
Нигина ва Мирмалик
Наргиси фаттони Нигина ороста аз сурмаи ноз шуд. Аз шарбате, ки болои хонтахта меистод, чошнӣ карду пиёлае ба Мирмалик дод:
– Нӯши ҷон кунед, эй садри мӯҳтарам – нигаҳбони кабутари ҳарам!
Гулоб нӯшеду гулчини сухан шунавед. Бовар кунед, дар дил ба шумо ҳарфи гуфтанӣ бисёр дорам. Вале имкон набуд, боре бори дил сабук гардонам. Ночор бо ранҷу алами умрфарсо тоқат мекардам. Акнун парда аз рӯйи асрори муқаддас андаке бардошта, баръало мегӯям, ки шумо… фақат Шумо, эй ифтихори Хуҷанд, маро алифбои ишқ омӯхтаед:
Ҳанӯз наргиси сероби ман надида ҷаҳон,
Ҳанӯз савсани озоди ман надида чаман.
Ҳанӯз ночида аз бӯстони ман кас гул,
Ҳанӯз ношуда сер ин лабони ман зи лабан…
– Гуфтори хушу лафзи ангубин аз ширинлабон писанди ҳамагон аст. Он чӣ гуфтӣ, ба сидқу савоб пайваст бувад. Ман ҳам сухане дорам аз ту ба ту, ки бо гӯши дил бишнав. Аз китобҳо хонда будам, ки дар роҳи ишқ мард бояд буд ва бо дили пурдард бояд буд. Зеро ишқ бемориест, ки онро даво нест ва кори ошиқ ҳар рӯз ба муддао нест. Вақте дар аспрези Исфара бори аввал туро бо чашми ошиқӣ дидам, нимхандаи ширину нимнигоҳи ҳушрабоят, аз паси чодир чун моҳи мунир намоён шудани рухи тобонат ақли нопухтаро гудохт ва дили наворзуро ба шӯр андохт.
Баъд… Фаҳмидам, ки ошиқро ҳазору як бало дар пешу қафо интизор асту бесабрӣ дар ишқ азоби ҷовидонист ва ҳар кӣ азми ошиқӣ кунад, ӯро мебояд дил аз кафу ҷон аз тан бардорад.
Дар ишқи ту дил зи даст додам,
Бар хеш дари бало кушодам!
– Оре, алмудом хушу хуррам нест диле, ки ишқ дорад. Вале аз дарди ишқ шикоят оё равост?
мҚаҳру лутф андар маҳалли худ накӯст, эй қиблаи ошиқони ҷаҳон! Ҳар киро дард аз як моҳ гузарад, дарди ҳарина шавад. илтиҷо дорам, ки нафасе наздиктар биёву набзи бемори худро санҷида, тапиши дили ошиқи бечора бишнав, ранги заъфарону ҳоли зорашро нигар ва дорую дармон бахш…
Чаро карахт истодаӣ? Пештар биё, ки дар орзуи рӯят солҳои дароз чун зулфи сиёҳат печону дилсиёҳу беморам…
Биё, ки бо сари зулфи ту корҳо дорам,
Зи ишқи рӯйи ту дар сар хуморҳо дорам!
Эй шаҳриёри муаззам, шумо исми муборак, зани зебо ва хонадони обод доред, ҳурмати хеш ба ҷой оред, то ба қатори бегонаҳо дохил нашавед!
– Бо бегонаҳо нишаста, боз ба дили ман нештар задан мехоҳӣ? Бовар кун, қалбам дар қафаси сина симобро монад, ки ним нафас оромаш нест!
Маро то нуқра бошад, мефишонам!
Туро то бӯса бошад, меситонам!!
Бигӯям, то бидонад душману дӯст,
Ки ман сустию мастурӣ надонам!
– Агар дар сӯҳбати аввалин фақат ба дидор ва гуфтори ширин дил хуш дорем ва шеър хонем, аз ҳазор бӯсу канор ҳазор бор авлотар аст. Беадабӣ хирадро хира кунад…
– Эй роҳати ҷони ман, илтимос, қалби озодгаштаи маро дубора зиндонӣ накун! Ҳиҷрони ту боиси дарди дилам буд, ҳолиё васлат дармони ман аст. Тараҳҳум кун ва «не» нагӯ дигар…
– Амри муҳол аст он чӣ дар сар доред! Шумо мехоҳед, ки бо кадом роҳе набошад, таманнои хеш ҳосил кунед. На-ме-ша-вад! Эй вологуҳари ман, илтиҷо мекунам, ки аз қайди нафс берун оед. Тамаъ ва ишқ обу оташ…
– Шоир Сайфуддин боре гуфта буд, ки «Нигинаи мо сар то по ҳунар асту зебоӣ, аммо камбуде дорад азим – дили сангин!» Пештар биё…
– Шаҳриёрам! Хубаш, сӯҳбати ширин пагоҳ идома бахшем…
– Не, азизам, ман дигар асло бо ту хайрбод кардан намехоҳам! Моргазида аз ресмони ало тарсад, ман аз хайрбод метарсам.
