Нигина ва Мирмалик - читать онлайн бесплатно, автор Додохони Эгамзод, ЛитПортал
bannerbanner
Полная версияНигина ва Мирмалик
Добавить В библиотеку
Оценить:

Рейтинг: 4

Поделиться
Купить и скачать
На страницу:
40 из 48
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

* * *


Тифли навзодро дар ҳафтрӯзагиаш ақиқа накарданд, зеро Ҳазрати Шайх Маслиҳатдин баробари ба дунё омаданаш вайро Мирмӯҳсин номида, бо дуои сабз роҳашро равшан гардонида буд. Вале таомулро риоя намуда, гӯсфанди фарбеҳ куштанду ҳисса-ҳисса ба фақирон дода, барои аҳли байт ва хешовандон хомшӯрбо андохтанд.

Гулсимо, ки аз ҳама пеш омада буд, тифли дӯстрӯякро навозиш намуда, бо лаҳни кӯдакона пурсид:

– Дадаҷонатро пазмон шудӣ? Ҳай-ҳай! Дадаҷонат кай омада буданд?

– Се рӯз пеш, – ба ҷойи кӯдак ҷавоб гардонд Нигина. – Лекин мо хафа не. Чунки дадаҷонаш серкор…

– Дуруст мегӯӣ, акоям ҳақиқатан ҳам серташвиш, шабу рӯз дар қалъаи обӣ, – тифлро ба катча хобонда оҳи пурдард кашид Гулсимо. – Лашкар кашидани Чингиз ҳама корро чаппаю зеру забар кард. Вилоят ноором…

– Ман ҳам ҳис карда истодаам, ки амният халалдор… Аз ҳамин сабаб дарди дил пеши дадаҷонаш бурдан намехоҳем…

– Чӣ хел дарди дил?!

– Сахт метарсам, ки Чингиз ба Хуҷанд меояду ҳоли мо табоҳ мешавад… Бахти мо фано меёбад… Писаракам…

– Зиқ нашав, як ту не, ҳама дар чунин фикру хаёл. Лекин… Бовар дорам, ки калонҳо илоҷ меёбанд. Назар ба шунидам, имшаб ҳама авлод ҷамъ меоянд. Акоям даъват кардааст…

Дар оғози сӯҳбат Мирмалик хабари охиринро ба самъи ҳозирин расонд:

– Оташ дар атрофи Утрор торафт баланд забона мезанад. Лашкари муғул фавҷ-фавҷ меояд. Ба ҳисобе аз дусад ҳазор зиёд шудаасту аз ҷониби Қошғару Балосоғун ҳамин қадари дигар дар роҳ…

– Ба назарам чунин менамояд, ки зиёни ин оташ ба ҳама ҷо мерасад, монанди абре, ки бод густариш диҳад, ҳама шаҳру рустои мамлакатро фаро мегирад, – андешаманд лаб ба гуфтор кушод Шайх Маслиҳатдин ва пурсид: – Утрор чӣ қадар муҳофиз дорад?

– Ғоирхон панҷоҳ ҳазор сипоҳӣ дораду Хоразмшоҳ даҳ ҳазор ҷанговарро бо сарварии Қарочӣ ҳоҷиб кӯмак фиристодааст… Аҳволаш танг, муғулҳо ҳалқаи муҳосира торафт таранг мекашанд. Чунки Чингиз ба ҳокими Утрор ҳисобу ҳасаби алоҳида дорад.

– Мактуби Чингизхон дар ёдам ҳаст. Навишта буд, ки «ба сари халқи сартаул бо ҷанг меравам, то интиқоми Ухун ситонаму барои садҳо аҳли сафорат ва тиҷорат қасос гирам. Магар Инали бенухтаро, ки зеварҳои лаҷоми подшоҳии маро барканд, ҷазо надодан мумкин аст?!»

– Гуноҳ кӣ кунаду ҷазо кӣ бинад! – хитоб кард очаи Моҳсимо. –Парвардгор халқро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ғазаби Чингизро аз сари мардуми Утрор дур гардонад!

– Шумо гӯед – нагӯед, Чингиз худро аз Утрор дур кашид, – бо табассум ба модари Мирмалик нигарист Шоҳмурод. – Дид, ки мудофиаи шаҳри мустаҳкам ба дарозо мекашад, писаронаш Ҷағатой ва Уқтойро дар Утрор гузошту боқимонда лашкар се ҳисса кард. Писари бузургаш Ҷӯҷиро ба ҳадди Ҷанд ва Борҷиликқанд фиристоду худаш барои забт кардани Бухоро лашкар кашид. Улоқнуён ва Мангубуқаро бошад, бо панҷ ҳазор сипоҳӣ ба тарафи Фанокат ва Хуҷанди мо равона кард.

– Вой ман мурам! Наход дар Хуҷанди мо ҳам ҷанг шавад?!

