Нигина ва Мирмалик - читать онлайн бесплатно, автор Додохони Эгамзод, ЛитПортал
bannerbanner
Полная версияНигина ва Мирмалик
Добавить В библиотеку
Оценить:

Рейтинг: 4

Поделиться
Купить и скачать
На страницу:
32 из 48
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Бомдоди имрӯз маро нидо аз боло расид, ки пас аз фоҷиаи Утрор кор аз дараҷаи сухан ба дараҷаи шамшер расидааст. Аз ин лиҳоз машвараи имрӯзинро айни вақт меҳисобам, зеро натиҷаро фақат барои имрӯз не, балки барои фардо ва пасфардо андеша мекунем. Хуб шуд, ки ҳар нишастае ба қадри моя ва пояи худ ҳарфе ба забон овардед, то аз хавфи Чингиз эмин бошем. Гуфтори шуморо бодиққат шунида, ба чунин хулоса омадам, ки оре, мо подшоҳи кофир намехоҳем ва бо иттифоқу дастҷамъӣ ҳоли Чингиз табоҳ мегардонем. Дар ин ҷода ба ҳазрати Султон Муҳаммад Алоуддини Сонӣ, ки амири бузурги таъйиншуда аз боло ҳастанд, фатҳу нусрат мехоҳам. Дуо мекунам, ки ба Шумо, эй борхудои оламорой, аз замину осмон пирӯзӣ расад!

Ҳама баробар даст ба рӯй кашиданд ва Хоразмшоҳро нигаристанд. Онҳо интизор буданд, ки вай чун ҳамеша худро баланд кашидаву манманӣ ва худситоӣ ба авҷи аъло расонда, Чингизро ҳақиру нотавон мешуморад, зердастонро ба неши забон озор медиҳад ва мушти лофу газоф ба сина кӯфта, бо худпарастию худкомӣ табъи дили худ қарор мебарорад. Аммо аз фасоҳат ва суханҳои сабзу латифи Шоҳаншоҳи олам дар шигифт монданд, ки сараввал ба ҳазрати Бадеуддини Нурӣ арзи сипос кард ва гуфт:

– Гуфтори Пири бузургвори замон маро баробари сухани падар асту ҳар сухани ёрони гиромиро низ бо ризои том шунидем.

Агар пешниҳодҳои шумо ба мо суд надорад, ягон зиён наорад ва шояд, ки замоне корбаст шавад… Ҳама таклифҳоятон дар дафтари девондорӣ сабт гардид. То пагоҳ маро фурсат мебояд, то дар танҳоӣ, ба ҳеҷ шуғле андармон нашуда, жарф андеша ронам ва хулосаи худро пагоҳ ба шумо маълум намоям.

Муҳимтарин тадбири савоби салтанати мо алҳол иваз кардани валиаҳди Шоҳаншоҳи олам аст. Қарор кардем, ки фарзанди кӯчаки хеш аз валиаҳдӣ маъзул гардонда, валади бузург ва сипаҳсолори сутург Ҷалолиддини Манкуберниро соҳиби ояндаи тоҷу тахти давлати Хоразмшоҳиёни кабир эълон намоем. Хати маншур ба Ғӯрганҷ фиристода мешавад ва ман бовар дорам, ки шумо шоҳписари шерафкан ва тундҳамлаю музаффари маро хуш мепазиред ва ӯро минбаъд Султон Ҷалолиддин мехонед.

Ризои мо он аст, ки дар арсаи ҷанг ҳар чӣ бештар ба валиаҳди нав умед бандед ва мардонагию ватандорӣ ба худ сипар созед. Фаромӯш накунед, ки ҷанг бурду бохт дорад ва агар, Худо накарда, муғулони ҷонсахт сафи сипоҳиён бишкананд, пароканда нашавед ва дасти таслим боло набардоред! Зеро Чингизи Темучин ғӯли биёбонзода аст, насабу насиба надорад. Мулки мо бар вай насиб накунад ва дар дасти фарзандони мову шумо ҷовидон монад…

Равзанаи дуюм. Нигорише аз мадду ҷазри тӯфони шӯрангез дар як рӯзи фитнахез

Хоразмшоҳ бо табъи кушода аз куҳандиз баромаду Нигина лакоту хаста ба шаҳри Истравшан даромад. Ин хабар баъди се соат ба Султон Ҷалолиддин расид ва дарҳол ба подшоҳ гӯшрас гардид. Аммо дар рухсораи шоҳ гули шодӣ чун пештара нашукуфт ва хаёломез гуфт:

– Чор рӯз пеш диламро оҳи оташбору нолаю бодаи шабгир девона мекард. Ҳолиё оташи айш хомӯш гаштаю чароғи чашми маро фурӯғи дигарест. Ҳарчанд орази он ахтари тобон шамъи шабистони ман аст, лек мехоҳам, бо андешаи хайлу сипоҳ шабзиндадорӣ кунам. Яъне таҷаҳҳуд намоям, шаб нахобида ибодат ва ниёиш кунаму таклифу пешниҳоди муқаррабони бисоти давлатро таҳлил ва тақрир кунам.

