки нимсолаашро дояи ҳалиму меҳрубон Мавлудабонуи кулангирӣ аз фарзанди хеш азиз медошт ва мисли модар мекӯшид, то писари хубрӯй монанди падар паҳлавону номҷӯй шаваду дар фазои ором бегазанд камол ёбад.

Интизорӣ тӯл накашид ва Мирмалик ҳамсарашро ба хилват талабид. Чун ҳамеша оғози сӯҳбат шоирона шуд:

– Ташрифи сарви равон маро ороми дилу фароғати ҷон гардид!

– Маро низ райҳони роҳат дар бӯстони дил сабзид!

– Ин бомдод хаёли рӯйи ту маро ногаҳон пеши назар омад. Ҳарчанд фурсати сархорӣ надорам, лаҳзаи дидор ғанимат шуморидам, то ҳарфи хайрбод гӯем.

– Худош хайр диҳад, ҳар кӣ сухани хайр меҷӯяд. Лекин… чаро сухан ба изтироб мегӯед?

– Хабар расид, ки Ҷағатой – писаркалони Чингиз бо бист ҳазор сипоҳӣ ва панҷоҳ ҳазор ҳашарӣ роҳи Хуҷандро пеш гирифтааст.

– Ҳашарӣ ҳам сарбоз аст?

– Сипоҳиёни асирафтодаю мардуми таслимшударо муғулҳо ҳашарӣ мегӯянд ва дар ҷангу қалъакушоӣ пеш меандозанд, то ҳар балое биёяд, аввал онҳоро дарёбад. Ба қавли Чингиз мардуми ҳашарӣ аз лашкарӣ беҳ аст.

– Яъне ки ба шаҳри мо қушуни ҳафтодҳазора ҳаракат дорад. Лашкари шумо чӣ қадар?

– Мо ҷамъулҷамъ даҳ ҳазор муҳофиз дорем. Лекин ман бо ҳазор сарбози яккачин бо муғул ҷангидан мехоҳам!

– Вой ман мурам! Оъ… як кас ба муқобили ҳафтод кас чӣ хел истодагарӣ мекунад?

– Гурдҳои силаҳшӯри ман аз нахустин нусрати хеш бар муғулон ҷудо ҳам рӯҳбаланд, бо ғайрати даҳчанд ба набарди ҳалкунанда тайёр шудаанд. Ҳама дар ойини мардию мардонагӣ тарбият ёфта, аз ҷони ширин ноумед нестанд, аммо тани хешро батадриҷ бо марг ошно кардаанд. Ин шоҳбайт шиори ҳар кадоми мост:

Лахти ҷигар пурхун кунам, овардгоҳ118 Сайҳун кунам,

Аз оби чашми сагмуғул хоки даман гулгун кунам!

– Дар кори лашкар бағоят ҳушёр ва сахт кушо будану ҳар доим сипоҳиёнро навозиш фармудани шуморо медонистам. Акнун фаҳмидам, чаро шуморо аз бисёр будани душман боке нест ва дил қавӣ медоред. Шумо дар ҳақиқат марди бузургед, эй ғазанфари муҳориб!

– Акнун бузургӣ дар ҳарб аст! Ман ҳисори обӣ дораму дувоздаҳ киштии ҷангӣ, ки барои душман дастнорас аст. Қалъаро аз тиру пайкон, шамшеру камон, найзаю сипар ва сангу ханҷар пур кардаам. Ғизою либос ҳам кофист. Сарбозҳои мунтахаби ман шертану девбанд, силоҳварзу сипоҳшикан ва далерони ҷангҷӯшанду айёрпешаи сарфароз. Ҳама муридони Пирам Подшоҳмарди валӣ! Тиру камони пайғамбарию анори Ёсин, тӯмори нигаҳдошт ва дуои ин бузургвор балогардони мост! Муридон сабақи махсус омӯхтаанду агар бо зарбу махраҷи хос дуои киштиронӣ «Бисмиллоҳи маҷроҳо ва мурсоҳо инка рабби ло ғафуру раҳим»119 дар дил хонда, сафина ба об ронем, иншоаллоҳ, ягон зараре намерасад…

