Нигина ва Мирмалик - читать онлайн бесплатно, автор Додохони Эгамзод, ЛитПортал
bannerbanner
Полная версияНигина ва Мирмалик
Добавить В библиотеку
Оценить:

Рейтинг: 4

Поделиться
Купить и скачать
На страницу:
33 из 48
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Нигина пас аз фуромадани Шакархонум бо дастгирии канизакон чобук ба замин ҷаҳиду аввал ба атроф нигарист, то донад, ки ба куҷо омадаасту истиқболгиранда кист? Дар байни язакҳо чеҳраи зебо ва рӯйи гарми Мирмаликро диду гул-гул шукуфт ва байте аз Низомӣ бе ҳеҷ истиҳола ба забон овард:

Дигарбора булбул ба боғ омадаст,

Парӣ пеши равшан чароғ омадаст!

Мирмалик ҳадаҳа ба истиқболи вай шитофту аз талъати гулнигор мисли ташнаи лабхушки ба оби зулол расида хуррам гашт ва таъкиди Ҷалолиддинро фаромӯш карда, бо хушҳолӣ байти ҷавобӣ гуфт:

Нуқлам ҳама шуд шаккару бодом, ки дилбар

Бо чашми чу бодому лаби чун шакар омад!

Байтбараки шавқангез язакҳоро писанд омад ва аз ҳар ҷониб нидои «Ҷуфт шавад!» ба гӯш расид.

Аммо сарязак дигар имкон надода, ҳазломез гуфт:

– Шакару бодом дар доруззиёфат! Аввал хонаи хобу истироҳатро интихоб кунед, баъд ба хони зиёфат биёед. Ками мою карами шумо!

Нигина бо табассуми гарм дили он ҷавон нарм гардонду пурсид:

– Чаро ба Хуҷанд нарафта, ин ҷо фуруд омадем?

– Фармони шоҳаншоҳи олам бартар аз ҳама суханҳост!

– Оре, мо ҳама зердастему фармонпазир. Лекин сабаби дар канори шаҳр манзил гирифтани мо чист? Оё Хуҷанд ором аст?

– Ҳама ҷо орому осуда аст, эй бону! Шумо ҳам ором гиред ва кӯфти роҳ бароред. Рафтем ба таҳона!

Канизакон бору бунаи меҳмонҳоро бардоштанду Нигина ва Шакархонум бо дили нохоҳам аз қафои онҳо ба таҳона даромаданд. Сарязак аз ҳаракати онҳо чашм наканда, назди Мирмалик омаду оҳиста сабаби ташриф наовардани шоҳзода Ҷалолиддинро пурсид. Ҷавоби мухтасарро ҳарисона гӯш карду бо таассуф сар ҷунбонда, «Оббо, дар Утрор кори нохуб шуд» гӯён, бо сари хам муддате пешу қафо қадам зад. Аммо ҳуши Мирмалик ба Нигина банд буд ва барои сӯҳбат баҳона меҷуст.

Ин мушкилро худи сарязак осон кард:

– Шукри Худо, ки меҳмонҳо бе шикасту рехт ба манзил расиданд, – гуфт бо табассуми рӯякӣ. – Ин хушхабарро дар Хуҷанд бесаброна интизоранд. Ҳар чӣ зудтар шунаванд, бештар хурсанд мешаванд!

– Иншоаллоҳ хурсанд мешаванд! Ба ман аз Манкбурнӣ амр шудааст, ки як масъалаи муҳимро ба самъи кабутари ҳарам расонам.

Сарязак саволомез ба ҳамроҳони Мирмалик нигарист. Оне, ки аз шеваи бародарӣ баҳра бардошта буд, шитобон лаб ба гуфтор кушод:

– Оре, валиаҳди муаззам шеър хонданду илова намуданд, ки «сухан санҷида гӯед ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон наоред»…

– Кадом валиаҳд??!

Сарязак аз забони Мирмалик навгонӣ дар давлатдориро шунида, хеле хурсанд шуда, ду орзуманди муштоқро лаҳзае танҳо гузошт. Мирмалик ғанимат будани ҳар лаҳзаро ба ҳисоб гирифта, аз Нигина сидқан узр пурсиду гуфт:

– Барои шустани гуноҳи ман оби Сайҳун камӣ мекунад, лекин Худо шоҳид, ки гунаҳкори бегуноҳам ман! Ба шири модар қасам мехӯрам, ки чанд лаҳза пеш, дар ними роҳ аз омадани ту воқиф шудам.

– Наход?! Аммо мани қишлоқӣ ангоштам, ки бар васли ман ташнаед ва дар таҳонаи лаби чашма ҷойгир кардани ман тахайюли шумост…

– Таҳонаи Деҳмой нақшаи қаблан тарҳрезишудаи Хоразмшоҳ аст. Яқин вай хаёли нопоке дар замир дорад, лекин ба Худо қасам, ки саҳеҳ намедонам…

– Аз ин муомила дили ман ҳам сиёҳ шуд. Чӣ бояд кард?

