Нигина ва Мирмалик - читать онлайн бесплатно, автор Додохони Эгамзод, ЛитПортал
bannerbanner
Полная версияНигина ва Мирмалик
Добавить В библиотеку
Оценить:

Рейтинг: 4

Поделиться
Купить и скачать
На страницу:
39 из 48
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Шамсиддину Шакархонум ва Шарофиддину Соҷида низ заврақсавор шуданд…


* * *


Андалебҳои хушнаво ба чаро рафтанд, вале Мирмаликро нишот накоҳид ва нашъа напарид. Зеро чаҳор булбул гул дар кафу маъшуқа ба коми дил рафтанд.

Оҳи сабук кашиду ба Нигина гуфт:

– То ба ин лаҳза дилхавотир будам, ки маҳфили Исток зиёфат мешавад ё офат ё мухолафат?! Шукри Яздони пок, ки дилеву пиёлае нашикаст… Дилшодам, ҳарчанд ки асир гаштам…

– Чӣ?! Чӣ хел асир?

– То зиёфат ҳоким будам, вале ҳоло… зулфи мушкинро асиру холи сиёҳро ғуломи ҳалқабаргӯшам! Бифармо, эй оҳуи шерсавор…

Нигина қоҳ-қоҳ хандиду абрӯ ҷунбонд:

– То зиёфат дар тоҷи шоҳаншоҳи олам нигини рахшон менамудам ва ангуштнамои халқ будам, акнун Маликро нигин бар ангуштарини дил шудам. Маро ба ангушти ғайрат оваред ва бар дафтари муҳаббат мӯҳри меҳр аз ранги дил гузоред…

Лафзи пурмуҳаббатро шунида, шаҳриёр шоҳинвор гардан ёзонду бо меҳри дучандон ҷониби сардафтари бонувон назар афканд. Чун назари зебои базм ва дебои разм якҷо шуд, оташаки ноаёне шӯълавар гардид: ҳавои мардӣ ба Мирмалик ғалаба карду шавқи нишот дар дили Нигина ҷунбид. Рухсораи гулрангаш, ки мисли моҳи шаби чаҳордаҳ банур метофт, аз лабханди малеҳо шукуфон гашт. Мирмалик хандаи маъшуқаро ишорати ошиқона пиндошту моилтар ва ошиқтар гашта, парвонавор сӯяш парид ва аз забони ширин ба чил лаҳн сухан гуфта, шавқи вайро ба тамошо бедор сохт:

– Ту ҳаргиз тамошои Сайҳун кардаӣ?

– Не.

– Рафтем ба сайри дарё…

Дар заврақ паҳлӯи ҳам ончунон ҷафс нишастанд, ки аз байнашон тори мӯй намегузашт. Маҳбуба дар дасти чапи маҳбуб ангуштаре заррин дид нигинаш ёқути сурхи бадахшонӣ, бағоят софу дурахшон.

– То кунун чунин ёқуте надидаам! – гуфт бо ҳавас Нигина.

– Гӯшворе бо чунин ёқут туро бахшам, агар маро ба мурод расонӣ…

– Муроди шаҳриёр чӣ бошад?

– Як шоҳписар! Шоҳписаре мехоҳам, ки асилзодаи пок, гавҳари ориёӣ бошад!

Нигина назаре жарф ба чашми Мирмалик андохт ва андешанок гуфт:

– Мардон дар хуррамӣ сухан ба ҳар оҳанг мегӯянд, аммо дар ҳушёрӣ пушаймон мешаванд ба дил ранҷ ва шиканҷ меоранд…

– Агар ту ба дили ман азизтар, наздиктар, накӯтар ва беҳтару маъқултар аз ҳама бонувони олам набудӣ, ин рози муқаддас ҳаргиз ошкор нагуфтаме! – гуфт Мирмалик ва оҳанги руҷӯъ кард. – Чӣ бошад, агар нигоҳи мушфиқона ба қалби орзупарвар намоӣ ва маро ба мақсад расонӣ? Азеро чун маро писар нест, номи ман дар хоку гил афтад…

– Эй шаҳриёр, агар ором нашаведу қарор нагиред, метарсам, ки заврақ чаппа гардаду нияту орзуҳоямон ғарқ шавад!

– Натарс, тани латиф ба оғӯши ман супор, то ҳамеша аз об хушк барорамат!

– Аз нигоҳи мардуми кунҷков метарсам, ки моро мобайни дарё ҳамоғӯш дида, масхараю мазаммат кунанд. Ба худ оед, шаҳриёр…

– Эй Нигина, лоақал дасти худ ба дастам деҳ, то бимолам ва биболам!