– Ин хел дилпур бошед, ки бо хайли ҳазора ҳарб бояд кардан – бикунед, зеро шумо беҳтар медонед. Аз ибтидо то интиҳои муҳориба ба Худо муқтадо мекунам, ки тавфиқ ба шумо рафиқ гардонад. Лекин… одамҳо мегӯянд, ки дар сипоҳи Чингиз ҳар марди даҳум мисли Рустам паҳлавон аст. Яке Субудай – баҳодур будаасту дигаре Толучар – баҳодур…

– Муболиғаи хушку холӣ ин гап! Яқин медонам, ки Худо чун Рустам дигар ҳеҷ таҳамтан наофаридаст! Агар имрӯз шабеҳи Рустам нафаре бошад, ҳаргиз дар сипоҳи муғул набошад, ки ин қавми ҳақир кӣ будани он ориёҷигарро намедонад!!

– Ба чашми ман Рустами замону Исфандиёртавон шумоед, ки ҷанг бар шери жаён ва пили дамон танг медореду ғолиб меоед. Хоку оби ин хитта, ки ҷойи дарсхонӣ, арсаи бозӣ ва майдони асптозию шиноварии шумост, пушту паноҳи шумост! Ва шумо пушту паноҳи мо:

Ниёи шумо паҳлавонон буданд,

Паноҳи бузургону шоҳон буданд!

– Ҳар чӣ мегӯйӣ, алҳақ, рӯҳнавоз асту нерӯ физояд. Ҷадди бузурги сулолаи мо Абдуллопаҳлавони Хуҷандӣ солиёни зиёд сипаҳбуди далер ва размандаи содиқи лашкари сомониён буду имрӯз, бо тақозои тақдир, номбардор ва идомабахши пайкори он Мирабдулло манам… Аз сарнавишти худ ифтихор дорам, лек мағрур нестам. Зеро аз панди ниёкони худ медонам: тавозӯъ он аст, ки марди оқил қуввати худро аз иқтидори душман камтар бинад. Ҳар он чӣ қаблан гуфтам, барои таскини дили ту гуфтам, на худситоиву худписандӣ кардам. Дар асл, аё ҷонон, рӯзгор басо шӯрангез асту ҳуш дор, ки пайванди умр баста ба як тори мӯйи туст. Бинобар ҳамин Ҷаҳонофаринро ситоиш гуфта, ба зорӣ ниёиш мекунам: «Бор Худоё, агар вилоят аз ман маъдум120 кунӣ, боке надорам, вале он рӯз мабод, ки болу пари маро мафқуд121 гардонӣ!».

Нигина, ғайриихтиёри худ, бағоят дилтанг шуд ва гуфт:

– Аз несту нобудшавӣ Худо нигаҳ дорад, соҳибҳаётам. Талхию хушӣ мисли боди саҳро мегузарад. Даври Сикандар гузашту Искандари сонӣ ҳам нопадид гашту Чингиз ҳам фано меёбад. Фақат номи нек боқӣ мемонаду қаҳрамонӣ!

– Агар падару модару ҳамсару фарзанд набошад, маро чӣ суд аз қаҳрамонӣ? Бе шумо Хуҷанд тиҳӣ аст барои ман! Махсусан бе писар, ки давоми умри падар асту бо риштаи ноаёни тақдир мо ба ҳам пайвандем. Барои ҳамин алмудом илтиҷо мекунам, ки аз боло имдод ба мо расад, то бало қафо гардад…

– Аз дигарон умеди худро кандаед магар?

– Оре, умед ва такягоҳи ягонаи ман он Ягона аст. Зеро Ғиромшоҳи олам хонашери майдонғариб шудаасту аз шаҳр ба шаҳр мегурезаду ҳам сипоҳиён, ҳам аҳолӣ ва ҳам фарзандони худро аз чингизиён тарсонда, ба муқобилат накардан ва таслим шудан далолат карда, ҳатто ба мо – ҳокимони шаҳру вилоятҳо чунин фармоннома ирсол кардааст: «Чораи кори худро созед ва барои худ гурезгоҳе ба даст оваред, то аз чанги ҳаводис ва навойиб122 эмин бошед… Деҳқонон ва сойири халоиқ, ки қуввати гурехтан надошта бошанд, дар ҷойи худ мақом созанд ва ҳар вақт, ки лашкари муғул расад, ба қадами тоат инқиёд123 пеш оварда, ҳар ҳукму фармони онҳоро ба амал оранд»…

– Оббо! Маълум мешавад, ки ночизҳиммат ва оҷиз шудааст Шоҳаншоҳи олам…

– Оре, харгӯшаки Чингиз кори худро кардаасту аз дасташ дигар коре намеояд. Мулк бар вай зоеъ аст:

Шоҳи буздил масту мадҳуш аст,

Ду оҳуш дар хоби харгӯш аст.