– Чаро?
– Аз он метарсам, ки ман аз хона бароям, андалеби дигар… Саъдӣ медарояд…
– Ҳа-ҳа-ҳа! Баъд Сайфуддин мебиёяд… Баъд Чингиз меояд…
Эй дилгумзадаи рашкнок, ман шабчароғе баҳри ошиқони шабгард ва бедилони шабкӯр нестам! Илтимос, забони ҳасад аз таҳқир нигоҳ доред. Хайр…
– Исто! Хоб ҳаром аст имшаб!! Агар дили маъшуқа санги шарар бошаду ба ошиқ дилсӯз набошад, дили шайдо худ бисӯзад! Муддатест, ки дар ин ошён ҳамсӯҳбатем. Акнун вақти он расида, ки ҳамбистар ва ҳамоғӯш шавем!
– Илтиҷо мекунам, дасти сабр бар остини ақл андозед. Бо сабру таҳаммул ғӯра ҳалвою най шаккару шаккар қанд мешавад…
– Ғӯраи мо ким-кайҳо ҳалво шудагӣ! Хуб мешавад, агар аз ҳалвои муҳаббат комҳо ширин гардонем!
– Ҳанӯз ҳам бовар дорам, ки ақли дурбини шумо аз бадкорӣ худдорӣ мекунад. Агар аз шумо амали ношоистае содир шавад, узратон ба ҳеҷ ваҷҳ қабул нахоҳад шуд. Ҳеҷ хирадманд барои осоиши хеш ранҷи маҳбубаи хеш ихтиёр накунад. Илтимос, ҷафои маро раво надоред, аз андешаи хато даргузаред. Илтиҷо мекунам, аз вас- васаи шайтон дил пок кунед…
– Эй бути сухансигол, забонам аз гуфтугӯ ба дард омад. Муроди ман лайлатулишқ аст, на лайлатулгап! Ту маро чанд карат ба сабр ишора фармудӣ. Инсоф металабам: чеҳра менамоиву дил мерабоӣ, аммо сабр мефармоӣ?! Аз ҳаҷру ғамат киштии сабрам шикас- та, пора-пора шудааст! Ҳоло чора ба ҷуз шитоб нест. Як боракак туро дар канор гирам, аз ман хушбахттар ошиқе нест!
– Боз мегӯям, ки ин савдои муҳол аст. Эй бузургмард, бар зайифа ситам накунед ва худро асири шаҳват насозед. Дар пои ман бисёриҳо сар андохтаанд, вале ҳеҷ кас аз рӯйи ман парда набардоштааст…
– Ман аввалин шуда, парда барандозам! – хитоб кард Мирмалик ва якбора оташи ғайраташ чун чароғ шӯълавар шуд. Чолок аз дасти Нигина гирифту хост болои кат хобонад.
– Шаҳриёро, агар дасти паймон мехоҳед, дастамро раҳо кунед! Шумо маст ё ҳушёр?!
– Ман масти шароби ҷоми ишқат, бадмастии ман на аз шароб аст! Ман бо ту шароби ишқ нӯшиданӣ!!!
– Эй марди Худо, кори муҳоли ақл хилофи шаръ аст!
– То ба имрӯз ҳеҷ коре хилофи шаръ накардаам ва нахоҳам кард! Худат даруну беруни дарбори шоҳу ҳокимонро хуб медонӣ ва боз медонӣ, ки тавонгарро муяссар мешавад, то ҳар шабе нав ба нав санами зоҳидфиребе дар бар гирад. Вале ман аз ин тоифа нестам ва ба номи Худо савганд мехӯрам, ки ба эҳтироми муҳаббати мубаррои мо ба ягон гулдухтар бо чашми харидорӣ нигоҳ накардаам! Ҳамсари шаръии ман Ойчечак, албатта, аз ин ҳисоб берун аст…
Дарвоқеъ… ту аз гапи нав хабар надорӣ: ман фарзанди нав ёфтаам!
– Муборакқадам шавад! Кай?
– Вақте ки аз таҳонаи Деҳмой туро наёфта, парешонҳол баргаштам, назди дарвозаи шаҳр мулозим ду хушхабар расонд. Якумаш таваллуди фарзанд, дуюмаш ташрифи ту. Модари чашминтизор ба ҳоли худ гузошта, ба дидори ту шитофтам, ки азизтарин азизи дили манӣ!