– Натарсед, холаҷон! Мабод он рӯз, ки оби чашми занҳои Хуҷанд дарё шавад! – овози Сабзалӣ раъдосо садо дод. – Аз дасти панҷ ҳазор муғул чӣ меояд?! Бо лашкари андак бо хуҷандиён ҳарб кардан аблаҳияй…

– Бародари мо дуруст мегӯяд: Чингизхон ин вилоят аз дасти мо берун натавонад кард, магар бо сад ҳазор шамшери кашида…

– Шоҳмурод, ту беҳтар медонӣ. Лекин… шунидам, ки лашкари муғулу тотор чун мӯру малах ба ҳам омехта, пеш меояду Чингиз ба ҳар самт дастаҳои имдодӣ паёпай мефиристад, – Бобои Мирфозил – амаки Мирмалик шасти ҷавони кӯҳистониро андак паст гардонд. –Мегӯянд, ки сипоҳиёни моро шумор ба ангушти панҷа асту аскари муғулро ҳисоб ба мӯйи сар…

– Оъ, гапи Хоразмшоҳ дигар хел буд, худашро наҳангу Чингизро кафлесак мегуфт… Шумори аскарашро аз ситораи осмон бисёртар меҳисобид…

– Ҳозир ҳам лашкари Хоразмшоҳ бисёр, модар. Масалан дар Самарқанд чорсад ҳазор ҷанговар дорад. Лекин ҳама ҳайрон, ки чаро ба тарафи Утрор ҳаракат намекунад? Ҳамагӣ даҳ ҳазор кӯмак фиристоду халос…

– Шоҳаншоҳи олам, албатта, ягон фикру нияти зӯр дорад. Душманро бо ҳилаю найранг ба биёбон кашида, зӯру мадорашро санҷида, баъд бо як зарба несту нобуд мекунад!

– Илоҳо, ҳамин хел шавад. Валекин Чингизхон нодону зудбовар не. Ҳам муғамбир ва ҳам батадбир вай! Дар ҷавонӣ шогирди иблис буду ҳолӣ шайтон аз вай сабақ мегирад. Мегӯянд, ки бо даму нафаси Чингиз аз сарбози муғул як қатра хун бо ҳазор ҳила мечакад…

– Ба шаётин ҳамқирон будани шоҳи муғул аз назари мо пинҳон нест, – сухани бародараш Нуриддинро тақвият дод Шайхи Бузургвор. – Бефарҳангу бетавфиқ, бераҳму бешафқат, бешарму бемурувват ва бенамаку бефарҷом будани Темучинро ҳам медонем. Яъне вай шоҳи бад асту чун бадӣ пеш ояд, мо бояд аз бадтар битарсем ва нек бияндешем. Маслиҳат дар он мебинам, ки қабл аз ҳама мулоҳизаи ҳоли имрӯз ва фардои занону кӯдакон кунем…

– Оре, дар ин масъалаи тақдирҷунбон таъхир кардан кори хирадмандон нест, – гуфт Бобои Мирфозил. – Мӯйи ман, ки сапед чу шир аст, аз шамшеру тир ҳаргиз наметарсам, аммо аз найрангбозиҳои тақдир сахт меҳаросам.

– Ин хел ки бошад, бо муғул ҷанг кардан чӣ даркор? Дарвозаҳоро калон кушода, бо гулдастаю нону намак пешвоз гирем, на сих месӯзад, на кабоб!

– Холаи Фотима дуруст мегӯяд. Чунки ҳар касе дар узлат бошад, аз вай интиқом намеҷӯянд.

– Ин хелак не, Гулсимо! Ба чашми муғул ҳар кадоми мо сартаул. Яъне, инсони дуюм-сеюм дараҷа. Хоҳ ба зорӣ, хоҳ ба зар худро таслим кунем, моро хар карда, ба болоямон савор мешавад!

– Ман ҷонибдори Бобои Мирфозил. Ҳақиқатан ҳам назди хар хармӯҳраву гавҳар якай. Муғули тангчашм мора ба ду пули пучак намегирад. Хоҳем, ки зердаст нашавем, бояд зурдаст шавем!

– Эҳтиёт бош, Сабзалӣ, ки зӯри беҳуда миён мешиканад! Мардуми Хуҷанд аз об кулӯхи хушк намеҷӯянд!

– Холаи Фотима дуруст мегӯяд. Эй Сабзалӣ, оташе, ки куштан мехоҳӣ, муҳол аст! Хубаш, бо муғулҳо мурофақат кунем…

– Мурофақаташ чияй?

– Бо муғулҳо ҷанг накарда, ёру рафиқ шавем…

– Нафас ях, эй хола! Ин хаёли ту амри муҳолай! Фикри ту хомай! Гапи ту ношуданияй!! Мардуми мо мегӯянд, ки беразмӣ ноҷавонмардияй!!! Охир, ҳама медонанд, ки кӯҳи азима ай ҷо ҷунбондан муҳолай. Хубаш, кампиракҳо ҷоғшона банданду хирадмандҳо гап зананд!

