
Нигина ва Мирмалик
Ҳар кӣ гӯяд, ки май зиён дорад,
Суханаш об дар миён дорад!
– Кор бо шодию шеърбофӣ анҷом ёфт?
– Ҳазор афсӯс, ки не… Ҳоло падарам масти аласт хоб… Рӯз аз шаб фарқ карда наметавонанд…
То дирӯз мо шоду масрур будему душманон оҷизу мақсур91. Зеро падарам маслиҳату насиҳате, ки аз Пири бузургвори замон шуниданд, дар мағзи ҳушу гӯш ҷой дода, ростравӣ шиори худ гардонда, тарки молояънӣ92 карда, аз шаробхорӣ тамоман дасту дил шуста буданд, ҷиддан ба рӯҳоният пайвастан мехостанд. Ҳоло бошад…
Эдун фурӯ кашӣ ба хушӣ он майи ҳаром,
Гӯё ки шири мом зи пистон ҳамемакӣ…
Намедонам, оқибати кор чӣ мешуда бошад?!
Мирмалик шунида буд, ки таъбири нопадид шудани товус аз даст рафтани мол аст. Инро нею аз баҳри тасаллои дили солори хеш сухани дӯшиза гуфтан мехост, вале марди ношустарӯ, чиркинлибос, ришу мӯяш расидаю натарошида ва хастаҳоле саросемавор ба саропарда даромаду назди Султон Ҷалолиддин зону зада, замини хидмат бибӯсид ва бо овози хирросӣ гуфт:
– Ба шоҳаншоҳи олам маълум бод, ки фиристода ба дашти муғул ниҳон – омад!
Аз ин муомила Мирмалик чизе нафаҳмид. Вале Султон Ҷалолиддин марди ҳақирро бо меҳрубонӣ ба по рост карду ба мулозим фармуд, то ӯро хуш пазируфтаю хуб меҳмондорӣ карда, пас аз гармоба либоси тоза пӯшонда, чоштгоҳ рост ба хаймаи подшоҳӣ биёрад. Ба Мирмалик дастур дод, ки барои сарони сипоҳ ва амирон панҷоҳ хилъату ҳафт ҷомаҳои фохира омода намуда, боз фармоиш диҳад, ки кошонаи Маҳастӣ барои ташрифи меҳмонҳои олимақом бо асбобу анҷоми шоҳона фавран ҷиҳозонида шавад.
Фармони ногаҳонӣ ва гуфтори пурмуаммои валиаҳд шаҳриёри Хуҷандро ба шигифт овард ва тахмин зад, ки мобайни падару писар дар паси парда гуфтугӯе шудааст. Вале таҳпурсӣ накарду одоби хидмати расмӣ дар сатҳи зарурӣ баҷо оварда, аз пайи иҷрои супориш ба дорулҳукумат равон шуд.
* * *
Шоҳзода мулозим ва дарбонҳоро таъкид намуд, ки сахт қоим ва муқим истода, ҳеҷ касро ба дарун роҳ надиҳанд. Худаш бо эҳтиёти тамом, аммо бе тарсу ларз ба хилватгоҳи подшоҳӣ ворид гардид, то падарро аз хоби гарон бедор намуда, вайро аз омадани шахси мӯътамади подшоҳ, ки ба урдаи Чингиз махсус барои ҷосусӣ фиристода шуда буд, билфавр огоҳ намояд.
Хоразмшоҳи сармаст бо душворӣ чашм кушоду фарзанди азизро дида, ғашу ғурбат накард ва бо лабханди гунаҳфарсо пич-пич кард:
– Хайр аст?
– Фиристода аз пеши Чингиз омадааст.
– Канӣ?!
– Агар иҷозати Шумо шавад, худро ба ифоқа оварда, чоштгоҳ биёяд…
– Раво бошад… Акнун лаҳзае дигар бо фориғдилӣ баросоям.
– Эй падари меҳрубон…
– Хомӯш! Медонам, чӣ гуфтан мехоҳӣ. Аммо ман аз ҷой нахезам, то амри Анварӣ иҷро нашавад!
– Амри шумо аз ҳама амру фармонҳо бартар аст, эй падари меҳрубон. Фақат… намедонам, ки Анварӣ чӣ гуфта?
– Анварӣ мефармояд:
Соқиё, бодаи сабӯҳ биёр!
Донаи доми ҳар футӯҳ биёр!!