Сухани пӯсткандаи Мирмалик дар дили сангини Нигина ончунон таъсир кард, ки аз дасташ инони сабурӣ раҳо шуд. Аз ҷойи нишастааш барқвор ҷаҳид ва рухсораи шаҳриёрро бори дигар беибо бӯсид. Сипас қадаме қафо гузошта, бо ширинзабонӣ гуфт:
– Аз ин хушхабар ранги зардам арғувонӣ шуд. Зеро аз дили зардоб ғам коҳиду тараб афзуд. Орзу мекунам, ки гули шодӣ дар замири поки фарзанд алмудом шукуфон бошад.
Ларзиши тан ва тағйири ранги Нигинаро нигариста, Мирмалик шердил шуд:
– Медонам, ки аз гапи рост хашм намегирӣ, фошофош мегӯям: ба шодиёнаи тавлиди фарзанд соате дили маро шод гардон!
– Уф-ф! Боз сар шуд девонагӣ… Шумо дар коми оташед, эҳтиёт кунед…
– Чӣ хел оташ?
– Шаҳват равғанест ба оташи дӯзах! Ишқи маҳмудро теғи шаҳват паркола-паркола мекунад охир!!
– Боз мегӯям, ки хиёнатписанду шаҳватпараст нестам ман! Маро шаҳду шаккар дилпазиртар аст. Агар амри ҳокими арҷманд барои ту ҳатмӣ нест, хоҳиши ҳокими дилбанд оё нофиз104 нест?!
– Ҳама ҳарфу ҳиҷои ҳокими хушманиш барои ман нофиз аст. Ман гарди домани шумоям, шумо сурмаи мижгони ман ҳастед!
– То ба кай бо гапи норосту фиребу алда маро алла мегӯйӣ ва меаллонӣ? Эй фиребанда дурӯғгӯй, боре ба ростӣ маро шодбаҳр мегардонӣ ё не?!
– Безорам аз дурӯғ гуфтан ва ишқбози дурӯғин дидан! Маро тӯҳмат назанед, то оҳам гиребонгир нашавад. Агар гӯям, ки «гарди суми саманди шумо ғозаи рухсори ман аст» ҳаргиз ҳарфи дурӯғ ва хушомад нест! – гуфт бо чашми гирён Нигина ва чандон гирист, ки шодӣ бар Мирмалик талх гашту мулоимтоб шуд.
– Бовар кардам, ки ҷаҳони малоҳат ва ҳам фасоҳат ба фармони туст. Ту бадри осмонниҳодӣ ва ҳам паризодӣ. Оҳуе надидаам аз ту ошиқнигоҳтар! Дар кафи гавҳаршиносон гавҳари аз ҳама гаронқадр ту ҳастӣ! Чӣ хуш аст, агар нисбате ба хонадони мо дошта бошӣ…
– Ана ин гапи дигар! Замоне ки бори аввал ба Хуҷанд омада будам, модаратон сарамро сила карда, «дар шаҳри мо мусофир нестӣ, беҳтарин хонаи мо – кошонаи ту» гуфта буданду хоҳаратон Гулсимо хоҳари қиёматии ман, тағоятон Шайх Бурҳониддин бобокалони ман… Шумо боз чӣ мехоҳед?
– Он чӣ мехостам, борҳо гуфтам, рад кардӣ. Боз гӯям?! Бишнав: дар Ғӯрганҷ гуфта будӣ, ки ҳарчанд бӯсаи арзон надорам, ба шумо бӯсае инъом медиҳам. Рӯзу моҳу солҳо гузашту ваъда иҷро нашуд. Агар он бӯсаи қарз бидиҳӣ, хоки поятро ҳазор бор бӯса кунам…
– Росташро гӯям, пешниҳоди дигаре умедвор будам, вале гапро боз ба маҷрои дилхоҳи худ гардондед. Бӯсаи Ғӯрганҷ дигару бӯсаи Хуҷанд дигар, аз замин то осмон фарқ дорад! Он бӯса мубтадои ишқу муҳаббати пок мешуду ин бӯса оғози шавқу ҳавасу шаҳват аст ва нашуданаш беҳ…
Эй бузургмарди замон, чун накӯ медонед, ки ин кори хатост, илтимос, инод наварзеду якравӣ накунед, худрову маро дар маърази тамошо наандозед. Илтиҷо мекунам, эй шаҳриёри меҳрубон, ҳушёрмағз бошед, рахши ишратро лаҷом маҳкам дореду рахши андешаро лаҷом сар диҳед. Илтиҷо мекунам, дили нозуки маро ба сахтӣ нахарошед…
– Харошу тароши чӯб барои зебоӣ ва ороиш аст.
