
Нигина ва Мирмалик
Инсоф медиҳам, ки латифону дилбарон
Бисёр дидаам, на бад-ин лутфу дилбарӣ!
Дугонаи ту Азро асту як карашма кунад, сад ҳазор дил мебарад!
– Карашмаро фаҳмидам, аммо «азро» чист?
– Духтари покизаю дӯшизаю бокираю афифа Азро асту номи маъшуқаи Вомиқ… Байте ба Азрои замон мебахшам:
Дидор менамоию парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ!
Нигина фаҳмид, ки навбати сухан ӯро расид. Бо табассуми ширин гуфт:
– На парҳезкору на тарснокам, устод:
Наям чу об, ки бо ҳар касе даромезам,
Наям чу абр, бар ҳар касе гуҳар пошам!
– Байти Ҳоқонӣ бамаврид ёд кардӣ, вале агар ба ҷойи «гуҳар пошам» мегуфтӣ ки «гуҳар резам», беҳтар мешуд…
– Бигзор чунин бошад, ки ифодагари ҳоли ман мешавад. Зеро подшоҳон гуҳар пошанду духтароне мисли ман хунинҷигар, аз дида гуҳар резанд. Бовар кунед, устод, лаҳзае хомӯш нишастанам аз сари сӯз буду нолиши ҳозираам аз сари дард аст ва гиряҳо дар парда дорад чеҳраи хандони ман! Дар асл, оби Сайҳун ва Ҷайҳун ашки ду чашмони ман аст…
Тапиданҳои дилам нола шуд оҳиста-оҳиста,
Расотар гар шавад, ин нолаҳо фарёд мегардад!
– Фаррухӣ аз ёри сангдил менолид. Ту аз дасти кӣ фиғон дорӣ? Туро ба ин ҳол кӣ афканд?!
Нигина ашки чашм пок карду саргузашти худро аз аввал то ба охир – ҳама лаҳзаҳои нишотбахшу ғамангез, муколамаю андешаҳо, маслиҳату насиҳатҳо, шебу фарози парвози кабутари ҳарам, ҷилваи кабки дарӣ, саргардониҳои оҳуи рамидаро мухтасару мӯъҷаз нақл намуд ва дар хулосаи калом гуфт:
– Дар шабонарӯзи охир гаштаю баргашта толеъ баркашидам, то мизони дуруст дарёфта, мавзуни хеш гардам. Ман нармшона наям, лек сангдил ҳам нестам ва лутфи дӯстро арҷ мегузорам. Зеро медонам, ки нақш аз гилем меравад, аммо аз дил намеравад. Шукр мегӯям, ки маро дӯсти мухлис ангуштшумор аст. Вале афсӯс мехӯрам, ки ҷони дигару умри дигарбора надорам, то нисори ҳамагон кунам… Ҳайронам чӣ кор кунам??!
– Эй хоҳари ҷон, ман ҳақ надорам, ки ба ту маслиҳат диҳам, лекин хомӯш нишаста ҳам наметавонам, – бо оҳанги узр лаб ба сухан кушод Соҷида. – Ту аз ман хубтар медонӣ, ки ганҷ бе ранҷ ҳосил намешавад. Лекин ту шукр гӯй, ки муштипар нестӣ, аз зулму бедоди сарпанҷаи бераҳме ранҷу нола надорӣ ва Худо агар хоҳад, аҷри ранҷкаш бистари хоби роҳат мешавад. Дил фарох дор ва минбаъд ранҷу азоби ишқро ба ошиқ супор. Зеро ту духтарӣ, бар ошиқон аз ошиқон ошиқтар нашав! Дар ишқ шайдоӣ накун ва бар хира раъноӣ макун! Ҳеҷ аз ёд набарор, ки дар олами ишқ ошиқкушӣ савоб аст…
Шарофиддин дарҳол ба ҷумлаи охирин эрод гирифт:
– Гапи ин маҳи ошиқкуши айёр саҳеҳ нест. Оре, ошиқкушӣ савоб аст, аммо ошиқ аз ошиқ фарқ дорад. Эй хоҳари ҷон, хоҳиши аввал ин аст, ки ошиқони булҳавасу гулҳавас аз ошиқони муштоқ ва мухлисони самимӣ ҷудо намою фақат ба ошиқи ғош арҷ гузор…
– Инаш чӣ хел ошиқ?? – пурсид Соҷида бо шигифт.