Шайх Маслиҳатдин, ки футаи фохиру дастори бузург дошт, чеҳраҳои ҳазинро бо нигоҳи гарм навозиш карда, бо лаҳни нарм, вале оҳанги қатъӣ гуфт:

– Ҳама хуҷандиён имрӯз дармондаю саргаранг ва оҷизем ва бо як овоз мегӯем, ки дареғ бувад, агар муғул дар шаҳри мо ватан кунад. Ҳарчанд хуб медонем, ки молу матои дунё дастобадаст гузарон асту молики ҷовид фақат он Ягона асту ҳукм ҳукми ӯст! Бо вуҷуди ин, азбаски орифон «инсон боумед, шайтон ноумед» гуфтаанд, барои беҳбуди зиндагӣ алоқадри ғайрат, ҳиммат ва хирад ҷаҳду ҷадал мекунем. Яъне, аз тақдир ҷойи гурез нест, аммо тақдирҷунбонро сарфи назар кардан хилофи одаму одамгарист.

Дар паси пардаи тақдир нақшу катибаи бисёре ниҳон асту ба ман фақат ҳамин қадар аён гардид, ки иншоаллоҳ Хуҷанди зебои мо вайрону валангор намешавад ва ба хароба табдил намеёбад. Вақте дар субҳи солеҳон ба нияти натиҷагирӣ китоб кушодам, ояти дуюм аз сураи «Ал-ҳашр» пеши назар омад: «Фаътабару ё ули-л-абсор!» Яъне, Худованд мефармояд: эй соҳибони басират, панду ибрат бигиред!

Гумон мекунам, ки ин ояти шариф илҳомбахши устод Рӯдакӣ аст, ки мегӯяд:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона, чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст!

Талқини ояти муборак ва байти таборак он аст, ки мо хуҷандиёни соҳиби басират бояд аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак ва дурандешу доно бошем, аз мушоҳида ва мулоҳизаи аҳволи дигарон дар ин айёми тақдирсӯз сабақ гирем, то ба хатои дағал роҳ надиҳем.

Имрӯз баъди намози пешин ҷамоате аз машоихи вилоят, шоирону олимон ва пешавару деҳқонон гирд омаданд ва гуфтанд: «Чора дарёбед, то мусулмонӣ табоҳ нашавад». Эшонро гуфтам: «Бо дили парешон чора натавон сохт, то пагоҳ ба осудагӣ нек тааммулу тафаккур намоед, пасон ҳамроҳ назди садри Хуҷанд равем ва бо маслиҳат тадбиру рой андешем. Зеро чораи асосӣ он аст, ки бо Мирмалик дасту дил як кунем, то Хуҷандро ҳифз намоем ва ҳам номи нек дар дунё ба ёдгор гузорем».

Эй садри оташдилу оҳанбозу! Даст бар рӯйи даст ниҳода, ягон лаҳза аз ғазо ором нашин, то аз саҳмулғайб115 бенасиб намонӣ. Ту акнун сари озодагону тоҷи бузургон ва садри сафшикану нангбардори Хуҷанд ҳастӣ. Камони пайғамбарӣ ба ту месупораму бо ваколат аз Товуси Ҳарамайн дуоят мекунам: вуҷуди поки ту пур аз аз нур бод! Ба нангбардори Хуҷанд ҳар кӣ дарафтад – барафтад!!

Ҳама даст ба рӯй кашиданду Мирмалик тибқи одат чашми умед ба модар дӯхт ва якбора сахт ба ҳаяҷон омад. Зеро чашми модар талх-талх ашк мерехт.

– Эй модарҷон, шуморо чӣ ранҷ расид?

–– Қазо расад, оби чашм худ аз худ мерезад, писарам. Ин дили зору низори ман, ки ҳамеша саргарми туст, дар миёни обу оташ қарор дорад.

– Мефаҳмам, модарҷон, ба шумо душвор. Бастаи хуни ҷигар дидаи оламбини шуморо азият медиҳад. Афсурда нашавед, модар, дуо кунед, ки оқибати кор бахайр шавад.

– Бидон, эй писарам, ки то зинда бошам, дуогӯ дар паҳлӯят ҳастам. Агар умр вафо накунад, мурдан пеши фарзанду дӯст зиндагии накӯст. Фақат… орзуи муқаддаси модар ин аст, ки бар матои умри фарзанди азизаш доғи ҳеҷ мотам мабод! Намехоҳам, ки дар канори Сайҳун аз дарду доғи пайвандону дилбандон дарё-дарё ашк резам…

– Суханҳои ҳасана гӯед, модарҷон…

– Наметавонам… Агар Чингиз ояд, ҳоли фарзанду набераҳои ман чӣ мешавад?! Пирам Подшоҳмарди Валӣ гуфтанд, ки дар навбати аввал мулоҳизаи ҳоли занону кӯдакон кунем, вале гап нотамом монд… Ман нагирям, кӣ мегиряд?!