– Ман чӯб нестам охир, инсонам…
– Кӣ гуфт, ки ту инсонӣ?! Худатро кафтару кабку оҳу меҳисобӣ. Саъдию Сайфу дигар шоирҳо туро фариштаю бадру малак меҳисобанд. Ба чашми ман паризоду париатвор ва парирухсор менамоӣ. Хулласи калом, ту инсон не, бути ошиқкуши айёру офати ҷону балои имонӣ!
Туро мисли чӯби сарви равон тарошидану харошидану бо ранда ҳамвор кардан кам аст. Туро мисли марворид кӯфтану суфтану сайқал додан одоби ҷавонмардист!
Хез аз ҷоят! Рафтем ба хилватхона!!
Нигина паршикаста шуду ба кунҷи хона ғунча нишаста, аз дидани Мирмалик дида пӯшиду хомӯшӣ ихтиёр кард. Тарсу аз он буд, ки агар амали ношоистае аз вай содир гардад, номуси духтаронааш ва номи некаш сахт доғдор мешавад, иффат ва ифтихори дӯшизаи боҷамол барбод меравад…
Худо шоҳид, ки муштипар барои ҳифзи покдоманӣ ҳама кори аз дасташ омадаро кард, тамоми маҳорати худро кор фармуд, то Мирмаликро аз феълу амали нохуб боздорад, вале… ҳолиё бо чашми дил мебинад, ки инони бузургмард аз дасташ рафтан дораду алифбои ошиқиро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода, дар ғурури шаҳриёрӣ менозад… Чӣ бояд кард??
Нигина билфавр ба қароре омад, ки соҳирӣ ва нозу фиреби дилбарӣ ба кор андозад, то ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Яъне ҳам ошиқи шӯрида андаке ором гираду ҳам имкони тоб хӯрдан пайдо шавад. Баҳри иҷрои ин мақсад сухане мухтасар ва нишонрас бояд гӯяд.
Чи гӯяд?!
Мирмалик қадаме пеш гузошту духтар бо тамоми қувват нидо кард:
– Истед! Мушкилоте мепурсам, ҷавоб гардонед!
Мирмалик лаҳзае таваққуф карду гуфт:
– Пазируфтам. Он чӣ мехоҳӣ, бипурс.
– Аҳд бастан аз ақд бастан чӣ фарқ дорад?
– Аҳд бастан паймон кардану ваъда додан асту ақд бастан никоҳ кардан, ба занӣ гирифтан…
– Оё мо аҳд бастаем?
– Ҳаргиз ба вафо бо ягон духтаре аҳд набастаам. Аввалину охирин ту бошӣ, эй ороми ҷонам!
– Ҳар духтар аз домоде чун шумо фахр дорад, эй ғазанфари Хуҷанд! Аммо ҳеҷ яке нозидану болидан мисли ман натавонад, эй Хисрави хубони олам! Агар азми ҷазм дореду вафо дар дил мепарваред, даст бар сари ман ниҳед ва мардона савганд хӯред, ки Худованд шоҳиди мост.
Мирмалик бе ягон андеша дасти рост бар сари Нигина гузошту бо лафзи бурро гуфт:
– Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон як не, ду не, ҳазор савганд, ки туро бе кибру риё ёри азизу меҳрубон, анису мӯниси ҷону имон, дӯсти содиқ бошам, аз муҳаббати самимонаи ту сари иродат барнадорам, шеваи сидқу сафо ва оинаи адлу вафо нашиканам, аз тариқи садоқату рафоқати абадӣ берун по нагузорам, расму ойини ошиқӣ покиза нигоҳ дорам, табъи латифатро хушҳолу хушнуд, ҳоли шарифатро хушбахту хушрӯз намоям, иқболатро хуҷаста, рӯзгоратро хуш андар хуш гардонам ва то зиндагӣ боқист, беш аз падар дӯстдор ва ғамхори ту бошам!
Нигинаро дигар маҷоли гуфтор намонд. Дар дил Яздонро ниёиш карду худро бедиранг ба оғӯши Мирмалик андохт. Шаби торики ду дилдода ба рӯзи равшан табдил ёфт…
Мирмаликро чун ташнагӣ аз бӯсу канор бишкаст, тахтапушти гарму нарми Нигинаро бо кафи меҳрубонӣ ба ғамхорагӣ навозиш карда ва рағбати тарафайн ба мубошират афзун намуда, бетакаллуф гуфт:
– Акнун маро ҷуръае аз ҷоми васли ту чашидан орзуст!