– Ман барин ошиқи ба ифрот расидаи шайдо! – фурсати худнамоӣ аз даст надод Шароф. – Ту, ки шеър намехонӣ – намедонӣ! Лекин бовар дорам, ки дугонаат шоҳбайти Рӯдакиро азёд медонад:
Хештан пок дору бе пархош
Ҳеҷ касро мабош ошиқи ғош!
Маслиҳати дуюм ин аст, ки ба сурати мардон не, ба сирати ошиқон арҷ гузор, то муроди дилат табъи дил ҳосил шавад.
Маслиҳати сеюмро аз ақли худ нею аз китоб мегӯям. Оқилон фармудаанд, ки агар хуршед ғоиб гардад, аз рӯшноии моҳ талаби ҳидоят кунеду агар моҳ нопадид гардад, аз нури ситора роҳи рост ёбед. Орзу мекунам, ки туро дар интихоби ошиқи ғош Худо мададгор шавад ва дар базми муҳаббат ҷоми хушдилӣ бар каф ояд!
Нигина ҷавобан ба орзуи хуби шоири истаравшанӣ сари таъзим фуруд оварду ҳар се баробар ба Саъдӣ нигаристанд ва ӯ муштоқонро маътал накард:
– Дар идомаи ташбеҳи офтобу моҳу ситора ҳикояте мегӯям барои ошиқони роҳи саодат:
Булбул шаби дароз гирди гул дар парвоз омада, бо шавқ нағмаҳои дилфиреб дар соз оварда, ба овози хеш ғарра шуда, бо гул рамзе мегуфт.
Боди сабо, ки дар миён ғамза мекарду нози гулу ниёзи булбул мешунид, якеро хобонид ва дигаре шукуфонид ва худ баҳрае том бардошт…
Суханҳои Саъдӣ масал асту панд,
Ба кор оядат, гар шавӣ корбанд.
Эй гули навруста ва азизи дилу дида, аз такаллуми шоир маранҷ ва ҷавҳари сухан шунав: асло гули рӯйи сурх заъфарон макун, ки гулолаи101 мушкини ту бартар аз тоҷи хусравону ҳокимон асту шоҳони ҷаҳон бар остони ҷалолат сар ниҳодаанд:
Агар гулолаи мушкин зи рух барандозӣ,
Кунанд дар қадамат ошиқон сарандозӣ!
Эй гули пиёда дар шоҳроҳи муҳаббат, акнун насиҳате аз Саъдӣ шунав:
Ту бар сари қадри хештан бошу виқор,
Бозиву зарофат ба надимон гузор!
Ту худро кабутару кабки зарринқафас гуфтию ишорат кардӣ, ки Момои Самарқандӣ туро оҳуи шергир хондааст. Ин шоираи фасеҳбаёнро медонам ва медонам, ки вай дар шохи оҳу будани бароти ошиқон ва давоти шоиронро медонад. Агар шикори шери фалак туро ният бошад, ҳарчанд бо бахт ҷадал наметавон кард, гурги фарбеҳу шағоли лоғар аз ҳисоб барор ва худро асло оҳуи ҳарам машумор, ки гирди Каъба мегардаду ҳеҷ мусулмон ба шикораш ҷуръат намекунад. Азбас нагӯянд аз ҳарам илло ба маҳрам, махсус ба ту мегӯям: ҳарими дари арбоби муҳаббат бош ва байти Анварӣ шиори хеш гардон:
Чашми ту оҳуест бас нодир,
Ки ҳама сайди шери нар гирад!
Саъдӣ мисраи дуввум дубора хонду асо бар замин зад ва хитоб кард:
– Эй Нигини дили шоир! Ту болбурида кабутар наӣ,ва агар ба рақс наёӣ, шигифт ҷонварӣ! Ту он наӣ, ки чун ғойиб шавӣ, аз дил биравӣ. Дигар магӯй, ки «ман тарки ишқ хоҳам гуфт», зеро агар зулфат чун шаби торик аст, рӯят чун бадри мунир роҳнамо ва илҳомбахши шоирест, ки дӯст дорам, ҳама умр насиҳат гӯям, вале алҳол ҳайронам: куҷо равад магас аз коргоҳи ҳалвоӣ?!
Ба карашмаи иноят нигаҳе ба сӯи мо кун,
Ки дуои дардмандон зи сари ниёз бошад!
Ҳарфи охири маро асло фаромӯш макун: ту муфаттин, ман муфаттан!102 Дигар ошиқон ҳама бозанд, лек Саъдӣ шаҳбоз!
Акнун шод бошу қадам бебоктар неҳ ва дигаронро мужда деҳ, ки кӯҳи Рухак фатҳ гардид ва, ана, шаҳри Хуҷанд чун дар кафи даст омад падид!