– Ройи шумо олист, эй падари меҳрубон!

– Аммо… чун гавҳари мурод омад, дар таҳният ва муҳофизати вай саҳлангорӣ нашояд! Ӯро хабар деҳ, ки дар Истравшан дер нашинад ва сӯйи Хуҷанд асп ронад. Тую Дамир Малик пагоҳ ҳар чӣ зудтар худро ба Деҳмой расонед. Дар шафати ин чашмаи шифоӣ қалъачаи ободу озодае будааст, ки дирӯз ҳамроҳи Пирам он ҷо соате фароғат доштем. Ана ҳамин таҳона нишемангоҳи Нигина шавад бо нуқлу навои шоҳона!

Меҳмони маҳбубро маҳбус насозед, аммо кӣ буданашро ба ҳеҷ кас ифшо накунед! Баъди шоиставу боиста ҷо ба ҷо кардан дар танҳоӣ ба вай нияти маро фаҳмон, розӣ гардон ва он гоҳ ба Хуҷанд баргард. Агар ба маҷлиси куҳандиз таъхир намоед, ҳеҷ тақсир набошад. Дар анҷоми мушоварат оғози шодию нишотро эълон мекунему ҳамроҳи Пирам ба Деҳмой рафта, ақди никоҳ баста, сирри ниҳонро ошкор сохта, ҳамҳамаю дамдама то гӯши Чингизи талабгор мерасонем, то аз рашку ҳасад сӯзаду хокистар шавад!

Султон Ҷулолиддин ва Мирмалик рӯзи дигар қабл аз тулӯъи хуршед озими роҳ шуданд. Аммо як фарсах тай нашуда, чопаре таъҷилан омаду ба шоҳзода дастурнома расонд. Маълум шуд, ки Чингизхон элчӣ фиристодаасту Хоразмшоҳ ширкати валиаҳди навро дар гуфтушунид хеле зарур мешуморад.

Ҷалолиддин супоришҳои падарро оид ба пазироӣ ва ҷойгир намудани меҳмони нозук нукта ба нукта ба Мирмалик фаҳмонду аз ҷониби худ илова кард, ки сухан санҷида гӯяд ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон наорад, то боиси малоли хотири шоҳаншоҳи олам нагардад.

– Баъди ҷо ба ҷо шудани меҳмон ҳар чӣ зудтар худро ба Хуҷанд расон ва подшоҳи оламро хотирҷамъ гардон.

– Дил фориғ доред, эй бародар, ончунон, ки гуфтед, ҳамчунон мешавад! Фақат то ҳол ман намедонам, меҳмон кист ва чӣ ном дорад?

– Ӯро мешиносӣ ва номашро ҳам медонӣ, эй бародари арҷманд!

Аммо ту шитоб накун, ки мардуми араб «ас-сабру мифтоҳ-ул-қулуби!»79 гуфтаанд. Давоми корро баъд маслиҳат мекунем.

Хайр, акнун ман ин тараф мегардаму ту он тараф. Язакҳои ман бо ту мераванду нигаҳбонҳои ту маро ҳамроҳӣ мекунанд.

– Чаро?!

– Барои он ки забони язакро язак медонаду бе иҷозати ин ҷавонмардон ҳеҷ кас, ҳатто бародари меҳрубони ман, ба меҳмони азизи подшоҳ наздик шуда наметавонад…


* * *


Султони ҷавон хандон сари аспро ҷониби Хуҷанд гардонду бо як маҳмез ба саропардаи подшоҳӣ расид. Падарро болои сӯзан нишаста дид ва аз ӯ саволи ғазаболуд шунавид:

– Ё Манкбурнӣ! Чаро дер омадӣ?! Кайҳост, ки туро чашм медорам!

– Эй падари бузургвор, Пиру барнои Хуҷандро ба шумо меҳрубон ва бахту иқболро дурахшон мебинам. Дилтангӣ аз баҳри чист?

– Хабар надорӣ, чӣ шудааст?!

– Не-е…

– Биншин ва бихон! Чингиз ба ман номаи таҳдид навиштааст!!!