Ин гапро шунидан ҳамон Нигина худро аз оғӯши шаҳриёр дур кашид ва бо ҷони дардноку чашми гирён гуфт:
– Зинҳор зино накунед, ки зинҳор бихӯред! Ҳар кӣ зинокорро кофир надонад, худаш кофир аст!! Ба худо савганд мехӯрам, ки он чи маъқули шумост, маъқули ман бошад, валекин ҳозир гардан ба итоат наниҳам. Қасам ба Худо, сар медиҳаму тан дар фасод намедиҳам!!
Байти Саъдиро ба ёд оред:
Ту, ки дар банди хештан бошӣ,
Ишқбозе дурӯғзан бошӣ!
Шӯълаи ғайрати Мирмалик, ки аввал чун чароғи фурӯзон буд, бо шунидани сухани гаронбор ба шамъ мубаддал гашт, вале аз аспи ғурур пиёда нашуд ва ишқбозиро идома бахшид:
– Зино зишт аст, алҳазар! Ҳарчанд дар китоби ишқ ба ошиқон маслиҳат додаанд, ки зишту зебо ҳар чи бинӣ, дасти рад бар вай мазан! Эй шоҳи бутони зинда, мо ҷимбазми айшу нишот мекунем, на зино! Дил бар дил мениҳему хумор мешиканем…
– Эй бузургмарди бохирад, чӣ лозим суханбозию худфиребӣ? Ҳанӯз ман дӯшизаам охир! То ҳол гунҷишки касе ба боми ман нанишастааст…
Мадду ҷазри дили шӯридаи ошиқи беқарор андак ором гардид. Зеро хуб медонист, ки агар аз ҷониби маъшуқа кашише набошад, ҳазор кӯшиши ошиқи бечора ба ҷое намерасад.
Оре, дар ҳама ҷо ҳамеша аз маъшуқа ноз асту ғурур ва такаббур, аммо аз ошиқ бечорагию аҷзу ниёз… Қонуни нонавиштаи ишқу муҳаббат ҳамин асту чунин мемонад. Вале оё садри Хуҷанд ниёзманду бечора аст? Аз виқору салобату ҳашамати ин таҳамтан душман ҳаросон асту ҳама сари таъзим ба замин мерасонанд. Дӯстон бо ифтихор вайро шери Хучанд лақаб ниҳодаанду гурдҳои туркзабон ба зӯри сарпанҷааш қойил шуда, ӯро Темурмалик мехонанд, яъне Малики пӯлодбозу! Пас, мантиқан, на ошиқи бечора, балки ошиқи зӯру тавоност Мирмалик ва бояд гапи худро гузаронад! Ба оҳуи рамида ва ҳаросон имкон надиҳад, ки бар шери жаён ғолиб барояд!
Аз андешаҳои баландпарвоз чеҳраи Мирмалик пургул гашту дубора ба аспи ғурур савор шуд ва мисли шер ғуррид:
– Зиҳӣ, эй паризод, ки бо афсуни сухан маро мадҳуш кардан мехоҳӣ! Нозу нуз ва сеҳру афсун бас!! Замони мабар-мабар, макун-макун, мазан-мазан гузашт. Лаҳзаи биё-биё расид. Зуд ба бистари мулоим даро-даро, ки аз исто-исто ва ҷони ҷонам ба лаб расид!!
Мирмалик ҳарчанд кӯшид ва овоз баланд барангехт, Нигина розӣ нашуд. Абрӯ дарҳам кашиду бо шиддати тамом гуфт:
– Ман мастурӣ ба тарсуӣ нафурӯшам! Агар зино мехоҳед, якбора ханҷар дар дилам занед!! Синаам бишкофеду коми дил ба даст оред!!!
Агар аз азоби рӯзи қиёмат натарсед, аз Худои азза ва ҷалла эҳтиёт бошед, ки ҳозир асту нозир асту қодир асту бино ва шунаво! Савганди шумо дар арши аъло шунида шуд. Аз савганди шумо Пири бузургвори мо огаҳӣ ёфтанд. Акнун то ақди никоҳ баста нашавад, лоақал як бӯса бар мо раво набувад!! Нею агар боз гарданшахӣ кунеду дасти таҷовуз дароз кунед, қасам ба Худо, худро бо заҳри ана ин нигини дастам мекушам!
Нигина даст ба даҳон наздик оварду гӯё ба сари Мирмалик як машк яхоб рехт. Саросема оринҷи ӯро маҳкам дошту бо табассуми тайиб сар ҷунбонда, дасти дигар боло бардошт ва сулҳомез гуфт:
– Ман таслим. Ҷонам тасаддуқи ту, эй ҷони ширин!! Бигзор гапи ту гапи ман шавад:
Дар риштаи ақд баста бошем,
То ҳар ду ба ҳам ҳуҷаста бошем!