Ҳамсафарон мисли ду ҷуфт кабутари озодбол муддате дар суфасанги болои кӯҳ нишаста, дами беғам заданду обу ғизо тановул карда, аз тамошои манзараҳои атроф баҳри дил кушоданд. Нигина аз панду ҳидояти Саъдӣ, ки мисли шаббодаи Рухак рӯҳафзо буд, баҳраи том бардошта, арзи миннатдорӣ карду байте шогирдона хонд:
Гуле бишкуфт зебо ин замонам,
Худоё, зери он хоре намонам!
Ман гуфтан мехоҳам, ки…
Саъдӣ ба ҳукми қофиласолор вайро аз сухан боздошт:
– Чӣ гуфтанатро фаҳмидам, вале шеъри пурнуқсон қабул надорам. Зеро дар олам гуле бе заҳмати хоре набошад! Агар
Як гули мақсуд дар ин бӯстон
Чида нашуд бе мадади дӯстон!
мегуфтӣ, ба маротиб беҳтар мешуд. Вале таҳлилу муҳокимаро мавқуф мегузорему қиссаҳои сарироҳӣ ва муаммоҳои кӯҳи баландро дар шаҳри азим файсала мекунем. Зеро ба манзил нарасад пургуфтор ва каҷрафтор! Шайхи мӯътабар моро интизор!
Сухандони парварда, Пири куҳан
Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан!
Ин пешниҳод бе баҳсу талош пазируфта шуд ва чор ёри рангинхаёл бо умеди беҳбудию беҳрӯзӣ ҷониби дарвозахонаи шаҳри офтобӣ равон шуданд…
Равзанаи панҷум. Пешоянду пасоянди савганди Малик ва лабханди малак
Корвони шоҳаншоҳиро Мирмалик то сероҳаи Деҳмой гусел кард. Шитоболуд рахти сафар бастану шитобонтар аз бод ҳаракат кардани Хоразмшоҳ, ҳатто як ҷумлаи хайрбодӣ нагуфтанаш барои аксарият ва махсусан барои шаҳриёри Хуҷанд муаммои тамоман сарбастаю муғлақ буд. Беовоз «Субҳоналлоҳ! Ин чӣ савдост?!» мегуфту аз таҷриба медонист, ки ҳеҷ кас ҳеҷ вақт бар ҳақиқати ин асрор воқиф нахоҳад шуд. Зеро бародархондаш Ҷалолиддин – кушояндаи ҳар мушкили Мирмалик, ки табиатан камгап буд, имрӯз аз ошуфтадилӣ тамоман завқи сӯҳбат надошт – гӯё сухан гуфтанро гум карда бошад!
Ҳолати ӯро дида, Мирмалик чӣ гуфтану чӣ карданро намедонист. Тамоми роҳ номи Нигина гаштаю баргашта нӯки забонаш омад ва пайваста дар он андеша буд, ки идомаи рози ниҳони ба валиаҳд ошкоргаштаро ба миён ниҳад ё не? Пастакак сурфида, роҳи калом нарм гардонду хост пурсад, ки «ҳоли Нигина чун мешавад?» Аммо теғи нигоҳи шоҳзодаро дида, пай бурд, ки ҳоли шарар дораду кордаш бизанӣ, хунаш намеояд. На аз тарс, балки аз рӯи эҳтиёт, барги гуфтори хеш хазон гардонд ва суоли дили танг ба саҳро афканд…
Лаҳзаи видоъ фаро расид. Султон Ҷалолиддин бо нигоҳи меҳр Мирмаликро нигарист ва тибқи одат китф ба китф расонда, расми хайрбод ба ҷо оварду қусури хомӯшии бардавом баровард:
– Хайр, бародарам, паноҳат ба Худо! Гусастадил ва шикастасилоҳ набош ва маҳҷурӣ аз рух дур андоз, ки ин рӯзи сахт, ҷӯшидану нолидану хомӯшию коҳиданҳо гузарон асту комрониву хилватгоҳу висол дар пеш! Акнун бори гароне бар китфи мост, обрӯи мулку подшоҳӣ ва равнақи давлат пайванд бар таҳкими бародарӣ дорад. Мо наметавонем, насибаи азал аз худ дур афканем, аммо метавонем, аз дигарон беҳ бошем! Мо ҳақ надорем, аз оҷизӣ дида бар ангушт ниҳем, зеро ҳар чӣ гардун диҳад, замона меситонад. Мо ҳақ надорем, ки «замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз» гӯем, мо бояд замона бар муроди хеш созем! Дар ин ҷода бар туву бар худ комёбӣ мехоҳам, эй бародари ба ҷону дил баробарам!