– Зиқ нашав, эй фарзанди азиз! – бо тараҳҳум ба модару писар нигариста, Шайхи ҳамабин хост Мирмаликро аз вазъи ноҳинҷор берун орад. – Ҳар гоҳе ойинаи ҷаҳон ғуборолуд шавад, пеш аз ҳама табъи модарон хира мегардад…

Модар дуруст мегӯяд, ки гапи ман нимкола монд. Чунки ҳамаро воҳима пахш кардаасту бори басо гарон аст тарсу ваҳм ва дар талвосаю талотуб баъзан гапи зарурӣ ношунида мемонад. Аммо ту ҳамеша ҳушёру бедор бош, эй шаҳриёр ва ба умқи каломи модар сарфаҳм рав, ки вай аз тақдири набераю духтаронаш сахт хавотир буда, онҳоро ба ҷойи бехавф кӯчондан мехоҳад…

– Ин кори ношуданӣ! Шармандагӣ! Мардум чӣ мегӯянд?! «Вой бар ҳоли шаҳриёри буздил, ки аз ҳайбати Чингиз тарсида, зану кӯдаконашро гурезонд!» мегӯянд. Лаънат мехонанду нафарин мекунанд… Ман дар ҳавои некномӣ зиндагӣ дорам, на шармсорӣ!

– Аз шармандагӣ Худо нигаҳ дорад, писарам. Лекин эҳтиёткорӣ зарар наорад.

– Оре, дурандешию борикбинӣ ва мулоҳизакорӣ сифати ҳамидаи сарварони хурду бузург аст. Дар китобҳо навиштаанд, ки «инда-ш-шадоида тазҳабу-л-аҳфод», яъне, дар тангиву сахтиҳо наберагон ҳам фирор мекунанд. Ин иқтибос барои он овардам, ки марди асил ҳақ надорад дар лаҳзаҳои пурмашаққати ҳаёт зану фарзанди худро ба сахтию хору зорӣ танҳо бигзорад. Бо сахтдилон сахтӣ кардан шиори марди асил аст, на бо модару зану кӯдакон…

Мирмалик лаҳзае ором истода, зеру забари суханҳои пандомези Пири муаммари худро бо камоли нуктасанҷӣ таҳлил карду бо тамкини хос гуфт:

– Нофизфармон116 шумоед, Пирам. Ҳар чӣ дастур диҳед, ба ҷон қабул дорем.

– Ҳар лаҳзаи зиндагӣ, ҳатто агар ногувор бошад ҳам, ширинии хоси худро дорад, – Шайх Маслиҳатдин бо нимханди гуворо ҷониби тифли навзод нигарист. – Бибӣ Гулсимо аз ояндаи набера дар ташвишу ман аз имрӯзу фардои абера ноором, ки ҳар ду як тифли ҳафтрӯза – Мирмӯҳсини хандонлаби аз дунё бехабар, писари Мирмалики азизи мост ва дар бағали модараш Нигина ором хобида, суханҳои пасту баланди моро бо лабханда гӯш мекунад. Рости гап, агар ду маротиба хостгор шудани Чингизхонро намедонистем, шояд ин қадар ба изтироб намеафтодем. Ин ҳақиқати талхро ва кинавару ниқорталаби ашаддӣ будани хони муғулро, ки медонем, тадбири дуруст меҷӯем. Аммо ҳеҷ не ки ёбем…

– Бобоҷон! – бехуд овоз баланд кард Нигина ва дарҳол ба худ омада, узромез ангушт бар лаб гузошту ҷониби Мирмалик нигарист ва чун дид, ки ӯ омодаи шунидани давоми сухан аст, далертар шуд. – Агар иҷозат бошад, як даҳан гап дорам…

Мардон бо ишораи сар рухсат доданду Очаи Гулсимо бетоқатона «Гап зан, духтарҷон!» гӯён Нигинаро ҳадаҳа кард.

– Намедонам, ин расму одат дар Хуҷанд ҳаст ё не, лекин дар Ворух аз қадим як урфу қоидаи мусулмонӣ ҳаст: ҳафт зану духтар аз аҳли байти домод дар бистрӯзагӣ кӯдакро аз манзили падарӣ ба хонаи модараш мебаранду инро чиллагурезон мегӯянд…

– Чиллагурезон одати қадимаи хуҷандиҳо! – баробар нидо карданд бонувон. – Дигарҳо аз мо ёд гирифтагӣ!