Султон Ҷалолиддин мактуби шоҳи муғулро аввал сар-сарӣ аз назар гузаронду сипас ҷумлаҳои асосиро бодиққат мутолиа кард: «Медонам, ки самъи шоҳи Хоразм тоқати шунидани таънаю қоқмиш80 надорад. Аммо гузашт он давр, ки фақат Хоразм таъна бар Ҳинду Чин мезад. Акнун ман ба олам садо баланд мекунам… Ду сол пештар бар якдигар суханҳои хеш ба хушӣ ошкор кардем. Бо ирсоли тӯҳфаю ҳадя, ҷиҳози нодиру гаронбаҳою табаррук ба ту наздикӣ меҷустам, то моро футӯҳе ҳосил шавад. Мо ба ҳам байъат кардему якдигарро таҳният гуфтем, барои равнақи тиҷорат ва бозоргонӣ аҳду паймон бастем, то савдогару тоҷирон бемалол дар кишварҳоямон омадурафт кунанд… Аммо ту беадабӣ кардӣ ва аз ҳадди худ берун пой мондӣ, аҳдномаи бо мӯҳру имзо тасдиқкардаи худро шикастӣ, қавлу лафзи подшоҳиро фурӯ гузоштӣ… Мо ҳама бандаҳои Худоем, хоҳ бут парастем ё мусулмон бошем. Ҳар кӣ васваса ҷӯяд, мо девтабъ мегӯему шумо иблис мехонед, ки фаришта буд, аммо дӯзахӣ шуд. Ҳокими Утрор аз ҳамин қабила одамҳост! Вай монанди шайтон маккор ва иғвогар аст! Вай коре кард, ки набояд мекард…

Ман, ки мусибатзадаам, суханам номулоим асту мабод, ки ба самъи муборак гарон расад. Зеро гумон мекунам, ту дар фалокати Утрор даст надорӣ ва ҳокими Утрор, ки бародари модари кинавари туст, худсарона даст ба тағобун задааст, то ману ту душмани ашадӣ шуда, ба якдигар зарару зиёни марговар расонем. Агар ин фарзия дуруст ва тақаллуби аҳвол гуноҳи ҳокими васвос бошаду осудагию амонӣ хоҳӣ, дасти худ аз Ғойири ғаддор кӯтаҳ кун ва ҳокими бадхоҳ ба дасти ман боздеҳ, то бо рехтани хуни сиёҳи он палид тақоси чандсад умри фаношударо барорам…

Қисмати аввали номаро муштамил бар таҳаффуз, яъне даъват ба ҳушёрию бедорӣ ва пос доштани ҳаққи ҳамсоягӣ дар қалам овардам, на ба нияти иғво барангехтану тарсондану таҳқир намудан. Вале агар фалокати Утрор бо амри ту содир шуда бошад, муомила ранги дигар мегирад. Аз гапи худ баргаштану нақси ойини подшоҳӣ кардану тоҷирони бегуноҳ ва элчии баландмартабаи маро куштани ту молоютоқ, яъне тоқатнопазир, номаъқул ва номарғуб асту ҷавоби дурушт мехоҳад ва тамассук бар шамшеру камон мекунад! Аз фоҷиаи Утрор бӯйи бад бар димоғам мезанаду дар сарам бадгумонӣ сайр дорад ва дилам сахт хашмнок аст. Беҳад афсӯс мехӯрам, аммо аз душманӣ ҳазар мекунам ва ба тундӣ сӯйи ту нигоҳ намекунам, ба шарте Ғойири Инал ба ман таслим фармоӣ…

Гумон мекунам, ҳоло вақти он нест, ки мобайни мо дарёи хун мисли Ҷайҳун мавҷ занад. Халқи олам шоҳид, ки то имрӯз то тавонистам таҳаммул ва мардиҳо кардам, то ба якдигар азизтар ва мӯътабар шавем. Акнун мардӣ дар ҳифзи дӯстӣ ва амонӣ навбати туст! Кори Ғойири мутакаббирро тадорук кун. Агар зинда супурдан нахоҳӣ, бифармо, то сараш аз тан ҷудо кунанду дар турба андохта, ба ман фиристанд!

Эй Хоразмшоҳ, ту ки тойиб81 ва мустағфир82 ҳастӣ, маро ғаффор магир! Ман фалокати Утрор ҳаргиз иғмоз83 намекунам ва ҳаройина хунбаҳои тоҷирон ва алалхусус кини гумоштаи худ Ухун аз ту мехоҳам ва меситонам!! Худованди замину осмон, офаридгори тоҷику туркон воқиф аст, ки азму талоши ман дар ситондани хунбаҳо ҳақ аст! Халқи олам медонад, ки сабабгори ин фалокат ман нестам. Ҳар тӯфону ҳодисот ва куштору қатли ом, ки бо инқизои мӯҳлат ба амал ояд, гуноҳи ту дониста хоҳад шуд…