Шоҳзода ба асп нишасту дандоннамо табассум кард:
– Нону намак кам хӯрда, зуд рафтани мо сабаби ҷиддӣ дорад. Зиқ нашав, дар Самарқанд дер наистода, зудозуд меоям. Барои дафъи ҳамлаи Чингиз дар сарҳади мамлакат ҳамроҳ тадбир меандешем. Зеро минбаъд Худо тори сар дораму дар паҳлӯям ту!
Хайр, то боздид! Туро ба Худо ва кабутари ҳарам ба ту месупорам, эй амини бовафоям!
Саросема лаб ба пурсиш кушодани Мирмаликро дида, бо ишораи ангушт ӯро ба хомӯшӣ водор сохт:
– Ту падарамро аз асорат раҳо кардию салтанати дубора бахшидӣ. Бар ивази ин некӣ вилоят ва набераи худ ба ту бахшида, падарам ҳисоб карданд, ки аз қарзи ту соф шудаанд. Вале Худованди одил ва тавоно ҳақ ба ҳақдор расонд! Ман кабутари ҳарамро аз банд озод намуда, ба ту мебахшам! Ана акнун ҳама соф бар соф!
Эй бародарам! Акнун ту Тирози ҷаҳон ва Арӯси ҷаҳон аз Чингиз мисли гавҳараки чашм ҳифз намо! Хайр, Худо мададгор ва нигаҳдор бод!
Султон Ҷалолиддин дигар ҳарфе нагуфтаю нашунида, аспашро маҳмез зад. Мирмалик аз сухани мӯъҷизамонанди валиаҳд шоду ҳайрону лол гашта, ғайр аз дастҷунбонӣ дигар имкони арзи миннатдорӣ наёфт. Баъди аз мадди назар дур шудани суроби валиаҳд бо хуррамӣ ҳамроҳонашро нигаристу ғофил аз сарнавишт сари аспро ба роҳи Фарғона гардонд ва ҷонсарак ҷониби қалъачаи Деҳмой давонд. Маҷнун ба дидори Лайлӣ, Фарҳод ба сӯҳбати Ширин, Вомиқ ба мулоқоти Узро боре чунин шитоб накарда буданд, чуноне Мирмалик ба дидани Нигина мешитофт!
Аз дарвозаи қалъача ворид шудан ҳамон баланд нидо баровард:
– Дуруд бар язакҳо! Дуруди маро ба аҳли таҳона расонед!
Парида аз асп фуромад ва баъди саломуалейк талаб кард, то машрабае об оваранд, ки сахт ташна аст. Сарязак бо табассум чашмаро нишон доду ҳар ду базавқ хандиданд. Ҳарисона чанд каф оби сард нӯшидаю ба рӯю гардан пошида, тасфи дил паст гардонд ва пурсид:
– Эй додар, ороми ҷони ман куҷост?
Сарязак китф дарҳам кашиду пичингомез пурсид:
– Кӣ?! Бахайр аст, шаҳриёр? Чӣ ҳол доред?
– Эй додар, чӣ ҳол мепурсӣ? Шикебоӣ саодат овард! Душворӣ гузашт, вақти шодкомӣ расид!
Хайрият ки ёрони Мирмалик ҳамроҳи намояндаи шоҳзода ба саҳни қалъача ворид шуданду ба гапфаҳмонӣ зарурат намонд. Сарязак дастури Ҷалолиддинро шунидан ҳамон тобеъони хеш ҷамъ оварду ба Мирмалик хонаи хоби Нигинаро нишон дод. Дигар лаҳзае наистода, ҳама бадар рафтанд.
Бо ишораи Мирмалик додари қиёматиаш Сабзалӣ дари таҳонаро калон кушода, баланд садо баровард:
– Эй кабку кафтарҳо! Берун бароед, субҳи озодӣ дамид!
Овози ношиносро шунида, Шакархонум ҳаросон баромад ва одоби салом баҷо овард. Мирмалик ӯро шинохту пештар хонд:
– Ба Нигина гӯед, ки ман омадаам!
– Нигина нест… интухин… вай…
– Дурӯғ мегӯяд ин занак! Худум дидам, ки Нигина ховай.
– Вай Нигина не, интухин, канизак вай…
Сабзалӣ башаст ба таҳона даромаду канизакро аз ҷойгаҳ хезонда, берун баровард, ки либоси кабутари ҳарам дар бар дошт.