Шоҳзода бо ишораи абрӯ надимро ба ҳаракат андохту ба падар ду навиди дигар расонд:
– Дамир Маликро фармудам, ки барои ҳадяи тӯёна панҷоҳ ташрифоти фохира тайёр кунаду ҳафт ҷомаи шоҳӣ ва кошонаи Маҳастӣ барои зисти Нигина мутобиқ созад…
– Офарин, писарам. Ҳамаи тадбирот ба хубӣ сомон додӣ дар кори падар! Бар ту ягон айб нест ва эътирозе надорам. Валекин Худо чунин хост магар, ки сабукбор шудам. Худат ба он кошона раву табъи дили ман ороста гардон. Агар зарурат пайдо шавад, туро пайдо мекунам…
* * *
Фиристода дар вақти муқарраршуда ба хаймаи заррин ворид шуд ва мусоҳибаи махфӣ бе гапу ҳарфи зиёдатӣ оғоз ёфт.
– Бо кӯмаки як тоҷири самарқандӣ дар ӯрдаи Чингиз хайма ба хайма гашта, арзон фурӯхтаю қимат харида, оқибат дарёфтам, ки подшоҳи муғул дар кадом ӯба93 иқомат дорад, – бо овози на пасту на баланд ба ҳисоботи шифоҳӣ шурӯъ кард ҷосус. – Аввалин хулоса ҳамин, ки Чингиз одамизода нест! Танаш лоғару қадаш баланд, пояш каҷу дастҳояш мисли шохҳои чинор дарозу панҷааш чанголи бургут барин, нохунҳои тези пасту баландаш чангули калхот барин…
– Бас! Он кӯзапушти лангро дигар тасвир накун, ки дилам беҳузур мешавад. Мегӯянд, ки бадҳайбат аст…
– Афташ деви афсонавӣ барин. Вақте ки вайро бори аввал дидам, аз тарс дилам ба тахтапуштам часпид! Ба гумонам, мӯяш шонаро надидааст ё Чингиз чӣ будани шонаро намедонад. Илло-билло ки аз ҳайбати Чингиз шери нар об меафканаду шери гардун гов менамояд!
– Аз ҳад зиёд воҳима накун!
Ба Худо қасам, ки рост мегӯям. Ба гӯши худ шунидам, ки худи муғулҳо «қоони мо наҳанг асту мо кафлесак» мегӯянд. Вақти гап задан аз даҳани Чингиз бӯйи хун ба димоғ расида, дилро беҳузур мекунад…
– Барои он ки гӯшти хоми асп бисёр мехӯрад ин ёбоӣ…
– Шояд ҳамин хел бошад. Лекин чанд одами ҳолдон гуфт, ки Чингиз барои шикастани ташнагӣ ба ҷойи обу чой хуни гарму тоза менӯшад.
– Афсона нагӯй!!
– Агар гапи номаъқул гуфта бошам, аз гуноҳам гузаред, эй шоҳаншоҳи олам! Наход ба шумо гапи дурӯғ ё афсона гӯям?! Худатон фармудед, то кӣ будани Чингизу чӣ хел будани лашкари вайро мӯ ба мӯ омӯхта, холисанлиллоҳ аз сурати ҳол огоҳ гардонам. Агар як ҳарфи хато гӯям, ба азоби дӯзах гирифтор шаваму забонам бурида бод!
– Ман ба садоқати ту бовар дорам, лекин ҳар он чӣ гуфтӣ, афсонаро мемонад…
– Гуноҳи ман чӣ, агар Чингиз ҳақиқатан ҳам одами афсонавӣ бошад… Як муғули китобхон варақи мӯҳрдорро нишон дода, гуфт, ки Темучин аз насли тотор асту инсони ғайримуқаррарӣ, аз синни туфулият ба мақоми раҷулият расидааст!
– Ин гап чӣ маънӣ дорад? Соддатар фаҳмон!
– Пӯсткандаи гап ҳамин ки Темучин аз панҷсолагӣ мардак шудагӣ, яъне ба духтари чордаҳсола издивоҷ кардагию вай ҳомиладор шудагӣ! Дар бистсолагӣ ба аждаҳои духтардаркаш табдил ёфта, бо сеҳру ҷоду садҳо духтари бокираи хушрӯй ва дилкашро ба дом афтондагӣ…
– Агар ду маротиба талабгорӣ ва хостгорӣ намекард, ин гапҳоро сафсата мепиндоштам. Бас! Аз он варақи машаққат дигар ягон калима ба забон нагир! Дар бораи Чингиз гап бас! Дар бораи лашкари муғул маълумот деҳ.
– Ба муғул ҳарб кардан ба камари кӯҳ даст андохтан аст. Чунки ҷисми падарлаънатҳо аз санг сахту пойҳояшон оҳан барин, ба замин мехпарчин кардагӣ…
– Гурдҳои ялафкани ман акнун муғулафкан мешаванд! Паҳлавонҳои ман деви дамон, муғулчаҳо девчаи ҳаросон! Худое, ки бо тозиёнаи тақдир писари Чингизро пеши поям оварду шикаст, қодир ба он аст, ки худи Чингизро ба осонӣ таслими шамшери ман кунад!