– Метарсам, ки сабру тоқат аз дасти шаҳриёр мераваду кафтари кафи даст моҳии зери дарё мешавад…

– Чӣ некӯ аст суханҳои ту! Чӣ хушбӯй ва зебо мӯи ту!

– Мӯи дароз кирои ситоиш набошад. Зеро аввалин чизе, ки аз инсон фурӯ резад, мӯ бошад…

Тоқати Мирмалик тоқ шуду бели заврақронӣ ба ҳоли худ гузошта, хост дилбари ҳозирҷавоб ва айёраи ширинзабон ба оғӯш кашад. Нигина ҳар ду даст ба сандуқи синаи шаҳриёр тиргак карда, хост худро муҳофизат намояд. Вале зӯраш нарасиду беҳол даст афшонд ва… бозубанди хаволгашта даруни об афтонд. Ҳар ду саросема парӯ гашта, онро доштанӣ шуданд, аммо натавонистанд – бозубанди қадима ба қаъри дарё фурӯ рафт.

– Оббо! – гуфт Мирмалик. – Кори нағз нашуд. Лекин, зиқ нашав, даҳчанд беҳтарашро мебахшам.

Нигина аммо заррае зиқ нашуд. Баръакс, худро якуякбора сабук ҳис кард. Зеро банде аз дилаш кушода гашту боре аз китфаш фурӯ афтид. Худ ба худ майлу пайвандаш ба Мирмалик афзуд ва ба шодӣ нидо кард:

– Ғарқ гаштани бозубанд хости Худованд асту соҳибаш онро бозпас ситонд.

– Соҳибаш кӣ бошад?

– Дар дохили бозубанд нохуни шоҳи париён буд ёдгор аз Маҳастӣ! Ин бозубанд маро бандаи рақс гардонду ба мардум роҳат мебахшидам. Чун бозубанд зери об рафт, ҳис кардам, ки дил аз банд раҳид. Акнун маро вақти роҳат расид, эй шаҳриёр:

Диле дорам, ки аз Султон натарсад,

Зи банду кундаву зиндон натарсад.

Дили ошиқ мисоли гурги гушна,

Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад!

Нигина вақте шеър мехонд, рӯймол аз сараш афтоду мӯйи анбаросо парешон гашт. Нафастанг шуд магар, ки гиребони пироҳан кушоду пас аз хатми шеър гиряолуд гуфт:

– Эй Малики дилам! Дигар ҳаргиз ба худ раво надорам, ки шуморо озор диҳам! Асло ҷафо накунам, фақат вафо кунам!

Мирмалик аз тағйири ҳолати духтар лаҳзае дармонда шуду саросема чашмони Нигинаро бӯсид ва пурсид:

– Ҷонам фидои ту бод, ин чӣ ҳол аст? Туро чӣ расида?

– Бахайр аст, эй Малики дилам! Чун бӯйи шумо ба димоғам ояд, маро роҳат физояд! Солҳост, ки аз шӯълаи чашми шумо оташе дар дилам аланга мезанад, ҷигарам месӯзад, лекин чӣ карданро намедонам… Акнун, ки дил аз банд озод гашт, мехоҳам, қалби оташин ибодатгоҳи шумо бошад. Покгавҳар шоҳписар агар мехоҳед, ҳар чӣ зудтар маро ба қиболаи никоҳ оваред…

Мирмалик фаҳмид, ки баъди нопадид шудани нохуни париён оташи ғайрат аз гиребони духтари деҳотӣ сар барозида, ҷунуни ишқ мисли боди сарсарӣ вазида, хотири чира тира гардондааст. Аз ниҳонхонаи заврақ гулоб дарёфту ба рӯяш афшонд, то ба худ ояд. Тадбири дуруст ба дили шӯрида таъсири муфид бахшид. Нигина дарҳол аз олами рӯҳонӣ ба олами ҷисмонӣ омад. Аз шарму ҳаё сар ба зер афканд. Акнун чун мурғи нимбисмил метапид ва менолид:

– Худоё! Чаро худро ба дарёи ҷунун андохтам? Чаро дар баҳри бехудӣ ғӯта хӯрдам?! Чаро заврақи мурод ба соҳили мақсуд нарасонда, дар лойоба дармондам??! Маликам, илтиҷо мекунам, зинҳор ин гапу кор ба касе нагӯед, то расво нашавам…

Мирмалик бӯсе дигар ба чашми Нигина доду дилсӯзона нидо кард:

– Эй гиромитар аз ҷонам! Хотиркӯфта нашав ва дигар асло афссӯс махӯр. Чун хуршеди тобанда чеҳра намояд, чунон чора кунам, ки ба муроду мақсад расӣ ва хушбахти олам шавӣ! – Мирмалик сари заврақро ҷониби хилватсарои хос гардонд ва Нигинаро аз дасташ дошта, ба толори мунаввару мунаққаш даровард. Дар мобайн панҷ тахти гулкорӣ алоҳида-алоҳида гузошта буданду пеши ҳар яке дар мизи пасти мудаввар табақи заррини пур аз меваҳои хелмахели ширин ба назар мерасид. Бо ишораи шаҳриёр хонуми солманди хубчеҳрае Нигинаро ба яке аз ҳуҷраҳо дароварда, хилъати зарбофту кӯлоҳи нав пӯшонда, ба миёнаш камарбанди мукаллал бо зевар баст ва бозгашт ба толор баровард. Аллакай дар чор тахт чор бонуи зебою озода менишастанд, ки дар дасти ҳар кадом ноку себу шафтолую биҳӣ ва корде барои пӯсту пора кардан буд. Хонуми роҳнамо ба Нигина фаҳмонд, ки ин хонумҳои нозанин бо шаҳриёри Хуҷанд ҳамрозӣ доранд – яке бонуи ошпаз асту дуюмӣ хонсолор, сеюмӣ машшотаи маҳсгар асту чорумӣ шаробдор…

Мирмалик бо ишораи даст Нигинаро ба паҳлӯяш хонду бонувони курсинишинро нишон дода, ба нармӣ гуфт:

– Туро ин ҷо овардам, ки маслиҳате кунем ва хулосае барорем, то дили нозукат озор наёбад. Чӣ мегӯӣ, агар туро ба тахти панҷум шинонам ва беҳтарин надимаи роҳатбахши худ гардонам?

– Бар надимӣ даст барафшонда, аз Ғӯрганҷ ба Хуҷанд расидам, то дилбари ҳамхоба нашавам ва дигар нарақсам. Агар…

– Кифоя! Дигар ягон ҳарф нагӯ, ки зиёдатист! Он пурсиш барои санҷиш буду нияти аслии ман дигар аст.

– Чист?

– Бо забони худат гуфтӣ, ки ба ман покгавҳар шоҳписар ҳадя мекунӣ! Бо шунидани ин сухани заррин сарам ба осмон расид. Ту ҳаргиз надимаю раққоса намешавӣ! Ту модари шоҳписари ман мешавӣ!!

Рафтем ба суроғи Шайхбобои шарикӣ! Худои таъоло мефармояд, ки дар амри хайр дигар ягон лаҳза таъхир накунем. Туро ҳамсари ҳалоли худ карда, вилоят ба ту бахшам ва ҳама боигарӣ аз сарат пошам…


* * *


Дар чоршанберӯзи муборак ва таборак Шайх Бадеуддини Нурӣ малак ба никоҳи малик даровард ва коми дили ҳар ду баровард. Шоҳмуроду Сабзалӣ шоҳиди Мирмалик шуданду Саодату Раъно дар паҳлуи Нигина истоданд. Қабл аз иҷоби арӯс ва қабули домод Саъдӣ муғамбирона чашмак зада, байте хонд:

Писарро нишонданд пирони деҳ,

Чу меҳрат бар ӯ ҳаст, маҳраш бидеҳ!

Мирмалик ишоратро фаҳмид ва бо лутф ҷавоб гардонд:

– Хуш арӯсест дар ҷаҳон, умри худ кобин диҳам!

– Намешавад! – хандид Сайфуддин. – Дар Исфараи мо матои маҳри арабӣ ва кобини порсӣ аз сухан намебофанд. Миёни ду фард агар ақде шавад, дарҳол нақде ба он пайванд мегардад. Дар китоб омадааст, ки шоҳдухтари исфарангӣ Бонуро аз баҳри Нӯҳ ибни Мансур хостанд ба маблағи сад ҳазор динор кобин!

– Сад ҳазор динор пеши бонуи ман қадре надорад! – боғурур луқма партофт Шакархонум. – Вайро молу ашё чандоне ҳаст, ки ҳеҷ кобине, интухин, нахоҳад…

– Сухан бисёр аст, аммо мувофиқи шариат пули нақд ва молу матоъ, ки дар вақти никоҳ ба зиммаи домод муқаррар мешавад, бояд мушаххас бошад, – гуфт бо оҳанги қатъӣ Шайх Маслиҳатдин. –Ё бунаййа109 Мирмалик ибни Мирраҳмат, ту Нигина бинти Абдулсайидро бо маҳри даҳ шутур молу ашёи аълосифат ва симу зар, ҳавлию чаҳор хона ва даҳ ғулому канизак хостӣ ва қабулаш кардӣ ба занӣ?

– Хостам ва қабулаш кардам! – дарҳол посух гардонд Мирмалик.

Шайх Маслиҳатдин ба арӯс рӯ овард:

– Ё бунаййат Нигина бинти Абдулсайид, ту нафси шарифа ва гавҳари гаронмояи хештанро бо маҳри муқарраршуда бахшидӣ ба Мирмалик ибни Мирраҳмат?

Баъди пурсиши сеюм шоҳидон посухи арӯсро баръало шуниданд:

– Бахшидам…

Шайхи Бузургвор дасти дуо бардошту ду ҷумла амри маъруф кард:

– Мақоми имону муҳаббат дар дил асту ақл дар сар, шарм дар чашм ва қувват дар устухон. Ҳар мақоме гиромӣ дореду ба ҳамдигар суханони муҳаббатомез, калимоти садоқатангез ва каломи ҳақиқатфарҷом гӯед, то дар дилҳои шумо дӯстию вифоқ110 мустаҳкам падид ояд…

Баъди табрику таҳният Пири равшанзамири Хуҷанд ба шоирони муҷаррад ба чашми кунҷковӣ нигоҳ гуморида, маслиҳатомез гуфт:

– Агар ба гулрухе назари гарм доред, фошофош бигӯед, ки фурсат мусоид асту бикӯшем, то дар рӯзи истифтоҳ кор ба муроди шумо якрӯя шавад.

Шамси Ҳола шитобон аз ҷой хест:

– Ба ман гуфтанд, ки ҳар чӣ ба хотири шумо бигзарад, дафъатан ба миён ояд. Бо умед мегӯям, ки назари гарм дорам, ғайратам ҳаст, вале иқтидорам нест…

Сайфуддин бадоҳатан гуфт:

Зи шарми ту чу ҳаво об мешавад суханам,

Ба хатти умдаи мулки камол-Шамсуддин.

Ба ҳеҷ касе надиҳам духтарони зодаи табъ

В-агарчӣ ҷон диҳад аз баҳри ҳар яке кобин!

– Ман ҳам қудрат надорам, ки маҳр пардозам, – бо овози хаста арзи ҳол кард Шарофиддин. – Акоям панҷ сол боз чӯпонӣ мекунад, лекин нисфи маҳри духтар ҷамъ накардааст…

Саъдӣ бо оҳанги тамасхур гуфт:

– Маро низ маҳр набувад, ки нақд бидиҳам. Худи ҳозир дар васфи Зебосанам қасидае мегӯям, ки ҳар байташ ҳазор динор арзиш дорад, вале ҳукми шариат дигар аст, нақд бигиру даст аз насия бидор!

Дӯстон дар ҳавои сӯҳбати ёр

Зар фишонанду мо сар афшонем…

Сайфуддин низ бо кокои худ ҳамфикр шуд:

– Шоҳони сомонӣ ҳар шоиреро, ки зан набудӣ ва кобин натавонистӣ додан, зан додӣ ва кобин аз хазина додӣ! Кош дар он замона шоири дарбор будаме…

Ҳама шикваомез табассум карданду Мирмалик доди ҷавонмардӣ дод:

– Дар сафе шодӣ бо зиқӣ рост наояд. Ман, ки малике аз гавҳари сомонам, шуморо ба хубӣ мешиносам ва шеъру фазлу донишатонро сазовор қадр мекунам. Интихоби арӯс аз шумост, маҳри арӯс ба зиммаи мост!

Чашмаи илҳоми Сайфуддин дарзамон хурӯшид:

Садро, ҳумои иззи абад бар сари ту бод!

Оби ҳаёт лозими хоки дари ту бод!

Гулбаргҳои равзаи минои осмон

Дар пардаи замири суханпарвари ту бод!

Саъдӣ ҳампешаи худ таҳният гуфту ба Пири мӯътабар рӯ овард:

– Эй Шайх Маслиҳатдин, аз Шоир Маслиҳатдин сухане бишнавед. Ҷавонмардии садри Хуҷанд маро ба риққат овард. Қасидае ба ӯ хоҳам бахшид, ки байти меҳвараш ин аст:

Касе дид дар хоб Садри Хуҷанд,

Ки хоре зи пои ятиме биканд…

– Эй ҳамноми мӯътабар, чун бар ваъда вафо кардӣ, дуо мекунам, ки умри кубравӣ ва ухравӣ насибат гардад ва саду бист сол умри пурбаракот бинӣ – ин бигуфту Шайх Маслиҳатдин бо риояи ҳама талаботи шаръӣ Шакархонумро ба ақди никоҳи Шамси Ҳола дароварду Соҷидаи боҷамолро зани манкӯҳаи Шарофиддин гардонд. Саъдию Сайф гуфтанд, ки азми сафари Хуросон доранду чун ба Хуҷанд баргарданд, бо мадади шаҳриёри олиҳиммат ин масъаларо ҳал мекунанд. Сипас Мирмалик ҳафт хилъати шоҳона аз фармудаҳои Султон Ҷалолиддин ба шоирон пӯшонд. Ёрону бародарон чун ҷигарпораҳои ҷон ба ҳам дасти паймон доданду бо табъи хуш байтулвидоъ гуфтанд ва оятулвафо хонданд. Чун навбати Саъдӣ расид, бо нигоҳи орифона Нигинаро навозиш карду аз замир нидо баровард:

Зани хубу фармонбари порсо

Кунад марди дарвешро подшо!

Орзумандам, ки аз шарофати хоҳари баландахтари мо бародари ғазанфари мо Шоҳи мардон шавад…

Равзанаи ҳафтум. Ҳангомаи хуруҷи балои азим аз мулки дур ва зуҳури балогардони зӯр дар шаҳри нур

Чун шарти заношӯӣ ҳама рост шуд, навбати шаби арӯсӣ омад. Машшотаҳои чарбзабон ва чобукҳаракат дасти санъатварӣ кушода, бо мадади шонаю мушку анбару касмаю оина ҷамоли ҷаҳоннаморо ончунон оростаю пероста карданд, ки бемуҳобо рашки шоҳи париёнро меовард.

Домод низ бо либоси шоҳӣ ороста буду ҳар дуро бо таъзими хосу ом ва иззату икроми молокалом дар кошонаи Маҳастӣ фуруд оварданд. Мутасаддиён бо супориши Хоразмшоҳ дару девори ҳуҷраи висолро бо гулу раёҳин ва дигар хушбӯиҳо муаттар сохта, болои ҳафт қабат кӯрпаи бахмалин ҳафт нозболин ниҳода, ба тирезаҳо ҳафт пардаи зарбофт кашида, дар атроф ҳафт хишти заррин ва ҳафт зарфи симин пур аз меваи ширин гузошта буданд. Мирмаликро як дил ҳазор дил гашту Нигинаи сабукболро рӯйи даст озод бардошта, болои тахти шоҳӣ шинонд.

Дар базмгоҳ садои карнаю сурнай ва дафу чанг баланд гашту шаҳри бо дебоҳои ҳарир ороёфта ба по хест. Аммо дар шабистони хилват шаҳриёр назди арӯси Тирози ҷаҳон ба зону нишаст: тамошои чашмони шаҳло ва рухи гулфом гуворо буд бар булбули шайдо! Бӯйи гул аз даҳани ғунчаи гул ба машомаш хуш расида, сония бар сония сармаст мегардонд. Дидаи чор аз тамошои ёри маҳрухсор сер намешуд, зеро арӯси нозанин лаҳза ба лаҳза мешукуфту ҳусайну хушрӯй мешуд, ҳусну сураташ аз моҳу хуршед баланд мерафт ва ба назари Мирмалик чунин менамуд, ки фариштаҳо ҳусни оламиёнро аз нав тақсим мекунанду малоикаҳо ба наварӯси худ ҳусн болои ҳусн тӯҳфа меоранд.

Мирмаликро шавқи муҷомаат ва ҳирси мубошират ончунон афзуд, ки сабру қарор дар вуҷудаш намонд. Чун шери жаён чолок барҷасту ҷома аз тан кашид, то манкӯҳаи ҳаққи ҳалоли хеш беҳарос дар оғӯш кашад. Нигинаро низ орзуи хилват падид омада буд. Вале ҳар ду ҳамон лаҳза ҷамъ нашуданд. Кабутари ҳарам, ки аз парвози дурмадароз фуруд омада, дар бистари мулоиму хушнакҳат орому хуш мехобид ва шабеҳи оҳуи хуфта дар марғзор буд, пеш аз он, ки ба дасти шери Хуҷанд инони хеш пурра биспорад, бо садои пичирросӣ пурсид:

– Шаҳриёрам, никоҳи мо мутъа, яъне муваққатӣ аст?

– Не, азизам! Мутъа дар замони Расули акрам буд, дар аҳди халифа Умар бартараф шуд.

– Мегӯянд, ки ду зан дар никоҳи як мард ҳаром аст…

– То он вақт, ки «Таврот» мунзил гашт, ду духтар дар никоҳи як кас раво буд. Баъд дуникоҳӣ барои ҷуҳудон ҳаром шуд. Тибқи шариати ислом марди мусулмон ҳақ дорад, чор зан дар никоҳ дошта бошад.

– Яъне, ки банда акнун зани никоҳӣ, завҷаи ҳалоли шумоям?

– Бале, азизам!

– Худоро сипоси бекарон мегӯям, вале як илтимос дорам.

– Гӯшам ба фармони туст…

– Ваъда диҳед, ки чун ба ман дастёб шавед, Ойчечакро фаромӯш намекунед ва озор намедиҳед…

– Чаро чунин мегӯӣ?

– Агар Ойчечак набудӣ, Нигина раққоса нашудӣ! Балхи дастобрези Узлоғ шудӣ. Аз ин боис, агар раҳкушоям тинҷу осуда бошад, виҷдонам орому осуда хоҳад буд. Агар аз Хуҷанд ронда шавад, сахт андӯҳгин шавам ва тамоми умр худро мазаммат кунам.

– Осуда бош, азизам! Ҳама кор табъи дили ту мешавад. Пештар биё, Нигини дилам…

Мирмалик сару чашми Нигинаро гарм бибӯсиду нарм ба оғӯш кашид. Вақте дил ба дил часпид, ишқи пуршӯри ҷамол-ул-хитоб ба нуқтаи олӣ расид. Дар соати мубораки шаби муқаддас малик ва малак ба ҳам пайвастанд.

Мирмалик дар карпоспораи оҳарӣ доғи хоби аввалро диду хотирҷамъ шуд. Аз он ки оқибат ба висоли ёри дилхоҳ расид, мамнун гашт. Аз он ки Нигинаро дӯшиза дарёфт, сараш ба осмони ҳафтум расид…


* * *


Нигина медонист, ки чиллаи арӯсӣ дар Хуҷанд аз якчанд маъракаи хурду калон иборат асту аз ҷумла яке «домодталабон», дигаре «дадобинон» ном дорад ва тибқи таомул бояд дар манзили духтар баргузор шавад. Лекин азбаски Ворух дур буду роҳи кӯҳсор душвор, ҳалли ин масъала ҳамаро ба андеша водор кард. Очаи Моҳсимо бо оҳанги мулоим аз Нигина пурсид:

– Духтарҷони ширин, туро нияти Ворух рафтану моро ба сайру тамошо бурдан ҳаст ё не?

– Номи Ворухро шунавам, дилам гум мезанад, модарҷон, лекин илоҷе надорам. Акнун ихтиёр пурра дар дасти Шаҳриёр…

– Меравем! – овози Мирмалик қатъӣ садо дод. – Ҳам саёҳат мекунему ҳам зиёрат, ҳам падару модарро мебинему ҳам тағою аммаро, ҳам зиёфат медиҳему ҳам зиёфат мехӯрем!

– Чӣ хел зиёфат медиҳем?

– Дар базми арӯсӣ аз Ворух касе набуд. Ба аҳли деҳа оши наҳор медиҳему ба хешу ақрабо ва ҷавонон – зиёфат! Бигзор тӯй болои тӯй шавад!

Шаҳриёр Сабзалиро фармуд, ки асбоби базму тараб ва фароғатро фароҳам оварда, бист шодгунаю хунёгару мутриби олимартабаро ҳамроҳ гираду бетаъхир ба ҳаракат дарояд ва қади роҳ ҳокимони Канду Исфараю Фарғонаро ба Ворух барои иштирок дар базми арӯсӣ даъват намояд. Аз ғайрату ҳиммати садри муаззам димоғи Нигинаи муаммил111 муанбар гашту Сабзалиро ба хилват хонда, ду киса зари холис дод ва гуфт:

– Падари маро салом бирасон ва гӯй, ки домоди бузургвораш ба зиёфати шоҳона сазовор аст!

Базму зиёфат ва саёҳат табъи дили малик ва малак ташкил гардиду се рӯз деҳаи бузург ба тӯйхонаи калон табдил ёфт. Нафақат хешу табор, балки аксар мардуми меҳмоннавози Ворух паёпай бо ҳадяҳо меомаданд, то наззораи сурати дилпазири домод кунанду эҳтиромашро ба ҷо оранд. Ҳамзамон ба гирди Нигина парвона буданду аз дидор ва сӯҳбаташ серӣ надоштанд, ки ӯро шарму ҳаё иҷозат намедод, то аз ҳиҷоб берун ояд.

Хайрият ки рӯзи чаҳорум шумораи ояндаю равандаҳо кам гашту ба қавли кадхудои деҳа Иброҳимхоҷа «таги по холӣ шуд» ва барои истироҳату фароғати меҳмонон имконияти бештар фароҳам омад. Амакбузурги арӯс Аҳмадсайид, ки аз ҳама бештар бо домоди олимашраб каруфар мекарду дар бӯстонсарои лаби дарё барои шоҳу моҳ саройи олӣ бо фаршу дебои алвон фарохури ҳокими вилоят омода сохта буд, ҷуфти навпарвозро дарҳол ба он ҷо кӯчонд, то дар алоҳидагӣ аз таомҳои лазиз, ғизоҳои мувофиқ ва манзараҳои зебо баҳраи том бардошта, ширинтарин лаҳзаҳои умри хеш ба хубию хушӣ гузаронанд.

Канизаки ҷомагулгун дар табақи сафоли лангарӣ палав аз биринҷи девзираю равғани зағир бо зирку биҳӣ овард, ки таоми дӯстдоштаи Мирмалик буд. Пешхидмати бирешимхилъат дар шаҳкосаи чинӣ бағрои уйғурӣ овард, ки аз гӯшти гӯсфанду равғани думба, зардии тухму нахуди сиёҳ ва ҳулбӯю зира таркиб ёфтаву онро низ Мирмалик бағоят дӯст медошт. Вале шаҳриёри гурусна, ки дар давоми се рӯзи охир ба дидори Нигина ҳаристар шуда буд, ба таомҳои фармуда нимнигоҳе накарду ҳамаро ҷавоб дод ва Нигинаро рӯйи даст ба шабистон дароварду вақтро мувофиқ, ҷойро мусоид ва фурсатро ғанимат шуморида, дар ишқ маст шуд. Нигинаро низ тану андоми муборак бисёр гарм гашту дил аз шавқ ба ҷӯш омад. Мирмалик аз оғӯши гарм лаззати тоза ёфту завқаш ба ғоят расид ва аз миёни амвоҷи ишқ бонги ошиқона баланд шуд: «Ҷонам фидоят, оҳуи шергир!!!»

Он шаб малик ва малак дастҳо ба гардан борҳо ба дарёи ишқ ғӯта заданду пасту баланд ҷигӣ-ҷигӣ карданду шарбати дил лесиданд ва хастаҳол дар субҳдам хуфтанд…

Вақте Нигина бедор шуд, офтоб дар китфи қуллаи Тешазадагӣ метофт. Оҳиста сар бардошту Мирмаликро дар бистари нарм бароҳат хуфта дид. Бо садои гӯшнавоз бедораш кард:

– Хезед, офтоб то нисфи осмон баромадаст.

Мирмалик паҳлуи дигар гашту хоболуд ғурунгид:

– Офтобро гӯй, маро ба ҳоли худ гузорад, рухашро пинҳон кунад… Малик мехоҳад, як ҳафта фақат моҳи тобонро нигоҳ кунад…

Шаҳриёр, чун ҳамеша, ба гапи худ истод ва ҳафтаи заррини асалмоҳ басо ширину гуворо гузашт. Наварӯсон хилватсарои соҳили дарёро ба бӯстонгоҳи айш ва чаманистони нишот табдил дода, бо меҳр ба саҳрои муҳаббат тухми умед фишонданд. Аз хуррамӣ малик тоҷвар гашту малак борвар…

Аз он тухмаҳои ишқолуд навниҳоле дар гулбоғи Нигина реша печид ва сари Мирмалик ба осмони иллиййин расид…


* * *


Нӯҳ моҳу нӯҳ ҳафтаю нӯҳ рӯзи умедворӣ ба оромӣ паси сар гашту Нигинаро асари зоидан падид омад. Фарроши ҳамешаҳозир шамъи анбарин афрӯхту болои суфа ниҳод, ба рӯи бистари шоҳӣ карбоси оҳарӣ андохта, кадбонуро беозор хобонд ва бесадо аз дар баромада, дояро ҳозир гардонд. Момодоя набзи ҳомиларо санҷидан ҳамон фаррошро фармуд, ки зуд ташти заррин оварда, интизор истад ва чун фарзанд падидор шавад, навда бар он бизанад, то Абдуҷаббори мунаҷҷим бехато толеъ рост кунад. Худ наздики Нигина омада, кафи дасти расо ва оромбахш болои шикамаш гузошту лабони маҳин ба табассум кушода, бо лафзи ширин гуфт:

– Эй асила, аз ҳама гапу кори ҷаҳон фориғ шав, то саломат бошӣ.