– Ёри мо канӣ? – ранги Мирмалик сиёҳу сафед шуд. – Нигина куҷо рафт?! Худоё, ин чӣ гап? Ҷонам ба ҳалқ расиду ба ҷонон намерасам… Ой… дилам…
Шакархонумро бар ҳоли табоҳи Мирмалик раҳмаш омад:
– Дина баъди рафтани шумо, интухин, дили нозукаш хеле ба танг омад. Интухин, шаби дароз хобаш набурд. Пагоҳӣ андак осуда шуду гуфт, ки илоҷи аз чанги Хоразмшоҳ халос шуданро ёфтааст. Баъд… интухин, бо ин канизак либос иваз карда, дар ҷойгаҳи худ хобонду бо канизаки дигар бадар рафт. Ҳар ду бемалол аз пеши язаки посбон гузашта, интухин, чун симоб дар хок ночиз шуданд…
– Ин занак рост мегӯяд? – шиддатнок пурсид Сабзалӣ аз канизак.
– Ойтӣ рост мегӯянд. Ҳар ду ба хоб не, ба бедорӣ дидем, ки ана ин ангуштарини тилло ба лелаки ман андохту гуфт: «Агар аз ӯҳдаи кор бароӣ ва сирро устувор дорӣ, чалла азони туст!» Баъд либосҳои маро пӯшиду Соҷида катӣ аз таҳона гурехта рафт…
– Нагуфт, ки ба куҷо меравад?
– Гуфт, ки ба Хуҷанд меравад…
– Вай танҳо рафт ё ҳар ду рафтанд?
– Ман аз куҷо донам?! Даруни бистар кабутар шуда, то омадани шумоҳо ҷимакак хоб будам, – овози канизак ларзиду гиря ва зорӣ оғоз карда, ба Мирмалик рӯ овард: – Эй марди калон! Шумо худатон медонед, ки калонро мебояд ғами хурдон хӯрд. Ин мардакро гӯед, ба ман заҳр нарезад, дигар азоб надиҳад. Агар не, дуои бад мекунам…
– Ҳай-ҳай! Дуои нек мекунем, ки ҳар куҷое бошад, Нигинаро Худо ёраш бод! – гуфт бо нафаси пурсӯз Мирмалик. – Аз он метарсам, ки аҳли ҷаҳлу ҳасад офате ба вай нарасонанд. Навакак аз амри хуш сарфароз будам, ҳолӣ болои сарам санги осиё мегардад. Ба дидораш ду чашмам чор асту лоақал сояашро намебинам… Аҷабо, вайро ба ин кори пурхатар кӣ водошта бошад? Куҷо буданашро кӣ медонад?!
– Ман медонам! – нидо дардод Шоҳмурод. – Сокинони маҳалларо ҳарчанд талаб кардам, дарак надоданд. Боғу роғи атрофро кофтам, нишоне наёфтам. Дар роҳ падару духтареро вохӯрдам, ки ду канизаки Хуҷандравро дида, ҳатто роҳ нишон додаанд. Онҳо бо пайроҳаи миёнабури Рухак рафтаанд. Ба суроғи Пири бузургвори Хуҷанд…
Дар чеҳраи ошиқи мискин табассум мавҷ зад ва сухани субҳонаи Шайхи Хуҷанд ёдаш омад. Зимни дил «Эй бахти хоболуд, бедор шав!» гуфту ба ашхоси мутасаддӣ дар бораи то Хуҷанд беозор расондани Шакархонуму канизак ва ҳама бору бухчаҳо дастур дод. Чобук ва сабук ба асп нишасту ҳамроҳи Сабзалӣ ва Шоҳмурод сӯйи Хуҷанд парвона шуд.
Шакархонум дарҳол даст ба дуо бардошт:
– Эй соҳибдавлатам! Дуо мекунам, ки шуморо ҳамеша фалак ёварӣ кунад ва иқболи нек роҳбарӣ! Нигинаро ёбед ва, интухин, асло гум накунед…
* * *
Мирмаликро назди дарвозаи шаҳр мулозими хос бо чеҳраи шукуфон истиқбол гирифт:
– Шодиёна диҳед, эй садри муаззам, ду хушхабар дорам!
– Якумаш…
– Шумо фарзанди нав ёфтед!
– Шакар ба даҳонат! – шаҳриёр мулозимро хуш бинавохту бо тангаи тилло шодхор гардонд ва иловатан пурсид:
– Писар ё духтар?
– Духтар. Хушхабари дуюмро гӯям?
Мирмалик берағбат сар ҷунбонд.
– Меҳмонҳо сиҳату саломат расиданд ва бе ягон камбудӣ ҷобаҷо кардем. Ҳама табъи хуш доранд!
– Чӣ хел меҳмонҳо? Дар куҷо ҷойгир кардед?
– Меҳмони нозуктабъе, ки валиаҳди азимушшаън таъкид карда буданд, бо сеи дигар ба шаҳрамон ташриф фармуданд ва тибқи дастури шоҳзодаи гиромӣ онҳоро дар кошонаи Маҳастӣ ҷобаҷо кардем.
– Кӣ будааст он меҳмони нозуктабъ?!
– Кабутари ҳарам Нигина бинти Абдулсайид.
– Кӣ??! Нигина??! Вайро чӣ хел шинохтӣ?
– Нигинаро кӣ намешиносад?! Хоҳ дар либоси сафарӣ бошад, хоҳ дар пӯшоки ҳунарӣ, мисли тилло медурахшад!!
Аз ин хушхабар дили ошиқ қариб буд шодикаф шавад. Ба мулозим ду тангаи тилло бахшиду бо як шиҳаи асп худро ба ошёни умед расонд. Аммо Нигина он ҷо набуд ва посбон шарҳ дод, ки меҳмонҳоро ҷобаҷо карда, ба суроғи Шайх Маслиҳатдин рафтааст. Шаҳриёр дарҳол ба хонақоҳ шитофту сипас ба ошёни маҳбуба парид. Баъди сарсониҳо оқибат лаҳзаи фароғ барои ду дили доғ фаро расид…
Ду дилдода дар ҳуҷраи хилват ба ҳам расида, замоне мафтуну мубталои якдигар хомӯшу карахт истоданд. Ҳеҷ кадоме ёрои забонкушоӣ надошт. Ду чашми гурусна чор карда, сар то пои якдигарро нигаристанду нигаристанд ва чун аз дидор сер шуданд, банди забонҳо кушода гашт.
Нигина ба ҳукми соҳибхона меҳмонро бо садои ларзон хайрамақдам гуфт:
– Сарфарозам, ки манзили ғарибонаи маро ёфта, ба шарафи нузул муборак сохтед. Хуш омадед, эй шаҳриёр, ҳар қадаматон болои дида. Аз боло бигзаред ва бароҳат шинед.
Мирмалик кӯтоҳ арзи сипос кард, аммо нанишасту гуфт:
– Шодам, ки шоҳ рафту рӯзи тираю хира ба поён расид! Мо аз чанги шоҳи баддил халос шудем!!
– Ин хушхабар – саросема аз шаҳр гурехтани Хоразмшоҳро аз Бобокалони Хуҷандиям шунидам. Ҳазрати Бузургвор сарамро сила ва диламро осуда карда, гуфтанд: «Ором шав, мастураи Бобо. Бо рафтани Хоразмшоҳ аз дили ошиқон изтироб берун рафт».
Гуфтам: «Оре, аҷаб кори хуб шуд! Аммо чаро чунин шуд?!»
Гуфтанд: «Оҳи дили ошиқи мустаманд-ҳокими Хуҷанд дар арши Аъло шунида шуд! Ресмони доми андохтаи Хоразмшоҳ мисли худаш фарсуда буд, гусехта шуд.
Ин шоҳи майзадаро ҳушдор додем, ки агар аз шаробнӯшӣ даст накашад, ақлу идрокаш ба дасти соқӣ кушта шавад. Аммо «тарки одат амри муҳол» гуфту боз нӯшид ва писханд зад: «Агар гӯед, ки «Бода нахӯр!» гӯям ки «ҳува-л-ғафур!», яъне Худо бахшандаю омӯрзгор аст. Писханд риштаи салтанати вайро канд! Аз тилисми Чингиз тарсон ва ҳаросон гашту дил ба заргӯш бохт. Тамоми шаб сақат гуфту нафрин хонду дашном дод, Хуҷанди офтобии мо ба назараш аз зиндони торик ваҳмноктар намуд. Бори гарони хоби парешон, хаёли фасод, ваҳшати торикии шабро бардошта натавониста, аз саропардаи худ додгӯён баромаду чун ҷоми видоъ бар сар кашид, кому забонаш гирифт ва бо имою ишора фармуд, ки темори ҳарам Ҷалолиддини валиаҳд кашад, то ӯро дарди сар камтар шавад…»
Гуфтам: «Яъне ки… ба лаб гунг гашту бо ман ҳатто салом нагуфта ва хайрбод накарда рафт?»
Гуфтанд: «Дар миёни подшоҳи ҳардамхаёл ва кафтараки лоубол чӣ асроре, ки буд, нокушода рафт.
Ҳолиё гирди ту, эй гули навбар ду андалеб мебинам ва азбаски як ҷуғз дарканору дигаре барканор шудааст, ҳар ду бепарвофалак чаҳ-чаҳ доранд. Садои яке баландтар асту лаҳни дигаре фурӯтар. Зеро дар роҳ асту савори саманди орзу ба манзилгоҳи ёр мешитобад.
Эй фарзанди азиз! Туро фазлу диёнат ва тақвою исмат комил аст. Вале, маслиҳати мо бишнаву ҳар лаҳза бохабар ва ҳушёр бош. Зеро дар чапу рост хӯрдагирони бисёр дар каминанд, валекин барои шаҳриёри Хуҷанд кабутари ҳарам армуғоне аз гулзори биҳиштист. Ҳазор офарин бар меҳмоне бод, ки нохондаву бо меҳр ба дар ояд ва ҳазор ҷон фидои мизбоне бод, ки эшонро хуш пазирояд!»
Инак, шумо меҳмон омадеду шодиям дучанд шуд!
– Акнун хурсандият садчанд шавад! Эй Нигини дилам, шодиёна деҳ: Султон Ҷалолиддин кабутари ҳарамро аз банд озод карду ба ман бахшид!!
– Зиҳӣ саодат! – Нигина дастонашро мисли ду боли кабутар ба ду тараф афшонда, бо табассуми барқ беибо худро ба оғӯши Мирмалик андохт ва бо ашки шаккарин дубора хитоб кард: – Зиҳӣ хаёле муҳол!!
Мирмалик як оғӯшро ҳазор оғӯш намуда, хирмани гули шабнамҷило ба канор кашид, сару рӯяшро бӯсид, бӯйид ва бо ҳаловати беинтиҳо пичирос зад:
– Шукр ба Худо, аз висолат дили хуррам дорам!
Шукри беҳад, ки туро танҳо ёфтам, эй Нигини дилам! Мо метавонем бе тарсу ларз сухани дил фошофош гӯем…
– Солҳост, ки дар талаби рӯйи накӯ ман ҳам кӯ ба кӯ дарбадарам. Сипоси беҳад Худованди раҳимро,маро аз дарбадарӣ халос карду ба сарбасарӣ расонд.
– Оре, оре! Эй Нигини дилам, маро низ фикри сипос бар сар асту шишаи дилам тоби санг надорад! Мехоҳам ҳар чӣ зудтар рухсораи Арӯси ҷаҳонро бо зевару ҷавоҳирот ороста гардонам. Мо бояд чобук бошем ва минбаъд дари кошонаи муҳаббат бебок кушоему асло напӯшем!
– Малики дилу дида шумоед, ҳар чӣ фармоед, хушнудам. Зеро бовар надорам, ки дили шумо ба роҳи хато моил бошад…
– Эй тозатар аз барги гули тоза! Худо шоҳид, ки шодию андӯҳи туро ҳамеша шодию андӯҳи худ медонам. Даҳсола ранҷу заҳмату сабру интизории маро чор сатри равон дар худ меғунҷонад:
Ишқи зулфи ту чу султони дилам шуд, гуфтам:
«К-ин маро зуд аз хидмати султон бубарад!»
Бурд аз хидмати султонам, аз он метарсам,
Ки кунун хуш-хушам аз тоати Яздон бубарад…
Нигина шармнок ба Мирмалик нигарист ва худро бо ноз аз оғӯши гарм раҳо карда, ба раъноӣ гуфт:
– Лутфи шуморо ба гӯши дил шунидам… Илтимос, ягон шеъри дигар хонед…
– Ба чашм, эй Нигинаи беадал:
Нури рӯят офтоби олам аст,
Рӯи хубат нури чашми одам аст!
Некӯӣ ба чеҳраи ту ҳамраҳ аст,
Хубрӯӣ бо ҷамолат ҳамдам аст!
Ҷаннат аз акси ҷамолат хушдил аст,
Олам аз ҳусни хаёлат хуррам аст!
– Ин шеър эҷоди худатон?
– Порсол аз Зиёуддини Хуҷандӣ хоҳиш карда будам, ки махсус барои ту аз номи ман шеъри нағз нависад, то пайғом фиристам…
– Зиёуддин озодмардест бошараф ва некшеър! – гуфт бо лабханд Нигина. – Меҳрномаи хуб аст, сипос дорам.
Мирмалик аз хушҳолӣ ангушт ба ангушт зада, инони хештандорӣ ва шарм андаке раҳо карду ба чодари Нигина даст расонда, булбули шайдо шуд:
– То ба имрӯз медонистам, ки чобуктар аз кабутари ҳарам ба ҳама олам ҳунарвар нест ва ҳар гоҳе чун кабки дарӣ ба рақс ояд, тарабу роҳату шодӣ физояд. Имрӯз донистам, ки зеботар аз ту ба ҳама гетӣ ҳарирандом нест!
Эй орзуи ҷонам! Дар орзуи онам, ки гуле аз боғи васлат чинам!!
– Дилаздастрафтаи ман! Бовар надорам, ки шери Хуҷандро нафси бахил бар ақли нафис ғолиб ояд.
– Булбули боғи тарабро ба ақли нафис чӣ кор?! Дод аз ин зулфу абрӯи шикасту микаст! Пештар биё, ҳамдигарро сер бинем!
– Аз шитоб дурӣ ҷӯед, эй булбули шӯрида! Соате пеш аз дурии шумо худро ғариб медонистам, агарчӣ дар ватан будам… Баробари шуморо дидан гумон кардам, ки офтоб ба кулбаи эҳзон даромад! Худро аз Махдумаи ҷаҳон зӯртар ҳис кардам…
– Ту дигар бекасу ғариба нестӣ, эй маликаи дили ман! Ту Маликаи Тирози ҷаҳони манӣ!!
– Хубаш, малак103 гӯед. Тирози ҷаҳонро шумо Малик, ман – Малак!!
Санъати ман бурда аз малик шикеб,
Рақси ман афсуни малоикфиреб…
– Оре, ту малак астӣ, эй бадри Ворух! Фариштае дар сурати одамӣ ту! Агар ишқи фаришта гуноҳ аст, ман малики гунаҳкорам…
–Чӣ хушбахтӣ! Имрӯз ду бузургвор маро фаришта гуфтанд ва калимаи ишқ ба забон оварданд!
– Боз кадом бузургвор?
– Саъдӣ.
– Кадом Саъдӣ?!
– Шоир Саъдии Шерозӣ, ки аз асилони Аҷам аст.
– Оре, бузургвор аст Саъдӣ! Шеърашро мепарастам ва ба номаш арҷ мегузорам. Вайро дар куҷо дидӣ?
– Мо ҳамроҳ кӯҳи Рухакро гузашта, ба шаҳр омадем… Раҳмат ба хуҷандиён, ки моро хуш истиқбол карда, некӯ фуруд оварда, манзили босазо дода, мизбонии шигарф карданд.
– Меҳмоннавозӣ одати мост. Акнун бигӯй, ки Саъдӣ туро дар роҳ фаришта гуфту ишқ изҳор кард ё дар ин хона?!
– Ҳама шоирон ошиқпешаанд. Пиру барно бо шеъри онҳо ишқ меварзанд ва коми дил ба даст меоранд. Сайфуддини Исфарангӣ ҳам муҳаббатзада асту ошиқниҳод…
– Дарвоқеъ, ҳоло вай дар куҷост?
– Дар Исфара. Шояд фардо ба Хуҷанд биёяд. Саъдӣ гуфт, ки бо ибтикори Зиёуддин дар Хуҷанд маҳфили шоирон ороста мешавад…
– Субҳоналлоҳ! Ин шоирон одамҳои аҷоибанд! Бе иҷозати ҳокими шаҳр ҳар чӣ хоҳанд, мекунанд.
– Ин ҷиҳати масъаларо ман намедонам…
– Ҳоҷате ба ташвиш кашидан нест. Агар пагоҳ дида ба дидор расад, пурсупос мекунем. Ту одати манро медонӣ, ки ба шоирон ҷафо намекунаму ба онҳо таваҷҷӯҳ дорам. Ба шарте, девонагӣ накунанд…
– Шоири ошиқпешаро девонагӣ тӯҳмат бувад…
– Малики ошиқпешаро чӣ? Ман чӣ бад кардам, ки аз назари ту дур афтодаам?
Нигина лаҳни ранҷишро шунида, оҳанги каломи худро нарм кард:
– Шумо ҳеҷ вақт аз назари ман дур набудед ва ҳамеша чароғи чашму офтоби дили ман ҳастед!
– Ташаккур, эй Нигини дилам! Шукри Худои ҳақ таъоло мегӯям, ки шоҳзода Ҷалолиддин вазифаи кафтарбонӣ ба ман супорид ва бифармуд, то кабутари ҳарамро аз Чингиз ва дигар бадхоҳон чун гавҳари чашм эмин дорам.