– Илоҳо, ҳамин хел шавад, эй шоҳаншоҳи олам! Лекин фавҷ-фавҷ саф кашидану шабонрӯзӣ машқ кардани онҳоро дида, лозим мешуморам ба шумо гуфтан, ки ҷанг бо мусулмонҳо дигару разм бо бутпарастони Чингиз дигар аст. Чингиз хатари бузург…
– Ягон хатар-патар надорад Чингиз! Ман лаг-лаг бутпарастҳоро ба зону шинонда, Искандари сонӣ ва Санҷари замон лақаб гирифтаам!
– Парвардигор фатҳу нусратҳои шуморо зиёда гардонад, эй шоҳаншоҳи музаффар! Агар иҷозат бошад, се ҷумлаи дигар…
– Сухан мухтасар шавад!
– Ба чашм, эй шоҳаншоҳи олам!
– Уруқи Чингизро расму одат чунин будааст, ки мурдаи худро дар ягон ҷойи номаълум, дур аз иморату ободонӣ гӯр мекардаанду чӣ будани қабристонро намедонанд.
Маънои муғул ба тоҷикӣ малах будаасту дасташ аз хайру баракат холӣ, дар дилаш ягон зарра меҳру шафқат нест… Лашкариёни Чингиз аз ҳарифи худ ҳеҷ кадомеро зинда намегузоштаанду пардагиёнро аз сатри исмат, кӯдаконро аз батни модар берун оварда…
– Бас! Ваҳшигарӣ аз ин зиёд намешавад. Ана, ин гапро ҳар чӣ зудтар ба сипоҳиён ва одамон бояд гӯшрас кард, то ба Чингизу чингизчаҳо нафрати умум бедор шавад. Умри нафратзада кӯтоҳ мешавад! Акнун бигӯй, ки Чингиз ҳоло ҳам ба сеҳру ҷоду машғул бошад ё не?
– Баъди фалокати Утрор се шабу се рӯз аз ӯба набаромад. Пинҳонӣ таҳпурсӣ карда, фаҳмидам, ки бо худоҳояш тамос гирифтааст. Рӯзи чаҳорум тамоми басқоқ ва уйноқи калонсолашро ҷамъ карда, ҷарга гузаронд…
– Исто! Гуфтамат, ки калимаи муғулӣ нагӯ, боз чаро мегӯйӣ?! Басқоқ чию ӯйноқ чию ҷарга чӣ??!
– Худам ҳам саҳеҳ намедонам. То ҷое фаҳмидам, басқоқ ҳокими вилояти мо барин як мансабдор, уйноқ-қабила ё авлод, ҷарга – ҷамъомад…
– Ана акнун андаке фаҳмидам. Баъд чӣ шуд?
– Дар аввали маҷлис як харгӯшаки хокистарранг аз даруни қафас ба берун сар дода гуфт, ки «Шоҳи қуян94 тилисм шуд, то ба гунаҳкори фалокати Утрор ҷазо диҳад. Ҷанивари чобукпо ба ситамгар зиён расонда, ба дарди қуянчуқ95 мубтало мекунад»…
– Ҷарга кай буд?!
– Шаш рӯз пеш. Ҷарга тамом шуду ман ба роҳ баромадам. Дар ҷарга Чингиз гуфт, ки…
– Хомӯш!!! Падарлаънат, чаро гап аз харгӯш сар накардӣ?! – Хоразмшоҳ мисли васвос аз ҷой хесту рӯй туруш намуда, чу раъд хурӯшида, пой бар фарш кӯфт. – Хоҳӣ, ки занат дар азоят гиря накунад, аз пеши назарам дафъ шав! Қуян шав!! Ҳа-ҳа-ҳа!
Хоразмшоҳ, ки лаҳзае пеш сабӯҳӣ зада, сархуш буду дили хуррам дошт, танҳо монд ва побанди хаёл гашт. Чеҳраи қоони муғул пеши назараш омад ва аз ҳайбати бад ҳаросе ба дилаш роҳ ёфт. Сипас перомуни чанд ибораю калимаҳои таҳдидомези мактуби Чингиз андеша ронду ошуфтахотир шуд. Қоонро нафринкунон чун аз ҷой хест, ошуфтагӣ аз димоғ бар сараш гузашту мисли гирдбод атрофи чароғи ақлашро печонд. Тори асабаш таранг гашту соқиро фарёд кард, то бода гардонаду аз нашъаи шароби ҷамил малӯлӣ ва хаёли бад аз дил берун андозад.