– Дигар сустӣ карда наметавонам! Бе ягон тарсу андеша мушт бар даҳани шер хоҳам зад!!

– Илтиҷо мекунам, худро ба даст гиред. Шумо тан ба куштан диҳед, ман чӣ кор мекунам?!

– Хуб, ҳар чӣ фармоӣ, он кунам. Ҳозир ба Хучанд баргашта, ба хушию хубӣ дарди дили худро ба Ҷалолиддин фошофош мегӯям. Агар фаҳмаду одамгарӣ кунад, умрбод вайро ҳалқабаргӯш шавам. Агар нафаҳмаду дастобрези падар шавад, мушти гарони ман гурзи гарон шавад:

Бо мушти гаронсангу ханҷоли тез,

Сару дасти ғаммоз кунам рез-рез!

Шери Хуҷанд дигар ҳарфе нагуфтаю нашунида, шитобон аз қалъача бадар рафт…


* * *


Рахши шабранг ва рамузфаҳм назди дарвозаи қалъача нафасе қарор истода, бо оҳанги хайрбод шеҳа кашиду чун тири партоб шитобон ба роҳ даромад ва соҳибашро дар аввали шаб ба Хуҷанд расонд. Мулозими навбатдор дарҳол ба истиқбол шитофту Мирмаликро ба тахти маҳтобӣ – айвони гулкорӣ дар соҳили Сайҳун овард, ки Султон Ҷалолиддин он ҷо интизор менишаст.

Баъди салому алейк ва нӯшидани як пиёла чой шоҳзода чашмонашро нимкоф карда, бо табассуми айёрона гуфт:

– Гап зан, эй бародарам, меҳмонро дидӣ? Гап задӣ? Дилат тахт шуд??

– Дидам ва пазируфтам. Лекин дилам аз чанголи гургҳо лахт шуд!

– Барои чӣ?!

– Агарчӣ диққати андешаам аз мӯй борик шуд, ба сирри мобайни подшоҳу шоҳзодаю кабутари ҳарам сарфаҳм нарафтам. Маро ҳазор сухан дар таҳи дил аст ва агар иҷозат диҳед, ба шаҳаншоҳи олам муроҷиат намоям…

– Алҳол падарамро наметавон дид…

– Чаро?

– Чорпаҳлу хобидаанд. Рӯзе, ки гузашт, басо вазнинбор буд…

Хубаш, аз он пареши бисёр, ки дар сар дорӣ, якеро ба ман бигӯ.

–Чаро Нигина ба таври пӯшидаву махфӣ омаду на дар шаҳри Хуҷанд, балки дар як қалъачаи хилват пинҳон карда шуд?! Шоҳаншоҳи олам чӣ ният доранд?

Шоҳзода баланду марғуланок хандид:

– Зиҳӣ шаҳриёри Хуҷанд!! Нияти шоҳаншоҳи оламро аллакай ҳама хуҷандиён, ҳатто кӯдакони гаҳвора медонанду ту намедонӣ?!

– Ман ҳамагӣ як рӯз дар Хуҷанд набудаму наход офтоб аз кӯҳи Рухак сар бардошта бошад?

– Ҳа, офтоб аз қибла баромад… Аҷаб рӯзи чаппаю роста шуд! Оне, ки субҳ механдид, шом мегиряд… Оне, ки субҳ ғамгин буд, шом шодикафак шуд! – бо чунин ҷумлаҳои шоирона Султон Ҷалолиддин ҳама гапу калоча ва рӯйдодҳои хурду бузургро муфассал ба Мирмалик нақл карду пайиҳам оҳи чуқур кашид ва ба чашми ҳампаҳлӯяш жарф нигоҳе афканд. – Давоми қиссаи рӯзи балъаҷабро бо тамкин ва сабру таҳаммули мазҳаби Буҳанифа бишнав, эй бародарам, то метавонӣ, бурдбор бош, то комгор шавӣ!

…Баъди куштори сафир навбат ба ду ҳамроҳаш расид, ки яке хомӯш буду авф шуд. Аммо дуюмӣ бо чашми гирён «Булғок! Булғок!!» гӯён, баланд фарёд мекашид.