Нигина бо лабханди ҷавобӣ чашм бар ҳам ниҳоду боз кард ва… садои баланди гиряи тифли навзод ба гӯшаш форам расид. Ӯро писаре ба дунё омад чун нигористон – ҳеҷ тифле аз нажоди одам ба хубии ӯ набуд ва сурате мисли вай надошт! Момодоя баъди покшӯйӣ навзодро дар парпечбанди сафед печид ва ба дидори падар овард, ки дар ҳуҷраи ҳамшафат ҳамроҳи устод Адуҷаббор садои ташти зарринро шунида, толеъ мегирифтанд, то ба се пурсиши нуҷум ҷавоб дарёбанд: «Ахтараш куҷо бувад? Иқболаш чун бувад? Фурӯғаш кай бувад?»

Лаҳзае, ки фарзанди моҳрӯй дар канори падар ниҳода шуд, офтоби заррин ба рухсораи тифл шӯъла афшонду Мирмалик бӯсаи пурмеҳр ба ҷамоли хуршеднур бахшид. Момодоя хурсандии худро пинҳон дошта натавонист:

Инчунин осон фарзанд назодаст касе,

Ки на дарде бигрифташ мутавотир, на табе!

Мирмалик бениҳоят шод шуд ва ба момодоя ҳадяи шоҳона дод:

– Алҳамдулиллоҳи раббилъоламин, ки муборак шоҳписар ба ман ато кардааст. Ба шодии рӯйи чунин фарзанд аз дари хазина банд мебардорам! Шаҳрро озин бандед, халқро даъват кунед ва як ҳафта таому ҳалво диҳед!

Устод Абдуҷаббор аввалин шуда, падари хушбахтро таҳният гуфт ва бо хабари некӯ шод гардонд:

– Башорат медиҳам, эй шогирд, ки туро писаре бузургвор омад!

Фарзанде, ки бе «бисмиллоҳ» офарида шудааст, боиси бухлу тарсу андӯҳ асту бо душворӣ ва азоби алим ба дунё меояд. Аммо фарзанде, ки бо меҳру нияти пок аз салби112 падар ба раҳми модар мегузарад, осонкушою осоишбахш асту дар сиришташ чунин навиштаанд: бало омаду қазо113 расид!

Бо дархости Мирмалик Пири уқдакушои Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки «Қуръон»-и шарифи бағдодӣ ба тифли нав ҳадя оварда буд, ҷумлаи тақдирсози мунаҷҷимро чунин шарҳ дод:

– Ин қазои мубрам ва амри маҳкам аз Парвардигори олам асту фарзанди дилбанди ту, ки абераи арҷманди мост, соҳиби хайрот ва эҳсон буда, некукирдору балогардон мешавад, балои азимро аз сари мо дафъ мекунад. Ӯро номи номӣ мебояд ниҳод, ки хубтаринаш Мирмӯҳсин аст.

Мирмалик аз Пири худ чӣ будани балоро мушаххас пурсидан мехост, ки Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ бошитоб аз дар даромад. Аввал тавлиди фарзанди навро муборакбод гуфта, шамшери алмосгуни фӯлодӣ тӯҳфа карду сипас оҳанги гуфтор дигар намуд:

– Таъҷилан хабар расид, ки Чингизхон ҷанг сар кардааст! Лашкари муғул ба шаҳри Утрор ҳамла овардааст…

Аз шунидани ин шумхабар Мирмалик чӣ будани балои азимро фаҳмиду андаке суст шуд, вале орзуи дидани Нигина дар дилаш боло гирифт. Хост назди ҳамсари худ даромада, тапиши қалбҳоро бартараф кунад. Момодоя садди роҳ гашт:

– Камтари дигар тоқат кунед, шаҳриёр…

– Ҳолаташ хуб аст?

– Хуш шаклу нек вазъ дорад. Фақат… дар дасту миёну камараш андаке заъф ҳаст, ки шояд асари рақс бошад. Иншоаллоҳ, дарди ночиз зуд мегузарад.

– Дар паҳлӯяш истодан маро хуш аст, аммо рафтанам воҷибу лозим шуд…

– Ҷӯйи осиёби шумо аз оби мурод доимо пур бошад, шаҳриёр! Бехавотир, бо дили пур равед, аз ҷониби мо дар нигаҳбонӣ тақсире намешавад.

–Хуш бошеду ба модари Мирмӯҳсин саломи маро расонед! – Мирмалик гӯшвори заррине, ки арғувон лаъли бадахшӣ дар замир дошт, ба дасти момодоя дод. – Инро ба гӯшаш овезед ва ба гӯшаш гӯед, ки ғайр аз шодӣ дигар чизе ба дил маёрад, зеро аз шодӣ маро ба осмони иллиййин114 расондааст! Абадулабад шукронаи он хоҳам кард, ки аз шамъи муҳаббат чароғи ҷаҳонтоб афрӯхт…

На страницу:
39 из 48