Субҳи солеҳон пеши пойи Пири Бузургвор меафтам, то хутбаи никоҳи мо бихонад.
* * *
Шайх Маслиҳатдин, ки сар ба муроқаба105 фурӯ бурда буд, садри Хуҷандро муддате маътал дошту пас аз саломуалейк ба паҳлӯи худ шинонд ва бо табассуми обӣ гуфт:
– Аз ровиёни ахбор шунидам, ки ошиқони дидору гуфтори якдигар аз сари шаб то вақти хуфтан гулу булбули бӯстони Хуҷанд шудаед.
– Мо қарор кардем, ки то дами вопасин шодию ғам бо ҳам бинем…
–Бале, воқифам, ки баъди савганд ба сулҳ қарор афтод. Хуб кардед, ки зишту хуб аз ҳам ҷудою хайру шарр бо адлу хирад ҷо ба ҷо гузоштед ва ному номусро ба гӯшаи бешарафӣ наниҳодед. Ҳаргиз нахоҳам, ки ҳар ду ба нохубӣ дар ҷаҳон овоза гардед.
Донам, ки ту садри шергирӣ,
Бар оҳуи худ макун далерӣ!
– Ҳазорсола шавед, Пирам! Баъде ки маҳрами дил шудем, ба хулосае омадем, ки… маҳрами тан шавем…
– Маҳрамият борбардори нишоти офият аст! Ёрони ҳамранг ва ҳамсанг ҷуфти сазоворанду мо тартиби куфру имон ва ойини кешу насабро риоят карда, нияти хайри дилдодаҳоро ба анҷом мерасонем. Аммо на имрӯз! Як рӯзи дигар сабр мебояд…
– Чаро?
– Сешанбе нофи ҳафта асту барои никоҳ нофеъ нест, бахти нофарҷом ба бор орад. Аммо пагоҳ чаҳоршанбеи муродбахш асту рӯзи понздаҳум, моварои моҳи раҷаб – явмулистифтоҳ аст. Яъне рӯзи кушоиш талабидан, ибтидои амали нек. Дар ин рӯзи муборак дарҳои осмон ва Каъба барои қабули дуо ва арзу ниёз кушода мешаванд.
Маслиҳат ин аст, ки пас аз дидани рӯйи мубораки фарзанди нав ва иёдати модари азиятдида, ки чашминтизорӣ мекашад, бо чеҳраи кушод ташрифи шоирону дӯстонро муборак мехонӣ ва ба шукронаи тавлиди фарзанд шоиста зиёфат медиҳӣ. Зеро некӯӣ намудан ба дилҳо роҳ ёфтан асту дилнавозӣ кардан ба хушнудӣ шитофтан! Хушнудӣ ёри туву ёри ёри ту бод!
Равзанаи шашум. Мавҷу авҷи нағмаҳои булбулон дар сабқати як гулу сад харидор
Мирмалик монанди шамоли форами саҳарӣ аз соҳили дарё ҷониби маҳаллаи Мирзоён вазида, бо ҳадяи гаронбаҳо дили ҳамсарашро шод гардонду аз дидани ҷамоли навруста дили хеш фархунда сохт ва дояро низ инъоми навраҳон бахшид. Ин бевазанак аз табори Турконхотун, ки ҳамрикоби Ойчечак барои парасторӣ ба Хуҷанд фиристода шуда буд, чун соя аз дунболи кадхудо берун баромада, баъди арзи сипос бо оҳанги пӯзиш гуфт:
– Эй шаҳриёри муаззам, маро маъзур доред, ки ду-се даҳан гапи пароканда дорам.
Мирмалик хоҳиш пазируфт ва ба лаби кат нишаст.
– Хуб кардед, ки дили озурдаи маликаро бардоштед, эй соҳибкарам! Кадбонуи хонадонатон аз дирӯз дар хумори дидор ва гуфтори шумо чашм бар роҳ буданду дилтангӣ мекарданд…
– Шоҳаншоҳи оламро то сесӯ гуселонда, дер баргаштему аз аёдати шабҳангом ҳазар кардам.