Фарзандони ман ва фарзандони шаҳидони Утрор ва тамоми ҳамтаборон ба ҳарбу зарб ва интиқом ситондан шитоб доранд. Ман онҳоро бо душворӣ нигоҳ дошта истодаам. Хоҳӣ ки ҷурми бузург авф гардад ва узри гуноҳ пазируфта шавад, ақли солим кор фармою рӯбоҳи маккори Утрор ба дасти шери нари хунхоҳ супор!! Ту ғайри таслиму ризо дигар чора надорӣ, зеро дар олами ислом пуштибоне надорӣ! Халифаи Бағдод дар мактуби худ маро ҳомии ислом ҳисобида, ба ҳокими Хуҷанд таҳсин мехонаду ба ту нафрин! Вай маро ба лашкаркашӣ ҳидоят карда, менависад, ки агар ҷанги мо оғоз ёбад, ҳамаро алорағми ту ба ҷиҳод мехезонад!

Маро моми ман Темучин ном кардааст. Аммо замона маро аз қом84 қоон85 сохту Чингиз лақаб дод, ки ба лафзи ту, эй шоҳи сартавул, маънояш «Марги ту» мешавад! Яъне замона маро – қоони муғулро вазифа ниҳодааст, ки туро – шоҳи Хоразмро бимиронам!!

Агар ба хунбаҳо розӣ нашавӣ, охирсухани ман ҳамагӣ як калима аст: ҷанг!!!

Агар гуфтание дорӣ, сафири арҷманди мо Бағро ибни Кафраҷ дар хидмати туст…»

Ҷалолиддин мутолиаро тамом карда, нафаси сард кашиду саволомез падарро нигарист. Маълум шуд, ки вай маътали нигоҳи писар будаасту ҳадаҳа пурсид:

– Ман чӣ кор кунам?! Чӣ бояд кард?!

– Эй падари меҳрубон, фикри маро пурсидани шумо, ки исботи идроки олии шумост, сарамро ба осмон расонду меҳру садоқати фарзандиро бемунтаҳо гардонд! Бовар дорам, ки бо хираду фазли падарписарӣ ҳама банди бастаи адӯ кушода мешавад! Сухан ҳар чӣ гӯед, ман бандаи ниюшандаам. Шумо донотаред!

– Аз шодии дидани рӯйи чун ту фарзанди доною рамузфаҳм, иншоаллоҳ, ҳама мушкилоти гетӣ ҳал хоҳад шуд.

– Саломат бошед, эй падарҷони ҷони ман! – Ҷалолиддин басо хушком шуд аз он, ки падараш ба номи Худованди ҷону хирад такя намуд. – Худои азза ва ҷалла бар забону дасти шумо ханҷари қотеъ додааст, то моро ба фатҳу нусрат ҳидоят кунед.

– Мулкро бо фикри дурусту ройи равшан нигоҳ доштан кори осон нест, писарам! Сари ин масъалаи чигил андешаю мулоҳизаи мушаххас дорам, аммо намедонам, ки туро маъқул мешавад ё не? Ғайр аз ин, барои ман муҳим он аст, ки ту чӣ пешниҳод дорӣ?

– Нахустин пешниҳоде, ки дар нӯки забонам давр мезанад, як байт шеъри набераатон Камоли Исмоил аст:

Инони бузургӣ ҳар он кас кӣ ҷуст,

Нахусташ бибояд зи хун даст шуст!

– Офарин бар туву писари шоират, эй шоҳписарам! Аз хун даст шустан фикри маъқул аст, вале мо набояд тафриту ифрот кунем, яъне аз ҳад нагузарему кӯтаҳӣ ҳам накунем. Чӣ мешавад, агар таклифи Шаҳобиддини Хевагиро корбаст карда, бо чорсад ҳазор марди муҳорибе, ки дар таки даст дорем, ба мулки муғул ҳуҷум кунем?

– Аллакай вазъият тағйир ёфтаасту ҳамлаи мо ногаҳонӣ намешавад, падарҷон! Мо Чингизро ғафлатгир карда наметавонем. Зеро фарзандони ҷангталабаш ҳама лашкари худ ба по хезондаанду ба сари мо ҳуҷум кардан мехоҳанд. Аз бархӯрди ду лашкар қиёмат дар ҷаҳон меафтад. Хуни муғул Сайҳун мешаваду хуни сартавул Ҷайҳун…

– Дарвоқеъ, маро «шоҳи сартавул» гуфтани ин шоҳи биёбон чӣ маънӣ дорад?