Шоҳаншоҳи олам пой бар тахтапушти сафири беҷон гузошта, он муғулро бо чашми ҳақорат нигарист ва аз тарҷумон пурсид, ки «ин аҷалрасида чӣ мегӯяд? Чун донист, ки «булғок» ба тоҷикӣ «фитна» аст, ӯро ҳам қатл фармуд ва хитобан ба муғули авфшуда гуфт:

– Эй муғули сарсахт! Ба подшоҳат гӯй, ки ман на аз қом метарсаму на аз қоон! Агар вай ҷангхар бошад, ман сахт камар бастаам! Бо чашми тангат дидию бо гӯши паҳну пачақат шунидӣ, ки фитнаю ғавғо на аз мо, балки аз Чингиз падид омад! Худо ҳам шоҳид, ки мо Ғойири базаҳкор ба Чингиз бахшидем, вале шаманшоҳи беҳаё дубора ба арӯси ҷаҳон даҳон андохт ва посухи сазовор гирифт. Чингизи ту мисли дигар аблаҳон маҳр дорад, аммо меҳр надорад! Ман бошам, аз чашму дил дурру гавҳар сохтаам, то пеши пойи арӯси ҷаҳон нисор кунам!! Ҷони худро, умри худро ба маҳри Нигина мебахшам!!!

Шоҳзода лаб аз гуфтор фурӯ басту дар айвон хомӯшӣ ба сукути тӯлонӣ табдил ёфт. Ду ҷумлаи гаронбори Хоразмшоҳ ҳама гапу кору фикру хаёлро аз беху бун чаппагардон кард ва шаҳриёри ошиқпешаро лаб хомӯшу дил дар фиғону сар пур аз ғавғо шуд! Вай, ки соате пеш аз шӯру ғазаб ба рехтани хуни шоҳ даст меҷунбонд, ҳоло саргаранг ба мавҷи дарё нигариста, ҳар ду даст болои дил ниҳод, то натаркад! Родмарди дарунсоф ва парастори ишқу муҳаббати пок дар як мижазанӣ тирақалб гашту ҷаҳон бар назараш торикистон шуд ва дар кӯчаи пасту баланду сарбастаи ошиқӣ раҳгум зад… Намедонист, ки аз бозиҳои ноҷавонмардонаи қисмат ва ғурбати чархи гардон ба даргоҳи Худованди бахшояндаю меҳрубон шикоят барад ё ба рағми пиршоҳи ғаммоз ва шӯъбадабоз ошӯб бардорад?!

«Барои таскини дил, оромиши хотир ва ҳифзи нангу номус чӣ бояд кард?» – ин пурсиши пуршарар чил карат гирди забони Мирмалик давр заду оқибат посухи пуршараф дарёфт: «Ҳам ба хубию хушӣ, ҳам ба зиштию бадӣ ҷаҳд мекунам ва ҷон меканам, то Нигина ёри ман шавад ва дар канори ман қарор гирад – қарорбахши дили беқарори ман шавад!»

Андаке равшан гардидани чеҳраи бародархондашро мушоҳида карда, шоҳзода оҳи сабуке кашиду мӯҳри хомӯшӣ аз лабҳо дур андохт:

– Сар фарох дор, эй шаҳриёр! Худат гуфта будӣ, ки то реша дар об аст, умеди самар ҳаст! Эй бародарам, сад оҳу дареғ суде надорад. Ман ҳам сад хори хорӣ дар ҷигар дорам. Лекин… чун дар кори ҷаҳон устод наям, ба паҳлӯи падар меравам. Аммо ту назди Пири мушкилкушои Хуҷанд рав. Бузургворро сазовор тавоф кун, эй бародар! Бовар дорам, ки маслиҳати судманд мешунавӣ ва дилат сукунат мегирад.

Хайр, то пагоҳ паноҳат ба Худо…

Равзанаи сеюм. Назаре муҷмал ба гулхани муҳаббати хирадсӯз

Мирмалик нӯк-нӯки по роҳ гашта, бесадо ба хонаи хоб даромад, то ҳамсарашро безобита накунад, ки ҳомиладор буду барвақту бевақт хобида, рӯзҳои башумори пеш аз таваллудро кӯтоҳ мекард. Аммо эҳтиёткории шавҳар зоеъ шуд – Ойчечак бедор ва ӯро интизор рӯйи ҷойгаҳ менишаст.

– Гапи нава шунидед? – пурсид бе ҳеҷ муқаддима.

– -Боз чӣ гапи нав?!

– Шоҳаншоҳи олам пагоҳ Нигиная ба никоҳи худ дароварда, дар Хуҷанд тӯй мекардаанд!

– Кӣ гуфт? – то ҳадди имкон худро орому бепарво нишон дод Мирмалик, ки дар асл мисли моргазида вуҷудаш лав-лав месӯхт.

– Дояи Маҳина гуфт. Медонед-ку, вай аз ҳама гапу кори дунё бохабар… Боз мегӯяд, ки…

– Дояро мону гӯй, ки худи Маҳина ягон гапи нав нагуфт?

– Дута калимаи нав гуфт – пишак ва лола. Пеш аз рафтан «Хай, ман алла» гуфт.

– Оҳ-ҳо! Хеле забондон шудааст гулаки хандони ман! Се рӯз шуд, ки надида, хеле пазмон шудиям. Хоб бошад ё бедор?

– Пагоҳ мебинед, дадоҷонаш! Агар фурсат ёбед. Ҳозир пеши додаракаш биёед. Омадани шумоя фаҳмид магар, ки бетоқат шуда, беист дасту почак мезанад! Гӯш кунед, «Да-да» мегӯяд!

Мирмалик нози ҳамсар нашикаста, сар болои шиками дамида гузошту ба навозиш андармон шуда, ҳаяҷони қалб фурӯ нишонд. Сипас аз рухсораи Ойчечак бӯсида, ба ҷойхоб дароз кашиду «аҷаб рӯзи вазнин шуд, сахт лакот шудам, шаб ба хайр!» гуфт ва худро ба хоб зад. Аммо хоб куҷою оромӣ канӣ?! Гапи охирини Ойчечак пардаи асрори подшоҳ кушода, болои сӯхта намакоб гашту дуди дили пуроташ ба мавҷи кӯрдуди ишқи хирасӯз омехта, хоб аз чашму ҳуш аз сар ва осоиш аз ҷону тан рабуда, шаҳриёри таҳамтанро ҳардамхаёл гардонд. Дар сараш мурғи ақли парешон пар-пар мезаду дар дилаш аспи ҷунун тапар-тапар намуда, ҳадаҳа мекарданд, ки дар фурсати хоби якшаба аз байни чандин пайроҳаи каҷу килебу ноҳамвору пасту баланд роҳи наҷот дарёбад, то ба қасри висол расад!

Мирмалик нахустин пайроҳаи дар Деҳмой дарёфтаашро тарзи дигар мулоҳиза кард: ба шоҳзода нею ба худи Хоразмшоҳ ҳама қиссаҳои достони ошиқонаро – ҳадяи девони Маҳастӣ, тӯҳфаи наврӯзӣ, рангомезиҳои Сияҳкӯл, дилбарӣ дар Моҳпарӣ, меҳрварзиҳои Ғӯрганҷ, ҷунун дар базми подшоҳӣ, маҳрумияту ҳаҷри иҷборӣ ва умедвориҳои дили шефтаро мухтасар баён карда, зарур ояд, сари зону мешинад ва дасти шоҳ мебӯсад, то дасти Нигинаро ба даст орад.

Посухи он арҷманд чӣ сон мешавад?

Агар Худо ба дилаш раҳму шафқат андозад, сари сарбози сарсупурдаро сила мекунаду рӯзашро муборак мегардонад. Аммо… агар шайтон аз роҳ занад, сари сарбози сарсупурдаро мисли себча меканад ва поймол мекунад.

Оре, чунин мешавад! Зеро умру ҷони хеш ба маҳри Нигина бахшида, умеди ҳазорҳо ошиқонро ба боди нестӣ ҳаво додаасту пеши ин арбадаҷӯ сухан гуфтан басо хатарнок аст. Хоса, вақте ки дили шоҳ сахт банди зулфи пурпечу хами Нигина гаштаю вайро ба никоҳи худ дароварда, дар Хуҷанд тӯй карданист, дар ҳаваси чуккаву пуккаи буҷул бо ошиқи қудратманд қимори бахт бозидан дидаву дониста ҷон бохтан аст! Ташнагии Шоҳи ошиқони дилсӯхта на бо оби сарди латиф, балки бо хуни гарми ҳариф шикаста мешавад…

Мирмалик худро аз ин пайроҳаи пурхатар дур кашида, аз васвасаи тавбаю салоҳ дил пок гардонд ва дубора қарор дод, ки Ҷалолиддинро миёнҷӣ карда, Нигинаро харидорӣ мекунад!

Аз чунин андеша завқ бурд, вале зуд аз фикраш гашт. Зеро хуб медонист, ки дар бисоти Хоразмшоҳ қаҳти ҷуд аст, яъне вай ҷавонмардию олиҳимматӣ надораду бо он тоҷу тахту арҷу бурҷу карру фарре, ки дорад, кабутари ҳарами худ ба касе намебахшад! Оне, ки бар ивази 500 шутури тилло ҳатто як пари кабутар ба шоҳи муғул надод, ба ҳокими шаҳри музофотӣ, ки дар бисот лоақал 50 шутур тилло надорад, ғайр аз пасмондаи кабутар чизи дигаре нахоҳад дод! Яъне ба шоҳи мумсик обрӯи худ набояд фурӯхт ва роҳи дигар бояд ҷуст…

Роҳи аз ҳама осон дуздидани Нигина аст! Бале, худи ҳозир ба Сабзалию Шоҳмурод мефармояду онҳо иму ҷим чор-панҷ язаки нигаҳбонро аз байн бардошта, Нигинаро аз таҳона озод мекунанд. Баъд вайро… ба куҷо мебаранд вайро? Ба Хуҷанд овардан хатарнок… Унҷию Кулангир ҳам ҷойи баръало… «Ёфтам! – худ ба худ нидо кард Мирмалик. –Ба Ворух мебаранд оҳуи бесоҳибро! Муддате дар кӯҳистон пинҳон мекунанду баъд ба Хуҷанд меоранд. Баъд…»

Мирмалик бо табассуми ширин «рӯзгоре чун шакар ояд!» гуфту якбора абрӯ дарҳам кашид мисли оне, ки заҳроба ба даҳан гирифта бошад: Хоразмшоҳ пагоҳ барои бастани ақди никоҳ ба Деҳмой мераваду аз кушта шудани язакҳо ва ғайб задани Нигина огоҳ шуда, ҳама ҷоро зеру забар мекунад. Дар навбати аввал аз Мирмалик гумонбар мешаваду…

Ин пайроҳа низ ба Мирмалик маъқул нашуд. Зери лаб «дило, дар роҳи ишқ собитқадам бош!» гуфту паҳлӯи дигар гашт. Ба худ андешид, ки агар ишқи хирадсӯзи Нигина вайро аз доираи ақл берун бароварда, ба силсилаи аҳли ҷунун кашад, чӣ мешавад?! Аз молу чизу давлату сарвату дудмону хонумон даст кашида, аммо дасти ёри маҳбуб маҳкам дошта, аз кӯҳу дарёҳо гузашта, сӯйи биёбони араб ба ватани Лайлию Маҷнун раҳсипор мегарданд. Он ҷо хатаре нест – ағбаи Ҳулвону халифаи Бағдод садди роҳи шоҳаншоҳи ниқорталаб мешаванд! Бешубҳа ин роҳи беҳтарин аст! Аммо… оё Нигина розӣ мешуда бошад?

Ё… Нигина ба шоҳаншоҳи олам дилкашол бошад?!

Ин ангезаи хаёл ба вуҷуди Мирмалик оташ ангехт. Даҳанаш хушку нафасаш ғуборолуд, синааш тасфону чашмонаш туфонбор гаштанд. Оташи Намруд ёдаш омаду лабони парсингбаста бо азобе ҷунбонда «Ё Аллоҳ, ин оташе, ки дар ҷони ман аст, сард гардон чуноне бар Халил кардӣ» гуфт. Ва… айнан он ҳолат такрор шуд: оташе, ки шоҳи Хоразм барои сӯхтани рақибаш Мирмалик афрӯхта буд, бо амри Аллоҳ ба гулистон мубаддал гашту шери Хуҷанд саломат монд ва бовараш ба меҳру муҳаббати оҳуяш қавӣ гашт. Аммо… Муҳаббати шери Хуҷанд чӣ сон аст? Қавӣ аст ё зайиф?

Барои ба ин суол ҷавоб ёфтан лаҳзае тасаввур намуд, ки ба тақдир тан дода, дари дилро ба рӯйи Нигина мебандад ва дигар ишқу орзую ҳаваси ӯ намекунад! Ҳамон замон ҳис кард, ки дар ин ҳолат роҳи нафас бар гулӯяш баста мешаваду луқмаи нон талху шӯр ва заҳри танаш мегардад, аз ашки хунин чашмонаш нобино шуда, ҷигари сӯхтааш ба хокистар табдил ёфта, аз шиддати тапидану ларзидан дилаш мекафад!!

Тамоми қувваташро ҷамъ оварда, «Астағфируллоҳ!» гуфту вас- васаю хаёлоти беҳуда аз сар дур афканд ва ҷиҳоди ошиқонаро ба пайроҳаи аввалин гардонд. Дидаи умед ба чеҳраи пурнури солори озмудаи худ Султон Ҷалолиддин дӯхт, ки ситезаю хархашаю бетоқатиро сахт маҳкум намуда, хиради пок ва сабру таҳаммулро дар мадди аввал мегузошт. Ҳар ду ба чашми душману дӯст мисли ду мағзу як пӯст буданду Хоразмшоҳ инро медонист ва Мирмалик бовар дошт, ки дахолати шоҳзода дар ин айёми пурхатар ба манфиати тарафайн мешавад. Яъне ошиқи роҳгумзадаро мебояд, ки қиссаҳои достони ошиқиро на ба подшоҳ, балки ба писари подшоҳ варақгардон намояд ва маслиҳат пурсад.

Дарвоқеъ, аллакай ба ин кор ҳоҷате нест! Султон Ҷалолиддин, ки донандаи бисёр асрор аст ва дар миён афтодани фитнаро медонад, тибқи мақоли «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард» амал намуда, соате қабл аз соҳили Сайҳун ба ошиқи ҷигархун аллакай роҳ нишон додааст: «Пири мушкилкушои Хуҷандро тавоф кун, то маслиҳати судманд шунавӣ!»

Мирмалик ба моҳи равшани осмони пурситора нигаристу бесадо оҳи сабук кашид ва то дамидани субҳи умед соате бароҳат хобид…


* * *


Мирмалик медонист, ки ҳазрати Шайх Маслиҳатдин баъди намози бомдод ҳар субҳидам дар соҳили Сайҳун мешинад, то аз қаъри рудбори бузург асрори ҷаҳон дарёбад. Табақе ҳалво ва кулчаи ширмол гирифту ба нишастангоҳи муқаддас расида, Пири худро бо ихлос ва муҳаббати фарзандӣ гиромӣ дошта, шароити таъзиму эҳтиром чуноне воҷиб аст ва мешояд, баҷо овард. Ҳазрати Бузургвор низ бо эҳтироми хос шаҳриёрро бинавохт ва гуфт:

– Пушт бар ин сияҳбед ниҳода, замоне сокит бинишин ва ба суханҳои ман чун ҳамеша бодиққат гӯш андоз. Ба чӣ ҳодиса ранҷа шудию чаро дар субҳи солеҳон ин ҷо омадӣ ва ҳама қиссаҳои ошиқонаи ту барои мо чун офтоб равшан аст. Ту, ки на ба хоҳиши худ ба моҷаро пайвастаӣ, барои маслиҳат пурсидан омадӣ, то роҳи наҷот дарёбӣ ва дурдонаи басо гаронбаҳо аз хазинаи дили шоҳаншоҳи олам ба даст орӣ. Вале азбас ғарази хеш то ин соат аз мо пӯшида медоштӣ, дар сабру шикебоӣ ва мувозабати88 ту хира монда, интизор будам, то аз забони худат калимае ба гӯшам расад…

– Эътиқоди ман бар шумо софитар ва комилтар шуд, эй Пири бузургворам. То имрӯз он чӣ ёфтам, аз юмни маёмини шумо ёфтам, эй Ҳазратам! Ҳолӣ саволе дорам ва аз беҷавобӣ беқарорам: чӣ бояд кард, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам шоҳ наранҷад?!

– Миёни тоат ва исён рӯз гузаронидани тую аз барои як дурдона қосиди ҷони якдигар гаштани ду подшоҳу як шаҳриёри ишқзада афсонаи замон аст ва дар ин қазия бисёр таҳайюр хӯрдаам. Зеро ишқ балоест, ки марди ҳақиқӣ аз он нагурезад ва беибо худро дар оташ андозад! Дар ин афтударафт ҳамоне ғолиб ояд, ки тавонад сабр шиору виқори худ созад, аблаҳӣ накунад ва аз кибру ғурур парҳез намояд. Азеро аблаҳӣ бемориест, ки ҳама табибону ҳакимони хирадманди олам аз илоҷи он оҷиз оянд ва кибр баландиест, ки аз ҳама пастиҳои ҷаҳон пасттар бошад…

Агар мушаххастар бигӯям, подшоҳи муғул хостори дурдона асту шоҳи Хоразм соҳиби дурдона ва тавре худат медонӣ, аз хирману хазина то аз мӯрча бознамонад, донае ба хостору подшоҳ нарасад! Ё худ, ба қавли шоири маҳбуби ту Саъдии Шерозӣ:

Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст!

Малӯл нашав, ки туро ба мӯрча ташбеҳ додам. Ту ба солу бахт ҷавон, аммо ба таҷрибаю дониш пири хирад ҳастӣ ва басо ҳокиму амирон ба рӯзу рӯзгори ту ҳавас доранд! Маслиҳати мо ин аст, ки бо ёри қадима иттифоқ бастану ҳамдилӣ ба ҳаммашрабӣ89 расондан беҳтарин роҳи наҷот аст. Зеро ошиқони ҳаммашрабро риояти ҳусни аҳду паймон ба висол мерасонад:

Аз ӯҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,

Аз ҳар чӣ гумон барӣ, фузун ояд мард!

Ҳар ду ҳар чӣ зудтар ба мақсуди дили ҳамдигар аҳду паймон бандед ва хуб мешавад, агар онро ба аҳду савганд табдил диҳед. Яъне муводаат ба мувоҳадат иваз намоед. Он гоҳ мувозаа пайдо мешавад, яъне шумо забон як карда, хушмашраб мешавед.

Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки «хушмашрабӣ, таҳаммул ва тааммуқ дар қабули масъулиятҳо мӯҷиби хушояндии Худо аст». Яъне, ҳар вақте хушнудӣ ва инояти Парвардигор падид ояд, ҳама ҳунарҳову бузургиҳояш зоҳир намояд, гулханро ба гулистон, хокис- тарро ба оташи фурӯзон табдил диҳад! «Туъиззу ман ташоъу ва тузиллу ман ташоъу, биядиҳи-л-хайру, иннака ало кулли шайъин қадирун» – «Ту Худованд, арҷманд мегардонӣ ҳар касеро, ки хоҳӣ ва хору ҳақир мегардонӣ ҳар киро мехоҳӣ. Хайр дар дасти туст ва барҳақ ту ба ҳамаи умур қодирӣ!»

Фаҳмидӣ, эй шаҳриёри муаззам?

– Фаҳмидам ва итоат мекунам, эй Пири бузургворам!

Илоҷе ёфта, худи ҳамин рӯз маслиҳати дуюми шуморо ба самъи Нигина мерасонам.

– Ранҷ макаш, ки зарурате надорад. Ин пагоҳӣ назди дарвозаи масҷид ғуломаке ҷандалибос ва афсурдаҳол пеши роҳамро дошт: «Барои шумо чанд сухани гуфтанӣ дорам. Ду дирҳам диҳед, то бигӯям». Ҳадяро гирифту ба шодӣ гуфт: «Маъсумае аз роҳи дур ба дидори шумо мешитобад. Ё имрӯз ё рӯзи дигар наздатон мерасад ва аз ранҷи дил халосӣ меёбад!»

Дарёфтӣ, он маъсума кист?

Мирмалик бо овози нимшунаво «фаҳмидам» гуфту беихтиёр ҷониби Деҳмой нигарист. Шайх Бадеуддин бошад, аз ҷайб дафтару қалам бароварда, шитобон ҷумлае навишт ва бо нигоҳи шоирона мавҷи дарёро наззора карда, гузашта ба ёд овард:

– Шаш сол муқаддам бо Нигина дар ана ҳамин ҷо сӯҳбат оғоз карда будем. Он айёми наврӯзӣ вай ба синни дувоздаҳ расида буду гулғунчаро мемонд. Илҳоми шоирӣ омаду гуфта будам, ки «имрӯз бо оби Сайҳун лаб аз шири модар шустаю худро ба ҳадди балоғат наздик расондӣ… Оғози нашъунамо ва камолот муборак шавад!»

Ҳолиё гулғунчаи Мастураи ман ҳаждаҳсола ва оҳуи шергир шудааст! Хоразмшоҳу Чингизхон вайро Арӯси ҷаҳон мегӯянд ва ба висолаш талош доранд. Ту оҳуи бесоҳибро чӣ унвон медиҳӣ?

– Арӯси Тирози ҷаҳон!

– Офарин бар ту, эй шаҳриёри Тирози ҷаҳон! Донистан мехоҳӣ, ки навакак бар варақи дафтар чӣ навиштам?

–– Ягон шоҳбайти нав. Ин одати деринаи шумост.

– Он чӣ навиштам, аз сад шоҳбайт авлотар аст! Марҳамат, бихон.

Мирмалик навиштаи Шайхи шоиртабиатро бо лаҳни гӯшнавоз қироат кард: «Лаҳзае қабл он ғуломаки ҷандалибос пайғом расонд, ки Шайхи Хуҷанд баъди чанд рӯз хутбаи никоҳи Арӯси Тирози ҷаҳон мехонад»…

Дафтар аз дасти Мирмалик афтиду агар Шайх Бадеуддин чолокӣ намекард, онро об мебурд. Ҳар ду баробар хандиданд ва аз ҷой хестанд.

– Суханҳои зарурӣ гуфтаю шунидаю навишта шуд, – гуфт Пири раҳнамо. – Акнун ба ҳар дуямон рухсат, ки талхиҳои зиндагӣ ширин гардонем. Ту шитобонтар аз боди саҳаргоҳӣ ба саропардаи подшоҳӣ рав, ки Ҷалолиддин интизорӣ мекашад. Саломи ман ба хидмати ӯ бирасон ва гӯй, ки аз падар эҳтиёт бошад, зеро ошуфтахотир асту товус дар чашми борхудои оламорой магас менамояд…

Охирин маслиҳат ин аст, ки гапи дадою бӯвоҳоямон фаромӯш накун: таваккал нар асту андеша мода! Агар ба таври китобӣ гӯем, «таракат ал раъю би-р-раъйин» – ндеша андеша мезояд! Дил фориғ дор ва фикри исёну фирор камтар кун, ки Худои меҳрубон раҳнамои мост: «Валлоҳу аълам би ҳақоиқ-ул-умур ва ҳува алимун би зот-ис-судур» – Худованд донотар аст бар ҳақиқати корҳо ва огоҳ аст аз андешаҳо…


* * *


Мирмалик шоҳзодаро парешонзамир дид ва аз дер омаданаш хиҷолат кашид. Хост, узри тақсир ба ҷо орад, аммо Ҷалолиддин имкон надод:

– Медонам, дар куҷо будӣ, эй бародарам! Маро маъзур дор, ки хотирам аз чизи дигар малул аст.

– Пирам ба шумо дуруду паёми фаровон фиристоданд ва маслиҳат доданд, ки аз падар эҳтиёт бошед…

– Чаро?!

– Гуфтанд, ки «Борхудои оламорой ошуфтахотир, товус дар чашми эшон магас менамояд»…

мОфарини Худо бод бар Пири ҳамабин! – шоҳзода даст ба гиребон бурда, бо нишони тааҷҷуби зиёд ба чапу рост сар ҷунбонд. -Дар ҳақиқат Шайхи мутабаҳҳир ва мутабашширанд90! Ҳазрат ҳама доранд, зеро хиради модарзод ва башорати Худодод доранд!

Мирмалик ҳарфе нагуфта, интизор истод, то шоҳзода эҳсоси дил фурӯ нишонид ва сабаби ба ваҷд омаданашро шарҳ дод:

– Посе аз шаб гузашта буд, ки падар бо овози баланд «Қап!!» гуфтанду қад парида, аз хоб хестанд. Маълум шуд, ки кабутари ҳарам дар хоб дидаанд: Нигина бо нақшу нигору зевару зиннату либоси рангоранг ба товус монанд шуда, дар ҳавои лаҳни «Товуси Аҷам» хиромон ҷилва мекардааст. Дар авҷи арғушт болу пар афшонда, ончунон чархидаасту чархидааст, ки дар пеши чашми падарам печида-печида хурд шудаю хурд шуда, аз печопечи бисёр ба магас табдил ёфта, берун паридааст. Шоҳаншоҳи олам «Қап!» гуфта, аз қафояш давидаанд…

Падар аз хоб бедор шуданд, аммо ҳушёр нашуданд. Ҳаросон ба атроф нигариста, беист «Ковед! Ёвед!!» мегуфтанд…

Дарҳол мудаббир ҷеғ задему табиб дартоз омад. Падарам бо таъсири дору андаке ором ёфтанд, вале бо чашми парешон товусу пашша меҷустанд. Хобгузори соҳибтаҷриба кафи дасти подшоҳ ба нӯки ангуштҳо палмосида, аз сири ғайб огоҳӣ ёфт ва гуфт:

– Одатан ошиқоне, ки аз зулфи парешон дили беқарор доранд, дар шаби ҳиҷрон хоби парешон мебинанд. Товус дар хоб подшоҳи Аҷам асту боз ҳам баландмартаба шуданро башорат медиҳад. Агар мард товуси мода дар хоб бинад, зан мегирад… ва аз ӯ фарзанди зебо ба дунё меояд.

Пашша дар хоб марде заъйиф, залил ва фурумоя аст, ки кори ночиз ва ҳақир анҷом медиҳад. Аз пеши подшоҳ берун паридани пашша далолат бар он аст, ки сӯйи ҳар касе парида бошад, ӯ заъйи- фу нотавон мегардад.

– Фаҳмидам, ки товус моли ман мешаваду пашша ба Чингиз мечаспад! – бо ҷӯшу хурӯши кӯдакона шавқун бардоштанд падарам. -Нокому нотавон мешавад муғули бадбахт! Лекин… пашша шудани товус чӣ таъбир дорад?

– Ба пашша табдил ёфтани товусро таъбир чунин аст, ки он раққоса дигар мисли товус нахиромад, зеро даврони рақсу самоъ интиҳо ёфта, замони васлу ҷимоъ фаро расидааст.

Суханҳои хобгузорро шунида, падарам ҷаҳида аз ҷойхоб хестанд, маро бӯсиданд ва қоҳ-қоҳ хандида, шеър бофтанд:

Парешондимоғем, соқӣ куҷост?

Шароби зи шаб монда боқӣ куҷост?!

Хурсандии шоҳаншоҳи оламро дида, табиби шоиртабъ Сайиди Ашраф ҳам табъи дили эшон сухан гуфт:

– Аз хобу хаёли парешон асаби инсон хастаю хароб мешаваду аз таъбири хуш изтироби дил мефизояд. Барои эътидол шароб беҳтарин давост:

Бода дар хум кӯҳна чун гардад, давоӣ мешавад,

Духтари раз пир чун шуд, мумиёӣ мешавад!

Байти шароболуда падарамро маст карду бода хостанд. Илтимосу зораю илтиҷоям асар накард. Такаббуру якравию саркашӣ боло гирифту ҳатто бо оҳанги масхара шеър бофтанд:

На страницу:
33 из 48