– Шумо, ки дар мақоми баланд истодаед, ба ҳоли мо механдед? Кай ба Хуҷанд расидану дар ошёнаи Нигина чӣ кор карданатонро аллакай ними шаҳр медонад! Вақте малика фаҳмиданд, ки баробари шунидани номи Нигина ақл аз сар нақл карда, ба дигар ҷониб паридед, ончунон бошиддат гиристанду нолиданд, ки гумон кардем, дубора дарди зойиш азоб медиҳад! Аз чашми модари навзод он қадар оби ҳасрату надомат ба чеҳраи тифл шорид, ки гумон кардем, ба покшӯӣ ҳоҷат намонд. Сипас сад хор-хор дар ҷигари малика афтод ва аз синаи пурдард ҳамагӣ як ҷумла берун баромад: «Худоё, чашмаш намак гирад!»
– Чашми кӣ?!
– Чашми Нигина, ки некиҳои Ойчечакро дар Ғӯрганҷ фаромӯш карда, дар Хуҷанд бадбини малика шудааст. Илоҳо, ҳеҷ ба муддаояш нарасад!
– Дуои бад накун, хато бо узру ато ислоҳ кардем…
– Малика аз дошани шумо шод гаштанд, вале аз муомилаи шумо бо Нигина басо ғамноканд. Гуфтанд, ки баробари аз ҷойгаҳ хестан таҳонаро пури занбӯри сиёҳ кунонда, он раққоса он ҷо дароварда, то намурад, дарро намекушоянд.
– Ин қадар бераҳмӣ чаро?
– Барои он ки Нигина дар ниҳон тирагӣ бисёр дораду даҳҳо ҷавонмард ба доми тазвири вай уфтодагӣ… Табассуми ширини ин ишвафурӯш, ки садяке аз сеҳри чашмаш тӯшаи сад соҳир аст, кони намаки фитна аст. Худоё, ба боди бало дучор гардон ин беҳаёро!
– Агар ба айбҷӯӣ камар бастаӣ, чандон ки мехоҳӣ бигӯ. Лекин… фаромӯш накун, ки то дирӯз ҳамроҳи маликаат «Офарин бар дасту бозуят!» гуфта, Нигинаро ба осмон мебардоштед.
– Мо ба рақсаш мафтун ва ба ҳунараш қоилем. Дар Ғӯрганҷ ҳар гоҳе ба ҷилва ояд, насими остини вай димоғи моро мешӯронду бо ангушт шикан-шикан карданаш набзи дили моро пасту баланд мекард. Бо дастгирии Ойчечак онакалони бузурги мо ин раққосаи аз қаъри чоҳ баромадагиро ба авҷи моҳ расонд. Вале кӯрнамак будааст ин сойкелдӣ! Дар Ғӯрганҷ ба сари Узлоғшоҳ об рехту ба Хуҷанд омад, то теша бар решаи Ойчечак занад…
– Худат гуфта будӣ, ки Хоразмшоҳ вайро ба Хуҷанд овард, то ба никоҳи хеш дарорад…
– Ҳамин хел гапу калоча буд. Лекин ғар буданашро фаҳмида шоҳи олам ба рӯяш туф карда, партофтанду рафтанд. Акнун ки шоҳу шодгуна ба мисли офтобу шабнам шудаанд, ин фиребхӯрда шуморо фирефтан мехоҳад. Барҳазар бошед, ки ин кӯҳистонӣ дар миёни мо аҷнабист! Аз деҳа рондаю аз ақрабо монда, дар мулки Хоразм овораю дастибадаст вай! Бо андаке ҷамол бисёр мол ҷамъ оварда, «даст ба киса – ишқ ба дарвоза» гуфта, умри ҷавонӣ барбод медиҳад. Эй шаҳриёри муаззам, на нилуфар бувад ҳар гул, ки дар обдон бошад! Мочахар беҳтарин ҷули атлас пӯшад ҳам, хар аст! Вай як замон бо шумою як замон бо дигаре ҳамоғӯш мешавад.
– Наход??
– Бовар кунед, рост мегӯям. Яқин медонам, ки вай ҳоло ба Саъдӣ муомила дорад. Як олуда бас бошад, ки як шаҳр биёлояд! Бо гӯши худ шеъри шоирро шунидам:
Туро худ ҳар кӣ бинад, дӯст дорад,
Гуноҳе нест бар Саъдӣ муайян…
– Беҳтарин шоирони олам беҳтарин шеъри худро ба Нигина бахшидаанду бо як овоз мегӯянд, ки миёни нозанинон нозанинтарин нозанини нозукниҳод ва нозофарин ин шамъи мунаввари рӯз асту агар хоҳӣ, ки дар нимашаб офтоб бинӣ, аз рӯйи Нигина ниқоби гулбарг фурӯ гир!
Доя бо таассуф сар афшонду писхандомез гуфт:
– Ҳазор афсӯс, ки шумо фақат нақшу нигори товусро таҳсин мекунед, вале пойи зишту ифлосашро намебинед…
– Эй гаранг, зебу фари товус аз пари товус асту ин парандаи зебо майдасолори кабутари ҳарам! Ифтихор дорам, ки ин навниҳол сарви хиромони ман аст!!