– То ҷое медонам, як ахтаршиноси мағрибӣ, номаш Батлимиюс ё Патолемей дар асари ҷуғрофияш навишта, ки замонҳои хеле қадим қабилае бо номи яксарт атрофи руди Яксарт – ана ҳамин дарёи Сайҳун зиндагӣ мекардаанду касбашон тиҷорат будааст. Калимаи сарт ба забони ҳинду тааллуқ дораду маънояш ба тоҷикӣ бозаргон… Муғулҳо тоҷики сартоб, яъне саркашу нофармони гардантахтаро «сарт» мегӯянду турки саҳрогардро «авул». Хоразмиҳои қадим шахсони аз Эрон омадаро сарт мегуфтанд. Шоҳи сартавул подшоҳи тоҷику турк аст…

– Гапи беҷо набудаасту ман ҳақорат гумон бурда, аз шеъри Рӯдакӣ як байти ҷавобӣ тайёр кардаам:

Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,

Момат дафи дурӯя нопок задӣ!

Хайр, бало ба паси Чингизу лафзи дағалаш! Ту, ки пешниҳоди Хевагиро рад кардӣ, акнун фикри худатро гӯй: тадбири кори он харпадар чун кунем?

– Бо зӯри ақлу хирад вайро саркӯб ва хомӯш гардонем.

– Чӣ хел?!!

– Чингиз худро шер хондаасту Ғойирхонро рӯбоҳ… Дар асл гург аст Чингиз! Гурги қавичанголи тангчашм. Гурге, ки ташнаи хун асту беист уллос мекашад. Як ҷуръа хуни рӯбоҳ кофист, ки хомӯш шавад…

– Ман ҳам борҳо дар кори Ғойир андеша кардам. Оқибат ба чунин хулоса омадам, ки агар ҷиян бо ду дасти адаб тағои худро ба душман барои куштан диҳад, дурушт асту ғализу нописанд ва ноҷавонмардӣ! То ба имрӯз Қоф то Қоф ҷаҳон пур аз хамосаи ҷавонмардию кишваркушоиҳои ман аст. Агар аз дӯғу даранги Чингиз тарсида, тағоям Ғойирхонро ба душман диҳам, шӯҳраи олам ба буздилӣ мешавам, шоҳи тарсу лақаб мегирам… Аз эдун шармандагӣ ҳазор карат авлотар аст размандагӣ!

–Эй падари меҳрубон, шумо хуб медонед, ки ман аз ҷанг бо лашкари муғул ҳаргиз наметарсам ва то ҷон дорам, шамшер мезанам. Сипоҳиёни фидокори ман ҳам бо тамоми ҳастӣ ҷонфишонӣ мекунанд. Вале… мо барои чӣ меҷангем? Лашкари муғул, ки барои хунбаҳо меҷангад, бо дарду алам меҷангад, барои интиқом ситондан бо нерӯи дучанд ҷон меканад ва агар сар аз танаш афтад, бо нохуни дасту пояш меҷангад! Ҷанге, ки мову шумо аз сар гузарондем, дар муқоиса бо ин муҳорибаи қарибулвуқӯъ бозии бачагона аст, падарҷон…

Ғайр аз ин… мо набояд Носирхалифаро аз мадди назар дур андозем. Дар бораи ба Чингиз мактуб аз пайи мактуб навиштани ӯ олам пур аз қола-қола аст. Ишораи Чингиз бебало нест: дилам гувоҳӣ медиҳад, ки агар мо ҳамин шабу рӯз, дар гармогармии фоҷиаи Утрор бо лашкари муғул ҷангро шурӯъ кунем, халифаи ниқорталаб аз дасти Ғойирхон кушта шудани панҷсад тоҷирони мусулмонро ба чор атроф ҷор андохта, дӯсту душманро бар зидди мо мешӯронад…

Мо бояд сари ин масъала гаштаю баргашта андеша кунем…

– Ҳазор бор андеша кунем ҳам, додари онакалонатро ба Чингиз дода наметавонем! Ними сипоҳдорону амирон хешу ақрабои Ғойирхон!! Агар онҳо сар бардоранд, медонӣ чӣ мешавад? Теша бар решаи худ задан оё хирадмандист?

– Гапатон дуруст, падарҷон, душмани хонагӣ садчанд бадтар аст аз душмани берунӣ! Адоват миёни хешованд ҳамчу теғи бурро хунафшон аст…

Ба бадтинатон некгӯӣ макун,

Ба афъию ақраб накӯӣ макун!

– Ана акнун фаҳмидӣ, ки дар ин замона подшоҳӣ чист ва подшоҳ кист?! Тақдир маро дар байни се дарё тахтабанд кардаасту боз мегӯяд, ки «ҳушёр бош, доман тар накун!» Аз фикру андешаи зиёд майнаи сарам ба ҷӯш омадааст, писарам! Лекин ин қофила то ба ҳашр ланг аст, яъне андеша бисёр шавад, саволу мушкилоти нав ба нав пайдо мешавад… Вой ҷони ман!!

– Ором шавед, падарҷон! Биёед, муҳокимаро сода мегардонем: агар Ғойирхон ба Чингиз диҳем, аждаҳо ором мегираду миёни мо ҷангу ҷидол намешавад. Он гоҳ халифа худ аз худ аз миён мебарояд. Яъне дар арса фақат хешу ақрабои Инал мемонад. Агар рухсат диҳед, безарар кардани онҳоро ман ба зимма мегирам.

– Зӯрат мерасад?

– Агар имрӯз қосиде чун боди сабо сабукрав равона кунам, баъди даҳ рӯз дар Гӯрганҷ пашшаи заҳрноке ғинг-ғинг накунад!

– Намешавад! Агар мо имрӯз Ғойири Инал ба Чингиз супорем, баъди се рӯз дар Ғӯрганҷ инқилоб мехезад! Аз даму нафаси оташини онакалонат болу пари мо месӯзад…

– Эй падарҷон, кӣ гуфт, ки мо Иналро имрӯз ба Чингиз месупорем? Элчиро муддате бо эъзозу икром ва чарбзабонӣ нигоҳ медорем, барояш асбоби истироҳат ва фароғат муҳайё сохта, ҳамроҳонашро бо чанд мӯътамади хеш барои овардани Ғойирхон ба Утрор мефиристем. Ба элчӣ имкон медиҳем, ки ба қоонаш паёми қаноатбахш фиристад. Дар ин муддат ҳазор язаки махуфкори ман бо тездастӣ падари азизи маро аз зиёни каждумҳои таги бурё безарар мегардонанд!

– Ту ҳам аз шарри Узлоғу онакалонаш халос мешавӣ, писарам, ки ин ба манфиати салтанати мост. Вале боз мегӯям, ки риштаи ҷони волии Утрор ба дасти қоони муғул супурдан хатои хатост! Ман ҷияни тағокуш шудан намехоҳам!!

– Баръакс, эй падари меҳрубон, шумо тағои худро аз таънаю маломати мардум халос мекунед. Ҳоло бар вай забонҳо дароз гашта, хурду калон Ғойирхонро қосит мегӯянд…

– Қосит ё қосид?

– Қосит, эй падари азиз. Касе, ки аз ҳаққу адолат рӯй гардонда, бар ҳамқавмони худ ситамгарӣ кунаду золими хунхор бошад, ин лақаби манфур ба номаш мечаспад. Баъд аз куштори бераҳмонаи тоҷирони мусулмон Ғойири Инал қосит гашту шумо, ки ба қавли шоирон Ало-уд-дин-ал-ислом ҳастед, волии паймоншикан – қотили мусулмонҳоро маъзул карда, ҳақ бар ҳақдор расонда, дар пеши чашми мардум шоҳи одил будани худро бори дигар исбот мекунед! Агар Ғойир ба муғул диҳем, шуморо ҳеҷ зиёне нарасад, билъакс забони халифа ва дигар бадгӯён кӯтаҳ шавад…

– Пирам Нурӣ, ҷумлаи туро айнан ба забон оварда, маро аз тахаллуф86 барҳазар карда буданд. Вақте наздиктарин наздикони мӯътабари ман ҳамфикру ҳамзабонанд, нохалаф бошам ман, агар бархилофи гапи онҳо амал кунам!

Элчиро фарёд кунед!!

То омадани сафири Чингиз ва ҳоҷибу муншию надимон ва муҳофизони подшоҳ падарро меҳр бар фарзанд биҷӯшад магар, ки андаруни парда аз пешонааш бӯсид ва гуфт:

– Эҳсос мекунам, ки маро қироне дар толеъ ҳаст, аммо намедонам саъд аст ё наҳс?

Ҷалолиддин бо табассуми лабрез гуфт:

– Кавкаби бахти шоҳи одил саъди абад аст!

Чун ҳама ҳозир шуданд, Хоразмшоҳ бо табъи болида бар тахт нишасту гуфтор ба лутф оғоз кард:

– Эй сафири мӯҳтарам, обу таоми Хуҷанд маъқул шуд?

–Бале, шоҳаншоҳи муаззам. Чунин таоми хушлаззат дар ҷойи дигар нест.

– Чӣ хӯрок хӯрдед, эй Бағро?

– Сурхпалави муаттари хуҷандӣ! – гуфт бо ҳавас Бағро ибни Кафраҷ.

– Хуб аст. Вале ман дигар таом меписандам.

– Чӣ таом?

– Таомест пухта аз орд, нахуди кӯфта, равғани зағир ва гӯшту кашк. Эдун хӯрокро хӯрдаед, эй Бағро?

– Не. Ин таоми ғалатиро чӣ ном аст?

– Ин таоми ғалатиро ном бағро аст, эй Бағро!

Суханбозии шоҳона ҳамаро ба ваҷд оварду баробар мубарро гаштанд ва аз табъи кушодаи Хоразмшоҳ рамуз бардоштанд, ки гуфтори нек аломати рафтори нек хоҳад шуд.

Идомаи сухани Хоразмшоҳ тахмини умумро тасдиқ кард. Вай бо нӯги ангуштони дасти чап риши кӯтоҳи базебашро шона зада, хаёломез ҷониби Утрор нигаристу ҳар калимаро чида-чида бо салобати хос гуфт:

– Мо бар ин қарор расидем, ки хоҳиши қоони муғул қонеъ гардонем ва Ғойири қосит ба ихтиёри Чингизи хунхоҳ супорем.

Ҳама оҳи сабук кашида, «Чашми бад нарасад!» гӯён бо нидои таҳсин шоҳ ва сафирро таҳният гуфтанд. Хоразмшоҳ, ки бори бағоят гарон аз китф партофта буд, хеле сабукрӯҳ гашту дида нозук сохта, аввал Ҷалолиддин, сипас сафирро нигарист ва пурсид:

– Эй Бағро, боз ягон даъво доред?

Бағро ибни Кафраҷ баъд аз такаллуфи расмӣ ва арзи дуо бо таъзими эҳтиром гуфт:

– Мо шукр мегӯем, ки адолат таҷовуз нашуд. Шуморо, эй шоҳаншоҳи муаззам, офарин мехонем, ки адли подшоҳӣ дар сатҳи олӣ баҷо овардед ва ноқисро фидои комил кардед.

Дигар ягон иддио нест моро! Фақат… корвоне, ки зада шуд…

Хоразмшоҳ дасти рост боло намуда, ба сафир имкони сухан гуфтан надод:

– Чингизи мумсики зарпараст мехоҳад, ки бори ночизи корвони касофатборро баргардонем?

– Не, эй шоҳаншоҳи муаззам! Баръакс, қоони баландҳиммати мо бори ду ҳазор шутур аз матоъ ва қумоши нафис, инчунин ҳамаи панҷсад уштур тиллоро ба Шумо ҳадя мекунад!

– Наход як қошуқ хуни Ғойир ин қадар гаронбаҳо бошад?!

– Ин ҳадя барои Ғойир не…

– Барои кӣ??!

– -Ин… ковин аст…

– Чӣ? Эй Бағро, ин лафзи муғул чӣ маъно дорад?

– Лафзи муғул не, ковин ё кобин лафзи порсии қадим. Марди араб маҳр мегӯяд, – сафир аз ваҷоҳати шоҳ тарсид ва дигар заҳрае надошт, ки гап занад.

Хоразмшоҳ вайро маҷбуран ба сӯҳбат кашид:

– Натарс, эй Бағро! Фаҳмидам, ки ковин чист. Акнун бигӯ, ки барои кист?

– Барои арӯси олам… Қоони бузург гуфтанд, ки арӯси ҷаҳонро низ бо худ бубарем…

– Кушоду равшан гап зан, эй Бағро. Арӯси ҷаҳон кист?!

– Нигина…

– Чӣ?!! – Хоразмшоҳ башаст аз тахт хеста, бо тамоми қувват пой бар фарш кӯфт. – Ин Чингиз ақлашро хӯрдааст магар?! Ё девона шудааст??! Як бор талабгор шуду ҷавоби рад гирифт. Боз чӣ мехоҳад? Зиҳӣ дағалӣ!! Зиҳӣ бешарафӣ!!! Зиҳӣ беномусӣ!!!

Ҳоҷиб! Элчиро маҳкам доред!! Дасту пояш бандеду пеши поям партоед!!!

Хоразмшоҳ ончунон ошуфтаю парешон шуду шӯриду колиду ҷӯшиду хурӯшид, ки аз даҳонаш кафк баромаду аз чашмаш дуд! Ҷаҳон пеши чашмаш торик шуд ва номаи Чингизро аз дасти муншӣ рабуда, мисли дарранда лахт-лахт дарронда, ба сари элчии дастбастаи зери пояш хобида пошиду бо тамоми овоз наъра зад:

– Пеши пойи ман номаи Чингизи беҳаё сад пора бод! Пеши пойи ман сафири беадаб сарканда бод!! Кушед инро!!!

То Ҷалолиддин ба худ омад, ки чор муҳофизи наррадеви шоҳаншоҳи олам барқвор ҷаҳида, ончунон ба тезӣ ханҷар заданд, ки сафири бечора на узр гуфта тавонисту на тавба ба забон овард…

Сафири ҷалил ва сарҳанги бузурги Чингизхон, ки лаҳзае пеш аз лутфи ноинтизори шоҳаншоҳ меболид, акнун аз ғазаби ногаҳонии шоҳаншоҳ менолид…

Муддате нолид ва бо азоби алим ҷон ба ҷаббор супорид…


* * *


Шаҳриёри Хуҷанд, бехабар аз охирин рӯйдодҳои фоҷиабори Хуҷанд, дар лаби чашмаи Деҳмой ба оби соф рози дил мегуфт ва дурдонаи муҳаббат месуфт. Вай раҳораҳ бо язаки камсухан шеваи бародарӣ пайваста, кӣ будани меҳмони нозуки Хоразмшоҳро донисту гумон кард, ки шоҳаншоҳи олам кабутари ҳарамро махсус барои нишоти Мирмалик даъват кардааст, то базмро тасфонад ва қаҳрамони размро шод гардонад. Шодондил гашта, фаршу арши таҳонаи Деҳмой – ишратгоҳи хурраму хилвати подшоҳону амирони қадиму ҷадидро бо гулу раёҳин оростаю пероста, шелон87 аз шоҳии Чин густарид. Онро аз меваҷоти рангоранг, шаҳду нӯши гуворо ва ширу шакари ноб пур гардонда, асбоби зиёфат ончунон музайян кард, ки чашми ҳар бинанда ба дидан сер мешуд.

Хотирҷамъ аз таҳона берун баромаду гирду атрофро покиза, лаби чашмаро пургулу сабза дид ва зери лаб «Ёр омаду ёри дилнавоз омад, пеши дили хаста чорасоз омад!» замзама намуда, чашминтизор нишаст. Лаҳзаҳои дидор ва мулоқотро хаёлан тасаввур карду хост боби нави достони ошиқонаро дар сафҳаи дил пешакӣ бинависад. Аммо… «Сухан санҷида гӯй ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон набиёр, то шоҳ малӯл нашавад» гуфтани Султон Ҷалолиддин ба хотираш расид ва дилаш таҳ кашид. Фаҳмид, ки сирре дар ин гуфтор ниҳон аст, аммо на одӣ, балки подшоҳӣ! Агар сирре набошад, чаро омадани Нигинаро аз Мирмалик то лаҳзаи охирин пинҳон доштанду раққосаро на дар Хуҷанд, балки дар Деҳмой фуруд овардан мехоҳанд?!

Мирмаликро падар дар ҷавонӣ насиҳат карда буд, ки «саодат бо шикебоӣ ёр асту аз бесабрӣ ба расвоӣ кашад кор!» Ин маслиҳатро Мирмалик ҳамагӣ як маротиба иҷро накард – дар базми подшоҳӣ аз ҳусну ҷамолу ҷилваи Нигина сармаст гашта, шикебоӣ аз даст дод ва ба сайди шери шарза нохун зад. Шоҳ дарғазаб шуд ва бо кабутари ҳарам гап задану нома навиштану меҳр варзиданро ба ӯ қатъан манъ фармуд! Баъд аз ин Мирмалик суст шуду аз бими шоҳ ба он лӯъбатак дигарбора чашмандозӣ ва дастбозӣ накард. Як-ду паёме фиристоду анқариб се сол мешавад, ки ёри дилҷӯро надида ва овозашро нашунидааст. Яъне, бори ҳаҷру оҷизӣ ва ноилоҷию нотавонӣ аз ҳад гузашта ва дили дупорааш ҳазорпора гашта! Муштоқию маҳҷурию дурӣ ва чашмкӯрӣ аз маҷбурӣ ончунон озурдаю афсурда кардааст, ки ҳар лаҳза домани шикебоӣ аз даст раҳо намуда, дар талоши он оҳуи шергир бо пили дамон турктозӣ кардан мехоҳад…

Инак, оҳуи шергир бо пойи худ ба хиттаи шери Хуҷанд меояд. Аз ин ташрифи пурмуаммо виҷдони озурда ҳушёру бедор гашта, дили шефтаро ором намегузорад, ки чаро сустию кашолкорӣ мекунӣ?! Шикебоӣ бас аст!! Дигар таъхир накарда, бахти хоболуд бедор куну ба ҳуҷум гузар! Натарс, ҳолиё аз қуввати сарпанҷаат шери жаён пеши поят пушти таслим бар хок мениҳад! Дигар буздил нашав, бар шоҳи тундҳамла далерӣ кун, беҳарос бар вай бигӯ: аз шаҳри ёри ман бурун шав, азеро ин ҷо ягон шаҳрию лашкарӣ ёри ту нест…

Мирмалик аз хаёлбандӣ хаста гашту дигар орому осуда нишаста натавонист ва кӯлоҳ бар сар ниҳода, чун сарви сари чашма қомат барафрохт. Айнан дар ҳамин лаҳза дарвозаи чӯбини дутабақа калон кушода шуду ба саҳни қалъача аробаи соябондори самарқандӣ даромад. Нидои омиронаи «Меҳмонҳо омаданд!» ҷамъи хидматгузорону канизонро ба по хезонд.

На страницу:
32 из 48