– Ин анъанаи қадимаи ориёӣ, – лаб ба тафсир кушод Бибӣ Гулсимо. – Дар Самарқанду Бухорою Ҳироту Бадахшону ҳама шаҳру рустои тоҷикнишин риоя мешавад. Фақат ҳар маҳал вобаста ба шароиту имконият шумори рӯзро пешу қафо бурдааст. Мо, хуҷандиҳо, тифл даҳрӯза шудан ҳамон «аз нӯҳ гузашт-аз кӯҳ гузашт» гӯён, чиллагурезон мекунему баъд гаҳворабандон…

– Чӣ хел нағз! – аз хурсандӣ гул-гул шукуфт Нигина. – Мо ҳам чиллагурезон мекунем?

– Албатта! – фасеҳу бурро ҷавоб гардонд Мирмалик ва ҳама фаҳмиданд, ки ӯро изтироби дилаш ба якборагӣ фурӯ нишаста, хотири шариф осуда гаштааст. – Модарҷон, шумо зану духтарҳои ба чиллагурезон мерафтагиро муайян кунеду аз паи либосу ҷиҳози урфӣ шавед, Сабзалӣ аспу ароба омода месозад.

Шаҳриёр лаҳзае таваққуф карда, ҳозиринро сар-сарӣ нигаристу Шоҳмуродро пеши худ хонд.

– Бародарам! Қофилаи чиллагурезонро то Ворух бурда, ба дас-ти Очанурӣ месупорӣ. Ба бобои Мирмӯҳсин – усто Абдулсайид дуруди маро мерасонию беҳтарин дуредгарҳои ворухиро интихоб карда, ҳамроҳ меоред. Бигзор Бобосайид ба ҷойи набера дар мудофиаи Хуҷанд саҳм гузораду ҳунарашро ба киштисозӣ сарф кунад…

Эй сорбон, илтимос, вақти рафтан ҳеҷ куҷое манзил макун, ҷуз дар диёри ёри ман!

– Ташаккур, шаҳриёр.

– Барои чӣ?

– Хотири Саъдӣ ба хайр бод, ки бо лутфи шумо хоҳиши гармаш иҷро мешавад.

– Чӣ хел хоҳиш?!

– Вақти аз Хуҷанд рафтан чанд ғазал дода буд барои оҳанг соз кардан ва суруд сохтан… Нафасзиқ будам, ки бо касофати Чингиз замона дигар гашту вақти сурудхонӣ гузашт. Шукри Худо, ки бо шарофати «сорбон» гуфтани шумо як ғазали шоир ғазали роҳ мешавад:

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,

Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад…

Мирмалик дарҳол ба Шоҳмурод ҳамовоз гардид. Лабаш суруд мехонд, аммо дилаш хун мегирист. Ягона таскини қалбаш он буд, ки Мирмӯҳсин аҳли дудмонро аз балои наздикрасида дур мебарад…


* * *


Нигина дар Ғӯрганҷ аз модари Султон Ҷалолиддин шунида буд, ки ҳар касе ёқут ба худ дорад, гаронбор нагардад. Аммо дар Ворух кор баръакси ин гуфтор шуд: шабҳои дароз гӯшвори армуғонӣ дар даст аз ғаму андешаи Мирмалик то дергоҳ намехуфт ва ба ибораи Низомӣ «ба алмоси дида ёқут месуфт». Ҳоли хештан бо кӯҳи Душоха мегуфту зора аз санги хора мекард, ки ҷавонмардӣ кунаду ба ивази дили ӯ пора-пора шавад…

Якуякбора маҳзун шудани Нигинаро сабаб он буд, ки фикри рӯзи ояндаро аз сар берун карда наметавонист ва ҳарчанд мекӯшид, дар пешорӯ ғайр аз торикии ваҳмангез дигар чизе намедид. Ёдаш омад, ки дар аҳди қадим Искандари Зулқарнайн баҳри дарёфти оби ҳаёт худро ба зулмоти ақсои олам афканд, аммо ба мақсад нарасид, бо алам аз олам нопадид гардид. Ҳолиё Мирмалики диловари ӯ айнан дар чунин ҳолат қарор дорад – чор тараф торикистону вай баҳри некномӣ ҷангу ҷадал карданист. Оё муваффақ мешуда бошад?!

Ояндаи фарзандаш ҳам тамоман торик… Ҳанӯз ду моҳи пурра нашудааст, ки Мирмӯҳсин аз зулмоти салос берун омад – аз торикии шиками модар, торикии зеҳдон ва торикии парда раҳо гашта, ба дунёи равшан чашм кушод, аммо худи ҳамон рӯз оламро абри сиёҳи тирафом пӯшонд ва ҷамоли тифли якрӯзаро зулмоти чаҳорум бо ниқоби сиёҳ печонд! Оқибатуламри чаҳорум торикии даҳшатовар чӣ сон бошад??

Субҳдамодам сухани хайрбодии Мирмалик дар гӯшаш садо дод: «Агар маро воқеаи ногузир пеш ояд, ту ҷони худ нигаҳ дор, то фарзандамон аз офату бало ва уболу завол бегазанд монад». Нигина оҳи дарднок кашида, бо чашми андӯҳгин назар ба тифли хуфта андохт. Дид, ки лабонаш моил ба табассум аст. Шефтаю мубтало гашту ҳама гапи оламро фаромӯш карда, дилро ба вай машғул гардонид. «Шод бош, эй рушноии чашми модар!» – гӯён навозиш намуду аз он болид, ки тани тифлаш чун нуқраи пок асту рухаш мисли шир соф! Ин таносубро рамзи бахти сафед пиндошт ва худ ба худ ором гирифта, сар ба паҳлуи кӯдак ниҳод…

Соате гузашт ё не, хушдоманаш Моҳсимо бедораш кард:

– Дарров хез, духтарҷон! Аз дадои Мирмӯҳсин мактуб омад!!

Ҳусни хати зебои Мирмаликро Нигина шинохт ва мӯҳр канду ҳарисона ба қироат пардохт, ки бе риояи одоби номанигории расмӣ навишта шуда буд:

«Салом, эй ёри азиз ва модари меҳрвари фарзанди аз чашм дуру ба дил наздикам. Қабл аз ҳама ба ту маълум менамоям, ки бе наззораи рухи дилҷӯйи зану фарзанди дурафтодаи хеш як дам қарор надорам ва ҳарчанд дар миёни заҳмату меҳнату фикру андешаю ташвиши зиёд нопадид гаштаам, рӯйи зебои шумо доимо пеши назарам ҷилвагар аст. Ягона тасаллои дили гумзадаам ин аст, ки фарзанди дилбандам дар манзилу маъвои модари худ аз ҳавои тозаю беғубор осуда нафас мекашад. Шод аз онам, ки азизони ман дур аз бало қарор доранд.

Эй моҳи меҳрпарвари ман, сухани номавзун ва дар ҳолати шитоб навиштаи ман мабод, ки ба самъи муборак гарон ояд. Зеро имрӯзҳо як сару ҳазор савдо дорам. Ҳарчанд хасм нопайдост, аммо гапу калоча, фарзу тахмин, таклифу пешниҳод бисёр аст. Мардуми Хуҷандро ҳам ғайрат ҷӯшидаасту ҳам майнаи сар. Аксарият, шукри Худованд, бо мо яктану яксафанд, худро вориси ниёгони баному нанги Хуҷанд меҳисобанд ва омодаанд, силоҳи дурахшон баланд бардошта, сари хасм аз тан ҷудо кунанд. Онҳо ватанпарвари асиланд ва хуб медонанд, ки то имрӯз ягон лашкаркаши аҷнабӣ бо зӯрӣ Хуҷандро забт накарда, ҳама подшоҳони ҷаҳонкушо бо созиш ва сулҳу салоҳ озими Тирози ҷаҳон – ҷаннатмакони бо райҳону гул зиннатёфтаи рӯйи замин шудаанд.

Он хуҷандиҳое, ки ин сабақи таърихро медонанд, ба мубориза сар бардоштаанд, то духули Чингиз ба Хуҷанди арҷманд муҳол гардад. Вале ҳама яксон нестанд. Баъде ки утрориҳо ба азоби гулхани дӯзах гирифтор шуданд, баъзе зайифдилон ба ҳарос афтода, мардумро аз мубориза боздоштан мехоҳанд. «Ҷанг маслиҳат нест, зеро бо Чингизи оламгир ҳарб кардан аблаҳист, мисли нақш бар сафҳаи об нигоштан! – мегӯянд онҳо. – Салоҳ дар сулҳ аст».

Дирӯз хабар ёфтам, ки марде палид падид омадааст, то буздилонро боз дода, вилоятро ба ман шӯрида дорад. Ту вайро мешиносӣ – Аҳмади баззоз, матоъфурӯши бозори Панҷшанбе. Аз он хавф дорам, ки ҳолиё ба ватанфурӯшӣ машғул аст. Зеро андар чашмҳову башараи хунукаш хилофу исён мебинам. Дар растаҳои бозор гап ба найранг мегуфтааст: «Бо Чингизхон ҷанг кардани мо кори хато. Биёед, заминро ба осмон надӯзем ва гови нар наҷӯшем! Хубаш, ба Чингизхон таслим шавем, то ҷони ширин нигоҳ дорем…»

Алҳол маро маълум нест, ки аҳли Хуҷанд ба дил бо Аҳмад чӣ гунаанд? Лекин хурду бузург ба муҳориба тайёрӣ мебинанд. Аксар ҳунармандони шаҳр акнун фақат аслиҳа месозанд. Заргарон низ тиргарию камонгарӣ мекунанд, ки сифати корашон аз устоҳои Чоч монданӣ надорад. Як оҳангари хистеварзӣ аз оҳани нӯгтез румҳ сохта, намуна овард. Барои санҷиш ба нӯги найза устувор карда, дар ҷавшан озмудем, аз синони Кова беҳтар баромад – ба як зарба зиреҳу хафтон бибурид!