Пас аз қадаҳи аввал андак сурхӣ ба рӯяш дамид ва «Пеш биёр ҳар чӣ дорӣ аз шаробу кабоб!» гуфту чашму абрӯи Нигина ба назараш намуд. Лаҳзаи висолро тасаввур карда, қадаҳе барои арӯси товусхиром нӯшид ва бо иштиҳои қозгир порае кабоб ба даҳон андохт, ки бағоят хушлаззат буд. Қадаҳе дигар ба сар кашиду порае дигар аз гӯшти мулоим газиду боиштиёқ хойида, лаб ба таҳсин кушод:
– Агар хӯриш хуб бошад, майро гувориш бисёр шавад ва хастагӣ аз тан берун андозад. Имрӯза шароби басо гуворою кабоб лаззатнок аст!
– Ҳамеша комраво бошед, эй шоҳаншоҳи муаззам! Шароби кӯҳнаву гӯшти нав ҳамеша фораму гуворо бошад. Хушхӯру зудҳазм ва ширин аст гӯшти харгӯш…
– Чӣ гуфтӣ?! – гӯштпора аз дасти шоҳ афтид. – Ин кабоб аз гӯшти қуян??!
– Бале, тару тоза! Ҳамин пагоҳӣ шикор шудааст…
Хоразмшоҳ ҷом бар сари соқӣ заду гӯштрезаҳои даҳонаш бударо ба замин туф кард ва то ҷон дошт, баланд дод гуфт:
– Қоч!!!!
Надиму солору табибу нигаҳбонҳо дартоз омаданд ва диданд, ки подшоҳро як нима рухаш зарду дигар нима сурх гашта, аз ҳаяҷони дам ва хафақон ба худ мепечад. Бо амри табиб вайро дарҳол рӯйболо хобонда, оби сард нӯшонданду дасту пойҳояшро маҳкам доштанд, то мавҷи эҳсос ва шӯру валвалаи қалбаш фурӯ нишинад. Зуд ба Султон Ҷалолиддин кас фиристоданду вақте омад, табиб бехгӯшӣ фаҳмонд, ки шоҳаншоҳи олам дучори ваҳла шудааст – ягон чизи нофорамро дидан ё шунидан ҳамон дар вуҷуди инсон тарсу бими ногаҳонӣ пайдо мешавад…
Шоҳзода ғайр аз табиб дигаронро рухсат доду соате ба оромӣ гузашт. Дар ин муддат Сайиди Ашраф бо овози пичирросӣ фаҳмонд, ки ваҳла бемории зудгузар асту вақте дар сари одам фикру хаёли хому каҷу пуч бисёр шаваду шодӣ бо ғаш омезад, дил ба танг меояд. Агар шахс худро аз олами хаёлоти ваҳмангез гурезонда тавонад, зуд шифо меёбад. Табобати ваҳла бо дорую дармон илоҷ надорад ва барои аз майнаи бемор афшондани суханрезаи бисёр муҳити амалро, яъне маҷрои дарёи орзую ҳавасро ҳар чӣ зудтар тағйир мебояд дод…
Хоразмшоҳ чун чашми оламбин бикушод, шоҳписари хеш бар сари болин дид. Аввал «Ҳуҷаста бош, ки ҳастӣ сазовори шоҳаншоҳӣ!» гуфту баъд ба ёди Нигина баланд фарёд кашид:
– Нигинаро пайғом деҳ, то чуноне ки ҳаст, тозон ба канори ман ояд!
Ҷалолиддин хост аз ҷой бархезад, аммо шоҳи табзада кафи ҳасрату надомат ба ҳам молида ва аз бахти нагун, толеи дун ва дунёи буқаламун нолида, дасти фарзанд маҳкам дошту гиряолуд хитоб кард:
– Исто! Ҳозир дар ҳафт осмон як ситора надорам! Шайх бор аз хар афтонд, шоҳ дубора ба хар ниҳод. Нигинаро набиёр, ки моро замона замон намедиҳаду Чингиз амон! Эҳтиёт шав, писарам, аз Чингиз хатар андар хатар хезад! Гурез писарам, ҳар ки аз хатар гурезад, ба шодӣ даровезад! Гурез! Не, исто! Гӯй ки бода биёранд!!