– Шоҳзодаи валиаҳд Султон Ҷалолиддин ба ин амалкарди шармандавор чӣ мегӯяд?

– Вай хост падарро аз роҳи хато гардонад. Пешниҳод кард, ки «ҳама лашкарро дар канори Ҷайҳун муттаҳид сохта, Хуросонро мудофиа кунем ва Мовароуннаҳрро аз дасти душман кашида гирем. Агар Шоҳаншоҳи олам ин ҷо истодан нахоҳанд, лашкар ба ман супоранд. То ҷон дорам, ҳамроҳи Дамир Малик бо душман даст бар хун мезанам!» Афсӯс ки Султон Муҳаммад таклифи бародархонди маро қабул накард – на худаш истод, на ба валиаҳдаш имкону ихтиёру аскар дод ва оҷизона гуфт: «Ҳоло толеи ман баргаштааст… Ҳар вақт, ки толеъ ба ман ёр шавад, ба ҷанг рухсат медиҳам…»

– Яъне бо иродаи сусти подшоҳи ҷодушуда валиаҳди далер бечора шудаасту вай ҳам ба шумо мадад расонда наметавонад. Лекин Чингизхон бошад, рӯз то рӯз зӯри зӯр мешавад. Ё гапам хато?

– Рост мегӯӣ, азизам! То имрӯз Утрор шикаста шуду Сиғноку Узганд, Ушнасу Борҷиликқанд, Ҷанду Шаҳриканд, Фанокату Ёрканд, хуллас, соҳили рости Сайҳун пурра ба дасти чингизиён гузашту дар соҳили чап фақат як шаҳри Хуҷанд дастнорас монд, ки дарвозаи Фарғона аст…

– Бухоро чӣ?

– Ин шаҳри бузург ҳам ҳафтаи гузашта фатҳ шуду Самарқанди сайқали рӯйи замин ба вайрона табдил ёфт. Акнун навбати Ғӯрганҷ… Чингиз мехоҳад, давлати Хоразмшоҳиёни кабирро сағир гардонад. Вале Хуҷанди мо садди роҳи вай аст…

– Яъне, шумо устухони сахтед дар гулӯи Чингиз?

Мирмалик оҳи сард аз дили пурдард кашид:

– Шояд ҳамин хел бошад… Лекин, ба фикрам, таърих такрор мешавад. Худат аз китобҳо медонӣ, ки панҷсаду чил сол пеш лашкаркаши араб Салм ибни Зиёд бо панҷ ҳазор савора ба Хуҷанд ҳуҷум оварду шикаст хӯрд…

– Ин қиссаро медонам. Як шоири араб, ки шоҳиди шикасти шармандавори ҳамқавмонаш буд, шеъргунае дорад ба ин маънӣ:

Э кош саворони мо аз Хуҷанд намегурехтанд.

Ва дар набардгоҳ асир шуда ҳамефитоданд.

Мурғон бар ҷасадҳо гирд омаданду аъроб

Оғушта ба хун сӯйи Холиқ намешитофтанд…

– Офарин туро, эй ҷони ширин, ки ҳофизаи хуб дорӣ! Он замон аъроб шикаст хӯрду муддате ҳеҷ кас ҷуръати ҳуҷум надошт. Халифаи ниқорталаб сарлашкараш Қутайбаи ҷаррорро бо қушуни бистҳазора маҷбуран ба Хуҷанд сафарбар кард.

Ин замон дар ҷанги аввалия Улоқ мағлуб шуду Чингиз писараш Ҷағатойро бо бист ҳазор хунхор ба шаҳри мо равона кардааст.

Он замон мардуми шердили Хуҷанд аҳлона ба набард хестанду онҳое, ки силоҳ надоштанд, калтак ба даст гирифта, ҷанг карданд. Муҳориба даҳ сол тӯл кашиду бо сулҳи муваққатӣ анҷом ёфт…

Нигина мутанаффир гашту бо оҳанги малул гуфт:

– Худоё, аз боди рӯзгори бадгавҳар дар паноҳат нигаҳ дор, ки аз Чин то Бухоро пур аз лашкари Чингиз шудааст. Он замонро донистам, ин замон чӣ мешуда бошад?

– Инашро Худо медонад. Ҳамеша сипос бар Аллоҳ мегӯям, ки ғайр аз ҳисори олию киштиҳои ҷангӣ ва камонғӯлаки хуҷандӣ боз як паноҳи басо мӯҳкам дорем…

– Кадом аст он?

– Дарёи Сайҳун. Ба қавли Саъдӣ зи дарё сад манофеъ бешумору ман худро фарзанди дарё меҳисобам ва азбас чор тарафи қалъаи баланди мо муҳот бо об аст, он моҳии малакист, ки шаст фурӯ нагирад. Яъне, агар нолаи об аз ноҳамвории замин бошад, фиғони муғул аз мавҷи дарё хоҳад шуд! Зеро қавме, ки ба ҳарби мо омадааст, сахтҷӯш ва хонасӯз аст, вале шиновар несту ба гирдоб расад, ғарқа мешавад.

– Илоҳо, дили Чингиз ғарқа дар хуни ҷигар шавад! Дар Сайҳун ғарқа гардаду асло амон наёбад!

– Яқин медонам, ки дуои неки модарон алмудом мустаҷоб мешавад, эй гиромитар аз ҷони ширин! Ҳамеша аз Парвардгори олам илтиҷо намо, ки фарзанди шоистаамонро нобуд нагардонад, меваи диламонро хомсӯз накунад, то дасти падар дар ҳаво холӣ намонад… Дарвоқеъ, эй мағзи ҷигар, чаро нури басари маро бо худ наёвардӣ?

– Момодоя Мирмӯҳсинро ба Кулангир бурд, ба меҳмонии бобои Мирфозили дилпазмон… Аз ин ҷо ман ҳам бо роҳи миёнбур наздашон меравам. Шумо ҳам меравед?

– Бо ҷону дил мерафтам, лекин… гуфтам-ку Ҷағатой дар остонаи Хуҷанд…

– Эй Малики дилам, агар иҷозат диҳед, ҳамроҳи шумо истам.

– Чаро?

– Маро иштиёқ ва ҳаваси бисёр аст, ки шуморо дар корзор бинам…

– Ман ҳам туро дар паҳлуи худ истондан мехоҳам. Лекин фурсат мусоид нест ва ту бояд ҳар чӣ зудтар равӣ, то доимо паҳлу дар паҳлуи Мирмӯҳсин нигоҳ дорӣ…

Нигина дилкашол хилъат пӯшида, ҳаракати рафтан кард.

– Исто! – овози Мирмалик омирона садо дод. –Бо ҳамин хилъати нафис меравӣ?

– Барои меҳмонӣ мувофиқ либос пӯшидаам…

– Намешавад! Ту бояд мутанаккир шавӣ.

– Инаш чӣ гуфтанӣ гап? Имрӯз ин қадар бисёр ибораҳои арабӣ кор фармудед? Аз ин пеш «мафқуд» гуфтед, ки маънояшро ба тахмин фаҳмидам…

– Барои он ки Мирмӯҳсин мафқуд нашавад, ту бояд мутанаккир шавӣ! – гуфт бо ҷиддияти том Мирмалик ва сипас оҳанги гуфтор мулоим кард. – Азбаски сухани сабук хоколуд аст, аз лафзи кӯчагӣ ҳазар дорам. Акнун он ҷумларо бо лафзи хуҷандӣ шунав: э занак, барои он ки бачата аз бағалат кашида нагиран бидӣ-бидӣ накада, дарров афту башарата мардона када, алакимчихел анҷоми дигархелак пӯш, ки ягон бетутуруқ нашиносадат.

На страницу:
41 из 48