Умуман, имрӯз дар шаҳр марди фориғ кам андар кам асту ҳатто занон мардвор кор мекунанд ва дар мараммати лашкар – таъмини озуқаю либосу улуфа ва дигар муҳимот бо амри дил саҳм мегузоранд. Ҳашар карда, гирдогирди қалъаи обӣ боз як девори мустаҳкам сохтем аз сангу гили танӯрӣ ва барои он ки кафи дарё соҳили ҷазираро наковад, чораҳои эҳтиётӣ андешидем. Яъне, сохтмони ҳисори обӣ пурра анҷом ёфту ман ба мақсад расидам! Ту, албатта, маънои хитобро хуб медонӣ. Зеро худат шоҳид, дар ҳузури мардум савганд ёд карда будам ба покии Яздонӣ, ки обе хуш нахӯрам, то дар миёни Сайҳун қалъаи мазбут барнаёрам. Бовар кун, азизам, дар байни об қалъае тавонистем сохтан, ки агар ҳамчу ман лашкаркаше ба фатҳи он ояд, натавонад гирифт!

Чу дар дастам бувад дарёи саркаш,

Чаро парҳезам аз сӯзанда оташ?!

Тавре худат медонӣ, барои бунёди қалъаи обӣ аз тамоми шаҳру рустоҳои вилоят, инчунин Самарқанду Истаравшан дусад дурудгару наҷҷор ва устоҳои ҷубтарошу харротро даъват карда будам. Ҳоло онҳо бо мадади ду ҳазор ёри кор ба киштисозӣ машғуланд. Сӣ киштии боркашонӣ ва понздаҳ сафинаи ҷангӣ аз даст баромадааст, вале ба қавли бобои Мирмӯҳсин «тақу туқ давом дорад». Зеро чӣ миқдор басанда будани киштиро аниқ муайян накардаем. Ҳамчунин саҳеҳ намедонем, разми мо бо чингизиён кай ва чӣ гуна сурат мегирад? Намедонем, дар об меҷангем ё дар хушкӣ ё ҳар ду? Барои он намедонем, ки рафтору гуфтору пиндори муғулҳо номуайян ва бад аст.

Аввалин шаҳре, ки дучори ҳуҷум шуд, худат медонӣ, Утрор асту ҳокими он роҳи мудофиаро пеш гирифт ва анқариб ду моҳ мешавад, ки ин шаҳри сарҳадӣ ба дӯзах шабоҳат дорад, ҳар рӯз садҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта мешавад, лекин на аз ғалаба бӯйи умед асту на аз халосӣ ва Худо медонад, муҳосираю сӯхтору куштор то кай давом мекунад?

Баъди Утрор лашкари муғул тарафи Ӯзганду Ашнас ҳаракат карда, чун ба остонаи Сиғнок расид, Ҷӯҷӣ – писари Чингизхон тоҷири маҳаллӣ Ҳасанхоҷаро назди сокинони шаҳр намоянда фиристод, то онҳоро ба итоат даъват намояд. Вале сиғнокиён аз шармандагӣ ҳазар карда, сари таслим фуруд наоварданд ва бо нидои «Аллоҳу акбар!» Ҳасанхоҷаро кушта, ба мудофиаи шаҳр сина сипар карданд. Ҷанги шадид ҳафт рӯз давом карду азбаски муғулҳо се баробар зиёд буданд, пирӯз шуданд. Тамоми аҳолиро қатли ом карда, шаҳрро ба хок яксон намуданд…

Қиссаи шаҳри Ҷанд боз ҳам аламовар аст. Амири амирон Қутлуғхон, ки сипаҳсолори лашкари даҳҳазорнафарӣ буд, аз тарси муғулҳо шаҳрро ба ҳоли худ гузошта, шабона ба Ғӯрганҷ гурехт. Ҷӯҷӣ инро шунида, Чин Темур ном саркардаи худро назди ҷандиён фиристод, то онҳоро бечунучаро ба фармонбардорӣ даъват намояд. Сокинони ориятманд розӣ нашуда, шӯру мағал бардоштанд. Он гоҳ Чин Темур тақдири сиғнокиёнро хотиррасон сохту амнияти умумро ваъда дод. Мардуми Ҷанд ба вай бовар карда, дасти таслим бардоштанд ва муғулҳо тире аз камон накушода, Ҷандро гирифтанд. Шоҳидон мегӯянд, ки муғулҳо ҳамаи сокинонро ба дашти холӣ бароварда, нӯҳ рӯз бе обу нон нигоҳ доштанду манзилҳоро ғорат намуда, таҷовуз ва бедодиро ба авҷи аъло расонданд.

Динашаб хабар расид, ки боз як шаҳр беҷанг ба дасти душман гузаштааст. Тавре огаҳӣ ёфтем, муғулҳо барои гуфтушунид ба шаҳри Зарнук ҳоҷиб Донишмандро роҳӣ кардаанд, то сокинонро водор созад, ки худро бевиқору бедиранг ба ихтиёри Чингизхон супоранд. Ҳоҷиб бешумор будани лашкари муғул ва шахсан ҳузур доштани Чингизхони муштзӯрро ба зарнукиён шарҳ дода, бо дилсӯзӣ ҳамчун мӯъмин бародари мӯъмин хоҳиш кардааст, ки ба тақдир тан дода, бо нишони эҳтиром сари таъзим фуруд оранд, то ба ин васила дудмон, аҳли хонадон ва дини мубини худро ҳифз намоянд. Мегӯянд, ки зарнукиён ба Донишманд бовар карда, зиён надиданд: Чингизхон ба рӯйи онҳо бо лутф нигариста, барояшон силаи раҳм арзонӣ дошта, ғайр аз як қалъачаи сарбозон дигар ҳеҷ иморати шаҳрро вайрон накардааст. Фақат номи шаҳрро тағйир дода, Қутлуғ-балиқ гуфтааст, ки ба тоҷикӣ Хуррамшаҳр мешавад…

Акнун аз қиссаи ҳамсояшаҳр огоҳ шав: панҷ ҳазор сарбози муғул бо сарварии Улоқ Нуйон лаб-лаби Сайҳун муқобили маҷрои дарё ҳаракат карда, ба шаҳри Фанокат расиданд, ки амири он Элатку сипаҳбуди машҳури манқулӣ буд. Онҳо аз рӯйи таомули туркон се рӯз ҳарбу зарб карда, рӯзи чаҳорум амон хостанд. Аз нақли шоҳид-ҳо маълум гардид, ки муғулҳо лашкариёну арбоби шаҳр ва сокинонро алоҳида-алоҳида шинонда, сарбозони сархамро бо шамшер куштаанду ҷамоатро тирборон карда, арбобро барои ҳашар берун оварда, соҳиби шаҳр ва молу мулки ҳангуфт шудаанд. Ҳолиё онҳо барои ба Хуҷанд ҳамла овардан тайёрӣ мебинанд. Ҳайронем чӣ кор кунем? Зеро маълум нест, ки бадхоҳон бо ҳуҷуми шадид шаҳрро ба якборагӣ тасарруф кардан мехоҳанд, ё усули муҳосираро корбаст мекунанд, ё барои гуфтушунид намоянда мефиристанд? Ин пурсишу гумонҳои хелмахел ҷавоби қотеъ ва фаврӣ тақозо дорад. Бинобар ин бо Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ки дар ҳама боб комил, азим ва беназиранд, муддате хилват нишастем. Перомуни ҳоли вилоят тааммул ва тааммуқ кардем, то муттафиқ шавем, ки корро чӣ гуна ба даст гирем. Пирам гуфтанд, ки дигар гуна амал натавон кард, илло ба фазле комил, илме тамом ва ҳадсе рост. Сипас сураи ал Ҳашрро оиди панду ибрат бори дигар ёдовар шуда, афзуданд, ки ба нуйони муғул ва фарзандҳои Чингиз эътимод бастан нашояд, зеро «муттафиқ-ал-лафз ва-л-калима» нестанд, яъне бо як лафз ва як қавл амал намекунанд. Фақат Чингизхон, ки соҳиби дунё шудан мехоҳад, соҳибкалом аст, яъне қадру қимати сухани хеш нигоҳ медорад.

Дар идомаи сӯҳбат Пирам таъкид карданд, ки Парвардигори олам ҳар дуи моро муаззаф сохтааст, то Хуҷандро мисли гавҳари чашм боэҳтиёт ҳифз намоем ва гарди мухолифат аз абрӯи сокинон зарра-зарра пок гардонем! Маро маслиҳат доданд, ки ҳоким ва ҳам сипаҳбуд, яъне лашкаркаш бошам, ҷавонони озодасиришти Хуҷанд, айёрони чусту чолоки Хистеварзу Истаравшан, гурдони гардонфарози Исфараю Унҷӣ ва гарданкашҳои пурғурури Масчоҳу Румону Кулангирро дар як саф ба ҳам оварда, тири камон дар зеҳ дошта, теғу алам баланд афрохта, бо лашкари пешгарди муғул аз тариқи муқовамат сахт муқобала ва муқотала кунем, то Улоқ нуйон ҳазимат кунад, яъне шикаст хӯрда, қафо гурезад ва аз Чингиз мадад пурсад. «Агар Чингизхон ояд ё барои гуфтушунид намоянда фиристад, он гоҳ ман бо вай ҷадал кунам! – гуфтанд Пирам. – Ҳамроҳи ҷумла машоихи вилоят, ки соҳиби илманд ва меҳри меҳан дар қалб доранд, бо роҳи мусоламат мо муқовала ва мусолаҳа117 кунем, то ин ки ҳам лаъл дар даст нигоҳ дорему ҳам ағёр наранҷонем…»

На страницу:
40 из 48