Ҷалолиддин боз аз ҷой хестанӣ шуд, вале падар дудаста домони ӯро дошта, аблаҳвор хандиду даҳонашро калон кушода, пароканда сухан гуфтан идома дод:
– Аз пеши ман наҷунб, писарам! Мешунавӣ, Чингиз меояд! Гӯй ки ба ман май оранд. Не, маёранд! Натарс, Чингиз не вай, Ҳоқонӣ будааст! Овозашро мешунавӣ? Ба ман шеър мехонад шоири пир: «Ваҳшате дорӣ, бирав, бо ваҳши саҳро унс гир!» Фаҳмидӣ? Ҳарфи шоирро ҳарфи девона напиндор! Ҳоқонӣ маро аз Хуҷанд меронад! «Дар Хуҷанд инсу ҷинс бисёр» мегӯяд. «Дар хама ҷо инсу ҷинсу деву парӣ ба фармони ту буду дар Хуҷанд чаппа шуд, қуян шав!» мегӯянд… оъ… Қуяни Чингиз канӣ?! Як пояшро ман хӯрдам, ту нахӯр! Гурез!! Чингиз омад!! Қуян омад!!! Гурез!! Гурез!!! Ту…
Хоразмшоҳро табаш баланду ҳолаш табоҳ гашт, табларза гирифту забон аз даруни ком раҳо карда, сахт газиду вайло кард. Беист забон мехойид ва менолид. Шоҳзодаю табиб дасту пой ва сару ҷоғашро маҳкам дошта, бо азоби алим ором намуданд…
Боз соате ба оромӣ паси сар шуд. Сайиди Ашраф аз чанд гиёҳ маҳлули обакӣ тайёр карду бо пахта ба даҳону бинии Хоразмшоҳ чакконда ва лабу забонашро пок карда, нафаскашию нафасбарориро мӯътадил гардонд ва бо садои пасту маҳзун гуфт:
– Ваҳла ва саръ ҳар ду бемории асаб асту оғози молихулиё. Ин касалии димоғӣ боиси хаёлоти ваҳмангез мегардад. Мариз хаёлӣ ва савдоӣ шуда, хуни сиёҳи шахшӯл мағзи сари хаёлангезашро мехӯрад. Ин ҳолатро олимон тилисми ҳайрати авқом мегӯянду табибони қадим каранҷу меномиданд…
Иқомат дар ин ваҳшатсаро лаҳза ба лаҳза хавфу хатар мефизояду дарди бузург бар вай муставлӣ мегардад. Шоҳаншоҳи муаззамро ин ҷо ҳаловат дар миён, аммо саломат бар канор асту ҳар чӣ зудтар ба макони дигар интиқол диҳем, зиён камтар ва бардошти бори гарон сабуктар мешавад…
Суханҳои табибро ғайри Ҷалолиддин дигар шунаванда набуд ва Хоразмшоҳ карахту ношунаво мехобид. Аммо чун ба худ омад, бо овози канда-канда, чанд ҳарфи калимаҳоро талаффуз накарда, ба валиаҳди хеш гуфт:
– Чинг… ман ҷо…ду. Аз Хуҷ… тез… рав… Хок… Хуҷ… ваз-н! Ҷо… су…с… қу-ян… г…фт. Со…қӣ… қу…ян дод… Ман тез рав…! Ар…ба! Хез… дав!
Султон Ҷалолиддин аз ҳарфҳои пароканда ҳамин қадар фаҳмид, ки Чингиз падарашро ҷоду кардаасту аз Хуҷанд ҳар чӣ зудтар берун бояд рафт. Гапро дигар кашол надода, зуд ҳамаро ба по хезонд. Аробаи подшоҳӣ назди саропарда оварда, султони оламро бо иззату эҳтиёти тамом ба тахти равон шинонданд.
Корвони шоҳаншоҳӣ ҳамон замон аз Хуҷанд ҷониби Самарқанд равона шуд…
Равзанаи чорум. Тафтеҳи боби нави ошиқона аз дурахши ахтари рахшони пурфасона
Қофилаи подшоҳӣ ба роҳ набаромада, Нигина сӯи Хуҷанд роҳ пеш гирифт. Вай дар як нафас мисли ҷунуни сабукбол ҷониби подшоҳ паридани Мирмаликро дида, он шаб бедорхобӣ кашидаю жарф андешаронӣ карда, охиру охирон ба хулосае омад, ки ҳимоятгари тавоно, додрасу додхоҳ ва роҳнамою маслиҳатгари асили ӯ Бобокалони Бузургаш Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ асту бояд ҳар чӣ зудтар худро ба ҳузури эшон расонад… Аммо чӣ тавр? Худро чӣ хел аз таҳона берун барорад? Чӣ гуна худро ба Хуҷанд расонад?
Аз фикру андешаи зиёд сараш ба дард даромад. Вале роҳи наҷот ба назараш намоён нашуд. Аз хонаи торик худро берун овард. Муддате гашту гузори язаки нигаҳбон, моҳи тобон ва ахтарони рахшонро тамошо карда, аз насими серун лаззат бурда, як каф аз оби мусаффои чашма нӯшид. Аз қудрати оби шифо якбора хирадаш равшан гашт ва дар равшании маҳтоб роҳи халосиро баръало дид!
Бо тамоми ҳастӣ оҳи сабук кашид ва байте хуфя хонд:
Ба ҳиллат кӯҳро аз пеш бардоштам,
Аҷаб санге зи роҳи хеш бардоштам!
Пас аз адои намози бомдод боз ба сари чашма омад. Язаки навбатдорро ҳамоно бедор ва ҳушёр дид. Бо лаҳни латифу мавзун салом гуфту ҳолпурсӣ кард:
– Эй бародар, тамоми шаб нахобида, чашмаро посбонӣ кардед?
– Чашмаро не, нури чашми шоҳаншоҳро!
– Офарин бар шумо! Баъди ношто ба Хуҷанд меравем ё дертар?
– Саҳеҳ намедонам. Шояд имрӯз ба ҳеҷ куҷо наравем…
– Ин хел бошад, ман то нимарӯзӣ бемалоли хотир хоб меравам. Худатон дидед-ку, шаб нороҳатӣ кашидам, хобам набурд…
– Баъзеҳо дар ҷойи нав шаби аввал бедорхобӣ мекашанд. Хайр, хоби хуш бинед!
– Ташаккур, эй бародар! Ҳозир канизакҳоро барои овардани меваю ангур роҳӣ мекунаму баъд супориши шуморо иҷро карда, хобҳои нағз мебинам. Ба ҳамроҳонатон гӯед, маро нороҳат накунанд.
– Ба чашм, бонуҷон!
– Саломат бошед, бародари азиз!
Язак, ки аз муомилаи хуши кабутари ҳарам дар субҳи содиқ шоду хуррам гашта буд, пеши роҳи ду канизаки чодирпеч ва сабад бар сарро надошту бе кунҷковию хӯрдагирӣ дарвозаи қалъачаро кушод ва таъкид кард, ки барои бонуҷони ширинзабон меваҷоти ширинтарин биёранд. Ҳар ду каниздухтар баробар сари таъзим хам карданду яке бари чодирро саҳл боло бардошта, бо табассуми малеҳ сӯи язак чашмак заду гуфт:
– Ба чашм, акоҷони ширин!
Канизаки дуюм ҳарфе нагуфту даст ба сандуқи сина ниҳод ва чобук ба роҳ даромад. Вай Нигина буд, ки дар ҷустуҷӯйи бахти хеш ба сӯҳбати Пири муродбахш мешитофт. Дар ҷойи хобаш канизаки дигар бо либосҳои фохираи ӯ мехобид ва ба чашми язакҳо кабутари ҳарам метофт…
Нигина ҳангоми омадан аз Самарқанд мушоҳида карда буд, ки ароба аз роҳи Фарғона тарафи чап гашту як фарсах бештар пайроҳаи морпечро тай намуда, ба қалъачаи Деҳмой расид. Имрӯз, ки ароба набуду канизаки ҳамроҳаш роҳи Хуҷандро намедонист, вай таваккал ба Худо намуда, аз байни ҳойитҳову боғҳои сабзу хуррам бо ҳамон пайроҳаи шинос қафо баргашту ба роҳи Фарғона баромад. Аллакай офтоб аз сари кӯҳ ба осмон баланд шуда, насими саҳро накҳати тару тоза надошт ва Нигина ҳини нафас рост кардан оҳиста ба қафо нигаристу ягон язак ё посбонро надида, бовар кард, ки аз таҳонаи монанд ба ҳабсхона раҳо шудааст. «Агар тарафи рост тоб хӯрем, ба Истаравшан бармегардем, – худ ба худ гуфт Нигина. –Агар ба тарафи чап гардем, роҳ то Фарғона мебарад. Пас, роҳи Хуҷанд куҷост?»
Сарҳисоби рафтанро гум кардаю гоҳ ба чапу гоҳ ба рост нигариста, мисли оҳуи ланг саргаранг меистод, ки яке сухани амакбобояш Аҳмадсайид ба хотираш омад: «Дар иҷрои коре дудила шавӣ, он тараф ихтиёр кун, ки бароят безарару осон намояд». Албатта, роҳи сипаришуда, ки росту ҳамвору бехатар буд, Нигинаро тарафи худ кашид ва хост ҳамон сӯ гом ниҳад. Ин асно аз байни зардолузор боғбони ришсафеде намудор гашт чун себи дукафон ба Бобокалони хуҷандиаш Шайх Маслиҳатдин монанд. Пештари духтарон омаду ҳол пурсид ва гуфт:
– Тарафи рост равед, ба шоҳроҳи Истаравшан – Хуҷанд мерасед, ки пуродам асту раҳгум намезанед. Ба чап гардед, баъди ягон фарсах пайроҳае мебарояд, ки аз теппакӯҳи Рухак гузашта, ба Хуҷанд мебарад. Ду баробар наздик аст, аммо хилвату камодам.
– Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
– Шахсоне, ки шитоб доранд, бо роҳи миёнабур мераванд. Бехатар аст, қад-қади кӯча боғбону деҳқонҳо раҳнамою мададгор мешаванд. Агар ба худ бовар дошта бошед, ман кафилам, ки сиҳату саломат то Хуҷанд мерасед.
Нигина, ки аз дидору дуои ин пири нуронӣ фоли нек бардош- та буд, ҳарчанд либоси канизӣ дар бар дошт, лек қад-қади ҷав пой монда, чун нозуксанами асил бо ҷилваи хос пеш мерафт ва ҳар замон бо табассуми фарох Соҷидаро менигарист. Канизаки тануманд ва гандумрухсор, ки бенуқс иҷро намудани ҳар амру фармоиши кабутари ҳарамро вазифаи худ медонист, ба лабхандҳои кадбонуяш пайравӣ намуда, бо хаёлоти ширин ба тамошои шаҳри калон мешитофт. Зеро Хуҷандро то ҳол надида, аммо таърифашро бисёр шунида, ин сафарро ҳадяи тақдир меҳисобид. Ҳар ду ба ҳукми зарурат сухан гуфтаю манзараҳои атрофро тамошокунон чоштгоҳӣ ба кӯҳдоман расиданд ва деҳқонеро диданд, ки ҳамроҳи духтараш барои тарсондани паррандаҳо афча соз мекард. Баъди салому алейк ва ҳолпурсии урфӣ деҳқондухтар канизакҳоро бо чою ҳалво зиёфат карду падараш дар куҷо будани пайроҳаи Рухакро дақиқ нишон дода, иловатан гуфт:
– Лаҳзае пеш чор марди хушлибос низ роҳи Хуҷандро пурсиданд. Аз гуфтору рафторашон маълум, ки одамҳои хубанд. Тезтар қадам монед, шояд дарёбед…
Духтарон базудӣ сари чоҳи таъйиншуда расида, чордевори пох- сагиро дарёфтанд, ки ҷойи дамгирӣ ва намозгузорӣ барои мусофирон буд. Назди саройча марде асо ба дасту занбил96 дар китф беист пешу қафо рафтаю ҳар замон дасташро соябон сохта, ҷониби қибла менигарист ва аз ваҷоҳаташ пайдо буд, ки касеро интизорӣ мекашад. Чун пештар расиданд, Нигина сарвболо ҷавонмарде дид хубрӯй ва хушсурат бо чашмони хирадманду оташнигоҳ, хатте борику сиёҳ дар гирди лабонаш дамида… Гӯё рассоме мониқалам бо ҳавсалаи том рӯйи гулбарге арғувонӣ ришу мӯйлаби паст мутобиқ ба абрувони пайваст наққошӣ карда… Либоси бунафшрангу кулоҳи сафедаш далолат бар он медод, ки парҳезгору худотарс аст, яъне ҳамсафари хубест.
Чун чашми озодамард ба духтарон афтод, аз роҳгардӣ бозистод ва нигоҳи гарме сӯяшон фиристод, то агар сухане доранд, беҳарос ба забон оранд. Нигина сар ба зер афкандаву чашм ба замин дӯхта, одоби салом баҷо овард:
– Ассалом, эй некмарди Худо.
– Бар туву дугонаат дуруд аз марди Худо! Эй сиҳиқадон, шумо куҷо равонаед?
Боди ҳарос аз димоғ биронед ва наздиктар оед, ки аз дидани ду навниҳоли навраста ниҳоли илҳоми ман аз замин то фалакулафлок меболад:
Аз ҳар чӣ меравад, сухани дӯст хуштар аст,
Пайғоми ошно сухани рӯҳпарвар аст!
Ҷавонмард асо ба замин ниҳода, ба алафзор нишаст ва духтаронро паҳлӯи худ шинонда, ҳол пурсид ва аз нияташон огоҳ гашта, ба шавқ омад:
– Ҳар даме чашм парад, муждаи дидоре ҳасту ҳар гаҳе дил тапад, муждаи дилдоре! Чор ёри ҳамкеш ба ҳукми чор дарвеш азми сафари Исфара доштем. Зарурате пеш омад, ки оҷилан худро ба Хуҷанд расонам. Ду ёри мо аз роҳ нагаштанду мо ду нафар мондем ва шукри Яздон, ки аз нав чоргона шудем.
– Шумо либоси ҷандаю мӯйи сутурда надореду чаро худро дарвеш мегӯед? – пурсид Соҷида.
– Дарвешро дил зинда асту нафс мурда!
– Ҳамроҳатон канӣ?
– Дар лаҳзаи видоъ борхалтаҳо иваз шудаанд. Шарофиддин ҳозир меояд ва корвонаки мо ба роҳ мебарояд.
– Агар дарвеш набошед, пас кистед ва аз куҷоед?
– Латифтабъи Аҷам ман – ё як шоири сайёҳ аз Хуросон. Лабташнагон аз сухани ман баҳра мебаранд, ҳарчанд худнамоӣ хуш намеояд маро… Лекин, эй чаманпайкарони хуршедваш, ки бо ман нишастаед, агар сухани камтарин ба дархӯри шумо ҷавоб нагӯяд, маъзур доред маро…
– Чаро ин хел мегӯед? Ҳамнишини хуб мисли аттор асту дар умри худ аввалин бор шоири зиндаро мебинам. Мегӯянд, ки шоири хуб дӯсти содиқи Худо…
– Гапат дуруст, эй духтар. Лекин… мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд! Хуб аст, ки ту ошкоро ҳарф мезанӣ, аммо дугонаи ту мушк дар остин ниҳон медорад, – чашми шоир ба Нигина афтоду дилаш ба вай мойил шуд. – Эй духтари мушкинхол, чаро хомӯшӣ? Эй меҳрубоно, сокит мабош чандоно!
– Замона забони ман бастааст…
– Баҳ! Чӣ ибораи мӯъҷаз! Эй ҷодусухан, оё чунин мехоҳӣ гуфтан:
Хомӯшӣ беҳ, ки замири дили хеш
Ба касе гуфтану гуфтан, ки «Магӯй!»
– Оре, эй шоири латифтабъи Аҷам, дили маро дуруст фаҳмидед! Мояи хурсандии мо шунидани суханҳои неки шумост… Чаро роҳи сафар тағйир додед?
– Сухан бисёр аст, лекин ба як байт ихтисор кунам, ки андак далели бисёр бошад ва муште намунаи хирвор!
Сипоҳе, ки хушдил набошад зи шоҳ
Надорад ҳудуди вилоят нигоҳ!
Ин байт мӯҷиби ба Исфара нарафтани мост. Зеро дар роҳи сафар шунидам, ки Хоразмшоҳ муддатест дар Хуҷанд қарор дораду худро аз Худо ғофил сохта, майпарастӣ ба авҷи аъло расондааст:
Гунаҳкору худрою шаҳватпараст,
Ба ғафлат шабу рӯз махмуру маст.
– Ин гап рост, ако! – Соҷида, ки то ин дам хомӯш менишаст, якбора ба шавқ омад. – Лекин… аз дасти шоир чӣ кор меояд? Подшоҳро сарзаниш мекунед ё ҷазо медиҳед?!
– Шоире, ки ҳаким асту валӣ соҳирӣ донад ва қудрате дорад, ки бо афсуни сухан мори гурза хобонад ва шери шарза афтонад! Вале маро ният дигар аст: бо Пири бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин, ки ахтари тобони қутби олами ислом аст, маслиҳат кардаву муттаҳид шуда, шоҳи ғафлатзадаро ба роҳи рост медарорем.
– Ана гапу мана гап! – Соҷида чапак зада, аз ҷой хест. – Ана аҷоиботу мана ғароибот!! Оъ…
– Эй духтар, ором гир! Чӣ даркор ин суханҳои нодилпазир? Эй озодмарди латифи Хуросон, аз ҷӯшидану хурӯшидани дугонаи ман озурда набошед. Бовар кунед, гуноҳ аз ман гузашт, хатои вай нест: соате пеш ман ба вай гуфта будам, ки «пеши Шайхи бузургвори Хуҷанд меравам, то бо маслиҳату мадади эшон подшоҳи ғафлатзадаро ба роҳи дуруст ҳидоят кунем…» Айнан ҳамин ҷумла аз забони шумо баромаду Соҷида ба хурӯш омад…
Ҷавонмард чун ин ҷавоб шунид, аз Соҷида бо навозиш пиёлае об талабид, то охирин қатра нӯшид ва худ хурӯшид:
– Оре, аҷаб аст ин, хеле аҷаб аст! Ҳар ду ҳаммаром будани мо аҷаб аст!! Гапи ту дар ману гапи ман дар ту печиданаш аҷаб аст!!!
Ману ту ҳар ду ҳоҷатошноем,
Бандаи боргоҳи Султонем!