– Ҳоло ба об нарасидаед, чаро мӯза мекашед? Эҳтиёт бошед, ошноӣ бо кафтараки тардоман хатар дорад!
– Сухан ба оҳанги таҳдид чаро?
– Вақте маликаи гиромӣ аз омадани Нигина воқиф шуданд, моро фармуданд, то ба унвони Турконхотун таъҷилан нома фирис- тем. Мо навиштем, вале маълум шуд, ки Худованди олам аз қазияи Нигина огоҳанд ва барои сайди оҳуи гурезпочик ба Хуҷанд шикорчӣ роҳӣ карда, чунин гуфтаанд: «Савганд хӯрдаам, ки нахандам, то замоне ниқори Узлоғшоҳ ситонда нашавад!» Ин амри махфиро барои он ошкор сохтам, ки сухани дӯстонаи маро таҳдид гумон набаред ва бори дигар хоҳиш мекунам, эҳтиёткор бошед…
– Хидмати ту арзандаи подоши олист!
– Ба ростӣ? Чаро?
– Валиаҳди гиромӣ дирӯз маро вазифадор карданд, ки кабутари ҳарамро аз чанги Чингизхон ва дигар бадхоҳон мисли гавҳараки чашм ҳифз намоям.
– Инаш барои ман гапи нав асту акнун масъала ранги дигар мегирад. Шумо, ки тахт дореду кӯлоҳ дореду насаби пок ва зани хуб, нек биандешед, ки кадом амр бароятон муқаддам аст? Ба модари шоҳаншоҳи олам мадад мерасонед ё халал?!
– Гӯши ман фақат як амр шунидаасту фармонпазирам. Аз арбадаи Узлоғу хурӯши модаркалонаш бехабарам ва амри вайро аз паси девор шунидам. Аммо сухани туро баръало шунидаму кӣ буданатро донистаму ҳушдор медиҳам, ки забон аз ғайбати покон кӯтоҳ дор, то умрат дароз шавад!
Ба ҳурмати тифли навзод имрӯз нармдилӣ карда, дояи вайро сазовор ҷазо намедиҳам, вале агар торе аз мӯйи Нигина кам шавад, аз худат гила кун! Фаҳмидӣ?
Дояи гунаҳкор пеши пойи шаҳриёр зону зада, узр пурсиду тавба кард ва сархам ба хидмати тифлу модари навзод шитофт. Мирмалик ба дарбон ҳушёрию зиракиро таъкид намуда, чун ба дорулҳукумат расид, аввал доруғаро ҷеғ заду фармуд, ки ду нафари мӯътамадро оҷилан ба кошонаи Маҳастӣ фиристад, то Нигинаро ноаён таҳти назорат ва ҳимоят гиранд. Сипас муддате ба ҳаллу фасли он муҳимоти ҳукумат машғул шуд, ки бинобар ташрифи Хоразмшоҳ мавқуф гузошта буд. Яке «Нигина бо Саъдӣ муомила дорад» гуфтани доя вайро бесаранҷом карду дилаш ғаш хӯрд. Корро чала монда, сӯи кошонаи Маҳастӣ шитофт. Дид, ки Нигина ҳамроҳи Шакархонум ва марду зани ношиносе дар суфакати мобайни ҳавлӣ нишаста, шеърхонии олуфтамардеро бодиққат гӯш мекунанд.
Ҷумлаи таърифии Зиёи Хуҷандӣ аранге ба хотираш омад: «Саъдӣ мардест бофарру хушком, далеру густох, бузургманишу бовиқор, ҷаззобу хурӯшон ва ширинзабон, шеъри баланду нигоҳи мӯшикоф дорад, аммо лӯъбатбозу майгусор…»
Аз дигар орифони Хуҷанд низ дар хусуси табъи баланду ҷамоли нутқ ва ҳусни фасоҳати ин шоири тавонои Аҷам тавсифи бисёр шунида, медонист, ки дар фазлу камолаш соҳибқаламони олам муттафиқанд. Бар замми ин, аз дишаба суханҳои шӯълавари Нигина фаҳмид, ки ба сурату сирати зебои андалеби Шероз бисёр соҳибҷамолон низ дилбохтаанду гули хуштаровати Ворух дар моварои онҳост ва аз ҳамин сабаб Пири бузургвори Хуҷанд вақти гусел ин шоири ширинкаломро андалеби шайдо номид, яъне рақиби шаҳриёр ҳисобид, вале эҳтирому бузургдошти меҳмонро дубора таъкид кард: