Нигина ва Мирмалик - читать онлайн бесплатно, автор Додохони Эгамзод, ЛитПортал
bannerbanner
Полная версияНигина ва Мирмалик
Добавить В библиотеку
Оценить:

Рейтинг: 4

Поделиться
Купить и скачать
На страницу:
35 из 48
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Шод аз ғам шав, эй гули биҳиштӣ! Бо чашми сар мебинам, ки ҷаҳоне нимкушти нимнигоҳу нимнози туст ва туро ҳар кӣ бинад, дӯст дорад:

Ин, ки ту дорӣ, қиёмат аст, на қомат,

В-ин на табассум, ки мӯъҷиз асту каромат!

Ҳамеша фаррух бошу Худо фархундаат кунад, эй кабки дарӣ! Рафтем, аз он зардолуҳои пухта ком ширин кунем, ки навбари ҳар мева киромитар аст:

Харҷ агар аз кисаи боғбон бувад,

Ҳотами Тойӣ шудан осон бувад!

Зарофати шоир ба Нигина писанд омаду нозолуд гуфт:

– Ман аз ин меваҷот нахӯрам.

– Чаро?

– Нағзтарин ва ширинтарин зардолуҳои олам дар деҳаи ман мерӯяд…

– Онро чӣ ном аст?

– Номи зодгоҳи ман – Ворух! Ба зебоию хуррамӣ деҳаи ман чун биҳишт аст! Саҳрою дашти Ворух дар чор фасли сол ба чор ранг боғ-боғ мешукуфад, домани кӯҳсор ва ду соҳили дарё саросар сабзазор мешавад, аз навдаҳои беди гулистон булбул чаҳ-чаҳ мезанаду дар шохи санавбари бӯстон қумрӣ парафшонӣ мекунад… Оби ҷӯйборон ва чашмасорон гуворою софу ширин асту дар ягон ҷойи дигар чунин набошад! Боду ҳавои Ворух форам ва дилнишин асту табибон нӯшдору меҳисобанд ва мегӯянд, ки оби фараҳбахшу насими гулбезу меваҷоти шакарафшони Ворух нектарин ғизои инсон аст! Бо дили пур мегӯям, ки Ворухи ман гулистони ҷаҳон асту бӯстонсарои Офаридгори олам ин ҷост!!

Латифтабъи Аҷам хитобаи Нигинаро бодиққат шунида, лаб ба таҳсин кушод:

– Офарин туро, эй зебосанами фасеҳбаён! Эҳтизозе, ки аз пайкарат ҷӯшид, ҷаҳони маро ба ваҷди дил пӯшид! Донистам, ки решаю банду басти ҳусни ҷовидонат аз куҷост! Оре, фариштаҳои он ҷаннатмакон туро аз лолаву гул ва мушку сунбул сириштаанд! Аз ин рӯ, ҳама ҳусни ҳама олам дар рӯйи туст!

Моҳо, ҳама ширинию лутфу намакӣ,

На моҳи замин, ки офтоби фалакӣ!

Ту одамию дигарон одамиянд?

Не, не! Ту, ки чашми сабз дорӣ, малакӣ!

Ҳикояти мавзуни ту чеҳраи Ворух ба чашму дилу рухи ман во кард. Акнун ба шоири мафтун бигӯ: Ворух куҷост?

– Аз Хуҷанд то Ворух масофат он қадар дур нест, ҳамагӣ ду шабонарӯз роҳ…

– Рустои хурд аст ё бузург?

– Ворух ҷойи бузургест, ҳашт маҳаллаю ҳашт зиёратгоҳ, як кӯчаи калону чил кӯчаи тангу баланддевор, бозори азим дорад…

– Масҷид ҳаст?

– Ҳафт масҷиди панҷвақтаю як масҷиди ҷомеъ он ҷост…

– Ба ҳама суханҳоят бовар мекунам, эй духтараки биҳиштӣ! Ҳашт маҳаллаю ҳашт намозгоҳ, ки ба ҳашт равзаи биҳишт иттифоқ афтодааст, далолат бар он медиҳад, ки Ворух макони муқаддас аст. Қасам ба Худо, маро ҳаваси дидани Ворух дар дил падид омад. Маро ба Ворух мебарӣ?

– Касе, ки лутф кунад бар ману деҳаи ман, хоки пояш бошам. Рафтем, ин роҳ моро ба Ворух мебарад.

Ҳар ду бе ягон дудилагӣ аз ҷой хестанду Соҷида саросема шуд:

– Ҳой, андак истед! Дар Ворух чӣ кор мекунед? Хуҷандравӣ чӣ шуд?!

– Бо мардуми биҳиштӣ ҳамнишин шудан хазор карат беҳтар аст аз сӯҳбати Хоразмшоҳи дӯзахӣ! Ба ҳеҷ ҳокиму валӣ сано нагӯям, агар нек бошад ва агар бад. Салоҳ он аст, ки ба Ворух раваму фақат васфи хубон гӯям:

Биншинаму сабр пеш гирам,

Дунболаи кори хеш гирам.

Дар бӯстон ва гулистони Ворух, ки ба пиндори ман барги ҳар дарахт варақи дафтарест, ҷаҳони суханро қалам даркашам ва каломи ширинтар аз қандро дар китоби маърифат ҷамъ оварам, то бӯстону гулистони маънавӣ падид ояд…

– Худоё, маро бо чӣ хел одамҳо ҳамсафар кардӣ?! Оъ… навакак ҳар дуятон бо як овоз гуфтед, ки ба зиёрати Шайхи Хуҷандӣ мераведу подшоҳро ба роҳи рост медароред. Акнун ҳар дуятон ба як овоз мегӯед, ки ба Ворух мераведу дар бӯстону гулистон ким-чӣ гапу кор мекунед…

– Мардуми сафарӣ мисли аспи улоғанд, ором наистода, ҷониби дилхоҳ пеш медаванд. Зиқ нашав, эй духтар, туро ҳамроҳи худ мебарем…

Соҷида аз сари сӯз бинолиду гуфт:

– Маро як тараф гузореду Шайхи бузургворро андеша кунед! Он Пири ҳамадону ҳамабин бешак шуморо интизоранд!! Эшонро маътал накунед, ки сахт пушаймон мешавед!!!

Ранги гунаи Нигина аз барф сафедтар гашту асабиёна гуфт:

– Дар пайи тағйири ҳоли мо носеҳ набош, эй Соҷида!

Шоир бо табассуми узромез духтаронро нигариста, дигаргуна рой зад ва аввал ба Нигина рӯ овард:

– Дугонаи хеш маранҷон ва дурушт гап назан, ки фақат дар ҳукм қозӣ сухан ба унф гӯяд. Вайро маломат накун, ки на ҳар кас ҳақ тавонад гуфт густох!

Карам кун, на пархошу кинагарӣ,

Ки олам ба зери нигин оварӣ!

Эй Соҷида! Ту дуруст гуфтӣ, ки азму талоши мо хилофи роҳи савоб аст ва акси раъйи дили аҳбоб!

На кӯрам, валекин хато рафт кор,

Надонистам, аз ман гунаҳ даргузор!

Ҳарчанд суханат дурушт буд, валекин дуруст буд. Оре, Пири равшанзамири Хуҷанд интизорӣ мекашад ва моро зарур аст, ҳарчӣ зудтар ранҷи иштибоҳ бартараф кунем. Аз оқил чунин хомӣ нашояд. Бояд кор пухта кард…

Ана, Шарофиддин ҳам омад. Вайро хуш истиқбол гиред, ки ҳарчанд либосаш ҳақир ва худаш фақир аст, суханаш ширин асту дилпазир!

– Вай ҳам шоир?

– Бале. Суханварест аз Истравшан.

– Он дуи дигар ҳам шоир?

– Бале. Яке Шамси Самарқанд, дуюмӣ Сайфи Исфара…

– …ва Шумо Саъдии Шерозӣ?!

– Бале, Саъдии ширинсухан манам аз Шерози куҳан:

Назар кардан ба хубон дини Саъдист,

Мабод он рӯз, к-ӯ баргардад аз дин!

Нигина эҳтирому таъзим фузуд ва табассум аз лаби ангубинаш чун шир рехт. Дили Соҷида ҳам нарм гашту бо чашми узр Саъдиро нигарист:

– Аз он ки ба шумо дурушт ҳарф задам, ба Худо қасам, акнун шармам меояд, ки дар чашми халқ ҳурмате калон доред. Маро бубахшед! Ман як канизаки одиям, ба неку бади ҷаҳон коре надорам. Минбаъд ҳар чӣ фармоед, ҳамон кунам ва ҳаргиз ба суханатон хилоф накунам. Илтимос, ба маломати ман забон дароз накунед…

Саъдӣ пешонии поки Соҷидаро бӯсид ва хост бо лутфи саршор аз меҳр лаб ба гуфтор кушояд, аммо Шарофиддин монеъ гашт. Вай духтарҳои нозанин ва хандонлабро дидан ҳамон нидо ба оҳанги сано кард:

– Ба қудрати Парвардигори олам ҷонам фидо бод, ки дарди дили ранҷури маро башорат бар шифо дод!

Ҷавони хароби наҳифҷусса, ки ба чашми Нигина пашшаи лоғар намуд, манзари хуб ва шамоили марғуби Соҷидаро хуш карда, бебок ба паҳлӯяш нишаст ва бетакаллуф гуфт:

– Эй духтари зебо, роҳ то куҷо? Дидор то кай?

Бе дарди саре равона будам,

Гул дидаму дарди сар харидам.

Соҷида маслиҳатомез кадбонуяшро нигаристу аз ишораи пинҳонӣ рамуз бардошта, сухан ба танз гуфт:

– Вой бар ҳоли ту барин дардманд, ҳазор вой!

– Вовайло чаро?

– Дар кӯҳдоман дили шикаста ба дармон соз нашавад. Агар то Хуҷанд моро беозор расонӣ, шояд илоҷе пайдо гардад…

Шарофиддинро равнақи чашми харидорӣ дучанд гашт:

– То чашм дар сару равонам дар тан аст, ба хидмати ту гардан ниҳам ва ҳар амру фармонат беҳарф, аммо жарф иҷро кунам! Агар хоҳӣ, то Хуҷанд туро пуштвора мебарам!

– Маро пуштвора не, пуштибон мефорад! Ҳоло, ки косаву кӯзаи олам шикастан дорад, мани муштипар ба мураббии мӯътабар ниёз дорам…

– Бо рағми хушнудии маҳбуб кӯшидан хилофи фармони Худованди муҳаббат асту оне, ки аз хатар андеша дорад, ошиқи ҳақиқӣ натавонад шуд! Ман аз ҳаводиси айём андеша надорам, ҳама нозу истиғноят тори сар мебардорам…

– Зӯрат мерасад? Оқилон мефармоянд, ки бараҳна бар хор по накӯбад…

– Дил каҷ мадор, эй нозанин! Азбаски ба як наззора ин дили овора дар ҳалқаи гесӯят кашола шуд, ҳама роҳату осоиши дунё мефурӯшаму ишқи ситамгар мехарам.

– Бо нардбон ба осмон набароянд…

– Шоирон то осмони ҳафтум мебароянд! Ман, ки дар сояи кулоҳи шоири тавоно Саъдии бузургвор гаштаям, ҳарзадарою ёвапаймо нестам! Дуруст мегӯям, эй устод? – Шарофиддин чашми умед ба Саъдӣ дӯхт, ки ҳамроҳи Нигина мунозираи ҳамроҳони худро бо завқ мешуниданду лабҳо пур аз ханда медоштанд. Устод дарҳол ба мадади шогирд расид:

– Шарофиддин на кам аз булбули баландҳиммат аст, ки пайваста меболад, аммо аз тааммули машаққат дар роҳи муҳаббат ҳаргиз наменолад. Вай туро нозбардори асил хоҳад шуд:

Гар бар сари чашми вай нишинӣ,

Нозат бикашад, ки нозанинӣ!

Хезед, ёрон, фурсати рафтан даррасид. Ҳарчанд лабу дандони рӯз ҳанӯз хандон аст, гузаштани пайроҳаи кӯҳӣ на он қадар осон аст!

– То Хуҷанд масофат дур аст?

– Шояд ки ду фарсанг роҳ бошад, ё андаке бештар…

Шарофиддин ба канизаки гулрух ду дида сурх кардаю хастагию шалпарӣ баҳона сохта, хоҳиш намуд, ки боз андаке биншинанд ва ғубори дил тоза кунанд. Соҷида бо ӯ ҳамфикр буданашро соддалавҳона ошкор кард:

– Пайроҳаи кӯҳӣ бехатар бошад? Агар шағол ё гурге дучор ояд, чӣ кор мекунем?

Саъдӣ хандид ва гуфт:

Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболӣ97 шав,

На ёрон маст хезанду на ту мастур биншинӣ.

– Байти хуб гуфтед, устод. Акнун латифае ба миён оваред, то духтарон завқ баранд.

Саъдӣ норозиёна сар ҷунбонд, аммо сухани дӯст нашикаст:

– Шабе дар биёбони Макка аз бехобӣ пои рафтанам намонд. Сар биниҳодам ва шутурбонро гуфтам:

Даст аз ман бидор!

Пои мискин пиёда чанд равад?

К-аз таҳаммул сутуда шуд бахтӣ?

То шавад ҷисми фарбеҳе лоғар,

Лоғаре мурда бошад аз сахтӣ.

Гуфт:

– Эй бародар! Ҳарам дар пеш асту ҳаромӣ дар пас. Агар рафтӣ – бурдӣ, агар хуфтӣ – мурдӣ!

Ҳама базавқ хандида, баробар аз ҷой хестанд ва ба кӯҳроҳа часпиданд. Саъдӣ пешопеш мерафту Шароф аз қафо ва духтарон дар мобайн. Ҳар кадоме саргарми андешаи худ қадам мемонд. Фикри тамошои шаҳри калон аз майнаи Соҷида дур афтода, ҳар замон бо кунҷи назар шоири истравшаниро менигаристу самимӣ ё дурӯғин будани ишқи вайро дар мизони ақлу фаросати хеш месанҷид. Деҳаи онҳо – Угук аз Истравшан он қадар ҳам дур набуду агар бахташ омад кунад ва бо шоир ҳамтақдир шавад, ба таъбири мардум «кордаш болои равған» меғӯтад. Вале, як кунҷи дилаш ғаш мекард, зеро ҳама суханҳои шоирро хушгӯӣ меҳисобид ва гумон дошт, ки хурӯши хурӯс дер намепояд. Бо вуҷуди ин, зери лаб «дер омадӣ, дуруст ой, шер бош, эй ҷавонмард!» гӯён ба вай тавфиқ металабид.

Каллаи шоир ҳам пур аз хаёли хелмахел буду вайро забон дигару дил дигар ва барои сайд кардан сахт кӯшиш мекард. Сухану шеър ба дому донаи ақл табдил дода, канизаки хушнамудро дандонзади ҳазор нигоҳи гурусна меҳисобид ва шеваҳои чашми интизори ӯро бо назари дигар истиқбол фармуда, мисли ағлаб мардони ташнаю ҳарис чунин мепиндошт, ки харбузаро мепарваранд, то гардан зананд ва аз таъму тароваташ лаззат баранд.

Саъдӣ, ки қаблан дили ҳар ду гулрухсор ҳамвазн нигоҳ медошт, баъди омадани Шарофиддин ҳимматаш пурра болои Нигина кӯчид. Ин шоири ҷаҳондида ва таҷрибаандӯхта ҳамеша дар боғи васл чун товус менозиду на ҳар соҳибҷамолро назару писанд мекард, вале баробари дидани канизаки моҳталъат ақлаш ҳайрон шуду фаҳмаш оҷиз. Зери лаб «ангушти хубу баногӯши базеб бе гӯшвори заррину ангуштари фирӯза ҳам дилфиреб» гӯён, ба хулосае омад, ки чу дида дид, дил аз даст рафту ҳушро тоқат намонд:

Ҳар он ки меҳри яке дар дилаш қарор гирифт,

Раво бувад, ки таҳаммул кунад ҷафои ҳазор!

Баробари шунидани нахустин ҷумлааш аз ҳусни ифодати вай, аз фасоҳати баён ва каломи мавзуну дилорояш ба ваҷд омад ва фаҳмид, ки ҳуснфурӯш нест. Чун донист, ки он канизак бар Хоразмшоҳ иддио дораду аз Шайхи Хуҷанд маслиҳат меҷӯяд, дидаи идрокаш равшан гашту сухани ҳамсафараш Сайфуддини Исфарангӣ ёдаш омад: «Кабутари ҳарами Муҳаммади Хоразмшоҳ Нигинаи Ворухӣ зеботарин зебосанам дар олам асту Султон Санҷари сонӣ ба ӯ дандон тез кардааст. Вале подшоҳ метавонад, оламе ба зери нигин оварад, ғайр аз Нигина!» Ҳамон рӯз андалеби хушнавои Исфара ҷамолу ҷилваи раққосаи оламгирро басо тасвир карду гуфт, ки ҳар касе бо чашми ҳавас ин оҳунигоҳро бинад, чу Маҷнун биёбонмарг мешавад, вале Лайлии замон бо ноз мераваду чашми фаттонаш ҷониби касе наменигарад, ҳаргиз ба сурфаи мардум магасвор намешинад. Вай бо як нигоҳ ваҳширо ром месозад, зеро дар бағал фусуни парӣ дораду фариштаи ба Худо наздиктарин – дӯшизаи каррубӣ аст…

Фариштаниҳоду малактабиат ва некусиришт будани бадри мунир ва кӣ будани ӯ дар оғози сӯҳбат барои шоири рамузфаҳм аён ва ошкор гашту ҷиддан азми сафари Ворух намуд. Агар Соҷидаю Шароф халал намерасонданд, шояд Саъдии Ворухӣ мешуд. Лекин… бо амри Парвардигор роҳи савоб он донист, ки аввал ба сӯҳбати Шайхи кабир шитобад, то маслиҳат кардаю фотиҳа гирифта, баъд ба Ворух равад…

Дарвоқеъ, масъалаи Хоразмшоҳ чӣ мешавад? Ҳама гапу корро як тараф монда, аз подшоҳ Нигинаро хостгорӣ кунад?!

Не, намешавад! Муҳол аст дӯзандагӣ аз сагон ва бахшандагӣ аз подшоҳон:

Гадое, ки аз подшоҳ хост духт,

Қафо хӯрду савдои беҳуда пухт!

Зайифе, ки бо қавӣ диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш:

Чашм агар бо дӯст дорӣ, гӯш бар душман макун,

Ошиқию некномӣ, Саъдиё, сангу сабӯст!

Оре, сад сабӯро бишканад як пора санг! Як ҳарфи беҷо, як ишораи хато решаи ишқи навдамидаро аз бех месӯзонад! Саъдиё, ба дирафш мушт мазан, ки ранҷа шавӣ! Шоирон ба ҷойи мушк ҳеҷ гоҳ саргин набӯянд ва сирри дил бар подшоҳон нагӯянд! Гарчанде мурғи баландпарвозро банд сохтан кори ҳар мард нест, шоир метавонад кабутари ҳарам бо лутфу карам дастомӯзи хеш гардонад.

Саъдӣ ба ёд овард, ки кабутар бо лафзи арабӣ ҳамом асту ошиқон маҳбубаи хубрӯ ва соҳибҷамолро ҳамома мегӯянд:

Хӯриш деҳ ба гунҷишку кабку ҳамом,

Ки як рӯз афтад ҳумое ба дом!

Шоири беқарор байти тозаэҷодро зери лаб такрор карду ба қароре омад, ки аз даричаи чашми Маҷнун мебояд дар ҷамоли Лайлӣ назар кардан:

Ки ёре чунин баҳри худ кофтам,

Ба охир пазируфтаму ёфтам!

Нигина ҳам дар миёни талотуми амвоҷи муҳаббат хаёлан дасту по мезад. Вай аз таҷрибаи андаки худ аллакай медонист, ки шӯълаи ишқ дидаи идрокро нур мебахшад, аммо агар шарораи ҷунун шӯъла занад, тару хушк баробар месӯзад. Надимаи шоҳаншоҳи олам ҳамзамон воқиф буд, ки дунёи фонӣ басо ноором асту ҳар лаҳзаи умри тезгузар ғанимат ва шоҳони ситампеша бар ивази аҳду вафо бар ошиқон зулму ҷафо раво медоранд. Дар ин айёми буқаламун, агар нобаҳангом шарорае ба дили шӯрида афтад, дер ё зуд аз дидаҳо об мерезад.

Перомуни шӯълаи ишқ андеша рондани Нигина сабаб дошт – пас аз шинохтани Саъдӣ ва шунидани байту суханҳои ишқолуд ҳис кард, ки ба тани абгораш насими гуворое мевазад. Азбаски аз даҳшати танҳоӣ, бозиҳои бераҳмонаи тақдир ва номуайянию беёрӣ бағоят малул буд, дар моварои роҳ падид омадани латифтабъи Аҷам – шоири ширинкаломеро, ки қаблан медонисту ғоибона эҳтиром мекард, подоши неки ранҷу азобҳояш донист. Гумон кард, ки Парвардгори бахшояндаю меҳрубон бар ивази сабру таҳаммули дӯшизаи мастура ғӯраи туршро ба ҳалво табдил дод, то коми талхгашта ширин гардонад. Ворухро биҳишт, Нигинаро кабутари биҳиштӣ номидани Саъдӣ, бо майлу рағбати самимӣ ин ҷаннатмаконро боргоҳи эҷод ихтиёр кардани ӯ ишораи мӯъҷази шоирона ба ҳамзистии маҳрамона асту ба қадри неъмати худодод мебояд расид ва ба истиқболи бахти навпайдо чароғи меҳрубонӣ мебояд афрӯхт! Яъне оҳуи рамидаро лозим аст, ки бо насиҳати Момои Самарқандӣ амал кунад – нақдина гираду даст аз насия бишӯяд ва ҳамроҳи шоири маҳбубаш ҳар чӣ зудтар ба кӯҳистон чароғпоя шавад!

Вақти шикори дил аст, оҳуи ту шергир

Гашта гурезон чу шер з-ин дили оташфишон…

Ин байти Сайфуддини Исфарангиро муносиб ва мутобиқи ҳол дониста, Нигина бикӯшид, то хомӯшии бардавомро барҳам занад. Чобуктар қадам зада, наздиктари Саъдӣ омаду пурсид:

– Сайфу Шамс чаро ҳамроҳи шумо наистода, ба Исфара рафтанд?

– Шамси Ҳола дар Самарқанд ният карда буд, ки қабри Шаҳобуддини ғӯрамаргро зиёрат карда, бо сидқу ихлос фотиҳа хонад ва рӯҳи поки додархондашро шоду розӣ гардонад.

– Шумо чаро нарафтед?

– Дуввум бор пурсидию мегӯям дигар бор: чун шунидам Хоразмшоҳ дар Хуҷанд меҳмони дурӯза аст, андеша кардам аввал гуфтаниҳо ба ӯ гӯям, то баъд пушаймонӣ нахӯрам, ки чаро нагуфтам?!

Сайфу Шамс дуруди мо ба Шаҳобиддин мерасонанд:

Эй бод, агар ба гулшани рӯҳониён равӣ,

Ёри қадимро бирасонӣ дуои ёр!

– Онҳо дар Исфара меистанд ё…

– Агар имрӯз расанд, пагоҳ бармегарданд. Шоирони хуҷандӣ интизори мо. Зиёуддини Порсӣ ҳамаро ба по хезондааст. Онҳо ният доранд, тибқи таомули хуҷандӣ меҳмондорӣ ва эҳтироми фавқулфавқ98 ба ҷо оранд.

– Ваҳ! Чӣ маҳфиле барӯманд хоҳад шудан! Ғунчаи дил во шавад аз сӯҳбати равшандилон!

– Ту ҳам ширкат меварзӣ?

– Албатта!

Шарикон ҳар куҷо бо ёди ёр ар маҳфил оғозанд,

Мани парвонаро ҷӯянд, шамъи анҷуман созанд!

Маро дар ин шаҳр дӯстону азизон бисёранд, ағлаб нозбардоранд ва ҳар ишорате кунам, беҷавоб нагузоранд.

– Туро бори аввал ба Хуҷанд кӣ овард? Сайфуддин?

– Беҳ он аст, ки оташи куштаро наафрӯзем…

– Чаро?

– Барои он ки… хоҳ бовар кунед, хоҳ не… маро ба Хуҷанд париҳо овардаанд…

– Маро ҳадиси ту бовар мешавад. Зеро чун туро аввалин бор дидам, ба худ гуфтам: «монад ин лӯъбат париро, гар бувад пайдо парӣ!» Вақте зулфу мӯят чун сунбул машомро хушбӯ гардонд, бар гуфтаи худ замима кардам: «Аз ҳуру парӣ висол наҷӯянд! Зеро сад ҷаҳд кунӣ ҳам, бодро ва паризодро ба даст гирифта натавонӣ!»

Акнун, эй паридухт, ҳадиси ба Хуҷанд омаданатро тафсил деҳ.

– Модари бечораамро чор сол фарзанд наёмада буд… Чил мазорро рӯфтаю чил гӯсфанд назру ниёз карда, бо ҳидояти париҳои кампири мушкилкушо Шайхи Бузургвори Хуҷандро ёфта, бо дуою каромати эшон маро соҳиб шудааст.

– Ҳарчанд кори парихон ҳамеша афсун аст, ба афсонаи модарат бовар мекунам. Ба қавли як шоири навбвромада:

Дар ишқи Сулаймонам, ман ҳамдами мурғонам,

Ман шахси паридорам, ман марди парихонам!

Эй бути ворухӣ! Худатро аз ман дур нагир, ки ман ҳам марди паридорам, шоири парихонам ва паривашон аз ҷон дӯсттар медорам!

Гарат ақлу рой асту тадбиру ҳуш,

Ба иззат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш!

– Ҳар ду гӯши ман ҳамеша муштоқи шунидани каломи шакаррези латифтабъи Аҷам аст!

– Офарин бар туву модари чашминтизору бобокалони раҳнамоят! Агар аз даъвии ишқ аксар шоиронро рӯйзардӣ ҳосил ояд, ман сурхливои Ворух умед дорам ва бароят шеъри нав ҳадя меорам:

Эй рӯйи ту офтоби олам,

Ангуштнамои Оли Одам.

Эҳёи равони мурдагонро

Бӯят нафаси Масеҳи Марям.

Бар ҷони азизат офарин бод!

Бар ҷисми шарифат исми Аъзам!

Дастон, ки ту дорӣ, эй паризод

Бас дил бибарӣ ба каффу меъсам.

Танҳо на манам асири ишқат,

Халқе ба ту ошиқанду ман ҳам!

Нигина аз шодӣ рӯй барафрӯхта, шеърро писандид. Вале Соҷида, ки аз сукути ҳамсӯҳбаташ аламзада буд, хост «қасди Исо аз Мӯсо» ситонад. Нафасе аз сари дард бароварду ба Нигина бехгӯшӣ гуфт:

– Шеъре, ки сохта бошад, табъи дил набошад! Аз хушомад парҳез, эй фаришта! Ба Худо савганд, ки гарду чанги кафши пои ту аз шеъри кӯчагӣ баландтар аст! Ба ҳарфҳои рӯйандуди шоирҳо илтифот нафармо ва ҳадяи ғаразнок аз онҳо нагир!

Занҳои ҳушёр гирди ишқ намегарданд, чунки агар нармӣ кунем, онҳо дар кӯҳи беодам моро ба тарзи дилхоҳи худ истифода мебаранд…

Гӯшагириву гӯшакӣ сухан гуфтани Соҷида ғаши Шарофиддинро овард ва хашмнок гуфт:

Гапи бехгӯш гусаст беху бунам,

Макри ёрон шикаст болу парам!

Шеъри лакнатдори суханвари истравшанӣ духтаронро безобита карду чашми имдод ба Саъдӣ дӯхтанд. Вай дарҳол ба кӯмак шитобид:

– Эй бародар, ғаме маёвар! Шоир он аст, ки чун хашмаш ояд, талх нагӯяд. Хирадмандон гуфтаанд: ҳар кӣ сухан насанҷад, аз ҷавоб биранҷад! Ҷавоби талх нахоҳӣ, ба ҳалқ ва даҳони ёр фурӯ рез шарбате ширин:

Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун,

Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане!

– Маъзарат, устод! Ба Худо қасам, ки ман дили духтарҳо асло намеранҷонам. Ин маҳвашон олиҳаи хубанд! Ба ду чашми ман чунин менамояд, ки офтобу маҳтоб аз рӯйи ин гулчеҳраҳо ба амонат нур гирифта, рӯзу шаб оламро равшан мекунанд…

Аз ҷаҳду шитоб ва ташбеҳи соддалавҳона духтарон пих-пих хандиданду шоири ҷавон осемасар шуд:

– Эй духтарҳо, ба Худо қасам, ки рост мегӯям. Шумо ба ҳусн офтобу маҳтобед, агар бовар накунед, ойинае ёфта, рӯйи худ бубинед. Ба Худо қасам, ки аз ҷамоли худ ангушт дар даҳан мемонед!

Барои тасдиқи сухани худ бо иҷозати устод аз эҷодашон байте ба орият меорам:

Оинае талаб кун, то рӯйи худ бубинӣ

В-аз ҳусни худ бимонӣ ангушт дар даҳонат!

– Дӯст ойина бошад, агар нек нигарӣ! – луқма партофт Соҷида ва ба Шарофиддин қуввати гуфтор дод.

– Чӣ хуш гуфтӣ, эй духтар! Садқаи суханат шавам, ки маро дӯст хондӣ! Ба худо қасам, ки дӯсти бериё ва ихлосманди асили ту мешам!! Агар дигарон ниҳуфта изҳори дӯстдорӣ кунанд, баръало мегӯям, ки бе ту ятиму мурдадилу пой дар гилам ман! Лаҳзае пеш гуфтан мехостам, ки «Эй чароғи ҷаҳон, биё, чароғи хонадони ман шав!», аммо аз устод ибо карда будам. Акнун баръало мегӯям, ки ту бо як нигоҳ дили девонаи маро ба оташкада табдил додию агар нигоҳи хеш дигар ҷониб гурезонӣ, аз дили сӯзони хеш ончунон оҳ мекашам, ки офтоб месӯзад!

– Илтимос, эй шоири шӯрида, оҳи пурдард накаш, ки агар офтоб сӯзад, мо роҳгум мезанем ва то Хуҷанд намерасем.

– Сухан ба киноя гуфтан туро мезебад, эй духтар! Ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ! Фақат магузор, ки хонаи умеди манро барқи чашмонат пурра бисӯзонад. Агар хоҳӣ, пеши поят сар мемонам…

Соҷида мисли мокиёни ғолиб бо тафохур сар бардоштаву ба Нигина чашмак зада, бо ноз гуфт:

– Сухан оҳиста гӯй, эй шоир, ки занат нашунавад, то дар шиканҷаи чор дасту пой намонӣ!

– Ҳанӯз марди муҷаррад ман, зану кӯдак надорам. Бовар накунӣ, аз устод пурс…

– Ман аз пурсидан шарм медорам. Устод худашон мегӯянд, ки чанд зан доранд…

Шарми сохта, ишорат ва кинояти канизак Саъдиро писанд омад ва ишваи латиф чун шакар бихӯрду шаммае аз саргузашти худ нақл кард:

– Замоне асири Фаранг шудам. Дар хандақи Туробулус бо ҷуҳудонам ба кори гил бидоштанд. Яке аз сарварон Ҳалаб, ки собиқан маърифате миёни мо буд, гузар кард ва бишинохту гуфт:

– Эй фулон, чӣ ҳолат аст?

Гуфтам:

Ҳаме гурехтам аз мардумон ба кӯҳу ба дашт,

Ки аз Худой набудам, ба дигаре пардохт.

Нигаҳ кун, ки чӣ ҳолам бувад дар ин соат,

Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт.

Дар ҳолати ман раҳм оварду ба даҳ динорам аз асирӣ бозхарид ва бо худ ба Ҳалаб бурду духтаре, ки дошт, ба никоҳи ман даровард ба кобини сад динор. Он духтар бадхӯй, ситезарӯй, нофармон буд, забондарозӣ карда, айши маро талх гардонд:

Зани бад дар сарои марди накӯ

Ҳам дар ин олам аст дӯзахи ӯ.

Зинҳор аз қарини бад, зинҳор:

Ва қино раббано азобан нор!99

Боре забони тааннут100 дароз карда гуфт:

– Ту он нестӣ, ки падарам туро аз фаранг ба даҳ динор бозхарид ва халос кард?

Гуфтам:

– Бале, ба даҳ динорам халос карду ба сад динор ба дасти ту гирифтор!

Нури гетифурӯзи чашмаи ҳӯр

Зишт бошад ба чашми мушаки кӯр!

Атои падар ба хатои духтар бахшидаму аз Ҳалаб фирор карда, сайру тамошои олам пеш гирифтам. Инак, дар роҳи Хуҷанд бо ду соҳибҷамоли арҷманд дучор омадам:

Яке гуфт: – Аз ин навъ шириннафас,

Дар ин шаҳр Саъдӣ шиносему бас!

Соҷида нигоҳи латифе ба Нигина афканду булбули ҳозирҷавоб шуд:

– Гуфти дугонаам дуруст. Ҳама шуморо мешиносанд, чунки берун аз диёри худ ҳам обрӯи бузург доред! Бисёр духтарон бо шоири машҳур ҳамсӯҳбат ва ҳамнишин шуданро орзу мекунанд…

– Эй духтар, андоза нигаҳ дор, ки муболиға аз ҳад гузарондӣ! Саъдӣ ҳар замоне мурғи шохи дигар нест ва бо хаёли каҷ умри азиз зоеъ намекунад. Аммо:

На страницу:
35 из 48